Назарияи Педагогии Иоганн Фридрих Гербарт

Назарияи Педагогии Иоганн Фридрих Гербарт

Зермавзўҳо:

  1. Ҳаёт ва фаъолияти И.Ф.Гербарт.
  2. Моҳияти тарбия, максад ва вазифаҳои он.
  3. Таълим ва зинаҳои он.
  4. Тарбияи ахлокӣ ва воситаҳои он.
  1. ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ  И.Ф. ГЕРБАРТ

И. Ф. Гербарт (1776-1841) дар Германия таваллуд шудааст,  аввал дар мактаби лотинии классикӣ ва баъд дар Университети Иен таҳсил кардааст. Баъди хатми университет мураббии фарзандони яке аз аристократҳои Шветсария мешавад. Вай соли 1800 ба дидани иниститути Бургдорфи  Песталотсӣ меояд. Аммо Гербарт ақидахои демократӣ доштаи педагоги бузургро аз худ намекунад.

Ў аз соли 1802 сар карда дар университетҳои Гёттинген ва Кенигсберг дар вазифахои профессори кор карда дар инҷо ба семинарияи муаллимтайёркунӣ роҳбари менамояд ва  аз фанҳои педагогикаю психология дарс медиҳад. Дар назди семинарияи муаллимтайёркунӣ мактаби тачрибавӣ кушода аз математика  машғулият мегузаронад.

Идеяҳои педагогии Гербарт дар асарҳои вай « Педагогикаи умумие, ки дар он максадҳои тарбия пайдо шудааст» (1806),  дар  «Китоби дарсии психология» (1816), «Мактубҳо дар бораи иловаи психология ва педагогика» (1831), «Очерки лексияҳо доир ба педагогика» (1835) инкишоф дода шудаанд.

 

  1. МОҲИЯТИ ТАРБИЯ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОН.

Гербарт таъкид мекунад, ки кори педагогӣ дар он сурате бомуваффақият гузаронида мешавад, ки агар назарияи педагогӣ комилан аз худ карда шуда бошад.

Муаллим санъати тарбияро дар фаъолияти ҳаррузаи педагогӣ пайдо мекунад ва ў назарияи тарбияро ҳар чӣ қадар аниқ ва асоснок аз худ карда бошад, санъати тарбияро ҳам ҳамон қадар зудтар азбар хохад кард.

Санъати тарбияро танҳо дар проссеси кор ёд гирифтан мумкин аст, ки бо ин роҳ одоб, малака, кордонӣ, чолокию маҳорат ба даст медарояд.

Гербарт мақсади тарбияро дар ташаккул додани одамони накукирдор медонист. Вай ин мақсадро ҳамчун мақсади абадӣ ва тағйирнаёбанда ҳисоб мекард.

    

 Ў максади тарбияро ба 2 –  гурўҳ чудо кардааст:

-мақсади имконпазирӣ

-мақсади зарурӣ

Максадҳои имконпазир – он максадҳоеанд, ки одам дар назди худ барои гирифтани касб – ихтисоси муайян вазифа мегузорад.

Мақсадҳои зарурӣ – он максадҳоеанд, ки ба инсон дар ҳаргуна сохаи фаъолияташ лозим мешавад.

     Гербарт вазифахои (ҷараёни) тарбияро ба 3-қисм тақсим кардааст: идора кардан, таълим ва тарбияи ахлоқӣ.

     1.Идора кардан  – на барои ояндаи бача, балки танҳо дар вакти ҳозира, яъне дар ҷараёни худи тарбия нигох доштани тартиботро вазифаи худ медонад. Ў воситахои идора карданро аз рўи таҳдид ва обрўю муҳаббат муайян кардааст :

      а). Таҳдид – он дар солҳои наврасии бача натиҷаи хуб дода метавонад;

      б). Обрў ва муҳаббат – онро воситаҳои ёрирасонӣ тарбия номидааст, ки

ин восита тарбиягирандаро аз бадиҳо дур нигох дошта ба тарафи хуби

раҳнамуд менамояд.

2.Таълим додан – Гербарт дар кори тарбия ба таълими фикрӣ ахамияти калон додаст. Ў таълимро воситаи муҳимтарини тарбия гуфта,  истилоҳи таълим – тарбиядиҳандаро ҷорӣ  менамояд.

Таълимеро, ки он тарбия намедиҳад эътироф намекард ва мегуфт, ки тарбия бе таълим вуҷуд  дошта наметавонад.

 

ШАВҚУ РАҒБАТ НИСБАТИ ТАЪЛИМ

Ба ақидаи Гербарт таълим бояд ба шавқу рағбат асос ёбад, ў онро ба 6-намуди мустақил таксим кардааст:

  1. Эмпирикӣ – тарбиягиранда ба саволи «Ин чист?» ҷавоб медиҳад ва ўро ба назора кардан водор мекунад.

 2.Мушоҳидавӣ – тарбиягиранда ба саволи «Барои чӣ интавр аст?» ҷавоб  медиҳад ва ўро барои фикр кардан ҳидоят менамояд.

  1. Эстетикӣ – тарбиягиранда ба ҳодисаҳои мушоҳида кардааш, аз

ҷиҳати зебоӣ-бадеӣ баҳо медиҳад.  

  1. Эҳтиромӣ – тарбиягиранда ба аъзоёни оилаи худ ва ба ёру, рафиқони

наздик боэҳтиромона муносибат менамояд.

  1. Иҷтимоӣ – тарбиягиранда донишу меҳнати худро ба доираи васеъи

одамон, чамъият, халқи худ ва тамоми инсоният равона менамояд.

  1. Диннӣ – тарбиягиранда барои ба дидори Худованд расидан худро

талқин мекунад.

Аз рўи гуфтаҳои Гербарт муҳимтарин вазифаҳои таълим, шавқу рағбатҳои ҳаматарафа мебошад, ки ин вазифаро бо роҳи дар ҷараёни омўзонидани фанҳои таълимӣ, амалӣ гардонидан мумкин аст.

Ў додани донишҳои таърих ва адабиётҳои халқҳои қадимро таъкид карда, математикаро ҳамчун воситаи асосии инкишофи тафаккур – «Гимнастикаи пурқуввати рўҳ» номидааст.

Гербарт масъалаи системаи мактабро аз рўи типҳои зерин пешниход мекунад:

А) Мактаби ибтидоӣ (элементарӣ);

Б) Мактаби шаҳрӣ;

В) Гимназия.

Байни ин мактабҳо алоқа вуҷуд надошт онхо мустақилона амал мекарданд, фақат аз гимназия ба донишкадаи олӣ гузаштан мумкин буд.

Аз ин лиҳоз Гербарт муқобили системаи ягонаӣ таълим буд.

Гербарт дар асоси таҷрибаи собиқ дар талаба мавҷуд буда, аз худ намудани таасуротҳои  навро «АППЕРСЕПСИЯ» номидааст.

Ў намудҳои зерини диққатро дар таълим фарқ кардааст:

1.Диққати ғайриихтиёрӣ:

– диқкати оддӣ – ин намуди аввалини диққати ғайриихтиёрӣ мебошад. Ин диққат бо туфайли таасурот, ранги баланд ё овози баланд, ғайриихтиёрии одам, ба предмет равона мегардад.

– диққати апперсептивӣ– намуди дуюми диққати ғайриихтиёрӣ мебошад. Ин диқкат барои аз худ кардани таасуротҳои нав ва мустаҳкам кардани он равона карда мешавад.

2.диққати ихтиёрӣ – аз мақсади пешакӣ карда ва худи талаба вобаста аст.

  1. ТАЪЛИМ ВА ЗИНАҲОИ ОН

Гербарт гуфтааст, ки «Таълим бисёргона, том ва ягона бошад».

Ў назарияи таълимро, ки он дар байни педагогогҳои тамоми мактабҳо хеле машҳур гардида буд кор карда баромадааст.

    Зинахои таълимро Гербарт ба 4-қисм тақсим мекунад:

Зина 1-ум «Возеҳ»-он дар ҳолати оромӣ, амиқ дарк кардан ва аз ҷиҳати психологӣ сафарбар кардани диқкатро талаб менамояд. Аз ҷиҳати дидактикӣ бошад, маводи навро баён кардани муаллим ва истифодаи аёниятро пешниҳод менамояд .

Зина 2 – юм «Ассосиатсия» – ин дар ҳолати ҳаракати хонандагон дар натиҷаи бо материали  кўҳна алоқаманд  шудани мавзўӣ нав натиҷаашонро ҳоло намедонанд, дар инҷо аз ҷиҳати психологӣ «Интизорӣ» ва аз ҷиҳати дидактикӣ бошад, бо талабагон сўхбат ва оромона гуфтугў кардан аст.

Зинаи 3-юми система- ин дар ҳолати оромӣ дарк кардан мебошщад.

Хонандагон бо роҳбарии муаллим дар асоси донишҳои нав хулосаҳо, таърифот ва қонунҳои ба тасаввуротҳои кўҳна алоқаманд бударо кофтуков мекунанд. Ин зина аз ҷиҳати психологӣ «Кофтуков», аз ҷиҳати дидактикӣ бошад, ифода намудани хулосаҳо, қоидаҳо ва таърифот мебошад.          

Зина 4-ум «метод»- ин дар ҳолати ҳаракат дарк кардан аст, ки донишҳои азхудшуда бо далелҳо, ҳодсаҳо ва воқеъаҳо тадбиқ карда мешавад. Ин зина аз ҷиҳати психологӣ ҳаракат карданро талаб мекунад. Аз ҷиҳати дидактикӣ бошад, иҷроиши намудҳои гуногуни машқҳои таълимӣ мебошад.

Ин зинаҳо формалӣ буда, бо мазмуни конкретии маводи таълимӣ, синну соли хонандагон ва вазифаҳои дидактикии дарс вобаста нестанд.

    Гербарт се намуди таълим: таълими тасвирӣ, таълими аналитикӣ ва таълими синтетикиро фарқ кардааст.

а) Таълими тасвирӣ – мақсади ин таълим фаҳмидани таҷрибаи бача ва такмил додани он мебошад. Дар ин намуди таълим истифодаи воситаҳои аёнӣ нақши муҳим мебозад. Азёд кардани маводҳои таълимӣ ва бадеӣ такягоҳи асосӣ аст.

б) Таълими аналитикӣ – дар як вақт олами атрофро ба ҷузъҳои алоҳида, ҷузъҳои алоҳидаро ба қисмҳои таркибӣ ва дар навбати худ  ба аломатҳо тақсим кардани қисмҳои таркибӣ асоси таълими аналитикӣ мебошад. Бо роҳбарии муаллим дониш ҳои хонандагон ислоҳу такмил дода мешавад.

в) Таълими синтетикӣ – асосан дар синфҳои болоӣ истифода бурда шуда, Муаллим материали навро баён менамоядва ў ба нақли хонанда маҳдуд нашуда онро ҷамъбаст мекунад. Донишҳои алоҳидаи ба хонандагон маълум  ва тасаввуротҳои аз якдигар ҷудо-ҷудои дар шуури онҳо мавҷуд бударо ба як ҳолати яклухт оварда, синтез карда омезиш медиҳад.

  1. ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ

          Гербарт чунин системи тарбияи ахлоқиеро кор кард баромадааст, ки бо  интеллектуализми (фазилатмандии) худ фарқ мекунад. Дар системаи ў ҷои асосиро фаъолияти муаллим, ки бо воситаҳои таълим дар шуури талаба мафҳуми ахлоқро дохил мекунонад, ишғол менамояд.

Бояд гуфт, ки ў идора карданро аз тарбияи ахлоқӣ ҷудо карда, ба тарбияи динӣ эътибори калон додаст. Дин ба фикри Гербарт, «Ҳисси фурўтанӣ» – ро талқин менамояд ва чун мабдаи худдорӣ зарур аст. Муаллим маҷбур аст, ки миқдори  ҳар як талабаеро, ки нисбат ба дин танқидан муносибат мекунад, дурустакак дида монад.

Фарқияти тарбияи ахлоқӣ аз таълим дар ин аст, ки ин намуди тарбия ба рўҳи бача бевосита таъсир расонида, ҳиссиёт, хоҳиш ва рафтори бачаро ба роҳ мемононад.

Гербарт ба воситаҳои ахлоқӣ инҳоро дохил кардааст:

  1. Нигоҳ доштани тарбиятгиранда (идора кардани бачаҳо, ба онҳо тарбия додани фармонбардорӣ)
  2. Муайян намудан шахсияти тарбиятгиранда
  3. Муайян намудани қоидаҳои рафтору ахлоқ
  4. Дар рўҳияи нигоҳ доштани оромӣ
  5. Бо роҳи накўҳиш дар рўҳи бача «ҳаяҷон» барангезондан
  6. Насиҳат кардани тарбиятгиранда, нишон додани хатоҳои вай ва ислоҳ намудани онҳо.

Дар тарбияи ахлоқӣ ҷазои тарбиявиро бо идеяи қасосгирӣ алоқаманд намудан мумкин нест, бояд ҷазодиҳӣ аз тарафи тарбиятгиранда ҳамчун тадбирҳои огоҳкунӣ ва хайрхоҳӣ қабул карда шавад.

Гербарт ба дараҷаи ниҳоят баланд бардоштани обрўи тарбиятдиҳандаро кўшиш кардааст, бинобар ин ў соҳиби обрўи зиёд доштани тарбиядиҳандаро ба таври қатъӣ талаб кардааст. Ҳамаи ин андешаҳо ифодаи равшани онанд, ки назарияи Гербарт хусусияти консервативӣ дошт.

                                                   Адабиёт:

  1. Константинов Н.А. « Таърихи педагогика» М-1982.
  2. Энсиклопедияи педагогӣ . ҷилди-1. М-1980.
  3. А.И.Пискунов  «Хрестоматия по  истории    зарубежной

педагогики» М. Просвешение 1981.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.