Назарияи педагогии Иогон Генрих Песталотси

Назарияи педагогии Иогон Генрих Песталотси

Зермавзўъҳо

  1. Ҳаёт ва фаъолияти И. Т. Песталотси
  2. Фикрҳои иҷтимоию педагогӣ ва философии Песталоси
  3. Мақсад ва моҳияти тарбия назарияи маълумоти ибтидоӣ
  4. Маркази системаи педагогии Песталотсӣ
  5. Методҳои хусусияти таълимӣ- ибтидоии Песталотси
  6. Аҳамияти назария ва таҷрибаи педагогии Песталотси
  1. Ҳайёт ва фаъолияти И. Т. Песталотси

И. Г. Песталотси с. 1746 дар Сюрихи Щветсария дар оилаи духтур таваллуд шудааст. Падараш барвақт вафот мекунад. Ўро модараш бо хизматгор – деҳқонзодаи оддӣ тарбия мекунад.   Вай аввал дар мактаби ибтидоӣ ва сониян дар мактаби миёнаи лотинӣ хонда маълумот мегирад. Баъд ба мактаби олӣ тамоили гуманитарӣ ба коллегиум дар шўъбаи филология ва филосрфия таҳсил менамояд. Романи «Эмил»-и Руссоро  дар 7 солагӣ хондааст.  Песталотси ба ҷамъияти Гелветикӣ (яъне шветсарӣ)  дохил шуд, ки онҳо худро «Ватандўстон» номида дар маҳфилҳояшон: масълаҳои ахлоқ, тарбия ва сиёсатро муҳокима намуда, корҳои нодурусти рафтор намудани мансабдоронро фош менамуданд.

Ҳукуматдорон соли 1767 маҳфилро баста, Песталотсиро ба ҳабс гирифтанд. Ҳамин тавр ў коллегиумро тамом накард, вале ў дар пеши худ мақсад гузошт, ки ба халқ хизмат мекунад.

Песталотсӣ соли 1769 пул қарз карда мулки на он қадар калон харида «Нейгоф» (ҳавлии нав) фермаи намунавӣ ташкил мекунад.  Аз сабаби бетаҷрибагӣ фермааш муфлис  мешавад.

Соли  1774 дар «Нейгоф» муассиса барои камбағалонро мекушояд. Дар он 50 нафар камбағалон ва ятимонро ҷамъ намуда таълиму тарбия дода дар истеҳсолот кор фармуда таълимро ба истеҳсолот алоқаманд менамуд.  Бачагон дар он ҷо касби бофандагӣ ва устогариро меомўхтанд.

Песталотси – гуманист ва демократ тарбиятгирандагони худро истисмор карда натавонист, аз тарафи давлат ҳимоя ва тарафдорӣ наёфт ва ў таҷрибаашро давом дода натавонист.

Баъди 18 сол ў ба масъалаҳои ташкил намудани хоҷагии деҳқонон машғул мегардад. Вай романи иҷимоӣ – педагогии «Лингард ва Герттруда»-ро (1781-1787) нашр кард.  Песталотси дар ин асараш усулҳои оқилона пеш бурдани хоҷагӣ ва тарбияи дурусти бачагон, беҳтар кунонидани аҳволи зиндагии деҳқононро нишон додааст.

Соли 1792 маҷлиси қонунбарории Франсияи револютсионӣ ба Песталотсӣ дар қатори 18 нафар хориҷиёни ҳомиёни озодӣ унвони баланди «Гражданини Франсия»-ро медиҳад.

Соли 1798 дар Шветсария револютсияи буржуазии ба вуқўъ меояд ва республикаи Гелветикӣ (Шветсарӣ) ташкил меёбад. Ҳукумати нав ба ў ташкил кардани муассисаи тарбиявиро месупорад ва ў дар бинои собиқ монастир ятимхона кушода дар он 80 нафар бачаҳои аз 5 то 10 сола фаро гирифта мешавад.  Песталотси менависад, ки ҳар чизе онҳо мехўрданд ман ҳам ҳамонро мехўрдам, ҳар чизе, ки онҳо мепўшиданд ман ҳам ҳамонро мепўшидам. Ман ғайри онҳо на хона, на дўстон ва на хизматгоронро доштам.

