Намунаи навиштани Шарҳи ҳол

Шарҳи ҳол. Шарҳи ҳол ҳуҷҷатест, ки шарҳу баёни дақиқ ва муфассали шахсияти ҳуҷҷатнавис дар он дарҷ мегардад. Шарҳи ҳол бояд танҳо дар хусуси ҳолномаи иҷтимоӣ ва сиёсии соҳиби ҳуҷҷат матраҳ шавад. Шахсияти ҳуҷҷатнавис дар Шарҳи ҳол меҳвари асосӣ ба ҳисоб меравад. Зикри ақрабо, наздикон ва шахсони алоқаманди соҳиби ҳуҷҷат дар дараҷаи дуввум қарор мегиранд ва ё, ҳатто, баъзе аз онҳо дарҷ намегарданд. Нақшаи ин ҳуҷҷат бад- ин сурат аст:

1. Номи ҳуҷчат (аз байн)

2. Мӯҳтавои мазмуни ҳуҷҷат:

а) Зикри насаб, ном ва номи падарии соҳиби ҳуҷҷат;

б) таърих ва макони таваллуд;

в) мансубият ё ҳайсияти  алоқамандии табақотӣ- иҷтимоӣ (зиёӣ, хидматчӣ, тоҷир, коргар, деҳқон, нафақахӯр …);

г) шарҳи шумори аҳли оила (агар соҳиби ҳуҷҷат муҷаррад бошад, шумори нафарони оилаи падарияшро сабт менамояд, агар мутааҳҳил- оиладор бошад, шумори аҳли оилаи худро сабт менамояд);

ғ) аъзои оиларо як- як сабт менамояд, фақат бо шумули ному насаб, ҷойи кор ё ба чӣ кор машғул будани онҳо (ғайри ин ду ташхис дигар маълумоте зарур нест);

д) ташхисоти худро аз ҳангоми вуруд ба мактаби ибтидоӣ то ҳангоми навишти ҳуҷҷат як- як, муфассал, вале бе зиёдатгуфторӣ (таърифу тавсифот), мавриди сабту дарҷ қарор медиҳад.

е) ташхиси кунунии машғулияти худ;

ё) сабти ҷойи зисти кунунӣ;

3. Сабти таърихи навишти ҳуҷҷат;

4. Имзо ва Номунасаби соҳиби ҳуҷҷат

         Намуна:

Шарҳи ҳол

  Ман, Рустамов Исфандиёр Хусравович 16- уми марти соли 1993 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтаам. Оилаи мо аз шаш нафар иборат аст.

  Падарам, Рустамов Хусрав Баҳромович- муаллими фанни кимиёи ДДОТ.

  Модарам- Рустамова Марям Умаровна- мураббияи боғчаи бачагонаи№ 7 ноҳияи Марказии ш. Душанбе.

  Бародарам, Рустамов Анӯшервон Хусравович- донишҷӯйи соли чаҳоруми факултаи таърихи ДМТ.

  Хоҳарбузургам, Рустамова Шаҳло Хусравовна- донишҷӯйи соли дуввуми факултаи фалсафаи ДМТ.

  Хоҳарам, Рустамова Фарангис Хусравовна- толибаи синфи ҳафтуми мактаби миёнаи ҳамагонии № 10 ш. Душанбе.

  Ман солҳои 2000- 2010 дар мактаби миёнаи ҳамагонии №7 ш. Душанбе таҳсил намудам. Пас аз хатми мактаб, ҳуҷҷатҳоямро ба ДМТ супурда, дар ихтисоси МБ факултаи таърих дохил шудам. Алҳоли донишҷӯйи соли аввали ин факулта ҳастам. Суроғаи кунунии ман: ш. Душанбе, кӯч. Ҳофизи Шерозӣ, 11/ 150, 25

08. 12. 2010                 (имзо)     Рустамов И. Х.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.