Сарчашмаҳои назариявии омори байналхалқӣ

  1. Мавзӯъ ва усулҳои омори байналхалкӣ (ОБ) ва алоқамандии он бо дигар илмҳо.
  2. Тартиби нишондиҳандаҳо ва гуруҳҳои муҳими ОБ.
  3. Фаъолияти омории ташкилотҳои байналхалқӣ.

1.Мавзӯъ ва усулҳои омори байналхалкӣ (ОБ) ва алоқамандии он бо дигар илмҳо.

    Илми омор бо худ маҷмӯи фанҳои бо якдигар алоқамандро таш кил медиҳад, ки онҳо тарафҳои миқдории равандҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро меомӯзанд. Ин асосан дар хоҷагии халқии давлатҳои гуногун рӯй медиҳад. Ин маҷмӯ ба худ як қаторсамтҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Омори риёзигӣ;
  • Назарияи умумии омор;
  • Омори иҷтимоӣ – иқтисодӣ;
  • Омори соҳавӣ;
  • Системаи ҳисобҳои миллӣ.

Дар системаи илмҳои оморӣ мавқеи муҳимро О.Б мегирад. Вобаста ба объекти татқиқот 2 намуди мафҳуми онро ҷудо мекунем:

1). Омори байналхалқи бо маънои маҳдуд зуҳуротҳо ва равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро меомӯзад, ки он дар сатҳи байналхалқӣ байни мамлакатҳои гуногун ва иттиҳоди давлатҳо мегузарад (ИА – Иттиҳоди  Аврупо, ИДМ – Иттиҳоди   давлатҳои мустақил, ТҲВТИ – Ташкилоти ҳамкорӣ ва тарақиёти иқтисодӣ, ТДСН – Ташкилоти давлатҳои Содиркунандаи Нафт, ЛДА – Лигаи Давлатҳои Араб ва ғ.).

2) Омори байналхалқӣ бо маънои васеъ ҳамаи хоҷагиҳои ҷаҳониро татқиқ мекунад., яъне, равандҳо ва зуҳуротҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ки на танҳо дар байни давлатҳо ва иттиҳодҳои онҳо рӯй медиҳад балки дар давлатҳои алоҳида руйдиҳанда мебошад.

      Мавзӯи омори  байналхалқӣ  ин омӯхтани тарафҳои миқдории зуҳуротҳои  иҷтимоӣ – иқтисодӣ мебошад, ки он дар дар иқтисодиёти ҷаҳон рӯй медиҳад.  Бо ҳамин сабаб О.Б. барои татқиқ кардани замина, равиш ва натиҷаҳои фаъолияти иктисодӣ оварда шудааст. Бо вуҷуди ин интихоби мавзӯи татқиқоти аниқ аз мақсад ва вазифаҳои дар пеши татқиқотчиён гузошта вобаста аст. Чунончи ба сифати мавзӯи татқиқот  нишондиҳандаҳои боигарии миллӣ, нишондиҳандаҳои амалиёт ва сохтори ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохила),. Нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ ва ғайраҳо шуда метавонанд.

       Объекти татқиқот дар О.Б. ин маҷмӯи воҳидҳои иқтисодӣ мебошанд, ки бо аломати омӯхташаванда соҳибанд. Мисол: объекти мушоҳида метавонад мамлакат ё як гурӯҳ мамлакатҳо бошад; аҳолии бо кор таъмин, бекор ё ин ки аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ машғул буда ва ғайраҳо шуда метавонанд. Муайянкунии аниқи мавзӯъ ва объекти татқиқот ин яке аз шартҳои асосии риояи аниқи натиҷаҳои гирифта шуда мебошад.

       Омори байналхалқӣ бо як қатор фанҳои илмӣ алоқамандии зач дорад. Пеш аз ҳама  алоқамандии онро бояд бо назарияи иқтисоди муосир қайд кард, ки он муайянкунӣ ва методологияи ҳисобкунии категорияҳо ва нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодиро коркард мекунад. Қонуният ва тамоюли тарақийти иқтисодии давлатҳои гуногунро меомӯзад.

     О.Б. коркардҳои назарияи иқтисодиро барои иҷрои ҳисобу китоби амалии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ истифода мебарад. Дар баробари он омор назарияи иктисодиро бо ахбороти иқтисодӣ ва хулосаҳои таҷрибавӣ, ки дар асоси ин ахборот тайёр шудааь     

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.