Aкидаҳои педагогӣ ва инкишофи мактабҳои ғарб

Aкидаҳои педагогӣ ва инкишофи мактабҳои ғарб

Зермавзўъҳо

1.Педагогикаи «Тарбияи гражданӣ» ва мактабӣ меҳнатӣ

2.Педагогикаи «ҳаракат»

3.Педагогикаи таҷрибавӣ – эксперементалӣ

4.Педагогикаи прагматикӣ

  1. ҶАРАЁНҲОИ ПЕДАГОГИКАИ МАМЛАКАТҲОИ ҒАРБ

ПЕДАГОГИКАИ  «ТАРБИЯИ  ГРАЖДАНӢ»  ВА  «МАКТАБИ МЕҲНАТӢ »

         Назарияи педагогии Георг Кёршенштейнер (1854-1932) дар Германияи ибтидоии асри  ХХ ва маалакатҳои дигар хеле шўҳрат пайдо кард.

Ба ақидаи ў «Тарбияи гражданӣ» бояд бачагонро тарзе таълим диҳад, ки бидуни гуфтугў итоатманди давлат бошанд, «Мактаби меҳнатӣ» бошад ба фаъолияти муайяни касбӣ тайёр кардани ҷавонон равона карда шавад, ин ҳарду ба акидаи ў ба ҳамдигар алоқаманд аст.

     Кёршентейнер дархостҳои худро дар бобати гузориши «Тарбияи гражданӣ»  дар мактабҳои меҳнатӣ дар Мюнхен , ки чанд сол он ҷо роҳбари кори маорифи халқ буд, дар амал тадбиқ карда тавонист. Онҷо устохона, боғ, ошхонаи махсус вуҷуд дошт, ки хонандагон дар он ҷой касбҳои гуногунро меомўхтанд. Аз рўи гуфти ў «Моҳияти мактаби меҳнатӣ» аз он иборат буд, ки хонандагонашро бо  минимуми донишҳо ва максимуми маҳорату малакаҳо, бо меҳнатдўстӣ ва эътиқодӣ мувофиқи талаботҳои гражданӣ  муссаллаҳ  намояд.

    Соҳибони корхонаҳо дар  муддати 2 – 3 сол ҳар ҳафта коргарони худро 8 – 10  соат барои машғулиятҳои  дарсӣ  аз кор озод менамуданд.

Аслан Кёршентейнер тарафдори системаи  ду хелаи маорифи халқ буд:

1.«Мактаби халқӣ» – тайёр кардани коркунони фармонбардор.

2.«Гимназия» – фаъолияти меҳнати онҳо бо китоб кор кардан маҳдуд

мегардид.

Ў сотсиализм ва ҳаракати револютсиониро чашми дидан надошт.

                     

2.ПЕДАГОГИКАИ «ҲАРАКАТ»

        Асосгузори ин педагогика аз Германия Велгелм Август Лай (1862-1926) буд, ки идеяҳои ў на инки дар мамлакати худ, балки дар мамлакатҳои дигар аз он ҷумла дар Россияи тореволютсионӣ  низ шўхрати хеле калон пайдо кард.

 

Август Лай кушид, ки педагогикаро биологӣ кунонад ва рафти тарбияро ба тарзи механикӣ тавзеҳ диҳад. Ба ақидаи ў дар натиҷаи таъсири берунаи ҳархела дар ҳама организмҳо, аз оддитаринашон сар карда то одам ҳаракат ё реаксияи ҷавобӣ ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин ҳаракати рефлекторӣ ҳамеша ба ҳамон як схема – аз навкоркунӣ зуҳур (ё ки тасаввуркунӣ) мегузарад.

Ў ин нақшаи  механикиро  дар рафти тарбия ва таълим, ки   ба фикри вай аз таъсиррасонӣ ба хонандагон ва таваҷўҳи (реаксияи) онҳо таркиб меёбад, тадбиқ мекард. Хонанда аввал ба воситаи мушоҳида таасурот мегирад, пас ин дарки  таасуротҳояшро  дар шуур аз нав коркарда, ба воситаи ҳаракатҳои гуногунифодаи худ чизи аз нав кор кардаашро дар амал тадбиқ мекунад. Лай навишта буд, ки тарбиягиранда узви муҳити зинда буда , ба ў ин муҳит таъсир мерасонад ва он дар навбати худ ба ин таъсир бояд ҷавоб гардонад.

