Ваколатнома ва намунаи навиштани ваколатнома

ВАКОЛАТНОМА (ДОВЕРЕННОСТЬ)

Ваколатнома санадест, ки тавассути он муассиса ё шахсе
ба касе ҳуқуқ медиҳад, ки кореро иҷро намояд. Ваколатнома
ду навъ аст: ваколатномаи расмӣ (вақте ки муассиса ваколат
медиҳад) ва ваколатномаи хусусӣ.

Ваколатномаи расмӣ санадест, ки дар асоси он
муносибатҳои ташкиливу молиявии муассисаҳои давлатӣ
ба роҳ монда мешавад.

Ваколатномаи хусусӣ ё шахсӣ санадест, ки тавассути он
муносибатҳои ташкиливу молиявии шахсони алоҳида ба
роҳ монда мешавад.

Муддати эътибори ваколатнома метавонад кўтоҳ ё дароз
бошад. Агар муддати эътибори ваколатнома зикр
нагардида бошад, он гоҳ вай баъди як сол эътиборашро гум
мекунад.

Ваколатномаи хусусӣ аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

  1. Номи санад;
  2. Ном. номи падарӣ ва номи хонаводагии шахсс, ки
    ваколат медиҳад;
  3. Ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии касе, ки
    ваколат мегирад;
  4. Мазмуни ваколатнома;
  5. Таърихи додани ваколатнома;
  6. Имзои ваколатдиҳанда;
  7. Вазифа ва имзои шахсе, ки ваколатномаро тасдиқ
    менамояд;
  8. Мўҳр.

Ваколатномаро мставон дар шакли дастнавис ва ё чопӣ
таҳия намуд.

Ваколатнома

Ман, Қодири Иброҳими Исмоилзода. ба Шералии
Додарбеки Саидзода (шиносномаи 11-СЧ Меб13470)
ваколат медиҳам, ки идрорпулии маро барои моҳи майи
соли 2005 аз хазинаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

бигирад.

1 июни 2005 имзо
Имзои Қодири Исмоилзода тасдиқ аст.

Декани факултаи ТИК имзо Юсупов М.Ч.
23.09.2004

мӯҳр

Ҷузъҳои асосии ваколатномаи расмӣ:
І. Номи пурраи муассиса ва суроғаи он;

  1. Шумораи ваколатнома ва таърихи додани он;
  2. Муддати эътибори ваколатнома;
  3. Номи ҳуҷҷат;
  4. Вазифа ва ному насаби ваколатгиранда;
  5. Силсила ва шумораи шиносномаи
    ваколатгиранда;
  6. Номи муаосисас, ки дар он молу ашё дарёфт мешавад
  7. Номгўй ва миқдори мол;
    9: Имзои ваколатгиранда;
  8. Имзои роҳбари муассиса ва сармуҳосиб, мўҳри
    муассиса.
    Ваколатномаи расмӣ як нусха гаҳия мешавад ва бо
    ниҳоди забонхат ба ваколатгиранда дода хоҳад шуд.
    Ҳангоми аз рўи ваколатнома гирифтани маблаѓ ва ё
    сарватҳои моддӣ пешниҳод намудани шиноснома ё ҳуҷҷати
    онро ивазкунанда ҳатмӣ мебошад.
    Ваколатномаро метавон дар шакли дастиёвис ё чопӣ
    таҳия намуд.

Намунаи ВАКОЛАТНОМАИ РАСМӢ

Намуна:

Тоҷикматлубот

Маркази савдои вилояти Суғд

Суроға ш. Ғафуров, кўчаи К. Хуҷандӣ 150.

Телефон: 6-89-03

Суратҳисоби Ме 0004609 дар Бонки саноатии ш. Хуҷанд
Ке 8 20 апрели 2003

то 31 декабри с. 2003 эътибор дорад.

Ваколатнома

Ба сармояшинос Шоҳрух Одилпур (рақами
шиносномааш…) ваколат дода мешавад, ки дар хусуси
фиристодани молҳои мавриди ниёзи мардум барои соли
2004 бо Иттиҳодияи «Гупдаст» қарордод имзо намояд.

Имзо
Имзои Шоҳрух Одилпур тасдиқ аст.

Мудир имзо Сӯҳроби Каримзода
30.10 2003

мӯҳр

Намунаи ВАКОЛАТНОМАИ ШАХСӢ

Намуна:
Ваколатнома

Ман, Исмоилов Абдуқодир Иброҳимович, ба Малахов
Шодмон Раҷабович (рақами шиносномааш.) ваколат
медиҳам, ки моҳонаи манро барои моҳи сентябри с. 2004.
аз хазинаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бигирад.

Имзо
Имзои Исмоилов А. И тасдиқ аст.

Сармусоҳиби ДТТ имзо Саидов Ш.
20 09.2004 Ё
мўҳр

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.