Ақидаҳои педагоги Роберт Оуэн
Ақидаҳои педагоги Роберт Оуэн
Зермавзўъҳо
- Хаёт ва фаъолияти Роберт Оуэн.
2 . Ақидаҳои зиддидинии Оуэн ва назарияи ў дар барои инкишофи хислат.
- Р.Оуэн дар барои общинаи коммунистӣ ва тарбия дар «Германияи Нав».
- Аҳамияти ақидаҳои педагогии Р.Оуэн.
-
Ҳаёт ва фаъолати Р.Оуэн
Р. Оуэн (1771- 1858) дар Шотлондия дар оилаи ҳунарманд таваллуд шуда хеле барвақт бо меҳнати худ ба зиндагӣ шурўъ намудааст.
Аз соли 1800 сар карда ў дар Ню – Ленарк дар Шотландия сардори фабрикаи ресмонресӣ мешавад.
Вай рўзи кориро аз 13-14 соат ба 10-12соат кўтоҳ карда, музди коргаронро зиёд менамояд. Барои коргарон хонаҳои нав сохта истироҳати оқилонаи онҳоро ба роҳ мемонад. Оуэн ба кори фабрика ҷалб кардани бачагони 10 соларо катъиян манъ намуда, муассисаҳои бачагонаи таълими – тарбиявӣ: мактаби бачагони хурдсол, ибтидоӣ ва шабона ташкил мекунад.
а). Мактаби бачагони хурдсол – он бачаҳои 1-6 соларо дар бар гирифта дар дохилаш яслӣ, боғча ва майдончаи бозӣ дошт, ки кўдакон таълиму тарбия мегирифтанд. Ба тарбияи ҷисмонӣ ва машқҳои гимнастикӣ диққати махсус дода онҳоро дар руҳияи коллективизм тарбия мекарданд.
Дар ин мактаб хат ва хониш мунтазам таьлим дода намешуд, аммо дар бораи табиат, ашёҳо ва ҳодисаҳои гирду атроф маьлумот дода, ба тарбияи эстетикӣ, мусиқӣ ва машғулиятҳои ҳаракати мавзун бештар эътибор дода мешуд. Хондани китобҳои диниро ҷоиз намедонист.
б). Мактаби ибтидоӣ- дар ин мактаб талабагон забони модарӣ, арифметика, география, табиатшиносӣ ва таърихро меомухтонд. Таълими диниро мутлақо намеомўхтанд. Таълим мувофиқи инкишофи синнусолӣ дода мешуд. Рафти таълим дар асоси истифодаи тадбиқи принсипи аёният пеш бурда мешуд. Деворҳои мактаб бо расмҳои мувофиқи барномаи таълимӣ оро дода шуда буд.
Оуэн ба тарбияи меҳнатӣ аҳамияти махсус дода ба писарбачаҳо усулҳои меҳнати косибӣ, боғдориро ва ба духтарон бошад либосдузию таомпазиро меомўзонд.
в). Мактаби шабона – Оуэн барои бачагони аз 10 сола боло ва барои наврвсони дар истеҳсолот кор мекардагӣ мактаби шабона ташкил карда, таълимро ба меҳнати истеҳсолии индустриолӣ пайваст Барои калонсолон клуби коргарӣ бунёд кард, ки дар он ҳар хел чорабиниҳои маданӣ – равшаннамоӣ гузаронида мешуданд.
Ў дар аввали соли 1816 дар Ню – Ленарк «Институти нави табияи характер»-ро ташкил кард, ки ин тамоми муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии пеш ташкилкардаи ўро муттаҳид менамуд.
Ҳамин тариқ Оуэн аввалин бор дар таърих муассисаҳои томактабӣ (боғчаи бачагон), мактаби ибтидоиро барои бачагони коргарон ва мактаби шабонаро барои коргарон ташкил кард.
Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди панҷсолаи Оуэн соли 1819 дар Англия бори аввал дар бораи то дараҷаи муайян кори занон ва бачагонро дар фабрика маҳдуд кунонидан қонун қабул карда шуд.
-
Ақидаҳои зиддидинии Р. Оуэн ва назарияи ў дар бораи инкишофи хислат
Хусусиятҳои муассисаҳои таълиму тарбиявии Оуэн аз он иборат буд, ки дар онҳо омўзиши анъанавии динӣ вуҷуд надошт. Ў аз «Дини хирад» то атеизм роҳ паймудааст. Вай дар нутқи оммавии соли 1817 эрод кардааш гуфта буд, ки дин одамро муфлис, ҳақир, дурўя ва мутаасиб мегардонад.
