СУРАТМАҶЛИС ва намунаи он

СУРАТМАҶЛИС (ПРОТОКОЛ)

Суратмаҷлис санадест, ки дар он ҷараёни баррасии
масъала ва қарори маҷлис, машварат ва конфронси
мақомоти марбута зикр мегардад, ”

ГДар суратмаҷлис (протокол) ҳамчунин фаьолияти
мақомоти таҳқиқӣ (тафтишӣ), бозпурсии маъмурӣ ва
мақомоти ҳифзи тартиботи умумӣ сабт мешаваду,

Навиштани суратмаҷлис яке аз вазифаҳои муҳими котиб
мебошад. Вайро котибони расмӣ ё котибоне, ки дар ҷараёни
масъала, машварат, конфронс ва фаъолияти мақомоти
марбута интихоб мешаванд, менависанд. Котиб ва раиси
мақоми марбут барои дурустии сабти ахбор масъул
мебошанд.

Аз лиҳози комилии инъикоси ҷараёни маҷлис
суратмаҷлис мухтасар ва муфассал мешавад. Дар
суратмаҷлиси мухтасар танҳо дастури рўз (рўзнома). номи
хонаводагии суханронон. мавзўи мавриди баррасӣ ва қарор
оварда мешаваду бас. Ин гуна суратмаҷлис дар бораи
чигунагии ҷараёни ҷаласа ё машварат ва фаъолияти
муассиса ахбори комил намедиҳад. Биноан суратмаҷлиси
муфассалро бартар шумурдаанд. Суратмаҷдиси мухтасар
ҳангоми баргузории ҷаласа ё машваратҳои фаврӣ навишта
мешавад. Ии гуна суратмаҷдис инчунин замоне тахия
мешавад, ки ҷараёни ҷаласа, машнарат ё коифрочс
тавассуги тунднависӣ ё дастгоҳи сабт навишта шавад.

Суратмаҷлис бояд дурусту дақиқ таҳия гардал. Дар о!!
тамоми ҷузъҳои зарур бояд зикр гарданд. Тазаккури
теъдоди ширкаткунандагони маҷлис, машварат ё конфронс
дар суратмаҷлис аҳамияти ҳуқуқӣ дорад, чаро ки маҳз дар
сурати расидани маҷлис ба ҳаддӣ нисоб (кворум)
пчиркаі кунандагон метавонанд қарор қабул намоянд.

Ҷузъҳои асосии суратмаҷлис:
Номи муассиса;

Номи санад;

Таърихи маҷлис (машварат, конфронс);

Шумораи суратмаҷлис;

Маҳалли маҷлис;

Мӯҳри тасдиқ (дар сурати зарурат);

Унвон (номи мақоми марбут ё унвони маҷлис);

Матн (бахши муқаддамоти таркиби

ширкаткунандагон, дастури рўз);

  1. Матни суханронии нотиқон ва қарори маҷлис;
  2. Ном ва номи хонаводагии раису котиб;
  3. Имзои раису котиб.

БЕРУННАВИСИ СУРАТМАҶЛИС
(ВЬІПИСКА ИЗ ПРОТОКОЛА)

Беруннависи суратмаҷлис барои ошноии мақомоти
расмӣ ва ё созмонҳои поёнӣ бо қарори маҷлис таҳия
мешавад. Вайро дар сурати зарурат омода мекунанд.
Беруннависи суратмаҷлис бояд тасдиқ шавад; -.

Ҷузъҳои беруннависи суратмаҷлис:

  1. Номи муассиса:
  2. Номи сан:
  3. Шумора;
  4. Таърихи ҷаласа;
  5. Маҳалли таҳияи суратмаҷдис;
  6. Унвони матн;
    7.Матн (рўзнома, мат
    ). Имзо;

МЭ. Аломати тасдиқи беруннавис. |

ва қарор).

Дар беруннависи суратмаҷлис танҳо ҳамон бахши матн
ва савобдиди суратмаҷлис зикр мешавад, ки ба мақомот ё
корманди муассиса (созмон) лозим аст.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.