Назарияи педагогии Константин Дмитриевич Ушинский

Назарияи педагогии Константин Дмитриевич Ушинский

Зермавзўҳо:

1.Ҳаёт ва фаъолияти К.Д.Ушинский

2.Идеяи халқияти тарбия дар педагогикаи К.Д.Ушинский

3.Мақсад ва воситаҳои трбияи маънавӣ. Меҳнат ва аҳамияти

тарбиявии он

4.Ақидаҳои дидактики  К, Д. Ушинский

5.Дарс ва методҳои таълим. Китобҳои таълимии К.Д.Ушинский

6.Талаботҳо нисбати муаллим ва нақши К.Д.Ушинский дар инкишофи

педагогика ва мактаб

1.ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ К.Д.УШИНСКИЙ

    К.Д.Ушинский соли 1824 дар Тула таввалуд шуда, давраи кўдакии худро дар наздикии Новгород – Северский гузаронидааст. Ў баъди хатми гимназия ба факултети ҳуқуқшиносии Университети Москва дохил шуда онро соли 1844 хатм мекунад ва баъди як сол, дар литсеи ҳуқуқшиносии Ярославск, дар сини 22-солагиаш иҷрокунандаи вазифаи профессор таъин мегардад, вале бинобар ақидаҳои прогрессивӣ доштанаш соли 1849  ўро аз ҳайяти прфессорон озод мекунанд. Ушинский маҷбур мешавад, ки дар вазорати корҳои дохили ба ҳайси корманди хурд адои вазифа кунад.

Соли 1854 ў дар донишкадаи Гатчин аввал ба ҳайси муаллим баъд инспектор шуда кор мекунад. Дар солҳои 1857-1858 ў дар маҷалаи «Маҷала барои тарбия»  мақолаҳо бо номи: «Оиди аҳамияти адабиётҳои педагогӣ», «Халқ дар тарбияи  ҷомеа»,  «Се  унсури  мактаб» – ро нашр менамояд, ки он сабаби машҳур шуданаш мегардад.

Соли 1859 Ушинский дар вазифаи инспектор дар Институти духтарони некўахлоқ (благародный) таъин мегардад, ки дар он духтарон аз оилаҳои ашрофзодагон мехонданд. Соли 1861 ў асари бузурги худ «Олами кўдакон» – ро менависад, ки он аз 2 – қисм иборат буда, таълимро дар синфҳои хурди мактабӣ асосан маводҳои табиатшиносиро дар бар мегирифт.

    Ушинскийро дар бехудоӣ, озодандешӣ нисбати сиёсати он вақта айбдор намуда, онро соли 1862 аз кор озод менамоянд ва ўро бо баҳонаи барои омўзиши таҷриба ба хориҷа мефиристонанд. Дар асл бошад ин аз ватан берун кардан буд.

Дар хориҷа ў ҳолати маълумотдиҳии занонро тдар Шветсария омўхта китоби хонишро соли 1864 барои синфҳои ибтидоӣ бо номи «Каломи модарӣ»  (родное слово)  менависад. Солҳои 1867 – 1869 асарҳояш:  «Одам ҳамчун маводи тарбия» (т-1,2) ҷамъбаст мешавад.

Соли 1867 ў бемор ба Россия бармегардад ва соли 1870  дар сини 47-солагиаш вафот мекунад. Баъди маргаш рўзномаашро меёбанд, ки чунин навиштааст: «Мақсади ягонаи ман ин ба халқу ватанам ҳар чӣ бештар манфиат овардан буд».

  1. ИДЕЯИ ХАЛҚИЯТИ ТАРБИЯ ДАР ПЕДАГОГИКАИ УШИНСКИЙ

Дар системаи педагогии Ушинский назарияи Халқият гузошта шудааст. Вай дар маколаи соли 1857 чоп кардааш «Дар бораи халқият, дар тарбияи ҷамъият» навиштааст: «Барои ҳама танҳо як майли умумии модарзодӣ мавҷуд аст, ки тарбия ҳамеша ба он такя карда метавонад», вай ҳамон чизи халқ ба вуҷуд оварда ва бунёдёфта мебошад, ко мо онро халқияти тарбия меномем.

Ушинский дар зери мафҳуми халқият хусусиятҳои ба тараққиёти таърихӣ, шароитҳои географӣ  ва табиӣ вобаста будани ҳар як халқро мефаҳмид. Ў таҳлили амиқи тарбияи франсузӣ, англисӣ, немисӣ ва америкоиро дода, исбот кардааст, ки таълими педагогикаи онҳо ба таври механикӣ ба Руссия мутлақо ба мақсад мувофик нест.

