Ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ

Ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ

Зермавзўъҳо

  1. Маълумоти мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти С. Айнӣ
  2. Системаи таълим ва мактаб аз нигоҳи С. Айнӣ
  3. Ақидаҳои педагогии С. Айнӣ оиди тарбия

 

  1. Ҳаёт ва фаъолияти С. Айнӣ (1878-1954)

С. Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи вилояти Бухоро таваллуд шудааст. Падари ў марди деҳқон буда сангиосёбтароши ҳам мекард.

    Садриддин дар мактаби духтарона хонда хату савод мебарорад. Касалии вабо аввал модараш ва баъди 40 рўз падарашро нобуд мекунад, ки дар ин муддат ў 11 сола буд. Дар 12 солагиаш соли 1890 ў барои таҳсил ба Бухоро меравад.

Устод Айнӣ дар мадрасаҳои Мири Араб, Бадалбек, Хоҷа Зоҳид, Кукалтош дар назди  донишмандон таҳсили илм менамояд. Нуқтаи назари устод  пас аз мутоилаи асари А. Дониш «Нводир – ул- вақоеъ» нисбат ба сохти пўсидаи аморати Бухоро тамоман дигар шуда ба он ҳисси нафрат пайдо мекунад.

Баъди ин ў ба шаҳру деҳоти кишвар баромада ба мардуми оддӣ вохўри намуда, кушодани мактабҳои навро тавсия менамояд. Ҳамин тавр вай яке аз аввалинҳо шуда барои мактабҳои нав китобҳои «Таҳзибуссибиён» – ро (тарбияи атфол)  соли 1909  иншо намуд,  ки  имрўз  ҳам он  арзишманд аст.

Баъди ғалабаи инқилоби октябр ў аз Самарқанд ба Тоҷикистон омада сарвару роҳбари ақли фарҳанг гардид.  Соли 1951дар Тоҷикистон Академияи илмҳо ташкил ёфт, ки устод Айнӣ нахустин президенти он интихоб шуд.

Оре устод умри бобаракати хешро беҳуда нагузаронида барои ягонагӣ ва ваҳдати миллат илму фарҳангӣ он ҷоннисорӣ кардааст. Устод Айнӣ 15 июли соли 1954 вафот кард, ки ҳоло қабристони ў дар боғи  ба номи «Айнӣ»- и шаҳри Душанбе мадфун мебошад.

Соли  1997 ба устод унвони оллӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ў аввалин қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

 

  1. Системаи таълим ва мактаб аз нигоҳи С. Айнӣ.

Дар системаи таълими мактабу маорифи Тоҷикистон С. Айнӣ саҳми зиёде гузоштааст. Пас аз инқилоби октябр як гурўҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти онро инкор мекарданд.

Ў ба муқобили ин ҷарраёни носолими пантуркизм бархоста аввалин китоби таълимии худ «Духтарак Холида» соли 1922 барои мактабҳои ибтидоии занона менависад. Баъдан ў китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро соли 1926 иншо менамояд.  Ў дар ин китобаш исбот менамояд, ки тоҷикон мардуми таҳҷоиӣ Осиёи Миёна буда забону фарҳанг ва  адабиёти қадима доранд.

Дар ҳамон солҳо байни олимон дар масъалаи тахаллус ва зодгоҳи устод Рўдакӣ  баҳси доманадоре мешавад. Ва ў маҷбур мешавад, ки мақола дар бораи «Қабри устод Рўдакӣ дар деҳаи Рўдак» -ро  нависад. Мақолаи мазкур дар журнали «Шарқи Сурх» соли 1940 чоп мешавад, ки он ба баҳси ҳазорсола  нуқта  мегузорад.

Мақолаи мазкур соли 1956 ба забони русӣ тарҷума ва чоп мешавад. Маҳз тавассути ҳамон мақола қабри устод  Рўдакӣ  муайян  мегардад.

Ў дар бораи нақши дарс дар таълиму тарбия истода чунин мегўяд. «Дар вақти машғулият баробари омўзиши мавзўи нав такрори мавзўи пешин ҳатмист». Пеш аз он, ки ба талаба хонданро ёд диҳем аввал мо бояд мазмуни онро ба ў баррасӣ намоем.

Дар китоби алифбое, ки Саидризо Ализода (1923) навишта буд, навиштаи С. Айнӣ дар бораи мактаб чунин иншо шудааст.

 

Ба касе, ки дар мактаб нахондааст ҳаёт нест,

Мактаб – ин об, мактаб – ин нон аст.

