Намунаи навиштани Номаҳои расми

НОМАҲОИ РАСМӢ

Дар робитаи миёни муассисаҳо, созмонҳо ва мақомоти
гуногун номаҳои расмӣ нақши ҳеле муҳим мебозанд.

Номаҳои расмӣ аз лиҳози мазмун ва вазифа чанд навь
мешаванд: номаҳои ташаббусӣ, номаҳои ҷавобӣ,
найвастнома, бахшнома ва ҳоказо.

Ҷузъҳои асосии номаҳои расмӣ:

  1. Номи вазорат ё кумита
  2. Номи муассиса (созмон)
  3. Номи бахш ё шўъбаи муассиса (созмон)
  4. Нишонӣ
  5. Таърих
  6. Шумора
  7. Номи гирандаи санад.
  8. Мати
  9. Ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии муаллиф
  10. Имзо

НОМАИ ТАШАББУСӢ (ТАШАББУСНОМА)

Номаи ташаббусй номаест. ки як муассиса (созмон) ба
муассиса ё созмони дигар барои дарёфти тавзеҳот,
дастуруламал. ахбори иловагӣ ё мавод (мол) муроҷиат
менамояд.

Намуна:

КУМИТАИ ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

МАРКАЗИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРӢ

  1. шаҳри Душанбе, кӯчаи Набиев, 37

Телефон: 23-48-43. Сарҳисобдор: 23-47-45
Суратҳисоби 0005001, Шўъбаи Бонки сохтмону саноати
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

03.01 2005, №4 ҷавоб ба номаи №.

Ба раиси ширкати “Ҳосилот”
Рашидов А. Б

Мӯҳтарам Абдулло Баҳромович!

Аз Шумо эҳтиромона, хоҳиш менамоям, ки 10 тонна

себро ба ихтиёри Маркази ҳисоби ҷумҳурӣ вогузоред. то
ба кормандони ин муассиса ба фурӯш расонида шавад,

Бо эҳтиром,
мудир имзо Раҷаби Сафарзод.

НОМАИ ҶАВОБӢ (ПОСУХНОМА)

Номаи ҷавобӣ (посухнома) ҷавобест, ки ба дархости
мақомоти муассисаи дигар навишта мешавад.

Намуна:

ШИРКАТИ “Ҳосилот:

  1. шаҳри Душанбе, кўчаи Чортеппа, 44.

Телефон: 36-98-71; Ҳисобдор: 35-83-70

Суратҳисоб ООО 461969 Шўъбаи Бонки Саҳомию тиҷоратии
зироату саноати Тоҷикистон МЅб ҷавоб ба номаи Ме 45

Ба мудири Маркази
хисоби ҷумҳури
Раҷаби Сафарзод

Тибқи хоҳишатон барои ба кормандон 10 тонна

себро ба ихтиёри Маркази ҳисоби ҷумҳурӣ мегузорем.

Раиси ширкати “Ҳосилот о имзо Рашидов А.Б.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.