Беҳтарин ифодаи халкият забони модарӣ мегуфт ў, аз ин лиҳоз бачагон аввал забони худро омухта баъд ба таърихи халқи худ, гнографияи кишвар ва табиати он бояд хуб шинос шаванд. Чунин тарбия дар бачагон ҳиссиёти ифтихори миллӣ ва муҳаббат нисбати дигар халқҳоро инкишоф медиҳад.

Ушинский дар маколаи худ « Забони модарӣ»  навишта буд, «Забони халқ – гули беҳтарини хазоннопазир ва ҳамеша навшукуфони тамоми зиндагии маънавии он аст, ки аз замонҳои таърихии хеле барвақт шурўъ шудааст.

Забони модарӣ мегўяд Ушинский: «забони модари натанҳо ифодакунандаи хусусиятҳои хоси маънавии халқ аст, балки муаллими беҳтарини хадқӣ низ мебошад», чунки халқро дар вақте, ки на китоб буду на мактаб таълим медод.

 

3.МАҚСАД ВА ВОСИТАҲОИ ТАРБИЯВИИ МАЪНАВӢ. МЕҲНАТ ВА АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВИИ ОН

Ушинский тарбияро ҳамчун ҷараёни мақсадноку бошууронаи ташаккули шахсияти муттаносиб инкишоф ёфта медонад ва ҷои асосиро ба тарбияи маънавӣ медиҳад. Мақсади тарбияи маънавӣ мегўяд ў:

  1. Ин дар бача инкишоф додани: инсондўстӣ, покию, ростӣ, меҳнатдўстӣ боинтизомию ҳисси масъулиятшиносӣ, нигоҳ доштани иззати худ, хоксорӣ ва дигар хичслатҳои нек мебошад;
  2. Тарбия бояд дар бача хислат, иродаи мустаҳкам, тобоварӣ,устуворӣ, ватандўстӣ, фидокорӣ ва муҳаббати зиёд доштан  ба халқи  худ ва дигар мардумро бипарварад;
  3. Тарбияи маънавӣ бояд дар бачагон нисбат ба одамон ҳурмату эҳтиром, муҳаббат ба онҳо , муносибатҳои самимона, хайрхоҳона ва одилонаро  инкишоф диҳад.

Ушинский ба муқобили интизоми кўркуронаи химчаю калтаки кўҳна эътироз карда навишта буд: «Тарсу ҳарос бачагонро  на танҳо  дар  вазъияти  ба онҳо  хос набуда, балки барои онҳо зарарнок: ба беҳаракатӣ, дар  сина хафаю зиқ  будан ва дурўягӣ  водор мекунад».

Ушинский дар тарбияи маънавӣ пайвастани назарияи  динро  дастгирӣ  мекунад, вале дар мақолаи пеш аз вафоташ  менависад: «Тарбияи маънавӣ  дар мактаб  набояд  бо дин дар асосҳои ягона  бунёд  гардад. Аз ин рў, донишҳои  динӣ бо роҳи худ ва донишҳои  дунявӣ  бо роҳи  худ бояд бошанд».

Ба ақидаи  Ушинский воситаҳои  тарбияи маънавӣ  инҳо  мебошад:

  1. Таълим (дар ин бобат китобҳои таълимии ў дар сатҳи хеле баланд навишта шуда,  диққатҷалбкунанда  буд ва  дар  онҳо инкишофи нутқ, донишдиҳӣ  ва тарбияи  маънавии хонандагон бо ҳамдигар  моҳирона  мутобиқ  кунонда  шуданд) ;
  2. Намунаи шахсии муаллим («ин шуои самарабахши  офтоб  барои

     дилҳои ҷавон мебошад, ки онро бо ҳеҷ чиз  иваз кардан нашояд») ;

  1. Эътиқод – ба он ў аҳмияти хеле калон, додааст (нисбати омўзгор

     эътиқод доштани бачагон) ;

  1. Одоби педагогӣ ( бо хонандагон моҳирона муомила кардан;)
  2. Огоҳкунӣ (чораҳои пешгирӣ кардан;)
  3. Ҳавасмандкунӣ ва танбеҳдиҳӣ.