Педагогикаи ҳаракат чист? – педагогикаи ҳаракат ин ба воситаи ҳаракатҳои ифодаи чизи идрокшуда ва аз нав кор кардашуда аст.  Он амсилаи  идроказхудкунӣ  ва  ирода  мебошад.

Лай дар асоси нақшаи пешниҳодкардаи просесси педагогии худ «Нақшаи таълимии таркибӣ» – ро тартиб дод. Вай тамоми раванди дарсдиҳиро ба ду қисм: 1. Мушоҳидавӣ – ашёӣ,  2. Тасвирӣ – шаклӣ тақсим намуд.

  1. Мушоҳидавӣ  – ашёӣ. Ба ин қисм  ҳамаи ашёҳои ба «Идрок намудан» алоқаманд: ба ҳаёти табиат (таърихи табиӣ, физика, химия, геогрфия), ҳаёти одам (таърих, шаҳрвандшиносӣ, хоҷагии халқ, ахлоқ, фалсафа ва педагогика) – ро дохил кардааст.
  2. Тасвирӣ – шаклӣ.  Он шаклҳое, ки барои «Ифода кардан»  мавод медиҳад: тасвири физикӣ, таҷрибаҳо, нигоҳубини ҳайвонот, тасвироти математикӣ, тасвироти каломӣ (забон), тасвироти бадеӣ (эҷодиёт дар соҳаи ахлоқ, рафтор ва монанди инҳо) – ро мутааллиқ медонад.

Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, Лай педагогикаро биологӣ кунонд. Ҳол он ки тарбия ҳодисаи иҷтимоӣ буда, онро билкул  дар асоси қонуниятҳои биологӣ тавзеҳ кардан номумкин аст.

Дар солҳои охири умраш  Лай руйрост  бар мавқеи реаксионӣ истода, дар асарҳояш дар кори тарбия аҳамияти махсус доштани дин ва нажодро таъкид менамуд. Ў ҳисоб мекард, ки мақоми олӣ ба нажоди олмонӣ таалуқ дорад, яъне ў миллатчигии германиро тарафдорӣ менамуд.

3.ПЕДАГОГИКАИ ТАҶРИБАВӢ (ЭКСПЕРИМЕНТАЛӢ)

Аз охирҳои асри XIX сар карда дар Германия, Англия, ШМА педагогикаи бо ном эксперименталӣ мавқеи муҳиме дошт.

Педагогикаи таҷрибавӣ чист? – ин бо роҳи таҷриба дарёфтани методҳои нави омўзиш ва инкор кардани методҳои  дигар мебошад. Тарафдорони ин педагогика тарбияро на ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун ҳодисаи  соф биологӣ меҳисобиданд.  Педагогикаи таҷрибавӣ барои тадқиқи қобилиятнокии фикрии бачаҳо (методи тестӣ) – ро истифода мебурданд, ки ин сади роҳи эҷодкории хонандагон  мешуд. Дар  заминаи педагогикаи таҷрибавӣ педология пайдо шуд , ки он дар мамлакатҳои ғарб тез паҳн гардид.

          Педология калимаи юнонӣ буда, маънояш бача аст, дар маҷмўъ илм дар  бораи   бачаҳо  мебошад.  Асосгузори назарияи  педология П.П. Блонский буд. Педологҳо тасдиқ мекарданд, ки гўё тақдири бачахо ба ду омил: муҳит ва ирсият вобаста буда, он тағйирнопазир аст.

Намояндаи машҳури педагогикаи таҷрибавӣ олими немис Эрнст Мейман (1862-1915) буд, ки се ҷилд: курси «Лексияҳо доир ба муқаддима  ва педагогикаи таҷрибавӣ» – ро таълиф кардааст. Вай ба мақсади ҳаматарафа омўхтани кўдак маълумотҳои педагогика, психология, анатомия ва физиологияро ба ҳам якҷо намуд, ки он то имрўз аҳамияти худро гумм накардааст, вале  ў боз эстетикаи буржуазӣ  ва ким – кадом илм дар бораи динро асоси педагогика ҳисоб мекард.  

  Мейман мегуфт, ки мактабачагонро на муаллимҳо, балки асосан психологҳо (педалогҳо)  бояд омўзонанд. Дар аввали ҷанги якуми ҷаҳон  ў бо мақолаи характери  шовинистӣ  ва нажодпарастӣ дошта баромад кард.

