Таълиму тарбия дар халқҳои эронинажод, то истилои арабҳо

Таълиму тарбия дар халқҳои эронинажод, то истилои арабҳо

Зермавзўъҳо

1.Тарбияи эронинажодҳо дар ҷамъияти (общинаи) ибтидоӣ.

  1. Таълиму тарбия дар ҷамьияти ғуломдорӣ.
  2. Мақсад ва вазифаҳои тарълиму тарбия дар мардуми эронинажод.
  3. Вазъияти илму маълумот ва тарбияи занон .

 

1.Тарбияи эронинажодҳо дар ҷамъияти ибтидоӣ.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки  халқҳои эронанажод – тоҷикон: суғдиён, бохтариҳо, хоразмиҳо, қабилаҳои мухталифи сакҳо дар асрҳои VI-VII – и  пеш аз мелод дар  сарзамин  Осиёи Марказӣ  зиндагӣ мекарданд.

Дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ дар ин сарзамин коммунаҳои ибтидоӣ ва тартиби қавмию насабӣ пайдо мешаванд, ки онҳо боиси пешравии ахлоқ, маданият ва ва тарбияи инсонӣ мегардад.

Дар давраи «Мезолит» ва «Неолит» олотсозӣ, хоҷагидорӣ кулолгарӣ, зироаткорию чорводорӣ пайдо мешавад.

Дар давраи асри «Биринҷӣ» ниёгони мо ба гудозиши маъдан, сохтани асбобҳои фулузӣ шурўъ менамоянд. Дар ин давра ҳама чиз фулузӣ буд. Кўдакон дар зери роҳбарии калонсолон таълиму тарбия мегирифтанд.

Писарбачаҳо ҳамроҳи мардон ба шикор мерафтанд, духтарон бошанд ба корҳои хона машғул мешуданд.

Дар давраи падаршоҳӣ бачагон дар рўхияи меҳнатдўстӣ тарбия ёфта, онҳо бо қонуну қоидаҳои ахлоқӣ ва динӣ шинос мешуданд. Ба писарҳо аз камонғулак тир парондан, найза задан, аспсаворӣ, унсурҳои тарбияи ҳарбиро ёд медоданд. Дар ҷамъияти ибтидоӣ дар байни мардуми эронинажод аввалин донишҳо «Дар бораи табиат ва ҷамъият» пайдо шуданд.

Дар давраи таназули ҷамъияти ибтидоӣ чуноне, ки дар китоби муқаддасӣ «Авесто» омадааст унсурҳои аввалини динӣ зардуштӣ пайдо шуда,  ки онҳо ба чор гурўҳ табақабандӣ шуданд: кохинҳо (ҳукумронии аҳолӣ, осмон),  ашрофони ҳарбӣ, зироаткорон, чорводорон.  Дар тараққиёти минбаъдаи таърихӣ дар ҳаёти эронинажодҳо тағйирот ба вуҷуд омада, ҷои сохти ҷамъияти ибтидоиро сохти нави ҷамъияти ғуломдорӣ мегирад.

  1. Таълиму тарбия дар ҷамъияти ғуломдорӣ

То истилои арабҳо эронинажодҳо дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои хоси ҷамъияти ғуломдорӣ таълиму тарбияро  ба панҷ давра тақсим карда буданд.

1.Таълиму тарбияи эронинажодҳои авестои ё бохтарӣ
  1. Таълиму ратбия дар давраи модҳо.
  2. Таълиму тарбия дар давраи Ҳахоманишиҳо (Куруши кабир)
  3. Таълиму тарбия дар давраи Портҳо ё Ашкониён.
  4. 5. Таълиму тарбия дар давраи Сосониён.

Аввалин давлати эронинажодҳо ин Бохтар буд, ки он қисмати маркази ҷанубу шарқи Тоҷикистони ҳозира ва водии Сурхандарёи Узбекистонро дар бар мегирифт. Аз «Авесто» бармеояд, ки мардуми он баландқомат, сафедпўст, зебо ва чолок буданд.

