Намунаи Суратмачлис

Суратмаҷлис. Суратмаҷлис ҳуҷҷати муҳим ба ҳисоб меравад, чун он рафти маҷлисро нишон медиҳад. Маҷлис дар ҳар муассисаи давлатӣ органи олии он ба ҳисоб меравад. Суратмаҷлисро протокол (фр. : protocole) низ мегӯянд. Суратмаҷлис ё протокол санадест, ки ҷараёни ягон маҷлис, конфронс, тафтишоти ҳуқуқӣ, бозпурсии мақомот ва монанди инҳо дар он аз ҷониби котиб қайд карда мешавад. Шахси протоколнависро котиб мегӯянд. Ҳуқуқи ӯ дар имзову навишти ин ҳуҷчат баланд аст. Аз ин ҷиҳат, пас аз раиси маҷлис ҳатман котиб ҳам имзои шахсии худро дар суратмаҷлис мегузорад. То ӯ дар ҳуҷҷати мазкур имзо нагузорад, навиштаҳояш ҳукми ҳуҷҷатро намегиранд.

  Мушаххасоти суратмаҷлис инҳоянд:

1. Номи муассисае, ки маҷлис дар он баргузор мегардад.

2. Номи ҳуҷҷат бо шумораи тартибияш

3. Таърихи баргузор шудани маҷлис

4. Макони баргузоршавии маҷлис

5. Унвонии муассиса ва мақомоте, ки дар он маҷлис баргузор мегардад

6.  Қайди теъдоди ширкаткунандагони маҷлис

7. Рӯзномаи маҷлис

8. Мӯҳтавои матни суратмаҷлис бо шумули суханронии сухангӯён ва қарори аҳли маҷлис

9. Ному насаб ва имзои раис ва котиби маҷлис

Намуна:                   

Донишгоҳи милли Тоҷикистон

Суратмаҷлиси № 5

28. 02. 09                                              ш. Душанбе

Кафедраи таърихи Тоҷикистони факултаи таърих

Иштирок намуданд: 10 нафар, ҳузур надоштанд: 3 кас (Қодиров С. ва Акобиров В.- бо сабаби узрнок, Комилов Т.- бе сабаб)

                                  Рӯзнома:

1. Омодагии устодон ва донишҷӯёни кафедра ба Ҷашни Наврӯз

2. Омодагӣ ба конфронси илмии бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон

3. Масъалаҳои ҷорӣ

  Суханронии Валиев Ҷ. дар мавриди масъалаи аввали маҷлис: омодагии кафедра ба Ҷашни Наврӯз (мазмуни мухтасари суханронии мазкур оварда мешавад)

  Суханронии Валиев Ҷ.- ро баррасӣ намуданд:

1. 1. Тоҳиров Т. (мазмуни мухтасари суханронӣ)

1. 2. Боқиев Р. Д. ( мазмуни мухтасари суханронӣ)

  Маҷлис қарор кард:

1. 3.  (матни қарор мухтасар овада шавад)

1. 4.   (матни қарор мухтасар овада шавад)

1. 5.  (матни қарор мухтасар овада шавад)

  Дар хусуси масъалаи дуввум Довудов баромад намуд (матни мухтасари суханҳои мазкур оварда шавад)

  Баррасӣ намуданд:

2. 1. Тоиров Р. Ш. ( матни мухтасари суханҳои мазкур оварда шавад)

2. 2. Неъматов Н. Г. ( матни мухтасари суханҳои мазкур оварда шавад)

  Маҷлис қарор кард:

2. 3.   (матни қарор мухтасар овада шавад)

2. 4.  (матни қарор мухтасар овада шавад)

  Дар хусуси масъалаи сеюм раиси маҷлис Ҷабборов Зулматхон баромад карда, устодонро бо вазъи кунунии таълиму тарбияи донишҷуёни сустхон ва камҳавсала, ки ба кафедра ихтисос дода шудаанд, ошно намуд. Баъдан, сарпарасти донишҷӯёни гурӯҳи “А”- и соли якум Сапедаи Равшанак дар хусуси вазъи аз ҷиҳати иқтисодӣ ноҳинҷор доштаи баъзе донишҷӯёнашро баррасӣ намуд ва, ҳамчунин, изҳор дошт, ки аз хобгоҳи № 3- и донишгоҳ бояд ду ҳуҷра барои ҳашт донишҷӯйи гурӯҳи мазкур ҷудо карда шавад, то онон аз сарсониву саргардонӣ озод шаванд.

Маҷлис қарор кард:

3. 1.  (матни қарор мухтасар овада шавад) 3. 2.  (матни қарор мухтасар овада шавад)

3. 3.  (матни қарор мухтасар овада шавад)

Раиси маҷлис:     /имзо /                   Ному насабКотиби маҷлис:     /имзо /                   Ному насаб

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.