Фанни Педагогика

Акидахои педагогии Константин Дмитрович Ушинский (1824 – 1870)

                                              Нақша:

1. Ҳаёт ва фаъолияти педагогии К. Д. Ушинский.

2. К. Д. Ушинский дар бораи илми педагогӣ ва санъати тарбия.

3. Идеяи халқияти тарбия дар педагогикаи К. Д. Ушинский.

4. Мақсадҳо ва воситаҳои тарбияи маънавӣ.

5. Меҳнат ва аҳамияти тарбиявии он.

6. Ақидаҳои дидактики К. Д. Ушинский.

7. К. Д. Ушинский дар бораи дарс ва методҳои таълим.

           Педагоги намоёни рус Константин Дмитрович Ушинский соли 1824 дар шаҳри Тула таваллуд шуда ва соли 1870 вафот кардааст. Вай «Маҷала барои тарбия» дар давоми солҳои 1857 – 1858 мақолаҳои зеринро чопкардааст: «Дар бораи манфиати адабиётҳои педагогӣ», «Дар бораи халқият дар тарбияи ҷамъиятӣ», «Се элементи тарбия». Соли 1861 хрестоматияи забони модариро бо номи «Олами бачагон» барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ навишта дар он расмҳои ашёҳои зиёди табиатро нишон додаст.

         Дар давоми солҳои 1864 – 1870 китоби барои хониши беруназсинфӣ «Забони модарӣ» — ро менависад. Дар солҳои 1867 – 1869 ҷилди 1 ва 2 – и ин асари барҷастатаринаш «Инсон ҳамчун предмети тарбия» — ро менависад.

       Дар ақидаҳои педагогии Ушинский ҷои марказиро фикрҳои дар бораи илми педагогика, санъати тарбия ишғол менамояд. Вай таъкид кардааст, ки назарияи тарбия ва педагогика бояд бо иситифодабарии қонуниятҳои анатомия, физиология, психология, философия ва ғайра асос ёфта бошад. Педагогика бояд қонуниятҳои тарбияро кушояд танҳо танҳо ба тавсиядиҳӣ маҳдуд нагардад.

         Асоси системаи педагогии Ушинскиро идеяи ҳақиқат ташкил медиҳад. Барои ҳама танҳо як майлу рағбати модарзодӣ вуҷуд дорад, ки тарбия метавонад метавонад ба он такя намояд. Ин ончизест, ки мо онро халқият меномем. Тарбия, ки аз тарафи халқият омӯхта шудааст ба нишондодҳои ҳалқӣ асос ёфтааст дорои қувваи тарбиявиест, ки дар дигар системаҳо вуҷуд надорад. Дар маънои халқият Ушинский хусусиятҳои ҳар як халқро, ки дар зери таъсири шароитҳои географӣ, табии ва тараққиёти таърихии он пайдо шудаанд дар назар дорад.

          Ҳоло низ ҳангоми муайян кардани мазмуну вазифаҳои тарбия хусусиятҳои миллӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар алоқамандӣ ба идеяи халқият Ушинский аҳамияти маълумотдиҳии забони модариро ба миён гузоштааст. Дар системаи педагогии Ушинский муайян кардани мақсади тарбия ҷои марказиро ишғол кардааст. Вай муайян кардани мақсади тарбияро вазифаи аввалини илми педагогика шуморидааст. Мувофиқи ин нишондодҳои Ушинский одам бояд аз ҷиҳати ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ ба таври грамматикӣ тараққӣ карда бошад. Аз нуқтаи назари ӯ тарбияро бомақсадона ва бошууронаи ташаккулёбии грамматики шахсият номидааст.

         Ушинский аз ҳамаи намудҳои тарбия ҷои асосиро ба тарбияи маънавӣ додаст. Ба андешаи ӯ тарбияи маънавӣ бояд дар бача инсондӯстӣ, бовиҷдонӣ, ҳақгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, ҳисси масъулиятнокӣ, арзандагии шахсӣ ва хоксориро дар ӯ устуворӣ, характеру ирорда, ҳисси вазифадориро тараққӣ диҳад. Дар бачаҳо ба одамон ҳурмату муҳаббат дошта хайрхоҳу боадолатиро парвариш намояд.

