Акидахои педагогии Абуали ибни Сино (980 – 1037)

                                             Нақша:

1. Фаъолият ва ақидаҳои педагогии А. Сино.

2. А. Сино дар бораи тарбияи ахлоқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи оилавӣ ва    тарбияи меҳнатӣ.

3. А. Сино дар бораи қаноатмандӣ ва саховатмандӣ.

4. А. Сино дар бораи инсондӯстӣ.

5. А. Сино дар бораи муаллим.

1с. А. Сино дар деҳаи Афшинаи Бухоро таваллуд шудааст. Аз синни 5 солагӣ бо таҳсил сар кардааст. Дар 10 солагаш Қуръон ва якчанд илмҳои замонро омӯхтааст. Баъди вафоти падараш ва аз байн рафтани давлати Сомониён дар якчанд шаҳрҳои Эрон зиндагӣ кардааст ва дар Ҳирот вафот кардааст.

           Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ Сино 465 асар навиштааст, ки 160 – тои он то замони мо омада расидааст. Асарҳои навишаи ӯ ба илмҳои тиб, илоҳиёт, мантиқ, нуҷум, риёзӣ, география, забони арабӣ, мусиқӣ, ахлоқ ва сиёсат бахшида шудааст. Ақидаҳои педагогии Сино дар асарҳояш «Донишнома», «Рисолаи нафс», «Саломон ва Афзол», «Пирӯзнома» ва «Тадбири манзил» баён гардидаанд. Бо таври умумӣ тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонӣ, аҳамияти илму дониш, касбу ҳунар, дӯстию рафоқат, инсондӯстӣ, образи замон, бахт ва ишқу муҳаббат, танқиди хусусиятҳои бади ахлоқӣ, дар асарҳои ӯ баён гардидааст.

2с. Дар ақидаҳои педагогии Сино ҷои марказиро тарбияи ахлоқӣ ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ сифатҳои ахлоқии инсон маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ аст, на ирсӣ. Дар ташаккулёбии сифатҳои ахлоқӣ А. Сино муқоисаро дар ҷои баланд гузоштааст ва онро воситаҳои тарбия шуморидааст.     А. Сино чунин гуфтааст: «Рафтору одоби худро ба рафтору одоби дигарон муқоиса намоед ва бидонед, ки ту ҳам монанди дигаронӣ».

          А. Сино дар пандҳои ахлоқиаш мардумро ба риоя кардани дӯстию рафоқат, муҳаббату эҳтиром, тозагию озодагӣ, илмомӯзӣ ва ғайра даъват намудааст. Дар ақидаҳои педагогии А. Сино ба ҳисоб гирифтани ҳолатҳои психологии одам мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Ба ақидаи А. Сино вазифаи тарбияи ахлоқӣ аз худ намудани сифатҳои нек ва барҳам додани сифатҳои бад иборат аст. Ба ақидаи ӯ ҳамаи мавҷудот ба сӯи некӣ майл дорад.

            Хусусиятҳои баъди ахлоқӣ дар натиҷаи набудани сифатҳои нек дар одам пайдо мешавад. Накӯкор ҳамон шахсест, ки бо фазилатҳои ахлоқиаш ба дигарон таъсир мерасонад.       А. Сино чунин шуморидааст, ки тарбияи ахлоқӣ ба тарбияи нафс зич алоқаманд аст. Нафс асоси ҳаётро ташкил медиҳад. Нафсро тобеи ақл шуморидааст. Аз ҳамин хусусият фарқи одамро аз ҳайвон нишон додааст. Инсон бояд аввал барои ислоҳи нафси худ кӯшиш намояд, худро ислоҳ намояд ва баъд ба тарбияи дигарон машғул шавад.  А. Сино хело хуб гуфтааст, ки вазифаи асосии тобеи ҳавою ҳавас, нӯшидан, балки оқилона андешидан аст. А. Сино тарбияи ахлоқиро дар алоқамандӣ бо ташаккули ақлфаҳмидааст.

          Дар таърихи афкори педагогии халқи тоҷик    А. Сино аввалин шуда дар боби алоқамандии тарбияи ҷисмонӣ ва ахлоқӣ масъала гузоштааст. Ба ақидаи ӯ мақсади асосии тарбияи ҷсимонӣ инкишоф додан ва мустаҳкам нумудани қувваи ҷисмонии бачагон мебошад. Бо ин мақсад чунин бозиҳои варзиширо пешниҳод кардааст: давидан, гуштингирӣ, аспдавонӣ ва ғайраҳо. А. Сино зиддӣ истифодабарии ҷаззои ҷисмонӣ буд.

        А. Сино ба тарбияи оилавӣ диққат дода гуфтааст, ки мақсади асосии он ба кӯдакон тарбияи ахлоқию, ҷисмонӣ додан аст. То ба мактаб рафтан кӯдак бояд дар оила одобу гуфтори некро ёд гирад. Тифл бояд ҳар рӯз машқҳои сабуки ҷисмониро иҷро кунад. Ҳангоми тарбияи кӯдакон дар оила ба онҳо савод омӯзонида шавад ва онҳоро ба баъзе касбҳо шиносонидан мумкин аст.

            А. Сино ба тарбияи меҳнатӣ диққат дода, меҳнатро ҳам воситаи зиндагӣ ва ҳам воситаи асосии ахлоқӣ номидааст. Гуфтааст, ки агар одам аз кӯдакӣ ба меҳнат кардан одат кунад, дар давраи ба балоғат худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин карда метавонад.

