Таълиму тарбия дар давраи Сомониён

Таълиму тарбия дар давраи Сомониён

Зермавзўъҳо:

  1. Маълумотҳои мухтасари таърихӣ
  2. Маданияту забон дар давраи Сомониён
  3. Мактабу маориф дар давраи Сомониён
  4. Инкишофи илму адабиёт дар  давраи Сомониён

 

  1. 1. Маълумоти мухтасари таърихӣ

Сомониён аз авлоди Баҳроми Чубин буда дини зардуштиро мепарастиданд ва бо даъвати волии Хуросон рў ба Ислом оварданд. Исмоили Сомонӣ баъди истилои араб нахустин давлати бузургу мустақили мутамарказӣ эронинажодҳоро (тоҷиконро) ба вуҷуд овард, ки он аз соли 875 то 999 давом кард.

Пойтахти худ Бухороро ба маркази илму фарҳанг, маърифат, шеъру шоирӣ ва маданияти баланди эронинажодҳо табдил дод. Дар ин ҷо аввалин асарҳои назмию насрии адабиёти классикии форсу тоҷик пайдо шуданд. Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абдушукури Балхӣ, асарҳои худро ба забони форсӣ эҷод карданд.

Дар ин давра Табарӣ, Закириёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Ибни Сино Аҳмади Хоразмӣ ва ғайра китобҳои илмии худро дар риштаҳои тиб, кимиё, ҷуғрофия ва таърих навиштанд.

Дар охири солҳои 990 оҳиста – оҳиста низоми давлатдории Сомониён танозул ёфт. Аз ин қабилаҳои турки Қарахониён истифода бурда, соли 999 бо сардории Элокхон  шаҳри Бухороро ба даст дароварданд ва ба мавҷудияти давлати Сомониён хотима гузоштанд.

 

  1. 2Маданияту забон, дар давраи Сомониён

        а). Маданият

    Маданияти давлати Сомониён дар давраи зуҳури дини ислом ва замони ҳукмронии сулолаи тоҷикон: Тоҳириён  ва Саффониён оғоз ёфта,  дар замони ҳукмронии Сомониён ба зинаи баланди  тараққиёт соҳиб шудааст. Ба он омилҳои зерин мусоидат карданд:

  1. Маданияти хилофати араб.
  2. Забон ва алифбои арабӣ;.
  3. Унсурҳои фарҳанги дини ислом.
  4. Ташкил ёфтани давлати мутамаркази Сомониён.
  5. Тараққиёти касбу ҳунар, кишоварзӣ, маъданкоркунӣ ва тиҷорат.
  6. Васеъшавии доираи истифодаи забони тоҷикӣ.
  7. Таваҷҷуҳи давлат ва мактабу маориф ва илму фарҳанг.
  8. Ҳамоҳангии манфиатҳои мардум ва давлат.

Ҳар кадоми онҳо макони алоҳидае буданд, барои маданияти пуршуҳрати давлати Сомониёнро ба вуҷуд оварданд.

 

 б). Забон

Арабҳо дар асри VII, Эрони Сосониён ва дар асри VIII Мовароунаҳрро ишғол намуда, дар ин ҷо дини ислом, алифбо ва забони арабиро ҷорӣ карданд. Дар ин минтақаҳо забони арабӣ –  забони давлатӣ, илму адаб  ва воситаи муҳоширати байни одамон шуд, Вале мардуми Хуросону Мовароунаҳр аз забони модарии худ даст накашиданд.

Ҳанўз дар давлати Тоҳириён забони тоҷикӣ дар баробари забони арабӣ забони расмӣ буд.  Дар замони ҳукмронии Саффориён мақоми забони тоҷикӣ боз ҳам баландтар шуда, аз оғози ҳукмронии сулолаи Сомониён сар карда, пурра ба забони давлатӣ мубадал гардид. Вале забони арабӣ чандин асри дигар забони илм буд.

Дар асри  IX-X забони форсӣ- тоҷикӣ дар султонии Деҳлӣ империяи Темуриёни Ҳинд, Салчуқиён, Туркҳои ўсмонӣ ҳамчун забони байналмилалӣ гардид.

 

  1. Мактабу маориф дар давраи Сомониён

Давтати Сомониён ба мактабу маориф диққати калон медод. Мадрасаҳо мактабҳои олӣ ҳисоб мешуданд,  ки ба он хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ дохил мешуданд.  Ба нақшаҳои таълимии мадрасаҳо қариб ҳамаи илмҳои ҳамон замон дохил шуда буданд.