Бинобар сар шудани амалиёти ҳарбӣ бинои ятимхона ба лазарет табдил дода шуда ятимхона баста мешавад. Аз соли 1799 сар карда дар мактабҳои Бургдорф кор карда дар шўъбаи муаллимтайёркунӣ сардор таъин мегардад.

Дар ибтидои асри XIX китобҳои зерини Песталотси «Гертруда бачаҳои худро чи тавр таълим медиҳад», «Китоби модарон ё дастур барои модароне, ки чи тавр ба бачагон онҳо мушоҳида намудан ва  гап заданро таълим бояд дод», «Алифбои айёният ё ки таълими айёни дар ченак», «Таълими аёнӣ дар бораи ададҳо» ба рўи чоп мебарояд.

Ў соли 1805 роҳбари институти бузург (мактаби миёна ва донишгоҳи таълимӣ – педагогӣ ташкил мекунад.  Дар институт аксарият фарзандони аристократҳо, буржуазҳо, ки барои ба унвеситетҳо дохил шудан ё ба мансаби калон соҳиб шудан таҳсил мекарданд, ки Песталотси аз ин қаноатманд набуд.

Вай соли 1825 ба Нейгоф бармегардад ва дар синни 80 солагиаш охирин асари худ «Суруди  қў»-ро (1826)  навишта соли 1827 вафот мекунад.

  1. Фикрҳои иҷтимоию педагогӣ ва философии Песталотси

      Ҷаҳонбинии Песталотсӣ характери демократӣ дошта бошад ҳам вале маҳдуд буд. Ў соддалавҳона барои маърифатнок кунонидан, тарбия кардан ва тағйир додани зиндагии заҳматкашон бовар менамуд.

Олим сарчашмаи бадбахтии халқро на дар шароити иқтисодӣ, балки дар мавҷуд набудани маърифат медонист.

Ба фикри Песталотси меҳнат муҳимтарин воситаи тарбия ва инкишофи одам аст. Меҳнат на танҳо инкишофдиҳандаи меҳнати ҷисмонӣ, балки инкишофдиҳандаи ақл ва инчунин ахлоқ низ мебошад.

Песталотси идеяи инкишофёбии қувваҳои дар ҳар як одам мавҷудбударо кушод «Чашм мегуфт  ў – нигоҳ кардан, гўш-шунидан, пой – роҳ гаштан ва даст доштан мехоҳад. Ақл бошад фикр кардан мехоҳад. Вазифаи асосии тарбия ташаккули ахлоқи одам аст.

Олим ба дин ва хизматрасонии он муносибати манфӣ дошт. «Ту муроҷиат карда мегўяд ба поп – фиребгар ҳастӣ: ту  аз вақте, ки олам вуҷуд дорад боварӣ ба Худоро барои он, ки одамонро ба бутпарастии аблаҳона моил кунонӣ, сўистеъмл карда меоӣ…. Ту, барои одамкуширо, гўё он байрақи муҳаббат бошад, алвонҷ ».  медиҳӣ.

Песталотси мегўяд– идрок аз дарк намудани эҳсос оғоз меёбад ва бо роҳи аз нав кор кардани тасаввурот ба дараҷаи баланд бардошта мешавад. Ҷаҳонбинии олим умуман идеалистӣ буд, вале он характери прогрессивӣ дошт. Чунки ҷаҳонбинии  вай пур аз идеяҳои гумманистӣ ва сайю кўшишҳои демократӣ буда, баъзе даъвоҳои материалистӣ ва нуқтаҳои диолектикӣ ҳам дошт.

  1. Мақсад ва моҳияти тарбия, назарияи маълумоти ибтидоӣ

Ба ақидаи Песталотси мақсади тарбия аз инкишоф додани тамоми қувваҳои табиӣ ва қобилияти одам иборат мебошад. Таъсири мураббӣ бояд мувофиқ кунонида ба инкишоф додани шахсияти он ёрӣ расонад.  Тарбияи бача қайд кардааст вай: бояд аз рўзи аввали ба дунё омадани вай шурўъ шавад. « Соати таваллуд ёфтани бача, аввлин соати ба вай омўзонидан мебошад». Бинобар ин педагогика модарро бо методҳои дурусти тарбия мусаллаҳ намояд. Тарбияи ба табиат мувофиқ  бояд аз оила оғоз ёфта дар мактаб давом дода шавад.

Ба гуфти Песталотси қувваҳои мухталифи наврас на бо кўшиши  сунъӣ – зўран бор шуда, балки бо таври табиӣ инкишоф ёбад. Ақли бача на ба воситаи механикӣ аз худ кардани фикри дигарон, балки дар ҷараёни фикри шахс инкишоф ёбад.

Инкишофи ҷисмонии бача ва ба меҳнат тайёр намудани он дар асоси одитарин зуҳури қувваи ҷисмонӣ, ки дар одам бо таъсири  талаботи зарурати ҳаётӣ ва талаботи дохилиаш ба ҳаракат меояд, шурўъ мешавад.

  1. Маркази системаи педагогии Песталотси

Маркази системаи педагогии Песталотси назарияи масъулияти ибтидоиӣ ў мебошад, ки мувофиқи ин назария ҷараёни тарбия аз одитарин унсурҳо сар шуда, тадриҷан мураккаб мегардад.

Назарияи унсурҳои тарбия маълумоти ибтидоиӣ  Песталотсӣ тарбияи ҷисмонӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва фикриро дар бар мегирад.

а) Тарбияи ҷисмонӣ 

Песталотси инкишофи қувваҳои ҷисмонӣ ва ҳаракатҳои табиӣ бача, яъне бозию беқарориро асоси мақсади тарбияи ҷисмонӣ номидааст. Ў мегўяд: модаре, ки ба бача шир медиҳад, ўро мепарварад ба инкишофи бача низ аз ҳамон лаҳза машғул шавад.

Ба воситаи ҳаракатҳои оддӣ қувваҳои ҷисмонии бачаро бо машқ  инкишоф додан лозим аст. Песталотси дар тарбияи ҷисмонӣ ба машқҳои ҳарбӣ, бозӣ эътибори хоса медод. Тарбияи ҷисмонӣ дар алоқамандӣ бо тарбияи маънавӣ ва меҳнатӣ гузаронида  шавад.

б) Тарбияи меҳнатӣ 

Петалотсӣ дар романи худ «Лингард ва Гертруда» менависад, ки бачаҳо дар мактаб тамоми рўз ба корҳои гуногун машғул шуда ба касбҳои гуногун шинос мешаванд ва дар вақтҳои озод ба онҳо савод ҳисоб ва дигар донишҳои ба онҳо зарурро меомўзанд.

Ў аҳамияти тарбия меҳнатиро дар ташаккули одам қайд карда ба меҳнати истеҳсолӣ алоқаманд  намудани таълимро пешниҳод намудааст.

Песталотси китоби махсуси «Алифбои малакаҳо» – ро доир ба оддитарин соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ: куфтан, бурдан, ҳаво додан, партофтан, афтодан, тайёр карда кўшиш мекунад, ки фарзандони меҳнаткашонро «дар соҳаи индустрия», барои корҳои саноатӣ омода созад.

в)  Тарбияи ахлоқӣ – маънавӣ.   

Ба ақидаи Песталотси тарбияи ахлоқӣ – маънавӣ аз муҳаббати бача ба модар сар мешавад, ки муҳаббати бача ба модар  дар заминаи қонеъ гардидани  талаботи ҳаррўзаи бача ба вуҷуд меояд.  Муҳаббати ба модар доштаи вай тадриҷан ба аъзоёни дигари оила мегузарад. «Хонаи падару модар –  мегўяд  Песталотси мактаби ахлоқу адаб аст».

Тарбияи ахлоқӣ – маънавии бача минбаъд дар мактаб инкишоф меёбад. Тарбияи ахлоқӣ – маънавии пешниҳод кардаи Песталотси бо тарбияи динӣ зич алоқаманд аст. Ў мегўяд, ки «Худоро дар он ҷое кофтуков кардан лозим аст, ки одамон ба ҳамдигар изҳори муҳаббат мекунанд». Агар одам диндор худотарс буда худоро дўст дорад, ҳамаи одамонро низ дўст медорад. Муносибати ба дин доштаи ў далели ҷаҳонбинии идеалистӣ доштани вай буд.

г)  Тарбияи фикрӣ 

Ҳар гуна таълим мегўяд ў дар мушоҳида ва таҷриба асос меёбад. Дар натиҷаи мушоҳида дар бача ҳиссиётҳои биноӣ, шунавоӣ ва ғайра пайдо шуда, дар онҳо тарбияи фикр кардан ва эҳтиёҷоти сухан гуфтанро бедор мекунад. Таълим аввалин ба талаба имкон медиҳад, ки дар асоси таҷрибаи ҳиссиаш захираи дониш ғун кунад ва баъдан қобилияти фикрии ўро инкишоф диҳад.

Песталотси мегўяд, ки мактаб қобилияти бачагонро инкишоф дода, фикри онҳоро бо донишҳо пур карда, ҳатман бояд дар онҳо маҳорату малакаҳо пайдо кунонад. Ў инкишоф додани тарбияи фикриро дар алоқамандӣ бо тарбияи маънавӣ мебинад.

  1. Методикаи хусусияти таълимӣ ибтидоӣ

Песталотси ба нуқтаҳои умумии дидактикии худ такя карда асосҳои методикаи хусусии таълими ибтидоиро ба вуҷуд овард.

Вазифаи таълимӣ забони модариро ў аз инкишоф додани нутқи бача ва бой гардонидани захираи луғавии он иборат медонист. Вай методи овозии таълими саводро дар ҷои аввал гузошт, ки дар он замон ҳанўз ҳиҷҷо кадани ҳарфҳо вуҷуд дошт ниҳоят муҳим буд.

Песталотси ба афзун гардондани захираи луғавии бачагон дастурҳо дода, таълими аёнии забони модариро ба маълумотҳои элементарӣ, ки аз фанҳои табиатшиносӣ, гэография ва таърих дода мешавад, зич алоқаманд мегардонад. Ў барои ба бачагон омўзондани касрҳо, квадратҳо ва онҳоро як одати том ҳисоб карда, бо ин роҳ таносуби ҷузв ва томро нишон медиҳад. Пайравони Песталотси ба ҳамин идея такя карда дар амалияи мактабҳо кўшиши омўзиши арифметикиро ҷорӣ карданд, ки он ҳам дар мактабҳо васеъ истифода бурда мешуданд.

Песталотси ба унсурҳои аввалини табиатшиносӣ пайваст кунонидани ватаншиносиро фоидабахш медонист. Вай аввал аз лой сохтани рельефи маҳал ва баъд ба омўхтани харита гузаштанро тавсия намудааст.

  1.  Аҳамияти назария ва таҷрибаи Песталотси

Песталотси назариётчӣ ва шахси таҷрибадорӣ буржуазӣ – демократӣ буд. Вай тамоми қувваи худро фидокорона бо кори тарбияи фарзандони камбағалон сарф кардааст. Ў дар инкишофи бача роли калон доштани тарбияро қайд намуда зарурияти  дар оила ва ҳам дар мактаб мунтазам тадбиқ кардани тарбияро нишон додааст.

Вай назарияи маълумоти ибтидоиро ба вуҷуд овард. Назарияи мазкур дар мубориза бо таълими догматикӣ қориёна азёдкунии бешуурона зарбаи калон расонида, ба тараққиёти мактабҳои халқӣ дар асри XIX   мусоидат кард.

Песталотси аз сабаби таърихан маҳдуд будани ҷаҳонбиниаш, масъалаи прсесси ягона будани мувофиқати синну солии бо донишҳо мусаллаҳ намудани хонандагон ва инкишоф додани қувваҳои фикрии онҳо дуруст ҳал карда натавонист.

Адабиёт

  1. А.Н. Константинов. Таърихи педагогикаи ҷаҳон. М, 1982
  2. А.Н. Джуринский «Таърихи педагогика», М-1999.
  3.   И.А. Пескунов «Таърихи педагогика ва маълумот», М-200

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.