Мактабу маорифи Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон дар замони Шурави

                                             Нақша:

1. Масъалаи мактабу маориф дар давлати Шуравӣ.

2. Қарору фармонҳо ва аз навсозии маорифи тоҷикон.

3. Сохтмони аввалин мактабҳо дар Бухорои Шарқӣ.

            Дар натиҷаи ғалабаи инқилоби Октябр бо роҳбарии партияи болшевикон ва ёрии самими халқи рус солҳои 1917 ва 1918 дар ноҳияҳои шимолӣ соли 1919 дар Помир ва сентябри соли 1920 дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистони ҳозира Ҳокимияти Шуравӣ барқарор карда шуд. Аз рӯзи авали барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин Давлати Шӯравӣ ба масъалаи маориф диққати махсус медод.

        Яке аз чорабиниҳои аввалини ҳокимияти нав қабул кардани қарорҳо доир ба масъалаҳои аз навсозии маорифи халқ буд. 14 майи соли 1918 Шӯрои комиссарияти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани мактабҳои ягонаи меҳнатии дастраси умум» ва дар июни ҳамин сол «Дар бораи ташкил намудани Комиссарияти маорифи халқ» қарор қабул намуд. Комиссарият 14 декабри соли 1918 «Дар бораи ислоҳоти мактабҳои миллии ҷумҳурӣ» фармон баровард. Мувофиқи ин фармон ба ҷои мактабҳои русӣ – маҳаллӣ ташкил намудани мактабҳои нави миллӣ, омӯзишгоҳҳои дараҷаи якум ва дуюм пешбинӣ гардид.

      Ин қарору фармонҳо дар кори азнавсозии маорифи тоҷикони ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва Помири Шарқӣ таъсири зиёде расониданд. 26 апрели соли 1918 мувофиқи қарори намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд шарқшинос ва маорифпарвар мардушинос М. С. Андреев интихоб гардид.

           Ҳамзамон дар назди Шӯроҳои депутатҳои маҳаллии коргарону деҳқонони дигар ноҳияҳои Шимолӣ шӯъбаҳои маорифи халқ моҳи марти соли 1918 ташкил карда шуд, ки дар таъсиси мактабҳои нав муассисаҳои маданиву равшаннамоӣ, таълими ҳатмии бачагон ва маҳви бесаводи таъсир расонид. Бо вуҷуди ҳама гунна мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин ноҳияҳо дар охири соли 1918 –  19 мактаб ва соли 1919 –  73 мактаби дараҷаи якум ва дуюм амал мекард.

        Соли 1920 аввалин мактаби ибтидоии духтарона дар Хуҷан таъсис дода шуд. Аз 5 августи соли 1919 Комиссарияти Иҷроияи Марказии Туркистон қарор қабул намуд, ки он ҳамаи шӯроҳои маҳаллӣ вазифадор карда шуд, ки фавран ҳамаи биноҳои хуби вуҷуддошта, ё ки биноҳое, ки барои эҳтиёҷоти халқ сохта шуда, дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ба касе, ки тааллуқ надошта бошад, барои мактаб ва муассисаҳои маъданию маърифатӣ мусодира карда шавад ва фармон ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллии маорифи халқ дода шавад.

           Аз соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ аввалин шуда ба сохтмони мактаби нави шуравӣ иқдом намуданд. Моҳи марти соли 1921 дар Душанбе шӯъбаи вилоятии маорифи халқӣ Бухорои Шарқӣ таъсис ёфт. Дар натиҷаи чорабиниҳои мушаххас баҳори соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ 5 мактаби нави шуравӣ таъсис ёфт, ки дар онҳо 600 нафар бачагон таҳсил мекарданд. Ҳамзамон мактабҳои нави шӯравӣ дар Кӯлобу Ховалинг, Ғарм ва дигар мавзеъҳо ташкил ёфтанд. Соли таҳсили 1923 – 1924 дар Кӯлоб, Ғарм ва Душанбе яктогӣ интернат кушода шуд, ки дар онҳо 92 нафар бачагон дарс мехонданд.

         Дар ташкили таълиму тарбияи насли навраси тоҷик қсимҳои Армияи Сурх низ фаъолона иштирок намуданд. Онҳо дар Кӯлоб ва Ғарм 50 нафар бачагонро ба тарбияи худ гирифтанд. Бо дастгирии комсамолони шӯъбаи сиёсии поки 76 дар Кӯлоб аввалин интернат сохта шуд. Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт. 14 декабри соли 1924 Комиссарияти маорифи халқии Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали соли 1925 дар Душанбе ба кор сар кард.

         Аввалин комиссари маорифи халқ, Аббос Алиев ва ҷонишини ӯ Абулқосим Лоҳутӣ буд. Комиссарияити маорифи халқ барои ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ фаҳмонида додани моҳияти мактаби нави шуравӣ, ташкилу тараққии он, таълиму тарбияи мутахассисони педагогӣ, ҷалб намудани мактаббачагон ба мактаб, мубориза бар зиддӣ бесаводӣ равона карда буд. Комиссарияти маорифи халқ дар ихтиёраш 18 мактаб, 593 хонанда ва 48 омӯзгор дошт.

