Тарбия дар ҷамъияти ибтидоӣ

Тарбия дар ҷамъияти ибтидоӣ           

        Зермавзўъҳо:

  1. Пайдоиши тарбия
  2.    Тарбия дар чамъияти ибтидоӣ
  3. Тарбия дар давраи нузули ҷамъияти ибтидоӣ

                               

  1. Пайдоиши тарбия.

Масъалаи пайдоиши тарбия аҳамияти калони илмӣ дошта, сарфи назар аз он ки доир ба ин масъала дар байни олимон фикрҳои мухталиф мавҷуд бошад ҳам, вале бояд гуфт, ки дар байни ҳаёти иқтисодӣ ва фаъолияти меҳнатии одамони давраи ибтидоӣ, тарбияи бачагон дар зинаи аз ҳама  қадими инкишофи ҷамъияти вуҷуд дошт.

Як қатор олимон дар бораи пайдоиши тарбия, доир ба инкишофи инсон моҳияти сотсиалии тарбияро инкор карда, онро ба проссесҳои биологӣ марбут медонанд. Онҳо ба мавҷудияти  « ғамхорӣ »  дар олами ҳайвонот такя карда, мегуянд, ки калонсолон ба хурдтаракон малакаҳои одат карданро аз муҳити атроф меомузанд, тарафдорони чунин таълимот олимон: (Ш. Летурно, А. Эспинас) буданд.

Дар асри XIX ва ибтидои асри XX ақидаҳое пайдо шуданд, ки аз руи майли табиӣ (инстиктивӣ) ба калонсолон таклид кардани бачагон гуё асоси тарбия бошад (ин назарияро олими амрикои П. Монро инкишоф дод). Ҳамин тавр онҳо проссеси биологиро ба пайдоиши тарбия ва инкишофи психологӣ муқобил мегузоштанд.

Таърихи педагогикаи муосир, чи тавр пайдо шудани тарбияро омухта, ба таълимоти имрза дар бораи тараққиёти ҷамъият ва инсон ҳамчун мавҷудоти табиӣ ва ичтимоӣ – сотсиалӣ такя менамояд.

Шарти асосии пайдошавии тарбия ин фаъолияти меҳнатии одамони ҷамъияти ибтидоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии байни онҳо мебошад. Заминаҳои биологии ташаккули одам бошад, барои аз ҳолати ҳайвони ба шакли  одам гузаштан ба шарофати меҳнат амали гаштааст.                           

2.Тарбия дар ҷамъияти ибтидоӣ.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ тарбия дар пояи муносибатҳои хешутаборӣ асос  ёфта буданд. Одамон дар зинаи аввали ин ҷамъият дар ҷамоаи токабилавӣ зиндагӣ мекардаанд.

Тарбия дар ҷамъияти ибтидоӣ чунин давраҳоро дар бар мегирифт:              – ҷамъияти тоқабилавӣ,

– давраи модаршоҳӣ,

– давраи падаршоҳӣ,

– ҷамъияти қабилавӣ.

      Ҷамъияти тоқабилавӣ – аз руи синну сол ба се гурўҳ таксим мешуд: – бачаҳо ва наврасон;

– иштирокчиёни комилҳуқуқи ҳаёт ва меҳнат;

– одамони солхурда, ки қувваи ҷисмониашонро гум карда.

      Давраи модаршоҳӣ – ҳама чиз дар ҷамъият коллективона буд. Бачагон ба тамоми оила ба авлоди модарӣ таалуқ доштанд. Дар ин давра хонаҳои ҷавонон пайдо шуданд «Назркуни» низ дар ҳамин давра амри вуҷуд намуд.

           Давраи падаршоҳӣ – дар марҳалаи падаршоҳӣ чорводорӣ ва ҳунармандӣ пайдо шуданд. Ба тараққиёти қувваҳои истеҳсолӣ ва васеъ гардидани таҷрибаи меҳнатии одамон тарбия ҳам мураккаб гардид. Бачагон ба тамоми оила ба авлоди падари таалуқ доштанд.

      Давраи кабилавӣ – дар ин давра ҷамъияти кабилавӣ ба  ташкилоти мусаллаҳи худидоракунанда табдил ёфт. Унсурҳои ибтидоиӣ тарбияи ҳарбӣ пайдо шуданд.

3.Тарбия дар давраи нузули ҷамъияти ибтидоӣ.

Бо пайдо шудани моликияти хусуси, ғуломдорӣ ва оилаи яканикоҳӣ (моногамия) , нузули (инкирози) ҷамъияти ибтидоӣ сар шуд. Никоҳи фардӣ ба вуҷуд омад. Оила яке аз муҳимтарин падидаҳои ҷамъиятӣ гардид. Тарбияи оилавӣ шакли оммавӣ гирифт. Тарбияи меҳнатӣ, ҷисмонию фикрӣ ба вуҷуд омад, ки дар асоси онҳо мактабҳо ташкил ёфтанд. Гуруҳҳои ҳукмрони аҳолӣ меҳнатӣ фикриро аз ҷисмонӣ ҷудо мекарданд. Масалан, дар Мексикаи қадим фарзандони айёну ашрофон аз меҳнати ҷисмонӣ озод карда шуда буданд.

Ҳаминтавр меҳнати ҷисмонӣ насиби табақаи истирморшавандагон ва фикри бошад насиби табақаи ҳукумрон гардид.

Адабиёт:

  1. Атахонов Т., Сулаймонӣ С. Тамаддун. – Душанбе, «Ирфон», 2003.
  2. Лутфуллоев М. Педагогикаи аҷам, Душанбе, 1997.
  3. Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  4. В.П. Алексеев «Ташаккулёбии одам» М.,1984
  5. А. И. Пескунов «Таърихи педагогика ва маълумот» М., 2001

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.