3с. А. Сино қаноатмандиро яке аз хислатҳои хуби инсонӣ ҳисобидааст ва онро ҳирси муқобил гузоштааст. А. Сино дар одоби муомила риоя намудани хоксориро қайд намуда, маънои онро нисбат ба худ серталаб будан, ба рафтору дониши худ аз нигоҳи танқиб баҳо додан, ҳавобаландӣ накардан, мағрур набудан шуморидааст. Одам ҳар чи қадар маъданӣ бошад ҳамон қадар хоксор мешавад.

           А. Сино саховатмандиро яке аз хислатҳои хуби инсонӣ шуморидааст. Сифатҳои шахсӣ барои ҳар як шахс хосанд, чунки одам табиатан нек аст ва кӯшиш менамояд, ки бо эҳтиёҷмандон ёрӣ расонад. Саховат бояд беғаразона бошад ва ба мақсади нек нигаронида шуда бошад.

4с. А. Сино рашк, худписандӣ, гушнанишинӣ, гумроҳӣ, оҷизу нотавонӣ, бо мардум доду гирифт намуданро танқид намудааст. А. Сино тарафдори дӯстии байни одамон ва халқҳо буд. Ӯ дар симои дӯстии халқҳ қувваи бузург, пешравии ҷамъият, таҳкурсии вақти одамонро медид ва тарафдори дар байни одамон будани дӯстии ҳақиқӣ буд.

                 Ӯ гуфтааст, ки дӯстии ҳақиқӣ одамро сарбаланд мекунад, руҳашро баланд мебардорад. Дӯстӣ барои одамон чун боду ҳаво зарур аст. Вале чунин дӯстоне, ки с амимию пойдор бошад. Барои пайдоиши дӯстӣ самимият лозим аст. Дӯстӣ самимият он аст, ки дӯстон аз якдигар таъма надоранд, ба якдигар меҳрубону дилсӯзанд. Онҳо хурсандии ҳаёт, сахтию бадбахтиҳои онро бо ҳам мебинанд.

            Барои пойдоргардии дӯстӣ ва вафодории дӯстон лозим аст. Вафодорӣ ва садоқат дӯстиро мустаҳкам менамояд.            А. Сино таъкид кардаст, ки агар дӯстат ба душманат муносибат кунад, дӯстӣ пайдо кунад, дигар аз ӯ умеди дӯстӣ нест ва чунин мисраҳои шериро гуфтааст:

    Бо душмани манн чу дӯст бисёр нишаст,

    Ба дӯст набоядам дигар бор нишаст.

           Сино бахтро дараҷаи камолот ҳисоб карда гуфтааст: ҳар як шахс бояд барои ба даст овардани он кӯшиш намояд, ва ин ба рафтору одоби инсон вобаста аст. А. Сино ишқу муҳаббатро дар ҳаёти инсон зарур ва пурқимат шуморидааст ва гуфтааст, ки фақат ишқи тарафайн асоси бахт шуда метавонад. Ба гуфтаи А. Сино таълиму тарбияи мунтаъзам аз синни 6 – солагӣ сар мешавад. Зеро ин синну сол кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ барои таълиму тарбия ва гирифтани дониш таёр аст. Давраи бачагиро аз 6 – солагӣ ҳисоб кардааст.

         Сино тарафдори тарбияи коллективӣ буд, гуфтааст, ки ҳар як падар бояд фарзандашро ба мактаб супорад. Вазифаи мактаб аз он иборат аст, ки рафтор, гуфтор ва кирдори некро тарбия намояд. Дар мактаб бачагон дӯстӣ кунанд, ба якдигар ёрӣ расонанд, дар азхудкунии дониш мусобиқа кунанд. А. Сино ба нақши таълим дохил кардани Қуръон, забони модарӣ, таърих, география, тарбияи ҷисмонӣ ва адабиётро зарур шуморидааст. Омӯзонидани се намуди инро пешниҳод кардааст:

1. Сиёсатмандию ҷамъиятчигӣ, ки маҳсули ақл аст.

2. Ҳунари нависандагӣ.

3. Ситорашиносӣ – физика, ҳунари чорводорию тирандозӣ.

                А. Сино омӯхтани илмро хело зарур дониста ва гуфтааст, ки дониш одамро ба мартабаи баланд мерасонад. Муроди инсон танҳо аз омӯхтани илм натанҳо ғизои рӯхӣ гирифтан аст, балки онро дар ҳаёт тадбир карда мешавад.

              А. Сино ба мавқеи муаллим дар таълиму тарбияи хонандагон баҳои хело баланд додааст. Ба ақидаи ӯ муаллим бояд хирадманд, донишманд, хушахлоқ бошад. Методҳои таълиму тарбияро донад, майлу хоҳиши ба бачагонро ба хондан зиёд кунад, психологияи бачаро донад. Ин ба муаллим имконият медиҳад, ки шавқу ҳаваси хонандагонро ба назар гирифта, ба донишомӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии онҳо ёрӣ расонад.

                                         Адабиёт.

1. Х. Афзалов, Б. Раҳимов. Таърихи педагогикаи тоҷик. Душанбе маориф 1994.

test

Добавить комментарий