         Бо мақсади ҷалб намудани фарзандони меҳнаткашон ба мактаби Шуравӣ дар байни аҳолӣ Комитети инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 1925 «Дар бораи имтиёзу бартарии оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактаби советӣ мехонданд» қарор қабул намуд.  Мувофиқи он падару модароне, ки бо маданият фарзандони худро ба мактаби нави советӣ ба хондан мефиристонанд, аз давлат ёрдампулӣ, тухмӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро бе пул мегирифтанд. Деҳқонон фарзандонашонро ба мактаб мефиристонданд ва дар кори сохтмони мактабҳои нави советӣ кӯмаки моддиву оммавӣ мерасониданд.

         Шумораи мактабҳо ва хонандагон  сол ба сол меафзуд. Агар соли 1926 – 1927 шумораи мактабҳо 150 ва шумораи хонандагон 5024 нафар бошад, соли 1927 – 1928 ба 258 мактаб ва 9070 хонанда расид. Дар соли 1928 – 1929 миқдори мактабҳо ба 308 ва хонандагон ба 12000 расид. Вале назар ба мактабҳои ибтидоии дигар ҷумҳуриҳо хеле паст буд. Соли 1927 – 1928   21,3 фоизи бачагони синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта шуда буданд. Сабаби ин бошад паст будани шуури ҷамъиятии одамон ва нарасидани мактабу муаллимон буд. Ҳанӯз дар ин давра дар ҷумҳурӣ мактабҳои диннӣ амал мекарданд.

        Соли 1924 дар Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 1677 мактаби диннӣ вуҷуд дошт, 18578 хонанда дошт. Барои барҳам додани ин мактабҳо соли 1928 дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон ва Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қонун қабул карда шуд. Ин қарор барои барҳам додани мактабҳои диннӣ ва ташкил додани мактабҳои дунявӣ, аҳамияти калон дошт. Дар ҷумҳурӣ барои маҳви бесаводӣ одамони калонсол низ аҳамияти калон дода шуд.

          Яке аз ин масъалаҳо муҳими ин давра тайёр намудани кадрҳои педагогӣ ба шумор мерафт, чунки тараққиёти хоҷагии халқ бе ҳаллӣ ин масъала имконпазир буд. Муаллим дар таълиму тарбияи мактаббачагон, босавод кардани аҳолӣ на танҳо шахси асосӣ ва ёрдамчии органҳои ҳизбию шуравӣ, балки ҳамчунин дар тарбияи идеявию сиёсии меҳнаткашон ва сафарбар намудани онҳо дар иҷроиши вазифаҳои нав муборизаи фаъолои ҷамъият ба шумор мерафт. То соли 1925 дар ҷумҳурӣ ягон муассисаҳои муаллимтайёркунӣ вуҷуд надошт. Шумораи муаллимон охири соли 1925 дар ҷумҳурӣ ба 105 нафар расид. Аксарияти онҳо маълумоти педагогӣ надоштанд ва бисёрашон сибиқ мулоён – муаллимони мактабҳои диннӣ буданд.

        Барои ташкил намудани курсҳои педагогӣ аз ҷумҳуриҳои дигар талаб намудани муаллимон ба донишкадаҳои Самарқанд, Тошканд, Москав ва шаҳрҳои дигари иттифоқ фиристодани ҷавонони тоҷик дар назар гирифта шуд. Ба комиссарияти маорифи халқии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки доир ба кушодани якчанд донишкадаҳои миёнаи педагогӣ, факултаҳои коргарӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, хоҷагии қишлоқ ва курсҳои муаллимтайёркунӣ тайёрӣ бинад.

        Моҳи сентябри соли 1925 дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи педагогӣ кушода шуд, ки асоси тарбияи кадрҳои педагогиро дар ҷумҳурӣ гузошт. Дар ҳамин сол дар Душанбе курси семоҳаи муаллимтайёкунӣ кушода шуд, ки онро 28 нафар тамом намуда ба роҳхати Вазорати маориф ба вилоятҳои Кӯлобу Ғарм фиристода шуданд.

         Моҳи декари соли 1926 анҷумани якуми муассисони умумӣ Тоҷикистонии шӯроҳо дар бораи дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани таълими бепул қарор қабул кард. Яке аз масъалаҳои хело мураккабу зарурӣ дар ин солҳо таёр кардани муаллимони касбӣ ва мавктабҳоро ба муаллимон таъмин кардан буд.

         Дар таёр намудани муаллимон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Донишкадаи маорифи Тоҷикистон, Ки соли 1924 кушода шуда буд хкло калон аст. Соли 1927 бо қарори Ҳукумати Узбекистон ин Донишкада ба ихтиёри комиссарияти маорифи Тоҷикистон дода мешавад.

test

Добавить комментарий