4.АҚИДАҲОИ  ДИДАКТИКИИ  К. Д. УШИНСКИЙ

Ақидаҳои дидактики Ушинскиӣ аз дигар системаи таълимии олимон фарқ  дошт вай аз рўи чунин тартиб пешниҳод шуда буд:

  1. Таълим аз рўи ба ҳисоб гирифтани давраҳои инкишофи синну- соли бачагон ва хусусиятҳои психологии онҳо ташкил карда шавад.
  2. 2. Ушинскӣ дар таълим ду намуди диққат:

а). Фоъол – яъне  ихтиёрӣ;

б). Ғайрифаъол, яъне ғайриихтиёриро пешниҳод кардааст.

  1. Таълим аз рўи принсипҳо мувофиқи инкишофи ҷисмонӣ ва фикрии бача давра ба давра тартиб дода шавад.
  2. Ў методикаи таълими айёниро, ки пеш КоменскийПесталотси Дистерверг ба вуҷуд оварда буданд бо усулҳои нав бой гардонд ( дар деворҳои синф овезон кардани онҳо)
  3. Методикаи такрори маводи таълимӣ, нақши такрорро дар аз худ кардани мавзўъи нав ва гузашта муфассал кор карда баромадааст.

Ушинский рафти таълимро ба ду давра тақсим кардаст:

  Давраи якум – дар ин давра бачагон бо роҳбарии муаллим ашёҳо ва ҳодисаҳоро мушоҳида карда дар бораи онҳо тассаввуротҳои умуми ҳосил мекунад. Ин давра  се  зинаро дар бар мегирад:

     Зинаи 1-дар ин зина бачагон бо роҳбарии муаллим ашё ё ҳодисаҳоро дарк мекунанд.

     Зинаи 2- бачагон таасуротҳои худро оиди ашёю ҳодисаҳо муқоиса карда, таълимотҳо пайдо мекунанд.

     Зинаи 3- муаллим бо шарҳу эъзоҳи худ, донишҳои гирифтаи бачаҳоро пурра мекунад:

Давраи дуюм – дар ин давра муаллим донишҳои азхудкардаи талабагонро ҷамъбаст ва мустаҳкам мекунад.

      Ушинский барои дар байни тарбиятгар ва муаллим тақсим кардани функсияҳои тарбия муқобил буд. Вай ба таълим ҳамчун ба муҳимтарин воситаи тарбия нигоҳ мекард.

  1. ДАРС ВА МЕТОДҲОИ ТАЪЛИМ. КИТОБҲОИ ТАЪЛИМИИ К. Д. УШИНСКИЙ

Ушинский дар системаи педагогии худ ба дарс эътибори махсус додааст. Ў мегўяд, ки машғулиятҳои таълимӣ дар дарс бояд гуногун бошанд: додани донишҳои нав, машқҳо такрори мавзўҳои гузашта, ба ҳисоб гирифтани донишҳо, корҳои хаттӣ  ва  дуруст тақсим кардани лаҳзаҳои дарс муҳим мебошад. Ҳар як дарс бояд мақсади муайян, вазифа, ва характерӣ тарбиявӣ дошта бошад.

     Дар мактаби ибтидоӣ аз таърих, география, табиатшиносӣ, дар дарсҳои забони модарӣ бо роҳи хониши эзоҳӣ, маълумотҳои сода доданро тавсия додааст. Дар раванди хониши эзоҳӣ калимаҳою ибораҳои нофаҳмо ва амали онҳо бояд шарҳ дода шаванд.

     Ушинский дар мақолаи худ «Дар бораи дарсдиҳии ибтидоии забони русӣ»  (соли 1864)  чунин навиштааст: Дарс  мувофиқи методи таълим бояд аз се вазифа иборат бошад:

1.Инкишоф додани нутқи бача.

  1. Бачагонро барои азхудкардани  забони  модарӣ  роҳнамуд  кардан.
  2. Аз худ кардани мантиқи забон.

Ушинский аз методҳои худ, методи овози аналитикӣ – синтетикӣ, хаттӣ – хонишро тавсия кардааст, ки аввалин дарсҳояш аз рўи китобаш «Родное слово», «Каломи модарӣ»  аз  рўи ҳамин метод тартиб дода шуда буд.

Ушинский барои таълими ибтидоӣ ду китоби таълимӣ навиштааст:

  1. «Родное слово» (1864-1870), «Каломи модарӣ», ки он барои саводи ибтидоӣ – синфҳои 1-2 таъин гардида, аз алифбо сар мешавад ва асосан ба таълими забони русӣ, инкишофи тафаккури бачагон ва васеъ намудани тасаввуроти онҳо оиди олами атроф мебошад.

