Намунаи ТАЪЙИДНОМА

ТАЪЙИДНОМА (АКТ)

Таъйиднома санадест, ки ҳодиса ё амали воқеъшударо
тасдиқ менамояд.

Инсанадро ба хотири ба таври айнӣ сабт намудани воқеа
ёамал чанд кас таҳия ва имзо менамоянд. Аммо намояндаи
махсуси босалоҳият (масалан бозрас) метавонад ба танҳоӣ
онро таҳия намояд.

Таъйиднома ҳангоми бозрасии масъалаҳои мухталиф
озмоиши маҳсулоти нав ва ихтироот, қабули таъсисот
(биноҳо) барои баҳрабардорӣ, аз байн бурдани санадҳо ва
ҳоказо тартиб дода мешавад.

Дар таъйиднома натанҳо фаъолияти муассиса (созмон)
сабт мегардад, балки дар мавридҳои лозим хулоса ва
пешниҳодот низ зикр мешавад. Баъди таҳияи вай комиссия
(ё шахси таҳиякунанда) мақомоти манфиатдорро бо
мазмуни он ошно менамояд.

Шумораи нусхаҳои таъйиднома тибқи зарурат хоҳад
буд.

Маъмурияти муассиса (созмон) метавонад бар асоси
таъйиднома дастур ё фармон содир намояд.

Ҷузъҳои асосии таъйиднома инҳоянд.

  1. Номи санад;
  2. Маҳалли таҳияи санад;
  3. Таърихи таҳияи санад;
    4: Вазифа, ном, номи падарӣ ва номи хонаводагии
    таҳиякунандаи санад;
  4. Мат;
  5. Пешниҳодот (дар мавридҳои лозимӣ);
    ? Имзои раиси комиссия ва аъзои вай.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.