Намунаи навиштани ШАРҲИ ҲОЛ

ШАРҲИ ҲОЛ

Шарҳи ҳол санадест, ки шакли умумӣ надорад. Аммо дар
он хотирнишон сохтани баъзе ҷузъҳо ногузир аст. Шарҳи
ҳол дар шакли дастнавис таҳия мешавад. Тамоми хабар дар
санади мазкур бояд ба тартиби замонӣ сабт гардид.

Дар шарҳи ҳол одатан ҷузъҳои зеринро бояд
хотирнишон сохт:

  • номи санад, ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии
    муаллиф;

-таърих ва ҷойи таваллуд;

«шуғл;

-вазифа, ҷоизаҳо, ширкат дар умури иҷтимоӣ;
-маълумот дар бораи падару модар (ном, номи падарӣ
ва номи хонаводагӣ, ҷойи кор);

-вазъи хонаводагӣ ва таркиби хонавода;

-нишонии ҷойи зист ва шумораи телефон;

-таърихи таҳияи санад;

-имзои шахсӣ.

Намуна:

Шарҳи ҳол

Ман, Шарифи Юсуфзода, 31 ноябри соли 1965 дар
шаҳри Душанбе дар хонаводаи коргар таваплуд шудаам.
Соли 1983 таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 91 ба
поён расонда, ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи
давлатии миллии Тоҷикистон шомил шудам. Аз соли
1984 то соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат
намудам. Баъди адои хизмати низомӣ таҳсилро дар
факултаи номбурдаи донишгоҳ идома додам ва онро
соли 1990 хатм намудам. Аз моҳи сентябри соли 1990 то
кунун дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба
сифати муаллими калони кафедраи забони арабӣ кор
мекунам.

Дар умури иҷтимоии донишгоҳ саҳми фаъол мегирам
ва узви кумитаи иттифоқи касаба мебошам.

Падарам – Саид Юсуфзода – нафақахӯр аст.

Модарам – Ҷамилаи Қурбондухт – нафақахӯр аст

Ҳамсарам – Насибаи Саиддухти Раҳимзода сопи
таваллудаш 1968, дар Дармонгоҳи рақами 7-и шаҳри
Душанбе ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекунад.

Писарам – Ҷамшеди Шарифзода соли тавалпудаш
1989.

Нишонии ҷойи зист: ноҳияи Сино. кўчаи Раҳмон
Набиев, 10. рақами телефон: 20-21-30

26 январи 1991 имзо

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.