Намунаи навиштани ТАВЗЕҲНОМА

ТАВЗЕҲНОМА (ОБЪЯСНЕНИЕ)

Тавзеҳнома санадест, ки дар он корманди муассиса ё
созмон сабаби иҷро нагардидани фармон, дастур ё риоя
нашудани муқаррарот ва ё нодуруст иҷро шудани онро
шарҳ медиҳад. Тавзеҳнома дар мавридҳои лозим ба
гузориш, баровард ва дигар санадҳо чун замима оварда
шудааст. бояд ягон муқтаи санади асосӣ шарҳ дода шавад.

Ҷузъҳои асосии тавзеҳнома:

  1. Номи муассиса, ном. номи падарӣ ва номи
    хонаводагии роҳбар;
  2. Номи санад;
  3. Матн;
  4. Вазифа, ном, ва номи падарӣ ва номи хонаводагии
    муаллиф;
  5. Имзо;
  6. Таърихи таълифи санад.

Намуна:

Ба декани факултаи
барномасозии Донишгоҳи
технологии Тоҷикистон
Зарифов С.3.

Тавзеҳнома

Ба маълумоти Шумо мерасонем. ки рўзи 2 феврали соли
2005 соати 800 аз 20 нафар донишҷўёни курси 2-юми
гурӯҳи 220400тА ягон нафар ба машғулияти амалӣ аз
фанни фалсафа ҳозир нашуд. Бинобар ин дарс баргузор
нагардид.

Бо эҳтиром,
муаллими қалони кафедраи

фанҳои гуманитарӣ имзо Одипов С.Ҳ.
3 феврали 2005

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.