Ақидаҳои  Педагогии Адолф Дистервег

Ақидаҳои  Педагогии Адолф Дистервег

Зермавзўҳо:

  1. Ҳаёт ва фаъолияти А. Дистервег
  2. Моҳияти тарбия ва принсипҳои асосии он.
  3. Маълумоти фикрӣ.
  4. Талабот нисбат ба муаллим

                                                

  1. ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ  АДОЛФ ДИСТЕРВЕГ

Педагоги барҷастаи немис Фридрих Вилгелм Адольф Дистервег (1790-1866) намояндаи педагогикаи буржуазӣ-демократии Германияи миёнаҳои  асри XIX аст. Ў дар шаҳри Зиген дар оилаи ҳуқуқшинос таваллуд шудааст.       Дистервег соли 1808 ба университети Гербори дохил шуда,  баъд ба университети Тюбинген гузашта онро соли 1811 онро хатм намуда ба гирифтани унвон доктори илмҳои философия мушарраф мегардад.

Солҳои 1813-1818 дар Рейн ва Берлин ба семинарияҳои муаллимон сардорӣ намуда аз фанҳои педагогика, математика ва забони немисӣ дарс медод. Ў соли 1835 китоби «Дастур барои муаллимони немис»-ро нашр мекунад. Дар ин китоб ақидаҳои мутараққии худро доир ба вазифаҳои умумӣ ва принсипҳои таълим баён кардааст.

Дистервег доир ба фанҳои математика, забони немисӣ, география, астрономия ва ғайраҳо, бештар аз 20 китобҳои дарсӣ ва дастурҳо таълиф намудааст. Соли 1862 китоби «Геометрияи элементарӣ» ба забони русӣ чоп

менамояд, ки он ҳамчун дастури беҳтарин дар таълими геометрия ҳисоб мешуд. Ў аз соли 1827 то охири ҳаёташ дар маҷаллаи (журнал) таъсис намудааш, бо номи «Варақаҳои Рейнӣ барои тарбия ва таълим»  доир ба масъалаҳои гуногуни педагогӣ зиёда аз 400 мақола чоп кунонидааст.

Дистервег ба муқобили таълими динӣ, ки фарзандони католикҳою лютеранҳо дар мактабҳои алоҳида мехонданд, эътироз баён карда буд. Дар натиҷаи таъқибҳою фишороварии бисёр соли 1848 ў маҷбур мешавад, ки ба истеъфо равад, вале ҳамчун роҳбари муаллимони халқии немис мемонад. Ўро аввал раиси иттифоқи умумигермании муаллимон ва баъд намояндаи худ дар палатаи депутатҳои Пруссия интихоб намуда  ба унвони фахрии «Муаллими муаллимони немис» ноил мегардонанд. Аз соли 1851 сар карда дар қатори «Варақаҳои Рейнӣ», боз бо номи «Солномаи педагогӣ» маҷмўа мебарорад. Дистервег соли 1866 аз касалии вабо вафот мекунад.

              

  1. МОҲИЯТИ ТАРБИЯ ВА ПРИНСИПҲОИ ОН.

Дистервег  моҳияти тарбияро дар мадди аввал гузошта, ба муқобили аз нуқтаи назари манфиатҳои табақавӣ  ва шовинистӣ ҳал намудани масъалаҳои педагогӣ мубориза мебурд. Ў мегуфт, ки вазифаи педагогика дар мактаб ин аз тарбияи шахсони инсондўст ва шаҳрвандони бошуур иборат аст.

Аз нуқтаи назари А. Дистервег принсипҳои зерини тарбия муайян гардидааст:

  1. Принсипи табиатмонандии тарбия – ин аз пайи раванди инкишофи табиӣ олам рафтани тарбия ва ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии мактаббача мебошад. Вай муаллимонро ба дақиқ омўхтани хусусиятҳои ба худ хоси диққат, хотира, тафаккури бачагон даъват кардааст.
  2. Принсипи маданиятнокии тарбия –  ин ҳангоми тарбия шароитҳои маҳал, ки кас дар он ҷо таваллуд шуда, минбаъд зиндагӣ мекунад ва тамоми маданияти ҳозираро ба назари эътибор гирифтан мебошад.
  3. Принсипи зарурати тарбия дар ҷамъият – ин зарурати ба назар гирифтани табиати бачаро талқин намуда, дар айни замон мувофиқи талаботи ҳаёти тағйирёбандаи ҷамъиятӣ ба дараҷаи комёбиҳои ҳозираи инсоният баланд бардоштани онро талаб мекунад.
  4. Принсипи инкишоф додани мустақилият – ин принсип дар ташаккули насли наврас он вақт аҳамияти мусбат дода метавонад, ки агар вай барои ноил шудан ба мақсадҳои муайяни тарбия равона кард шавад.
  5. Принсипи ташаббускорӣ ба ҳақиқат ва зебоӣ – Дистервег ин принсипро мақсади олии тарбия номида ҳамчун ташаббускорӣ  ба ҳақиқат, зебогӣ ва ба накўкорӣ хизмат кардан муайян кардааст. Ҳақиқат, накўкорӣ ва зебоӣ мафҳумҳои тағйирёбанда мебошад.
  1. МАЪЛУМОТИ ФИКРӢ

