Фанни Педагогика

Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Лев Николаевич Толстой

Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Лев Николаевич Толстой

Зермавзўҳо

  1. Фаъолияти педагогии Л.Н.Толстой.

2.Назарияи тарбияи озод

  1. Ақидаҳои дидактикии Л.Н.Толстой
  2. «Алифбо»-и Л.Н.Толстой ва китобҳои хониши ў.
  1. Фаъолияти педагогии Л.Н.Толсой (1828-1910)

Фаъолияти педагогии Л.Н.Толстой аз соли 1849 вақте ки вай ба бачагони деҳқонони Ясная Поляна савод меомўзад, сар шудааст.

Толстой баъди аз ҷанги Қрим баргаштанаш дар Ясная Поляна мактаб кушода, дар деҳаҳои наздиктарин низ барои кушодани мактабҳо ёрӣ мерасонд.

Соли 1860 ў ҷамъияти маорифпарвариро таъсис медиҳад, ки вазифаи он таъсис додани мактабҳо, интихоби муаллимон ва кумак додани онҳо буд. Ҳаминтавр Толстой мактаби Ясная Поляна, ки соли 1859 кушода шуда буд, тирамоҳи 1861 ба тарзи нав ташкил кард. Тобистони соли 1862 жандармҳо дар набудани ў мактабро кофтуков мекунанд, бинобар ин Толстой бо назари эътироз кори худро катъ мегардонад. Вай соли 1869 аз нав ба педагогика машғул шуда соли 1872 китоби ,, Алифбо” (Азбука), соли 1875 китоби таҳрирёфтаи ,,Алифбои нав” ва чор ,,Китоби хониш”- ро аз нашр мебарорад.

Ў дар ин муддат китоби дарсии арифметикаро тартиб дода, ба методикаи таълимӣ ибтидоӣ ва дигар кори мактаби халқӣ машғул мегардад. Солҳои 70 – ум Толстой дар мактаби Ясная Поляна аз нав ба таълим додани бачагон сар карда, лоиҳаи семинарияи муаллимони деҳқононро тартиб медиҳад, ки онро ҳозломезона ,,Университети ҷавзипўш” меномид. Аз сабаби дастгири наёфтан аз тарафи земство – ҳукумати он вақта соли 1876 он амалӣ намегардад.

Толстой дар охири фаъолияти педагогиаш дини ,,Толстоӣ”- и худро дар асоси тарбия ба роҳ монд. Эътироф кардани худоро ,,дар худи худ” шинохтани одам, муҳаббати умумӣ ба одамон, ҳамаро бахшидан, фурўтанӣ, ба зўрӣ муқобилият накардан, муносибатҳои тезутундӣ манфӣ ба маросимҳои динӣ калисоӣ аз хусусиятҳои динӣ ,,Толстой”- буданд.

Толстой хатоии пешинаи худро дар бораи аз маълумот ҷудо намудани тарбия эътироф мукунад. Ў ин ақидаҳояшро дар як силсила мактубҳо ва мақолаҳояш баён карда, солҳои 1907 – 1908 бо бачагони деҳқонон дар руҳияи таълимоти динӣ – маънавии худ машғулиятҳо мегузаронад.

  1. НАЗАРИЯИ ТАРБИЯӢ ОЗОД.

Толстой ба муқобили тарбияи мактабҳои он замона зид баромада намуда, тарбияи дурушту дағал ва зулм кардан ба бачаҳоро инкор мекард. Ў ба муқобили ингуна тарбия шиорӣ. ,, Меъёри педагогика танҳо якто – озодӣ”- ро пешниҳод карда буд.

Толстой метавонист, ки бачагонро ба шавқ оваронад, эҷодиёти оҳоро бедор кунад ва инкишоф диҳад, барои мустақилона фикр кардану ҳис намудан ёрӣ расонад. Вай содиқона ба кори педагогӣ дода шуда, дар ин роҳ мунтазам ҷустуҷў менамуд. Ва лабараторияи ба худ хос шудани ҳар як мактабро талаб мекард.

Ин мактаби лабараторияи таҷрибавӣ соли 1861 – 1862 мактаби Ясная Поляна буд. Дар ин мактаб машғулиятҳо дар шакли сўҳбати озодонаи муаллим бо талабагон барпо мегардид.

Талабагон Дар ин мактаб хониш, хат ҳусни хат, грамматика, дарси дин, ҳикояҳо доир ба табиатшиносӣ, география, расмкашӣ ва сурудхониро меомўхтанд. Дар ин ҷо вазифаи хонагӣ набуд ва танбеҳ ё ҷазо дода намешуд.

Норасогиҳои мактаби Ясная Поляна ин: баҳои дуруст надодан, мавҷуд набудани нақшаи муайяни таълимӣ, барнома ва ҷадвали машғулиятҳо буд.

3. АҚИДАҲОИ ДИДАКТИКИИ А.Н. ТОЛСТОЙ

Л.Н. Толстой масъалаи мазмуни таълимро дар мактабҳои халқӣ дар давраҳои гуногуни фаъолияти педагогии ба тарзҳои зиддиятнок ҳал кардааст. Ў дар давраи аввал :

а). Ба барномаи ҳамон вақта – хониш, хат, арифметика, дарси дин такя карда гуфта буд: ,,Ба мо ҳар чизе, ки худамон медонем, камтаракашро ба Морфутка ва Тараска (бачагон) омўзониданамон кифоя аст».

