Ақидаҳои педагогии Абдурахмони Чоми (1414 – 1492)

                                        Нақша:

1. Ҳаёт ва фаъолияти ақидаҳои педагогии Абдураҳмони Ҷомӣ.

2. Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи илму дониш ва тарбияи фарзанд.

3. Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи тарбияи инсондӯстӣ.

4. Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи касби омӯзгорӣ.

         Мутафаккири бузурги тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаи харгарди вилояти Ҷом таваллуд шудааст. Таълими ибтидоиро дар назди падараш гирифта ва баъди мадрасаи Низомияи Барқдодро хатм мекунад. Дар солҳои дар мадраса таҳсил карданаш забони арабӣ, илмҳои мантиқ, философия, риёзиёт, нуҷум ва дигар илмҳоро аз худ менамояд.

         Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат ба омӯхтани илму дониш шавқу ҳаваси зиёд дошт ба қувваи илму дониш ва хиради инсон боварии комил дошт. Чунин шуморидааст, ки мақсади асосии тарбия ба камол расонидани инсони комил аст. Фарзандро Абдураҳмони Ҷомӣ беҳтарин неъмати рӯи ҷаҳон дониста таълиму тарбияи ӯро вазифаи муқаддаси падару модар донистааст. Барои камолоти фарзанд тарбия дар оила, мактаб ва мадрасаро тавсия додааст.

        Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид кардааст, ки баъди тарбияи оилавӣ кӯдакро ба мактаб фиристодан лозим аст зеро маҳз мактаб бояд ба онҳо илм омӯзонад. Абдураҳмони Ҷомӣ тавсия додааст, ки дар мактаб бояд фанҳои хондан, навиштан, Қуръон, ҳусни хат, ҳунар, арифметика, таърих, география, математика, ботаника ба хонандагон омӯзонида шавад. Дар мадраса бошад хондани фанҳои ҳадис, тасвирӣ, Қуръон, девони шоирон, рисолаҳои илмии донишмандон, шифо ва Ал – қонуни Сино омӯзонида шавад.

           Ба ғайр аз Сино нақшаи таълимие, ки Абдураҳмони Ҷомӣ пениҳод кардааст ӯ ба тарбияи фарзандаш Зиёвуддини Юсуф аҳамияти махсус дорад. Барои тавсияи ӯ «Баҳористон», «Фавоиди зиёия» – ро навиштааст. Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун муаллими ботаҷриба оғози омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарро аз давраи хурдсолӣ лозим донистааст. Ба ақидаи ӯ омӯхтани илму ҳунар дар ҷавонӣ чуни наст:

     Дар ҷавонӣ сайъ кун гар бехалал хоҳӣ,

     Мевва бе нухсон бувад чун  дар дарахти навбарг аст.

            Ба ақидаи Абдураҳмони Ҷомӣ омӯхтани илму дониш, зиндагӣ фаҳмидану дарк кардани воқеа ва ҳодисаҳои ҳаёт, тараққиёту пешравӣ, замину коинот ва воқеаҳои пешомад раҳнамоӣ мешавад. Дониш ба амалиёти одам роҳбарӣ намуда барои донишҳои нав гирифтан ёрӣ мерасонад. Ҷомӣ дар амалия татбиқ намудани илм  тарафдор буд. Ба андешаи ӯ одамон аз ҷиҳати фаҳмишу фаросат якхела нестанд.

           Абдураҳмони Ҷомӣ қадру қимати инсонро дар насиму зар доштан, балки дар илму дониш медид. Таъкид кардааст, ки дар илму донишгирӣ вақтро сарф кардан лозим аст. Абдураҳмони Ҷомӣ китобро ёри ғамхор устоди беминат ва сарчашмаи ҳамаи донишҳо номидааст ва гуфтааст: Днишмандон мемиранд, вале онҳо дар китобҳо боқӣ мемонанд. Абдураҳмони Ҷомӣ ҷавононро ба китобхонӣ даъват намуда чунин гуфтааст:

    Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

    Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

    Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

    Сад роҳату, лек ҳаргиз озоре нест.

            Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамеша, ки дар бораи одам ва мавқеи он дар зиндагӣ сухан меронд, доимо дӯстию бо ҳам пайвастагии одамонро дар назар медошт. Ӯ дӯстии байни одамонро сарфи назар аз миллат, халқият, мазҳабу дин ҳамчун як дарахти бутун мешуморид. Абдураҳмони Ҷомӣ дӯстони ҷонӣ, содиқ ва вафодорро, ки дар ҳар як шароити мусоид ва ногузор якранг дар мадади дӯстӣ, софдилона ва устувор мебошад таърифу тавсиф кардааст ва тавсия додааст, ки одам бояд дар талаби ёрони содиқ ва рафиқони мувофиқ бошад.

           Чун дӯст ёфт нисбат ба ӯ меҳрубон,  ғамхор, фидокор буда дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ва рӯҳӣ ҳамроҳаш бошад. Абдураҳмони Ҷомӣ дидор, суҳбати дӯстон ва ёронро, ки воситаи шодмонӣ ва ороиши рӯҳист, биҳишт мехонад. Ба ақидаи ӯ дӯст бояд ба роҳи дӯстӣ ҷонисор бошад ва дӯстро аз душман ҷудо кунад:

     Барои дӯстон ҷонро фидо кун,

     Ва лекин дӯст аз душман ҷудо кун.

            Дар ақидаҳои педагогии Абдураҳмони Ҷомӣ тарбияи инсондӯстӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Накукорӣ ва некномӣ беҳтарин сифати инсон ва ҷавҳари одамист. Ӯ одамонро ба номи нек доштан даъват намуда, гуфтааст, ки баъди мурдан танҳо номи нек зинда хоҳад монд. Масалан беозориро яке аз хислатҳои шоистаи инсон шуморидааст. Ростӣ ва ростқавлиро низ хислати инсонӣ шуморидааст. Ӯ дар боби вафо ва вафодорӣ мувофиқати қавлу амал, ҷавонмардӣ, одат, илм, эҳтироми устод, падару модар, пирону хурдсолон, ҳифзи обу рӯ, ҳиммат, қаноат, ҷиддӣ, ҳазл, хушахлоқӣ, муносибат, саъю кӯшиш, фазилати, хомӯшӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, мукофотӣ, амал, зиндагӣ, лутфу эҳсон, меҳмондориро хислатҳои беҳтарини инсонӣ шуморидааст.

           Ӯ ба тарбияи меҳнатӣ диққат дода муаллимро воситаи беҳтарини қадру қимати инсон шуморидааст. Абдураҳмони Ҷомӣ ба мақоми муаллим дар ҷамъият баҳои баланд дода, гуфтааст:

     Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,

     Шавад тира аз бехиради рӯзгор.

           Мутафакири бузург дар соҳаи таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода нақши муҳим бозидани муаллимро қайд намуда ва гуфтааст, ки таъсири муаллим ба инсон ниҳоят бузург аст. Ҳамаи фазилатҳои ахлоқе, ки барои инсон лозиманд ва барои баланд бардоштани шарафи инсонӣ ҳам ба таъсири омӯзгор ҳосил мегардад.

         Муаллим бахшандаи ҳаёти инсон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун муаллими бо таҷриба қайд намудааст, ки дар таълиму тарбия ва ташаккулёбии шахсият заҳмати устод аз падару модар ҳам бештар аст ва чунин мисраҳои шериро гуфтааст:

    Қадри устод аз падар беш аст,

   В – аз падар устод дар пеш аст.

   Агар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

   Устод аз наҷот баҳра диҳад.

1. Х. Афзалов, Б. Раҳимов. Таърихи педагогикаи тоҷик. Душанбе маориф 1994.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.