Дистервег ҳам мисли Песталотси инкишоф додани қувваҳои фикрӣ ва қобилияти бачагонро вазифаи асосии таълим меҳисобид. Ў мегуфт, ки танҳо он дониш ва малакаҳои бо роҳи мустақилона азхудкардаи талаба қиммат дораду бас.

Дистервег дар таълими бачагон ба фанҳои таърих, геграфияи ватанӣ, забони модарӣ ва адабиёт аҳамияти калон додаст. Вай ба илмҳои табиатшиносӣ ва математика, ки дар онҳо воситаи муҳими инкишофи фазилатмандии бачагонро медид, баҳои баланд дода, дар тамоми типи мактабҳои маълумоти умумӣ таълим додани онҳоро зарур  медонист.

Ў таъкид мекард, ки дар мактаби ибтидоӣ ба инкишоф додани қобилияти фикрии бачаҳо диққати махсус додан лозим аст. Муаллим бо роҳи таълими аёнӣ бояд ба инкишоф ёфтани тамоми узвҳои ҳискунии бачагон аҳамияти махсус диҳад.

Дистерверг ба нақшаи таълими мактаби миёна дохил кардани табиатшиносӣ, муқаддимаи физика, геометрияи амалӣ, география ва васеъ намудани онро талаб  мекард.

Ў дидактикаи таълими инкишофёбандаро ба вуҷуд оварда талаботҳои асосии ин дидактикаро дар шакли 33 қонуну қоидаҳои таълим баён кард.    

Дистверг ба мустаҳкам намудани маводи таълим диқкати махсус дода гуфтааст: « Барои он ки матни азхудкардаашонро талабагон фаромўш накунанд, барои ин тез-тез такрор намудани мавзўъҳои гузаштаро маслиҳат додааст».

Барои таълими ибтидоӣ усули «Элементарӣ» ё ки инкишофдиҳандаро, ки қувваи фикрии талабагонро бедор намуда, дар онҳо имконияти ҷустуҷў кардан, санҷидан, фикр карда дидан ва ниҳоят «ёфтан»-ро ташаккул медиҳад, тавсия намудааст. Ба фикри Дистверг «Муаллими бад ҳақиқатро хабар медиҳад, муаллим хуб бошад, ёфтани ҳақиқатро таълим медихад».

5.ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МУАЛЛИМ

Ба ақидаи Дистерверг дар протсессӣ таълим бо дониш муссалаҳ намудани талабагонро фақат дар симои муаллим мебинад. Ў мегўяд, ки муваффакияти таълимро на китобҳои дарсӣ ва усули таълим, балки муаллим таъмин карда метавонад. мек

Дистервег нисбати муаллим чунин талаботҳоро пешниҳод мекунад:

  1. Муаллим фанни таълими худро мукаммал донад.
  2. Касби худ ва бачагонро дўст дорад.
  3. 3. Дар дарсҳо вазъияти рўҳбаланди ҳукмрон бошад.
  4. Дарси ў бояд қобилияти фикрии бачагонро бедор кунад.
  5. Принсипҳои тарбиявии худро амалӣ намояд.
  6. Равияи дониши худро мунтазам баланд бардорад.
  7. Иродаи қатъи дошта нисбати талабагон боадолатона  рафтор

кунад.

  1. Нисбати худ ва шогирдон серталаб бошад.

9.Аз таъриху адабиёт ва маводҳи  наве, ки доир ба педагогика,

психология ва методика нашр мешавад омўзад.

  1. Ба малака ва маҳорати амалии педагогика мусаллаҳ бошад.

    Дистервег дар Германия эҳтироми баланд дошта бо номи вай ҳукумати он давлат медали ба номи Дистервегро таъсис додааст, ки муаллимони бехтарин бо он мукофотонида мешаванд.

Адабиёт:

  1. Константиноа.Н.А « Таърихи педагогика» М-1982.
  2. Энсиклопедияи педагогӣ . ҷилди-1. М-1980.
  3. А. Г. Сулейманова.  « История педагогика мира» – Душанбе, 2010
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.