Дини эронинажодҳои қадим «Зардуштия» низ дар ҳамин сарзамин пайдо шудааст.  Дар қатори давлати Бохтар дар води Зарафшон ва Қашқадарё давлати Суғду Хоразм пайдо мешаванд. Баъдтар давлати Ҳахоманишиҳо (700 сол пеш аз миллод) бо сардории Куруши Кабир таъсис ёфта он Бохтар, Суғд, ва Хоразмро ба худ тобеъ мекунад. Искандари Македонӣ империяи Ҳахоманишиҳоро барҳам медиҳад.  Баъдан соли 224  Арадашери 1 давлати Ашкониёнро барпо менамояд, ки давлатҳои пештараи эронинижодҳоро муттаҳид менамояд. Ин давлат қариб 5 аср давом дошт, ки он дар нимаи асри VII аз тарафи арабҳо тасарруф шуд.

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбия дар мардуми эронинажод

     Омўзиши таълиму тарбияи ин давлатҳо собит менамояд, ки ҳарчанд ин давлатҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуҷуд омада бошанд, ҳам вале таълиму тарбияи насли наврас аз якдигар ба кулли  фарқ намекарданд.

Масалан вақте, ки дар оилаи онҳо фарзанд ба дунё меомад, ўро равғани дарахти «Парахома ё хаома» мехўронданд, ки тифли онҳо дар оянда ҳушёр, бофазилат ва оқил гардад. Се шабонарўз дар наздаш оташ месўзонданд, то ин ки ў аз ҳар гуна хатар эмин монад.  То  чиҳил рўз онро танҳо намегузоштанд, ки мабодо ба ў осебе нарасад. Писаронро якуним сол ва духтаронро понздаҳ моҳ модарон шир медоданд.

Дар китоби муқаддаси эронинажодҳо «Авесто» омадааст;  «Агар туро фарзанди   хурдсол   аст   ўро  ба  дабистон  бифирист,  зеро  ки  фурўғи  дониш  чашми равшан ва биност».

Эронинажодҳо  аз ҳама бештар «Илм ва хирад» – ро ситоиш мекарданд. Илму хирад худои ба худ хос «Чисто» дошт. Дар онҳо Аҳурамаздо сарчашмаи фазлу дониш, Аҳриман бошад сарчашмаи ҷахлу  нодонӣ буд.  Онҳо донишро мувофиқи нишондоди «Авесто ду навъ медонистанд, яке ирсӣ, дигаре иқтибосӣ.

Мақсад ва вазифаҳои асосии тарбия дар эронинажодҳо аз инҳо иборат буд:

  1. Фарзандро ҳамчун узви дақиқ ва муфиди ҷамъият ба воя расондан.
  2. Ба омўзиши илму ҳунар ҳидоят намудан.
  3. Дар рўҳи накукорӣ дастгирии бечорагону бенавоён сайъ намудан.
  4. Ватандўст будан, хизмат кардан ба ҷамъият ва кишвар.
  5. Хизмат кардан ба аҳли хонавода, ҳурмат намудани падару модар.
  6. Таъмину беҳбудии тарзи зиндагӣ ва беҳтар будан (бартари доштан) нисбати волидайн.
  7. Дар рўи покдоманӣ ва росгўиву ростқавлӣ, далерию ҷасурӣ тарбия намудан.

Таълиму дабиристони тифл  аз ҳафтсолагӣ муайян шуда буд. То ҳафтсолагӣ зери роҳбарии падару модар дар хона тарбия меёфт. Баъди хатми мактаб дар 15 солагӣ ў аъзои ҳақиқии ҷамъият мешуд. Сини таҳсили шоҳзодагон ва ашрофонро Геродот то 20 солагӣ ва Страбон  то 24 солагӣ зикр намуданд.

Омўзгоронро  донишманд меномиданд. Омўзгорон аз табақаҳои рўҳониён ва ашрофон интихоб  мешуданд. Омўзгор шахси донишманд, покахлоқ, заҳматкаш, донишҷў, чунон ки дар «Ясно» омадааст. Омўзгор эҳтироми зиёд дошта ба бачагон таълими динӣ ва дунявиро медоданд.  Барномаи таълимии он давра аз ин қисматҳо иборат буд:  тарбияи ахлоқӣ, динӣ, ҷисмонӣ, хондан, навиштан ва ҳисоб кардан. Дар нимаи асри  VII – и пеш аз мелод эронинажодҳо 39 ҳарфи хаттӣ мехӣ доштанд.  Усули асосии таълим шифоҳӣ ва амалӣ буд.  Аз синни  17 солагӣ ба онҳо санъати ҳарбиро меомўхтанд ва баробари он суханварӣ  низ таълим дода мешуд.  Хондану навиштан ва илм омўхтан барои халқи оддӣ ҳатми набуд.

Тарбияи ахлоқӣ ва тарбияи динӣ ба якдигар зич алоқаманд буд. Донистани маросимҳои динӣ ҳатмӣ ва маҷбурӣ буд. Аз ҳафтсолагӣ писарону духтарон таълими динӣ мегирифтанд. Онҳо қасам ёд мекарданд, ки «Ман  иқрор  дорам, маздопарасти зардуштӣ бимонам ва ба пиндори нек, гуфтори  нек,  рафтори  нек  имон  дорам»,  баъди  он  ба  ў камарбанди муқаддасро мебастанд.  Ҳар  зардўштӣ  вазифадор  буд,  ки  ба  оташкада рафта дуои оташро таҳти  роҳбарии  муъбад (омўзгор) аз китоби муқаддаси «Авесто» хонад  ва  ҳатман  дар  ҷашни  «меҳмон»  ва  «наврўз»  иштирок  мекард.  Ба онҳо ҳунарҳои гўштинггирӣ, шерхонӣ, шиноварӣ, аспсаворӣ, найзазанӣ, ҷавгонбозӣ, рақсу суруд, рафтору ахлоқи ниёгонро меомўзонданд. Аввалин ҳайвоне, ки ниёгони мо ром карда буданд ин асп буд,  Бинобар ин эронинажодҳо аспарварӣ ва аспарвариро  ба фарзандонашон аз хурдӣ меомўхтанд.

 

  1. Вазъи илму маълумот ва тарбияи занон

    Тараққиёти илм дар байни эронинажодҳо аз давраи Сосониён сар шудааст. Дар ин давра дар байни арбобону рўҳониён гирифтани маълумоти олӣ ва мазҳабӣ омўзиши илму ҳикмат, табиат ва тиб анъана гашта буд.

   Дар давраи охири ҳукмронии давлати Сосониён илму ирфони юнониҳо ва ҳиндуҳо дар ин сарзамин паҳн гардида онҳо аз забонҳои юнонӣ ва ҳиндуӣ ба забони форсӣ тарҷума гардиданд.

    Соли 550 донишгоҳи  «Гунди Шопур», ки асосашро Шопури аввал гузошта буд, шўҳрати зиёд пайдо кард, ки дар он ҷо корҳои тадқотии илмӣ доир ба фалсафа ва илми тиб сурат мегирифт.  Анушервон донишгоҳро васеъ намуда ба Ҳиндустон духтури шахсияш Барзияро фиристод, то ин ки ў илми тибро омўзад. Барзия аз Ҳиндустон китобҳои тиббӣ, бадеӣ аз ҷумла «Калила ва Димна» – ро овард. Олимони юнонӣ низ даъват шуданд.

    Дар донишгоҳ илмҳои адабиёт, ҳуқуқ, фанҳои сиёсӣ, иқтисодиёт, таърих,  математика, астрономия мусиқӣ, ҳайвоншиносӣ ва ғайра таълим дода мешуданд..

   Эронинаждҳо ба тарбияи зану духтарон аҳамияти калон медоданд. Ба духтарон санъати хонадориро омўхта онҳоро барои анҷоми вазифаи модарӣ омода менамуданд. Занону духтарони айёну ашрофон санъати аспсаворӣ, ҷавгонбозӣ ва санъати мусиқиро меомўхтанд, қисми онҳо дар ин боб аз мардон пешдаст буданд.

Адабиёт

1.Атахонов Т., Сулаймонӣ С. Тамаддун. Китоби 1, Тамаддуни бостон/

Муҳаррири масъул.-Исоматов М..- Душанбе: Ирфон, 2003.-324с.

2.Афзалов X., Раҳимов Б., Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. -Душанбе,

1994.

3.Б. Ғафуров. Тоҷикон.  Д. – 1979.

  1. Энсиклопедияи Советии тоҷик. Ҷилди 7,  Д. – 1987

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.