б). Толстой ҳавасу мароқи хонандагонро меъёри муайянкунандаи мазмуни таълим ва ҳаҷми фанҳои таълими ҳисоб намуд.

в). Дар мактаб омўхтани 12 фанни таълимӣ муайян карда шуда буд, вале ҳаҷм ва вақти таълими онҳо бо хоҳиши бачагон ба роҳ монда мешуд.

г). Аз рўи ақидаи Толстой бояд, хонандагони мактабҳои халқӣ (саводи донистани) забони русӣ, славянӣ, ҳисоб дарси диниро меомўхтанд басанда буд.

Дар давраи дуюм чунин ақида дошт:

а). Толстой тарбияи – динӣ маънавиро дар руҳияи «Покиза кардани дини христианӣ» гузаронида шавандаро чизи аз ҳама асоситарин дар таълим эътироф менамуд.

б). Мактаберо, ки дар он муаллим «Танҳо ба таълими зоҳирию механикии арифметика, грамматика, орфография маҳдуд мегардад» кори беҳуда номидааст.

в). Таълим ва тарбия ҷудонашавандаанд. Дониш надода тарбия кардан номумкин аст. Ҳаргуна дониш таъсири тарбиявӣ мерасонад.

г). Дар асоси тарбия ва таълим, гузошта шудани таълимоти динӣ -маънавиро пешниҳод намуда, ба зўрӣ муқобилият накарданро талаб кардааст.

Толстой дар мактаб ба Булгаков навиштааш чунин гуфта буд: «Ҷудоие, ки ман дар мақолаҳои педагогиам, дар байни таълиму тарбия гуфтаам, аз якдигар ҷудонашавандаанд».

Л.Н.Толстой дар бораи методикаи таълим, чунин пешниҳодҳо кардааст:

а). Ҳангоми интихоби методҳо муносибати талабагонро ба ин ё он усул ба эътибор гирифтан;

б). Танҳо ҳамон тарзе таълим дуруст аст, ки агар талабагон аз он қаноатманд бошанд.

в). Побанди якхел метод шудан лозим нест, чунки методи хосиятҳои универсалӣ дошта вуҷуд надорад.

г). Методҳои гуногунро истифода бурдан ва навашро ҷустуҷў кардан лозим аст.

д). Муаллим бояд дар корҳои таълиму – тарбиявии худ, мустақилияти эҷодӣ зоҳир намояд.

Мактаб аз диди Толстой « Лабароторияи педагогӣ» мебошад. Ў мегўяд, ки дарс аз ҳад зиёд душвор бошад, талаба умеди иҷрои онро аз даст дода ба корҳои дигар овора мешавад, агар дарс аз ҳад зиёд осон бошад ҳамин аҳвол руй медиҳад, бинобар ин дарс бояд хусусияти ҷўстўҷуи дошта бошад, то ин ки хонанда як қадам пеш гузоштанашро ҳис кунад.

Толстой ба методи таълими овозии савод, ки беҳтарин педагогҳои руси солҳои 60 – 90 – ум (Ушинский, Корф, Бунаков) тавсия карда буданд, танқид карда гуфта буд, ки ҳарфи ҳамсадоро бо садонок ифода кардан номумкин аст. Доир ба ин таклифи Толстой Комитети Москвагии савод санҷиш гузаронд, вале он натиҷаи дилхоҳ надод, чунки дараҷаи саводнокӣ дар ҳар ду синфи интихобшуда якхела буд.

  1. АЛИФБОИ ТОЛСТОЙ ВА КИТОБҲОИ ХОНИШИ Ў

Л.Н.Толстой мувофиқи ақидаҳои дидактики худ соли 1872 китоби таълимии «Алифбо» – ро навишт, ки баъдан ду маротиба за нав кор карда шуда соли 1875 бо номи «Алифбои нав» аз чоп баромад.

Инчунин аз тарафи ў чор китоби таълимӣ: « Китобҳои русӣ барои хониш» нашр гардид, ки ҳар кадоми онҳо зиёда аз 30 маротиба нашр шудаанд. Мактабҳои педагогӣ ба ин китобҳо одилона баҳои баланд дод. Масалан, ҳамсафи Ушинский, педагогӣ машҳур Д.Д. Семёнов чунин навишта буд: «Ин китобҳо аз ҷиҳати психологӣ ва ҳам аз ҷиҳати бадеият аз мукаммал ҳам мукаммалтар мебошад. Ҳама тасвироти зебо ва илова бар ин тасвиротҳои соф русӣ, халқӣ ва махсуси мо мебошад.

Камбудиҳои ин китобҳо аз он иборат буд, ки ҳикояҳои онҳо дар руҳияи ақидаҳои динии Л.Н.Толстойӣ навишта шуда буд.

Новобаста ба ин камбудӣ Л.Н.Толстой дар таърихи педагогикаи рус ҳамчун педагог мутафаккир ва навовари бузургтарини асил ворид гардидааст.

Адабиёт

1.Л.Н.Толстой. Очеркҳои педагогӣ.М,1989.

2.А.А.Шаталов. Масъалаҳои мактабҳои халқӣ дар педагогикаи Л.Н. Толстой.М.1989.

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷилди 4. – Душанбе, 1980.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *