Системаи педагогии Антон Семиёнович Макаренко

                                           Нақша:

1. Ҳаёт ва фаъолияти педагогии А. С. Макаренко.

2. Нуқтаҳои асосии системаи назарияи педагогии Антон Семиёнович Макаренко.

3. Тарбия кардан дар коллектив ва дар меҳнат.

           Педагоги намоёни шуравӣ Антон Семиёнович Макаренко (1888 – 1939) дар шаҳри Белополе, собиқ губернаи Харков дар оилаи устои роҳи оҳан таваллуд шудааст. Баъди тамом кардани омӯзишгоҳи соли 1904 муаллим шуда кор кардааст. Соли 1914 ӯ ба инистути муаллимтайёркунӣ дохил шуда соли 1917 онро бо медали тилло хатм намудааст.

          Дар соли 1917 – 1918 ба вазифаи мудири омӯзишгоҳи Крюково таъин намуданд. Соли 1920 шӯъба маорифи губернияи Полтава ба Макаренко супориш медиҳад, ки назди Полтав барои ноболиғони ахлоқан вайроншуда муассисаи тарбиявӣ кушояд. Дар давоми 3 – 4 сол он ба муассисаи намунавӣ табдил ёфт. Калонаи меҳнатӣ ба номи Макаренко ном гирифт. Дар ин муассиса тарбиягирандагон ба корҳои хоҷагии қишлоқ ҷамъ шуда буданд.

          Дар соли 1927 дар сохтмони калонияи меҳнати ба номи Дзержинский иштирок менамояд онро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1935 аз ин ҷо меравад ва ба корҳои эъҷодӣ мағул мешавад. Дар калонияи ба номи Дзержинский истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба роҳ монда буд. Таълиму маълумот ба меҳнати истеҳсолӣ алоқаманд карда шуда буд.

        Дар давоми солҳои 1933 – 1935 «Достони педагогӣ» аз чоп мебарояд, соли 1937 «Китоб барои падару модарон», соли 1938 «Байрақҳо дар манораҳо» – ро менависад.

         Дар ақидаҳои педагогии Макаренко пеш аз ҳама ба муқобили идеяи тарбияи озод баромад. Яке аз принсипҳои  муҳиме, ки ҳамчун хати сурх дар ҳамаи системаи педагогии Макаренко мегузарад гуманизми сосиалистӣ мебошад. Ӯ ба қувваю қобилияти инсон боварии калон дошт

       Макаренко талаб мекард, ки назарияи педагогика бояд ба ҷамъбасти таҷрибаҳои амалӣ оид ба тарбия асос ёфта бошад. Макаренко тарафдори системанокии таълим дар фанҳои таълимӣ буд. Вай ба принсипи тарбия дар меҳнат аҳамияти ниҳоят калон додааст. Макаренко ба педагогика баҳои баланд дода онро аз ҳама диалектикию устувор номидааст.

       Вай нисбат ба ақидаҳои педагогии гузаштагон эҳтироми мусбат намуда тарафдори педагогикаи марксистӣ, лелинӣ, миллӣ буд. Ин педагогика мақсади асосии тарбия, тараққиёти ҳаматарафаи шахсиятро мешуморид. Мо бояд ватандӯстони ҳақиқии одамони маълумотнок, коркунони баландихтисос, одамоне, ки вазифаашонро эҳсос мекунанд, арзандагии худро бахшанд, малакаҳои ташкилотчигӣ дошта, боинтизом, устувор, боғайрату хушҳолро ба камол расонем.

         Дар системаи педагогии Макаренко ҷои марказиро тарбия ба воситаи коллектив ишғол менамояд. Вай дар мақолаи «Баъзе хулосаҳо аз таҷрибаи педагогии ман» навиштааст. Вазифаи тарбияи мо ба он нигаронидааст, ки одами коллективиро тарбия намоем. Коллектив қисми ҷамъиятӣ аст. Одам ба воситаи коллектив ба ҷамъият дохил мешавад. Қоидаи коллективро чунин таъриф додааст. Коллектив гуфта одамонеро номидан мумкин аст, ки як мақсади умумӣ аҳамияти ҷамъиятӣ дошта онҳоро бо ҳам муттаҳид кардааст.

       Коллектив як оммаи мактабро ташкил дода дар шуури бачагон қувваи бузурги фикрии ҷамъиятиро ҳамчун аҳамияти ба тартиб даровардашудаи интизомкунандаи тарбиявиро бекор кардан мумкин аст.

          Омили зарурии тарбия дар системаи педагогии Макаренко меҳнат мебошад. Вай дар «Маърӯзаҳо дар бораи тарбияи бачагон» гуфтааст: Тарбияи дурусти советиро аз меҳнат берур тасаввур кардан мумкин нест. «Дар корҳои тарбиявӣ меҳнат бояд аз унсурҳои аз ҳама асосӣ бошад».

        Макаренко дуруст чунин мешуморид, ки меҳнатдӯстӣ ва қобилияти ба меҳнат дар кӯдак аз табиат дода нашудааст, балки дар он тарбия кунонида мешавад. Дар мамлакати советӣ меҳнат бояд эҷодкорона, хурсандиовар, бошуурона, шакли асосии зуҳурёбии шахсият ва имкониятҳои дар ӯ мавҷуд буда гардад.

         Нишондиҳандаҳои Макаренко доир ба тарбияи меҳнатии бачагон дар оила сазовори эҳтиром мебошанд. Вай маслиҳат медиҳад, ки ба бачагон, ҳатто бачагони синни хурд ҳам, на супоришҳои дар як он иҷро кардашаванда, балки супоришҳои дар давоми як моҳ, ҳатто тамоми сол мунтазам ба ҷо овардашаванда додан лозим аст, то ки бачагон муддати дароз дар кори ба онҳо супурдашуда масъулият ҳис намоянд.

                                    Адабиётҳо:

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.