          Ушинский ба меҳнат ва характери тарбиявӣ доштани он баҳои баланд дода гуфтааст, ки таълим ин меҳнат аст ва ҳамчун меҳнат боқӣ мемонад, вале меҳнати пур аз фикр хонандагон дар ҷараёни таълим бояд ба меҳнат кардан одат кунанд. Меҳнати фикрӣ хело душвор аст ва одамро ба тезӣ хаста мекунад. Кӯдаконро ба ин меҳнати душвор оҳиста оҳиста одат кунонидан лозим аст ва ба корҳои вазнину ба синну сол мувофиқ набударо бор кардан лозим нест.

         Дар системаи педагогии Ушинский ақидаҳои дидактикӣ мақоми хоса дорад. Вай талаб карда буд, ки таълим дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои давраҳои синну солӣ ва психологии хонандагон ба ҳисоб гирифта шавад. Бо истифодабарии диққат хонандагон дар дарс диққати махсус дода шавад. Вайд у намуди диққат: диққати фаъол, яъне ихтиёрӣ ва ғайри фаъол ё ғайри ихтиёриро муайян кардааст. Дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои давраҳои синну соли кӯдакон ба диққати ғайри фаъол ғизо додан ва баробари ин диққати фаъолро диққати асосӣ, ки одам истифода мебарад ҳамаҷониба тараққӣ додан лозим аст.

         Дар бораи хотира ва аз худкунии сухан рондан Ушинский исбот намудааст, ки ба воситаи қисман такроркунӣ, ки аз тарафи хонандагон ба хотираи худ бовари доштанро тарбия кардан мумкин аст ва ба гуфтаи Ушинский таълим бояд ба принсипи дастрасӣ ба кӯдакон ва пайдарпайи асос ёфта бошад. Барои аз хасташавӣ нигоҳ доштани  хонандагон дар солҳои авали таҳсил барои ба онҳо вазмини таълимро бор кардан лозим нест. Дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои сину солӣ давраи бачагӣ Ушинский ба принсипи аёниятнокӣ дар таълим диққати махсус додааст. Ӯ қайд намудааст, ки кӯдакон бештар аз рӯи шакл, овоз, эҳсосот, фикр мекунанд. Аз ин рӯ таълими аёниятнокӣ барои кӯдакон хело аҳамиятнок аст.

           Ушинский дар системаи педагогӣ ба дарс диққати зиёд додааст. Ба ақидаи ӯ шарти асосии бо мувафақият ташкил намудани машғулиятҳои таълимии дар мактаб хусусиятҳои дарсии синфӣ ба ҳайати усутувории хонандагон ҷадвали мустаҳками дарсҳо, машғулиятҳои фронталӣ ба ҳамаи хонандагони синф ва истифодабарии корҳои фардӣ ва мақоми махсус доштани муаллим вобаста мебошад.

         Намудҳои корҳои таълимӣ дар дарс ҳархела мешавад, масалан: Баёни донишҳои нав, такрор, ба ҳисоб гирифтани донишҳои хонандагон, корҳои хаттию графикӣ ва ғайра. Ҳар як дарс бояд мақсади муайян дошта бошад анҷом дода шавад ва характери тарбиявӣ дошта бошад.

         Ушинский дар дарс тез хасташавии хонандагонро ба ҳисоб гирифта барои бартараф кардани он ивазкунии машғулиятҳо ва методҳои таълимро тавсия додааст. Ба масъалаи дар хонандагон тараққӣ ёфтани қобилияти мустаъқилона кор карда тавонистан диққати махсус дода Ушинский тавсия додааст, ки аз аввали машғулиятҳои мактабӣ муаллим дар дарс тарзи иҷро кардани корҳои мустақилонаро ба хонандагон омӯзонад. Дар аввал ба хонандагон вазифаи хонагӣ дода нашавад танҳо баъди маҳорати иҷро кардани корҳои мустақилонаро аз худ кардани хонандагон ба онҳо вазифаи хонагӣ супорида шавад. Ушинский тавсия додааст, ки дар мактабҳои ибтидоӣ дар дарсҳои забони модарӣ бо роҳи хониши берун аз эъзоҳи аз таърих, география, табиатшиносӣ, ба хонандагон донишҳои ибтидо дода шавад.

                                     Адабиётҳо:

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *