Пайдо шудани назарияи педагогӣ дар Юнони қадим

Пайдо шудани назарияи педагогӣ дар Юнони қадим

Зермавзўъхо:

  1. Ақидаҳои педагогии Суқрот (Сократ)
  2. Ақидаҳои педагогии Афлотун (Платон)
  3. Ақидаҳои педагогии Арасту (Аристотел)
  4. Ақидаҳои педагогии Демокрит
  5. Тарбия ва мактаб дар Рими қадим

Дар Юнони  қадим таълиму тарбия инкишоф ёфта мутаффакироне пайдо шуданд, ки  ақидаҳои педагогии  худро пешниҳод менамуданд. Инҳо файласуфони зерин буданд: Суқрот, Афлотун, Арасту, Демокрит

  1. Ақидаҳои педагогии Суқрот (Сократ)

( 469-399 то мелод).

Аз оилаи ҳунарманд – ҳайкалтарош-философ идеалист. Ў  ҳисоб мекард, ки сохти олам донистанашаванда аст, одамон танҳо худро донистанашон мумкин аст.

Ба ақидаи Суқрот мақсади тарбия набояд омухтани ашё, балки худ худро донистан яъне шинохтани худ, такмил додани ахлоқ мебошад. Суқрот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ доир ба ахлоқ сўҳбатҳо меорост, бо роҳи саволу ҷавобҳо мухлисони худро ба ваҷд меовард. Ба онҳо хулосаҳои тайёрро надода, ба фикр кардан водор менамуд, то ин ки худашон «ҳақиқатро» кашф намоянд. Инро «усули суқроти» номиданд, ки баъдан ба методикаи усули  «саволдиҳии ҷалбкунанда» табдил ёфт.

2.Ақидаҳои педагогии Афлотун (Платон)(427-347 пеш аз мелод)

Философ – идеалист шогирди Суқрот эҷодкори назарияи «идеализми объективӣ» буд. Вай «олами идеяҳо»-ро аввалин, ва олами (ашёҳои) ҳисшавандаро дуюмин меҳисобид. Ў оламро ба олами идеяҳо ва олами ҳодисаҳои бавуҷудомада (ҳодисот) тақсим менамуд. Ба ақидаи вай идеяҳо доими ва тағйирнопазир мебошад.

Афлотун (Платон) назарияи ҳукумронии абадии ашрофонро пешниҳод намуд. Вай сохтори  ҳукумронии давлатро ба чор гуруҳ тақсим кард:

  1. Философҳо – давлатро идора мекарданд;
  2. Ҳарбиён – тартиботро идора мекарданд;
  3. Ҳунармандон  ба корҳои косибӣ, оҳангарӣ, чубкорӣ, меъморӣ машғул буданд;
  4. Заминдорон – ба корҳои кишоварзӣ машғул буданд.

Тарбия мегуфт Афлотун бояд давлати буда ба манфиати гуруҳҳои ҳукумрон: философҳо ва ҳарбиён мувофикат кунад.  Вай тарафдори тарбияи Спартанӣ ва Афинагӣ буд.

   Аз руи ақидаи Афлотун бачагон бояд:

– аз синни 3 то 6с. дар зери роҳбарии мураббиҳо таълиму тарбия

мегирифтанд;

– аз синни 7 то 12с. дар мактабҳои давлатӣ ,  аз синни 12 то 16с. дар      мактабҳои «Палестра» ва аз синни 18 то 20с. дар мактабҳои «Эфебия» таҳсил мекарданд;

– аз синни 20 то 30с. (истеъдоднокҳо) ба корҳои  фикри – илмӣ ва

аз синни 30 то 35с. ба илми фаласафа машғул мешуданд;

– аз синни 35 то 50с. ҳокими давлат мегардиданд.

Афлотун мегуфт, ки тарбияи занон, чун  мактаби Спарта бояд давом кунад. Ситемаи тарбияи Афлотун зидди меҳнати ҷисмонӣ тартиб дода шуда буд. Бояд гуфт, ки ў оиди тарбияи томактабӣ ва тарбияи давлатӣ ҳиссаи калон гузоштааст.

