Ақидахои Педагогии Антон Семенович Макаренко

Ақидахои Педагогии Антон Семенович Макаренко 

Зермавзўъҳо

  1. Ҳаёт ва фаъолияти А.С Макаренко
  2. А.С Макаренко оиди тарбия дар коллектив ба воситаи коллектив
  3. Ақидахои А.С Макаренко оид ба тарбияи меҳнатӣ
  4. Тарбияи кудакон дар оила

 

  1. Ҳаёт ва фаъоляти А.С Макаренко

А. С Макаренко 10. 03. 1888 дар шаҳри Белополияи губернияи Харкови Украина дар оилаи коргари роҳи оҳан таввалуд шудааст. Баъди хатми омузишгоҳи шаҳри Белополия ва курси  омузгорӣ  педагогӣ с.1905 ҳамчун муаллим халқӣ дар омузишгоҳи ду солаи роҳи оҳани Крюково ба кор шуруъ намуд. Соли 1914, ки Макаренко 10-соли собиқаи корӣ дошт барои мукаммал кардани донишаш ба иниситути муаллимтаёркунӣ Полтава дохил шуда онро соли 1917 бо медали тилло хатм  намуд . Солҳои  1917 – 1918 садори омузишгоҳи роҳи оҳани Крюково ва  соли  1919 – 1920  дар ш. Полтава дар ин вазифа кор мекунад.

Ў соли 1920 сардори колонияи меҳнатии бачагонаи  бепарастору ҷинояткорӣ  ба номи Горкий  шуда системаи аз ҷиҳати назарияви асосноки тарбияи меҳнатии колективи бачагонро ба ҳаёт тадбиқ кард. Соли 1926 ин колония ба мавзеи Кряж, назди Харков мекучад Макаренко бо ёрии 120 нафар шогирдонаш 280 нафари бачагони Кряжро низ тарбия мекунад. Я қисм мансабдорони комисариати маорифи халқи Украина ба ў халал расонида маҷбур мекунад, ки вай боз ба  колонияи  М. Горкий  баргардад.  Июни соли 1927 дар ташкил намудани камунаи меҳнатии ба номи Ф.Э Дзержинский дар Новый Харков иштирок менамояд ва соли 1928 тамоман ба кори комуна мегузарад. Дар ин ҷо принсипи педагогии алоқаи таълмиро ба меҳнати истеҳсолӣ ба роҳ мемонад.

   Соли 1935 Макаренко аз комуна меравад ва бо маслиҳати М. Горкий ба кори адаби машғул  мешавад. Ақидаҳои  педагогии  ў дар асарҳои адабӣ ва мақолаҳои ў пурра  ифода ёфтаанд.  Бузургтарин асарҳояш:  «Достонҳои педагогӣ» (1933-1935, нашри тоҷикиаш соли 1954), «Китоб барои волидайнҳо» (1937) ва «Байраҳо дар болои манораҳо» (1938, оид ба ҳаёти бачагон дар комунаи ба номи Дзержинский)  мебошанд.

А.С. Макаренко соли 1939 дар сини 51 – солагиаш дар ш. Москва вафот мекунад.

 

  1. А.С Макаренко оид ба тарбия дар коллектив ба воситаи коллектив

А. С. Макаренко дар бораи тарбия дар коллектив ба воситаи коллектив дар мақолаи худ «Баъзе хулосаҳо аз таҷрибаи педагогии ман» чунин навишта буд: «Бо ҳам алоқамандии шахсият ва ҷамъияти берун аз коллектив  омўхта намешавад, чунки муносибати коллективӣ муҳимтарин шарти ҳаётист, ки дар зери таъсири он одам ахлоқан инкишоф меёбад ва шуури ахлоқии бачагон дар зери таъсири бевоситаи муносибати  ҳаррўзаи коллектив ташаккул меёбад».

Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънояш зумра, гурўҳ мебошад. Коллектив гуфта гурўҳи муттаҳидаи  одамонеро меноманд, ки ба ҳалли муайяни иҷтимоӣ ба манфиати ҷамъият машғуланд.

Аломатҳои асосии хоси фарқкунандаи коллектив: ин ягонагии мақсад, ташкили фаъолияти муайян, ки  ба манфиати фард ва ҷамъият равона карда шудааст.  

А.С. Макаренко ягона шахсест, ки оиди коллектив андешаҳои пурқиммат гуфтааст. Ў мегўяд, ки маҳз  коллектив озодӣ ва қадру қиммати шахсиятро таъмин мегардонад. Аз ин лиҳоз асосгузори назарияи коллектив   А.С. Макаренко мебошад.

Ў нуқтаҳои зеринро ҳамчун пешбари ташаккули коллективи мактабӣ пешниҳод намудааст.

  1. Маҷлиси умумӣ – ин назорати коллектив, омўзиши доимии фаъолияти якдигар. Маҷлиси умумӣ имконияти ташаккули таъсиррасонии табиӣ калонҳоро ба хурдҳо, ба ташкил ва тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди коллектив фароҳам меоварад.
  2. Рапорти сардори гурўҳ – дар соати тарбиявӣ, ки ҳама рост меистад, сардори синф оид ба ҳаводиси муҳимтарини коллективи синф дар давоми ҳафта маълумот медиҳад. Хонандагон бошанд, дар бораи ҳамаи корҳои ба анҷом расонидаашон хаттӣ маълумот пешниҳод мекунанд.
  3. Меҳнат – шарти асосии ташаккули коллектив буда, донистани он аз тарафи мураббиён  ва волидон хеле муҳим аст. Ин хусусият асосан дар худи шахс инкишоф  меёбад. Бинобар ин тайёрии меҳнатӣ на танҳо тарбия кардани шахси бад ё нек мебошад, балки мавқеи ҳаётии ояндаи ў дар ҷамъият низ муайян мегардад.

          Коллективи педагогӣ чист?  – коллективи педагогӣ онест, ки муваффақияти худро дар ҷои  сеюм мегузорад. (Ин аст нуқтаи назари А.С. Макаренко

 

  1. Ақидаҳои А.С. Макаренко оид ба тарбияи меҳнатӣ

Ба ақидаи А.С. Макаренко ҳаёти хубро бе тарбияи дурусти меҳнатӣ тасаввур кардан мумкин нест. Меҳнат ҳама вақт асоси ҳаёти инсонӣ ва сабабгори некўаҳволӣ  ва маданиятнокии инсон буд.

Дар муассисаҳое, ки  А. С. Макаренко масъулият дошт  фаъоляти меҳнатии тарбятгарон ҳамеша рушд ёфта мукаммал мегашт.

Дар аввалҳо фаъолияти меҳнатӣ дар колонияи  ба номи Максим Гаркий кишоварзӣ буд, ки Макаренко бо шигирдонаш аз рўи эҳтиёҷ ба чунин кор маҷбур буд. Ў корро аз рўи ин намуди меҳнат сар карда минбаъд ба ташкил кардани он дар устохонаҳои касбии таъминкунандаи эҳтиёҷии колония гузошта баъзе асбобу анҷом  барои корхонаҳои дўзандагӣ, пойафзолдўзӣ, ки колонистон  дар онҳо фаъолият доштанд, низ сохта шуданд.

А.С. Макаренко тарбияи меҳнатро дар намудҳои гуногун:

меҳнати худхизматрасонӣ, меҳнати истеҳсолӣ, меҳнати таҷрибавӣ ва эҷодкории техникӣ ташкил намуд.

Моҳи сентябри соли 1930 барои комунарҳо факултаи коргарӣ ташкил карда шуд ва баъдан он ба институти мошинсозӣ  табдил ёфт, ки тарбиятгарон технологияи нави  ҳамон замонро омўхта, соҳиби касб мешуданд.  Вай аввалин шахсе буд, ки  алоқаманд намудани таълими ҷавононро ба меҳнатӣ истеҳсолӣ пешниҳод намуда онро дар амал татбиқ кардааст.

Ба ақидаи А.С. Макаренко:

а). Хусусиятҳои меҳнатии гуногун  модарзодӣ набуда, он дар синни ҷавонӣ тарбия карда мешавад. Инсон танҳо дар натиҷаи меҳнат нисбат ба одамон муносибати дуруст карда, некўахлоқ, меҳрубону раҳмдил мешавад.

б)Тарбияи меҳнатӣ чист? –  ин ҷузъи таркибии тарбия буда, он дар хонандагон муносибати бошуурона кардан  ба меҳнатро меомўзад.

в). Мақсади тарбияи меҳнатӣ – ин тарбия намудани ҷавонон нисбати эҳтиром  ба меҳнат, шинос намудан ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, интихоби бошууронаи касб мебошад.

г). Вазифаи тарбияи меҳнатӣ – ин ташаккул додани шахсият ҳамчун бунёдкор, эҷодкор, баҳри ба даст овардани ягонагии миллӣ, эҳёи халқи худ ва дигар халқҳо мебошад.

 

  1. Тарбияи кўдакон дар оила

А.С. Макаренко тарбияи кўдаконро дар оила дар асарҳои худ «Китоб барои волидайн», «Тарбия дар оила»  ҳаматарафа нишон дода гуфтааст, ки дар тарбияи бомуваффақияти кўдак, оила нақши муҳим мебозад. Ў дар бораи чӣ будани тарбияи оилавӣ, мақсаду вазифаҳои он чунин мегўяд:

а). Тарбияи оилавӣ – ин тарбияи фарзандон дар муҳити оила таҳти назорати калонсолон мебошад.

б). Мақсади тарбияи оилавӣ – ин тарбия кардани кўдакон дар рўҳияи ташаккули қобилияти фикрӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва озодона интихоб кардани касб аст.

в). Вазифаи тарбияи оилавӣ – аз ҳар ҷиҳат ба шароити ҳаёти мавҷудаи иҷтимоӣ тайёр кардани бачаҳо мебошад.

 

Адабиёт

  1.     А.С Макаренко изб. Сочинение М .1957
  2. Д. Ашурова А.Макаренко. Ғояҳо ва андешаҳои педагогӣ.  Д. 2008

3.Иванов И. П. Воспитать коллективистов.- Москва, 1982.

4.Макаренко А. С. Педагогические сочинения.- Москва, 1985- 1986.

5.Макаренко А. С. Мақсади тарбия. Асарҳо, ҷилди 5, саҳифаи 354- 357.

– Москва 1980

1 Скачать

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.