         2.«Детский мир»  (соли 1861), «Олами кўдакон» – ин китоб барои хонандагони синфҳои болотар: 3-4 таъин гардида буд. Дар он бачагон аз фанҳои табиатшиносӣ ва география маълумоти нахустин мегирифтанд.

     Ҳар ду китоб аз ҷиҳати илмию методӣ намунаи ибрат буданд,  аз ин лиҳоз дар Россияи подшоҳӣ китоби «Каломи модарӣ» 150 маротиба чоп гардид. Ба китобҳои Ушинский такя карда дар Гурҷистон (Я.С.Гогебашвилӣ) Булғория ва дигар давлатҳои словянӣ китобҳои  таълимӣ – дарсӣ навиштанд.

 

  1. ТАЛАБОТ НИСБАТИ МУАЛЛИМ ВА НАҚШИ К.Д.УШИНСКИЙ ДАР ИНКИШОФИ ПЕДАГОГИКА ВА МАКТАБ

Ушинский ба нақши муаллим дар пешравии ҷомеа баҳои баланд дода талаб кардааст, ки ҷамъият ба муаллим бояд боҳурмат буда ба ў ғамхории калон дошта ба вай ҳамеша эътибор диҳад. Ў дар бораи тайёрии муаллим чунин гуфтааст:

  1. Муаллим на танҳо омўзгори ин ё он фан аст, балки тарбиятгар ҳам мебошад.
  2. Дўстдоштаи касби худ буда ба ҳисси масъулияти калон ба он муносибат намояд.
  3. Инсони бомаълумоту бафарҳанг бошад.
  4. Ў на танҳо фанни худ, балки педагогика ва психологияро хуб донад.

5.Маҳорати педагогӣ ва одоби омўзгориро риоя кунад.

Ушинский дар мақолаи «Лоиҳаи семинарияи муаллимон» (соли 1861) нақшаи барои мактабҳои ибтидоӣ тайёр кардани муаллимонро тартиб дода чунин гуфтааст: « Муаллимон набояд дар як вақт дар ду ҷой, дар дигар донишгоҳҳои таълимӣ  кор кунад, балки зарур аст, ки ба корҳои семинарияҳои муаллимон машғул шаванд. Ин семинарияҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ташкил намудан лозим аст.

Ў дар бораи ташкил кардани факултетҳои педагогика ин тавр навишта буд: агар дар мо факултетҳои тиббӣ бошанду, педагогӣ не , ин маънои онро дорад, ки мо аз саломатии маънавиамон ва тарбия, саломатии танамонро бештар медонем.

Нақши Ушинский дар инкишофи педагогика ва мактаб ниҳоят калон аст. Ў ҳамчун педагогӣ бузурги рус, асосгузори мактаби халқӣ дар Россия , эҷодкори системаи педагогӣ, муаллифи китобҳои таълимӣ мебошад, ки аз рўи онҳо дар зарфи зиёда аз ним аср даҳо миллион одамон дар Россия ва дигар мамлакатҳо таълим гирифтаанд.  Вай –  «Муаллими муаллимон буд,»

Ушинский бо пайдо шудани як катор педагогҳои машҳури солҳои 70-80, пайравонаш: Н.Ф. Бундаков,  Н. А. Корф, В. И. Водовозов, Д.Д. Семенев  ва дигархо  мусоидат  намудааст.

Халқи   собиқ   шўравӣ  ва  ҳукумат   меҳнатҳои   Ушинскийро   ба эътибор гирифта  як  қатор   донишкадаҳоро  ба  номи  ў  гузоштаанд.  Стипендия  ва  медал  ба  номи  вай  таъсис  дода  шуд,  ки  беҳтарин  муаллимон,  олимон  ва ходимони ҷамъиятӣ барои асарҳои барҷастаи педагогӣ ва таълим, дар соҳаи таълиму тарбия мукофотонида мешаванд.

Адабиёт:

1.Ушинский К.Д. «Ҳаёт ва фаъолияти педагогӣ» М-1984

2.А.Н.Джуринский «Таърихи педагогика» М-1989

3.Юнусов И. Педагогика. – Душанбе, 2005.

  1. Аҳмадов Т., Ашурова Д. Педагогика дар саволу ҷавобҳо. –

Душанбе, 2007.

test

Добавить комментарий