  1. Акидахои педагогии Арасту (Аристотел)(384-322 пеш аз мелод).

Арасту шогирди Афлотун мураббии И. Македонӣ бузуртарин философ-идеалист ва олими машҳури Юнони қадим. Аристотел се намуди тарбия: тарбияи ҷимонӣ, ахлоқӣ ва ақлиро зарур дониста таъкид кадааст, ки амали гардонидани он аз алоқамандии тарбияи оила ва ҷамъият вобастагии калон дорад.

       У аввалин шахсест, ки инкишофи синну солиро ба се давра тақсим кардааст:

– то 7- солагӣ (давраи кудакӣ) ;

– аз 7 то 14с. (давраи саршавии ба балоғатрасӣ) ;

– аз 15 то 21с. (давраи ба анҷомрасии ба балоғат).

         Аристотел доир ба тарбияи оилавӣ низ як қатор тавсияҳо додаст, яъне бачахо:

– то сини 7 солагӣ дар хона тарбия ёбанд;

– аз 7с.олагӣ дар мактаб тарбия гиранд.

Ба ақидаи Аристотел таълим барои занон набояд ҳатми бошад.        Аристотел бар хилофи Афлотун мегуфт, ки тарбияи хушахлоқӣ  ба зиммаи оила вогузор гардад. Бояд гуфт, ки ақидаҳои Аристотел барои инкишофи педагогикаи антиқи таъсири калон расонидааст.

 

  1. Ақидаҳои педагогии Демокрит

( 460-370 то милод) – материалист.

Ў ба масъалаи тарбия аҳамияти калон дода, худоро инкор мекард. Демокрит аввалин шахсе буд, ки масъалаи ба табиат мувофиқ кунонидани тарбияро пешкаш кард. Нақши муҳим бозидани меҳнатро дар ҳаёт кайд карда гуфтааст, ки : меҳнат сарчашмаи ҳамаи зиндагиҳост.

Демокрит дар асарҳои худ ба масъалаи тарбия диққати махсус дода, ба қонунҳои табиат, донишҳои илмӣ – материалистӣ рў оварда  тарфдорӣ алокамандии тарбия ба меҳнат буд.

  1. Тарбия ва мактаб дар Рими қадим.

Дар Рими қадим мактабҳои ибтидоӣ, грамматикӣ ва мактабҳои махсуси риторикӣ пайдо шуданд:

  • Мактабҳои ибтидоӣ – хусусӣ ва пулакӣ буданд. Он ба аҳолии озодтаваллудшуда (плебойҳо), ки на он қадар бой буданд хизмат мерасонданд. Давлатмандон фарзандонашонро дар хона таълим медоданд.
  • Мактабҳои грамматистӣ – хусуси ва пулакӣ буда, писарони одамони имтиёзнок фаро гирифта шуда, аз забонҳои лотинӣ, юнонӣ, риторикӣ, адабиёту таърих таълим мегирифтанд.
  • Мактабҳои махсуси риторикӣ (нотиқӣ) ҷавонони ашрофзода ба мақсади ишғоли вазифаҳои давлатӣ: риторика, философия, ҳуқуқшиносӣ, забони юнонӣ, математика ва санъати мусиқиро меомухтанд.
  • Мактабҳои давлатӣ – ба пайдо шудани империяи Рим мактабхои грамматистӣ ва риторикӣ ба давлатӣ табдил ёфт. Вазифаи ин мактабҳо аз тайёр кардани мансабдорони ба ҳокимият содиқ иборат буд.

Марк Фабий Квинтилиан (с.142 – 118  то милод)

Низомномаи педагогӣ – методиро дар асари худ «Дар бораи тарбияи нотиқ» навишт. Ў ба инкишофи нутқи кудак диққати махсус дода, ба қобилияти модарзодии онҳо баҳои баланд медод ва саҳми оилаю мактабро дар инкишофи он таъкид кардааст.

Адабиёт:

  1. Таърихи педагогикаи ҷаҳон. Н. А. Константинов М-1982
  2. История Древней Греции А.Н. Егоров, М-1983
  3. Афлотун «Қонунҳо» қисми 1, Егунова А.Н .М.- с 1983
test

Добавить комментарий