Фаъолияти педагоги ва акидахои педагогии Адолф Дистервег (1790 – 1866)

                                      Нақша:

1. Ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятӣ – педагогии Адолф Дистервег.

2. Моҳияти тарбия, мақсад ва принсипҳои асосии он.

3. Маълумоти фикрӣ.

          Педагоги намоёни немис Дистервег дар шаҳри Зиген дар оилаи ҳуқуқшинос таваллуд шудааст. Соли 1808 ба Унуверситети Герборн дохил мешавад. Ӯ дар ин ҷо илмҳои математика, философия, ва таърихро меомӯзад. Баъд ба Университети Тюбингенро тамом карда дертар унвони доктори илмҳои философияро гирифтааст.

       Дар ташаккулёбии эътиқодҳои Дистервег солҳои дар мактаби намунавии Франкфурти лаби Майн (1813 – 1818), ки дар ин мактаб шогирдон ва пайравони Песталосси кор мекарданд таъсири ҳалкунанда бозид.

       Дистервег мақсад гузошт, ки тамоми ҳаёташро ба кори маорифи халқ бахшад ва солҳои дароз дар шаҳрҳои Рейн ва Берлин семинарии муаллимтайёкуниро роҳбарӣ намуда, онро ба муассисаи маънвӣ табдил дод. Дар семинарҳо худаш фанҳои математика, забони англисиро таълим медод.

        Соли 1835 китоби «Дастур барои таълими муаллимони немис» – ро менависад. Дар ин асар ақидаҳои пешқадами худро оид ба мазмун, вазифаҳо, принсипҳои таълим баён кардааст. Ӯ зиёда аз 20 асарҳои педагогию методӣ навиштааст. Аз соли 1827 то вафоташ «Варақаҳои Рейнӣ барои тарбия ва таълим» – ро баровардан дар ин маҷала бештар аз 400 мақолаҳои педагогию методӣ чоп кардааст.

        Дистервег ба муқобили тарбияи умумишиносӣ баромада ба масъалаҳои педагогӣ муносибатҳои табақавию миллатчигиро маҳкум  кардааст. Гуфтааст, ки вазифаи мактаб тарбия намудани одамони инсондӯст ва шаҳрвандони бошуур мебошад. Чун Песталосси Дистервег низ принсипи табиатворонаро принсипи асосӣ номид. Аз рӯи фаҳмиши Дистервег табиатворона ин аз рӯи раванди тараққиёти таббии одам рафтор кардан ва ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну солӣ ва фардии хонандагон мебошад. Вай муаллимро таъкид намудааст, ки хусусиятҳои хоси диққат, тафаккур ва хотираи худро нағз донад.  Психологияро асоси илм дар бораи тарбия номидааст.

          Хизмати асосии  Дистервег дар он аст, ки таҷрибаи педагогиро манбаи тараққиёти илми педагогика номидааст. Дистервег талаб намудааст, ки дар баробари табиатворона тарбия характери маданиятворона низ дошта бошад. Дар кӯдакон тарбия намудани худфаъолиятиро яке аз масъалаҳои муҳими тарбия шуморидааст. Ба андешаи ӯ мақсади асосии тарбия худфаъолияти баҳри хизмат кардан ба ҳақиқат, зебоӣ ва хирадмандӣ мебошад.

        Дистервег мақсади асосии таълимро тараққӣ додани қувваю қобилияти фикрии хонандагонро доштааст. Он донишу маҳоратҳо аҳамиятноканд, ки хонандагон онҳоро бошуур аз худ кардаанд. Таълим бояд ба тараққиёти ҳаматарафагии шахсият ва ташаккулёбии  маънавии ӯ ёрӣ расонад. Ҳар як фанни таълимӣ дар баробари мазмуи маълумолдиҳӣ доштанаш мазмуни тарбиявӣ низ дорад.

         Дар маълумотгирии кӯдакон Дистервег ҷои асосиро ба таълими фанҳои таърих, географияи ватанӣ, забони модарӣ ва адабиёт аҳамияти калон додаст. Аз ҳама бештар ба таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математика баҳои баланд дода онҳоро воситаи асосии тараққӣ додани қобилияти фикрии хонандагон донистааст. Ин фанҳо ба хонандагон донишҳои зарурӣ дода, онҳоро ба фаъолияти меҳнатӣ тайёр мекунад.

           Дистервег васеъ намудани нақшаи таълимии синфҳои ибтидоиро ва ба он дохил намудани донишҳои табиатшиносӣ, геометрияи амалӣ, ибтидои физика ва географияро талаб намудааст. Вай тарафдори донишҳои ҳақиқӣ буда, муаллимҳои мактаби миёна ва гимназияҳои он замонаро таъкид кардааст.

         Дистервег дидактикаи тараққӣётдиҳандаро кор карда талаботҳоро нисбат ба вай борат аз 33 қонуну қоидаҳоро нишон дода аст, ки асосиашон инҳо мебошанд: Аз мисол ба қоидаҳо омадан, аз ашё ба тасвири умумӣ дар бораи он ба калимаҳо ифода намудани онҳо омадан, аз наздик ба дур, аз номаълум ба маълум ва ғайраҳо. Ҳоло ин нишондодҳо дар педагогика қоидаҳои дидактикӣ ном гирифтаанд.

        Дистервег ба масъалаи бошуурона аз худ кардани маводҳои таълимӣ диқати асосӣ дода шарти асосӣ озодона баён кардани маводҳои таълимиро шуморидааст. Дистервег дар масъалаи мустаҳкам дар хотир нигоҳ доштани материал  диқати махсус дода «Дар бораи он ҳамхорӣ намоед, ки хонандагон чизҳои омӯхтаашонро фаромушт накунанд» ба миён гузоштааст.

         Таъкид кардааст, ки ба чизҳои омӯхташаванда баргаштан лозим аст. Таълими бо мувафақият ба роҳ мондашуда на танҳо қувваи фикрии хонандагонро тараққӣ медиҳад, балки ҳамаи шахсияти ӯро, аз ҷумла ирода, ҳиссиёт, рафторашро ташаккул медиҳад. Вай барои таълими ибтидоӣ методи тараққидиҳандаро пешниҳод намудааст, ки қувваи фикрии хонандагонро бедор мекунад. Ба онҳо имконият медиҳад, ки ҷустуҷӯ кунанд, санҷанд, муҳокима намоянд ва ёбанд. Муаллими бад ҳақиқатро баён мекунад муаллими хуб бошад, ёфтани ҳақиқатро ба шогирдон меомӯзонад.

           Дистервег ба мақоми муаллим дар таълим ва донишгирии хонандагон низ диққати ҷиддӣ дода чунин шуморидааст, ки дар ҷараёни таълим тараққӣ додани худфаъолиятии хонандагон ба дониш мусаллаҳ гардонидани онҳо аз мақоми роҳбарикунандаи муаллим вобастааст. Муаллими хуб бояд фанни таълим медодагиашро нағз донад. Касби худ ва шогирдонро дӯст дорад. Аз болоӣ худ мунтаъзам кор бурда тавонад, ихтисосашро баланд бардорад ва чунин гуфтааст: «Ту он даме ба маълумотгирии дигарон ёрӣ расонида метавонӣ, ки агар фаъолияти афзудани маълумоти шахсии худро давом диҳӣ…».        

                                  Адабиётҳо:

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.

test

Добавить комментарий