Хатмкунандагони қобилятноктар таҳсилро дар мадрасаҳои машҳур давом дода, ба қуллаҳои баланди илмӣ ноил мегардиданд.  Аз байни чунин толибилмон мансабдорони баланди давлати тоҷирон, олимон, муддарисон ва шоиру нависандаҳо ба воя мерасиданд. Як қисми хатмкунандагони мадрасаҳо дар масҷидҳо ва муассисаҳои дигари динӣ кор мекарданд.

Мадрасаҳои калон ва беҳтарин дар пойтахти давлати Сомониён, шаҳри  Бухоро воқеъ буданд. Давлат нисбат ба донишҷўёни мадрасаҳо  ва муддарисон ғамхорӣ мекард.

 

 

  1. Инкишофи илму адабиёт дар давраи  Сомониён

Дар аксарияти шаҳрҳои давлати Сомониён, аз он ҷумла дар Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Нишопур ва Гурганҷ муассисаҳои калони илми мавҷуд буданд, ки дар он олимон ба тадқиқотҳои илмӣ машғул мешуданд.

Имрўз ҳам номи онҳоро аҳли илму фарҳанги муосир бо ҳурмату эҳтиром ба забон мегиранд. Инҳо:

– оид ба илми таърих: Абубакри Наршахӣ   бо «Таърихи Бухоро ва Абуҷаъфари Табарӣ бо «Таърихи пайғамбарон ва шоҳҳо ё худ «Таърихи Табарӣ» – и худ;

 -оид ба илми тиб: Закариёи  Розӣ бо «Китоби – ал  Ҷидоӣ  ва – л-  ҳасба», «Китоби Мансурӣ», «Ал Ҳовӣ» (иборат аз 20 ҷилд), Абуали ибни Сино бо китоби «Қонуни тиб»;

– оид ба илми кимиё: Ҷобир ибни Хайён дар «Масълаи пайдоиши маъданҳо»;

– оид ба илми ҷуғрофия: Мансури Марвазӣ «Китоб аз бобби хироҷи Хуросон», аҳмади Сарахсӣ «Аз боби баҳрҳо, обҳо ва кўҳҳо», «Ал-маслик ва-л–мамолик», Абузайди Балхӣ «Тасвири иқлимҳо», «Намудҳои мамлакатҳо» ва «Тақсимоти шарҳо»;

– оид ба илми риёзӣ:  Муҳаммад ал – Хоразмӣ бо «Китоб-ул–ҷамъ ва ут-тафриқ ба ҳисоб-ул-Ҳинд» ва «Китоб-ул- мухтасар фи ҳисоб-ул- ҷабр

ва-л – муқобила» ва Абдумансури Балхӣ бо қариб 40 асари илмии худ

– оид ба илми нуҷум: Абулабоси Фарғонӣ бо «Китоб аз боби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмўи  илм оид ба ситораҳо» машҳур гардиданд.

   Олимони ҳамадон –  ба ин қабил олимон, ки ҳамаи илмҳои замони худро азбар  карда, оид ба онҳо асарҳои пурқиммат эҷод намуданд, инҳо:

Абуали ибни Сино, Абўнасри Фаробӣ, Абдурайҳони Берунӣ, Муҳаммад-ал – Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абулвафои Ҷузҷонӣ, Абўзайди Балхӣ ва Муҳммади Наршахӣ мебошанд. Бо вуҷуди ҳамадон будан ҳар кадоми онҳо дар илмҳои алоҳида мақоми хоса доранд.

 д). Адабиёт.

Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абўабдулоҳи Рўдакӣ рўйхати  (адабиёти)  адибони  номи  давраи  Сомониёнро  сарварӣ  менамояд.

Ғайр аз Рўдакӣ дар давлати Сомониён шоирони зиёди дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар байни онҳо: Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулҳасани Марвазӣ, Абўшукўҳи Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Мунтасири Сомонӣ, Муродӣ, Робияи Балхӣ, Хусравонӣ, Маъруфии Балхӣ, Шокири Бухорои, Фароловӣ, Мунҷиқи Тирмизӣ, ва дигарон дар ташаккули адабиёти форсу тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.

                                                         Адабиёт

  1. Б. Ғафуров. Тоҷикон, қисми 1-2, Д. – 1979
  2. Энсиклопедияи Советии тоҷик. Ҷ.7. Д. – 1987
  3. Афзалов X., Раҳимов Б., Таърихи педагогикаи халқи

тоҷик. -Душанбе,  19 94

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.