Назарияи педагогии Иоган Гендрих Песталосси (1746-1827)
Нақша:
1. Фаъолияти педагогии Песталосси.
2. Тарбияи ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва маънавӣ.
3. Маълумоти фикрӣ.
4. Ба вуҷуд овардани методикаи хусусии таълими ибтидоӣ.
Педагоги намоён Песталотсси дар шаҳри Сюрихии Швейсария дар оилаи духтур таваллуд шудааст. Ба тарбияи вай хизматгораш таъсири калон расонидааст. Вай маълумоти олии философӣ гирифтааст. Соли 1774 дар Нейгоф «Муассиса барои камбағалон» — ро ташкил намуда 50 нафар кӯдакони бепарасторро ҷалб намуд. Ба андешаи ӯ ин муассиса мебоист ба воситаи меҳнати худи тарбиягирандагон вуҷуддорӣ мекард. Тарбиягирандагон дар саҳро ва дар станокҳои бофандагӣ кор мекарданд.
Песталосси ба тарбиягирандагон хондан, навиштан, ҳисобро ёд медод ва худаш ба тарбияи онҳо мавғул буд ва ба тарбиягирандагон ҳунари ресиданро ёд медод. Ҳамин тавр Песталосси дар муассисаи ташкилкардааш кӯшиш намуда буд, ки таълиму тарбияро бо меҳнати истеҳсолӣ зич алоқаманд намояд. Ин таҷрибаи пурниҳоят машақат ба ҳисоб мерафт. Муассиса дере нагузашта аз байн меравад.
Песталосси метавонист муассисаи ташкилкардаашро ба воситаи меҳнати тарбиягирандагон нигоҳ дорад, вале меҳнати онҳоро истисмор кардан намехост. Вай дар меҳнати кӯдакон пеш аз ҳама воситаи тараққиёти ҷисмонӣ, фикрию маънавиро медод. Кӯшиш намуда буд, ки ба тарбиягирандагон тайёрии ҳаматарафаи меҳнатиро бинад.
Баъди ин Песталосси ба фаъолияти бадеи машғул мешавад ва солҳои 1781 – 1787 романи «Лингард ва Гертруда» — ро менависад. Вай боз чунин асарҳои педагогӣ эҷод кардааст. «Гертруд бачаҳои худро чӣ тавр таълим медиҳад», «Китоби модарон ё дастур барои модарон, ки чӣ тавр ба бачагони онҳо мушоҳида намудан ва гап заданро бояд таълим дод», «Алифбои аёният, ё ки таълими аёнӣ дар ченак», «Таълими аёнӣ дар бораи ададҳо» — ро навиштааст.
Назарияи педагогии Песталосси мазмуни демократӣ дорад. Вай мехост, ки ба воситаи тарбия ҳаёти ҳамватанонашро таъғир диҳад. Талаб мекард, ки таълиму тарбияи ҳамаи одамон бошад. Принсипи асосии тарбия ба ақидаи ӯ алоқамандӣ ба табиат аст. Маркази системаи педагогии Песталоссиро назарияи маълумоти элементарӣ ташкил медиҳад, ки мувофиқи ин тарбия бояд аз элементҳои оддитарин сар шавад ва оҳиста оҳиста мураккаб шудан гирад. Назарияи маълумоти элементарии Песталоссиро тарбияи ҷисмонӣ, меҳнатӣ, маънавӣ ва маълумоти фикриро дар бар мегирад.
Ба ақидаи Песталосси мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ тараққӣ додани қувваи ҷисмонии кӯдакон аст. Воситаи асосии тарбияи ҷисмонӣ кӯшиши табии худи кӯдак мебошад, ки ӯро ба ҳаракат кардан, бозӣ кардан, ҳама чизро гирифтан маҷбур мекунад. Тарбияи ҷисмонӣ намуди аввалини тарбияи боақлонаи калонсолон ба кӯдакон мебошад. Модар бояд ба тарбияи ҷисмонии кӯдакон машғул шавад бо ёрии роҳ рафтан, хӯрдан, нӯшидан, хестан тарбияи ҷисмониро ба роҳ мондан лозим аст.
Песталосси меҳнатро воситаи асосии тараққиёту ташаккулёбии шахсият шуморидааст. Меҳнат на танҳо қувваи ҷисмонии одамро тараққӣ медиҳад, балки фикри ӯро инкишоф медиҳад маънавиёташро ташаккул медиҳад. Ба андешаи Песталосси мақсади асосии тарбия ташаккул додани одами ҳаматарафа тараққикарда мебошад то ин ки вай оянда дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда тавонад.
Маркази ҳамаи намудҳои тарбия ба андешаи Песталосси маънавиёт аст. Маънавиёт дар кӯдак дар раванди машқкунӣ дар корҳое, ки ба дигарон фоида меорад ташаккул меёбад. Элемент оддитарини тарбияи маънавӣ муҳаббат ба модар аст, ки оҳиста оҳиста ба муҳаббат доштан ба одамони дигар табдил меёбад. Қувваи маънавӣ минбаъд дар мактаб тараққӣ мекунад, ки дар он муносибати муаллим ба кӯдакон дар асоси муносибати падарона ба онҳо барқарор мегардад.
Таълимоти Песталосси дар бораи маълумоти фикрӣ хело бою сермазмун аст ва ба идеяи худ дар бораи тараққиёти ҳаматарафагии шахсият такя менамояд. Маълумоти фикриро ба тарбияи маънавӣ алоқаманд намудан талаботи таълими тарбиядиҳандаро пешниҳод менамояд. Ӯ чунин шуморидааст, ки ҳама гунна таълим бояд ба мушоҳидаю таҷриба асос ёфта бошад ва ба ҷамъбасткунию хулосабарорӣ омада расад ва гуфтааст, ки асоси муҳимтарини таълим аёният таълим бояд аз рӯи принсипи мунтазами ва пайдарпайи пеш равад.
Песталосси асоси таълими ибтидоиро гузоштааст. Ӯ методи овозии таълим додани грамматикаро дастгирӣ мекунад, ки барои он замон хело муҳим буд. Таъкид мекард, ки фонди луғавии хонандагон бештар тараққӣ дода шавад. Мушоҳида ва муайян кардани ҷиҳатҳои умумии ашёҳоро зарур шуморид. Тавсия дода буд, ки барои аз худ кардани малакаҳои навиштан аввал хатҳои каҷу ростро гирифтан ва дар онҳо элементҳои ҳарфҳоро навиштан лозим аст. Барои омӯзонидани ченкунӣ дар аввал хати рост гирифтан ва баъд кунҷ, квадрат ва онҳоро ба қисмҳо ҷудо кардан лозим аст. Ба кӯдакон шаклҳои гуногуни фигураҳои геометриро нишон додан лозим. Дар равади таълим сандуқи арифметикаро истифода бурдан лозим аст.
Адабиётҳо: 1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.