Намояндаи дигари педагогикаи таҷрибавӣ олими америкоӣ Эдуард Торндайк (1874-1949) буд. Вай «Таълимоти бихеворизм»-ро, ки мувофиқи он рафтори одам реаксияи соф берунии ба таври механикӣ пайдошудаи омилҳо  ва ба воситаи машқҳои бисёркаратаи механикӣ мустаҳкам кардани организми одам мебошад, ба асос мегирифт. Ҳамин тариқ таълимоти бихеворизм тамоми тарбияро аз машқ кунонидан, бо омилҳои муайяни инкишоф медонистанд.

Торндайк ва пайравони ў педагогикаи таҷрибавиро аз тестҳо иборат кунониданд.  Ин тарз дар Англия, Франсия низ паҳн гардида буд.

Чунин ташкилии кор ба мактабҳои типпӣ  баланд дохил шудани фарзандони меҳнаткашонро мушкил гаронд.

 

Тест  чист? –  калимаи англисӣ  (test)  буда,  маънояш  сашҷиш, оз -моиш, тадқиқ аст. Онро психологи англис Голтон  пешниҳод намуда, методи истифодабариашро  психологӣ америкоӣ Д. Кеттел кор карда -аст.

          Педагогикаи  таҷрибавӣ  дар  омўхтани  диққат;  хотираи бачаҳо, кори  фикрӣ  (машқҳо  барои тарбияи фикрӣ,  ичунин рангтасвиркунии бачаҳо)  натиҷаҳои муайян ба даст овардан аҳамияти калон дошт.

4.ПЕДАГОГИКАИ  ПРАГМАТИКӢ

Дар солҳои 90-уми асри XIX дар ШМА бо ном  «философияи прагматизм» ба майдон омад.  Назариётчиёни прагматизм  изҳор мекарданд, ки философияи онҳо  аз идеализм ва ҳам аз материализм  боло меистад, гўё ки ҳақиқати объективӣ вуҷуд  надорад ва одам ба ў  наздик шуда наметавонад.

Прагматизм чист? – аз калимаи  юнонӣ гирифта шуда, маънояш кор, амал, фаъолият мебошад.

          Асосгузори прагматизм П. Пире буд.  Ў аввалн шуда ин мафҳумро ба фалсафа дохил кард. Вай додани донишҳои системанокро маҳдуд карда, нақши бачаро дар таълим баланд  ва мавқеи муаллимро паст нишон медод.

          Файласуф ва педагоги америкоӣ  Ҷон Дюи (1859-1952) намояндаи барҷастаи  яке аз ҷараёнҳои прагматизм «Инструментализм» буд. Ин ҷараён тасдиқ менамуд, ки ҳар гуна назария, модоме ки ба ҳамин фард  (индувидиум) фоиданок аст, бояд ҳамчун  «Асбоби ҳаракат» пазируфта шавад.

Мақсади ниҳоии Дюи «Зиндагии хуб» буд. Ў солҳои 30-юм дар вақти  сафар карданаш  ба СССР ба системаи маорифи он баҳои мусбат дод, вале баъди ҷанги дуюми ҷаҳон  ақидааш нисбат ба иттиҳоди шўравӣ  реаксионӣ гардид. Дар солҳои охири ҳаёти  худ бошад, ба фашизм ошкоро хайрхоҳӣ кард.

Вай даъво мекард, ки ба меҳнаткашон  донишҳои системанок  дода нашавад. Ў ба нақши ирсият  дар инкишофи  бача аҳамияти калон медод.  Аз рўи  назарияи ирсият –  маҷмўи хислатҳои ирсӣ: фикрӣ, ҷисмонӣ,  асли сарвати нажод буда, аз насл ба насл гузаштанро  эътирофи умум  намуд.

          Ў таълимро мувофиқи синнусол  ва ҳаваси бача  ба роҳ монда, омўзиши фанҳоро мувофиқи интихоби онҳо амалӣ гардонид. Мактаб ба фикри  Дюи  ин  муҳити  муташаккил  буда, он ҳудуди ҳаёт аст. Бо ибораи дигар вай ҳудуди байни мактаб  ва ҳаётро  аз миён бардошт. Мактаб аз рўи ақидаи ў набояд синфҳои таълимӣ, барнома, ҷадвали дарсии қатъӣ дошта бошад.

Адабиёт:

1.Н.А.Константинов. «Таърихи педагогика» М-1982

2.А.Н.Джуринский. «Таърихи педагогика» М-1982

3.Вульфов В.Д. Основы педагогики. – Москва, 2000.

4.Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷилди 8. – Душанбе, 1988.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.