 

Садриддин Айнӣ ба  таълими «Адабиёти тоҷик» диққати махсус дода, китобҳои «Одина» ва «Дохундаро» нашр кард, ки онҳо ба забони оммафаҳми адабиёти тоҷик навишта шуданд. Ў дар системаи таълим зидди  кур – курона  азёд  кардани  мавзўи  дарсӣ  буд.

Мувофиқи ақидаҳои устод вазифаи асосии мактаб ин таълиму тарбия мебошад,  ки бачаҳо дар он ҷо ташаккул ёфта ба камол мерасанд.

 

Ў дар ин бора чунин мегўяд:

 

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу талаб.

Як нуқтаи мухтасар зи мактаб  гўем,

Одам нашавад касе,  магар дар мактаб.

 

Дар ҷои дигар овардааст:

 

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.

 

С. Айнӣ насли наврасро ба хондан даъват карда чунин мефармояд:

 

Биёед ей рафиқон дарс хонем,

Ба бекориву нодонӣ намонем.

 

Ў дар ин ду мисра шеъри худ дарсро ҳамчун як кори муҳим дар ҳаёти бача меҳисобад.

  1. Ақидаҳои Садриддин Айнӣ  оиди тарбия

Аз рўи ақидаи С. Айни дар ташаккули инкишофи насли наврас нақши муаллим ва оила муҳим аст. Ў дар тарбия талаби нақши муаллимро дар алоҳидагӣ қайд карда чунин мегўяд. «Ба тарбияи хонандагони мактаб омўзгоре бояд машғул шавад, ки инсонпарвар дорои маданияти баланд ва дониши чуқур бошад.   Ў ҷазои ҷисмониро нисбати толибилмон маҳкум мекард.

Диққати асосиро дар тарбия мегўяд ў ба инсонпарварӣ, дўстӣ коллективизм ва интернатсионализм (ба муқобили миллатчигӣ) равона бояд кард.

Тарбияи меҳнатии бачагонро яке аз масъалаҳои асосӣ шуморида, дар руҳияи тарбияи ҷисмонӣ ва фикрӣ ташаккул додани шахсияти насли наврасро таъкид кардааст.  Нақши асосиро дар тарбияи меҳнатӣ гуфтааст ў: «Асосан ин оила мебозад». Волидайн кўдакро бояд аз хурдӣ   ба меҳнаткунӣ, ба корҳои хона одат  кунонад.  Ин  масъала  дар  китоби «Ёддоштҳо» – и  С. Айнӣ хеле хуб дарҷ  ёфтааст.

Вай мегўяд, ки ҳар як шахс барои ояндааш бояд кор кунад.

 

Ў дар бораи бекор гаштану  меҳнат накардан чунин гуфтааст:

 

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

 

Китоби С. Айнӣ «Таҳзибуссибиён» (тарбияи атфол), ки ҳамчун китоби тарбиявӣ барои мактабҳои нав нашр шуда буд аз бобҳои зерин:

  1. Тарбияи кўдакон
  2. Кўдаки боинтизом
  3. Волидайн
  4. Устод – муаллим, иборат  буда  барои  омўзгорон  ҳамчун  роҳнамо хизмат мекард. Нависандаи тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ чунин ёдовари мекунад: «Вақте,  ки  ман  ба   мактаб  рафтам,  ин  китоб  ба  ман  таълим, қадри меҳнат ва донистани қадру қиммати нонро омўхт».

С. Айнӣ дар бораи тарбияи фарзанд, вазифаҳои падару модарро қайд карда, оиди  эҳтироми меҳнати онҳо чунин гуфтааст:

 

Дар васфи модар:

 

Кист он кас, ки шири софу лазиз,

Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд.

Баҳри осоиши Шумо аз хоб,

Хесту гаҳвораи Шумо ҷунбонд.

Шустушу карда дасту пои шумо,

Аз муҳаббат ба ҷои пок нишонд.

 

Дар васфи падар:

 

Кист он кас,  рўз то бегоҳ давид,

Ошу нон баҳри шумо тайёр кард.

То Шумо дар мактаб омўзед илм,

Ҷумла кори хонаву бозор кард.

То Шумо доно шаведу ботамиз,

Аз насиҳат гўшатон пурбор кард.

 

Адабиёт

1.Айнӣ С. Ёддоштҳо. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1954.

  1. Адабиёти тоҷик. Т. Мирзод. Д. –  2004.

3.Афзалов Х., Раҳимов Б., Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. –

Душанбе, 1994.

4.. Қодиров К.Б. Таърихи афкори педагогии халқи тоҷик. Душанбе.

-1998.

  1. Энсиклопедияи Советии тоҷик ҷ. 1. Д. – 1987.

 

test

Добавить комментарий