Оуэн ба маърифатнок кунонидани халқ кушиш карда, дар амал баровардани таълими ибтидоӣ, аз мактаб дур кардани таъсири рўхониён ба муассисаҳои динӣ ва ба дасти давлат додани тамоми системаи маорифи халқро талаб менамуд.
Соли 1813 китоби худ «Ақидаҳои нав роҷеъ ба ҷамъият ё ки таҷрибаҳо дар бораи ташаккули хислати одам»-ро чоп мекунонад. Вай дар ин асараш даъво мекунад, ки хислати одам ба иродаи вай вобаста нест, балки он мустақил буда, аз рўи муҳити ўро иҳотакарда муайян мегардад. Нуқсону камбудиҳои одамон ба рафторуу кирдор ва аз шароити зиндагиашон вобаста аст. Ў мегуфт, ки вобаста ба шароити муҳит тарбия хислатро низ тағйир додан мумкин аст.
-
Общинаи коммунистӣ ва тарбия дар «Германияи нав»
Оуэн соли 1817 бовари ҳосил кард, ки Англия сохтори иҷтимоии худро тағйир додани нест аз ин лиҳоз ў ба тарғиби идеяҳои коммунистӣ шурўъ намуд. Барои ин ақидаҳои Оуэнро аз ҷамъияти расмӣ берун карданд.
Ў ба муқобили се монеа: моликияти хусусӣ, шакли буржуазии никоҳ ва дин, ки пеши дигаргунсозии ҷамъиятро мегирифтанд, мубориза мебурд.
Оуэн ҳамчун утопист (хайёлпараст) мегуфт, ки ҷамъияти нав на барои револютсия балки барои ташкил кардани общинаҳои коммунистӣ кооперативҳо, мубодилаи одилонаи мол ва дуруст тарбия кардани одамон бунёд карда мешаванд.
Бачагон ба наврасон мувофиқи қувват ва қобилияти фикриашон ба хондану кор машғул мешаванд. Тарбияи ахлоқӣ бошад дар руҳияи коллективизм пеш бурда мешавад.
Барои танқиди сохти копитализм Оуэнро таъқиб мекунанд ва ў маҷбур мешавад, ки ба Америка равад. Соли 1825 дар он ҷо бо ҳамфикронаш колонияи коммунистии «Германияи нав» – ро ташкил мекунад.
Дар колония моликият ҷамъиятӣ эълон мегардад, меҳнат кардани ҳама шарт дониста мешавад ва маҳсули меҳнат мувофиқи меҳнати сарфшуда тақсим карда мешуд. Ҳамаи аъзоёни колония бо хўроки якхела хурда, пўшоки якхела пўшида, тарбияи якхела мегирифтанд.
Дар колония мувофиқи принсипҳои Оуэн мактабҳо кушода шуданд. Дар «Германияи нав» меҳнати истеҳсолии соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва саноат алоқаманд кунонидани таълим дар амал бароварда мешуд.
Бояд гуфт, ки таҷрибаҳои ў дар соҳаи барпо кардани колонияи коммунистӣ ба нобарорӣ дучор гардид ва дар натиҷа боигариашро сарф карда камбағал шуда монд. Соли 1828 ў ба ватанаш баргашта фаъолияти худро 30 соли дигар ба синфи коргар сарф намуд ва соли 1858 вафот мекунад.
-
Аҳамияти ақидаҳои педагогии Оуэн
Аҳамияти ақидаҳои педагогии Оуэн – дар он аст, ки ў аввалин шуда идеяҳои:
– ба бачагон аз солҳои нахустини ҳаёташон тарбияи ҷамъиятӣ доданро асоснок карда дар амал тадбиқ кард;
– барои бачагони когари оддӣ муассисаҳои то мактабӣ ва ибтидоӣ ташкил кард;
– ба бачагон тарбияи фикрӣ ва ҷисминӣ дода дар руҳияи коллективизм тарбия менамуд;
– таълими динро аз мактаб ҷудо намуд;
– барои коргарон мактаби шабона ташкил кард;
Адабиёт
- А.Н. Контантинов Таърихи педагогика М, 1982
- А.И Пескунов Таърихи педагогика ва маълумот. М, 2001
- Энсиклопедияи педагогӣ . ҷилди-1. М-1980.