Акидахои педагогии Саъдии Шерози (1204 – 1282)

                                       Нақша:

1. Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Саъдии Шерозӣ.

2. Саъдии Шерозӣ дар бораи илму ҳунар.

3. Саъдии Шерозӣ дар бораи тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ ва меҳнатӣ.

4. Саъдии Шерозӣ дар бораи омӯзгор.

1с. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1204 дар Шероз пой бар арсаи зиндагӣ мондааст. Таълими умумии худро дар ин шаҳр гирифтааст. Баъд дар мадрасаи Низомияи Бағдод дониши худро дар илмҳои замони гуногуни худаш такмил додааст. Пас аз хатми мадраса ба сафари мамалакатҳои машҳури он замон баромадааст. Ӯ ба Ироқ, Шом, Ҳиҷоз, Байтумуқаддас, Яман, Африқои Шимолӣ, Хоразм, Балх, Ғазна, Ҳинд ва ғайра сафар намудааст. Тақрибан баъди сафарҳои дуру дароз соли 1249 ба зодгоҳи худ шаҳри Шероз бар мегардад. Дар натиҷаи ин сафарҳояш Саъдӣ «Бустон» ва «Гулистон» – ро менависад.        С. Шерозӣ соли 1292 дар синни 81 солагӣ дар зодгоҳаш дунё то абад падруд мегӯяд. Оромгоҳи Саъдӣ ҳоло зиёратгоҳи ҳазорон соҳибдилон ва дӯстдорони илму адаб аст. Саъдии Шерозиро бе ягон шаку шубҳа яке аз бузургтарин сухангӯи ҷаҳон мебошад.

        Саъдии Шерозиро метавон бузургтарин мураббӣ ва муаллими ахлоқии эронинажод дар ҷаҳон донист. Осори ӯ саршор аз панду ҳикмат, ахлоқу атво, ростиву дурустӣ, хушгӯиву саховат, адолату эҳсон ва дигар рафтору адолату кирдори нек иборат аст. Чунончи, ӯ гуфтааст:

  Сухани Саъдӣ мисол асту панд,

  Ба кор одат гар шави кор банд.

        Саъдии Шерозӣ ақидаҳои педагогии худро дар «Бустон» ва «Гулистон» баён кардааст. «Гулистон» аз 8 боб иборат аст. Дар ҳар як боб нуқтаҳои даркориро дар боби ӯ дар бораи таълиму тарбия, ахлоқ пайдо кардан мумкин аст. Боби ҳафтуми «Бустон» бо номи «Дар таъсири тарбият» низ ба дин бахшида шудааст. Саъдӣ ба қувваи таълиму тарбия дар ташаккулёбии шахсияти инсон боварии комил дошт Чунончи дар боби 7 – уми «Бустон» гуфтааст. Писарро хирадманд ва паҳрезкор ба воя расон ва касбу пеша мувофиқи имконият ёд деҳ.

2с. Мақсади асосии барномаи таълимиро Саъдии Шерозӣ дар тарбия, ахлоқ, омӯхтани касбу ҳунар донистааст. Чунончи ӯ фармудааст: Ҳокиме писарро панд ҳаме дод, ки ҷонони падар ҳунар омӯзед, ки мулк ва давлати дунё эътимодро намояд. Ба симу зар сафар хатар аст ё дузд ба як бор баробар ё хоҷа ба тавфиқ бихӯрад, аммо ҳунар чашмаи зояндаест ва давлати поянда.

         Агар ҳунарманд аз давлат афтад ғаме набошад, ки ҳунар дар навбати худ давлат аст. Ҳунурманд ҳар ҷо равад қадр бошад ва дар курсӣ шинад ва беҳунар дар қафошинад, луқма чинад ва ҳастӣ бинад.

       Дар ташаккулёбии шахсияти инсон Саъдии Шерозӣ нақши тарбия, таълим, илму дониш, муҳит ва дигар омилҳоро муҳим мешуморид.

   В – одамиро, ки тарбия накунӣ,

   То ба садсолагӣ харе бошад.

        Чунончӣ Саъдии Шерозӣ дар як ҳикояти худ дар «Гулистон» овардааст: Подшоҳе писари худро ба мураббӣ месупорад, то ин ки дар қатори фарзандонаш тарбия намояд. Мураббӣ ин хоҳиши подшоҳро ба ҷо овард. Баъди гузаштани замоне фарзанди мураббӣ хушахолқ ва хирадманд шуданд ва писари подшоҳ чизе надид. Подшоҳ аз ин вокеа ғамгин шуда мураббиро сарзаниш мекунад мураббӣ ба подшоҳ ин хел ҷавоб медиҳад. Ба руҳи Худованди замин пӯшида намонад, ки тарбия яксону якранг аммо табиатҳо гуогунанд.

  Писарро наку дору роҳат расон,

   Ки чашмаш намонад ба пеши касон.

   Ҳар он кас, ки фарзандро ғам нахӯрд,

  Дигар кас ғамаш хӯрду бадном кард.

3. Мутафаккири бузург дар ашъори худ дар бораи навъҳои тарбия сухан ронда, барои дуруст тарбия намудани насли наврас се навъи тарбияро зарур шуморидааст: тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ ва меҳнатӣ.

           Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бар меояд, ки Саъдӣ дар такомули инсон тарбияи фикриро дар ҷои аввал гузошта, барои инсон чӣ гуна аҳамият доштани онро борҳо таъкид карда буд. Саъдӣ пешрафти ақлро барои ҳосил намудани сифатҳои неки ахлоқӣ зарур шуморида инкишофи ақли бачагонро бо тарбияи ахлоқии онҳо вобаста намудааст. Тарбияи ахлоқии насли наврас дар таълимоти педагогии Саъдӣ мавзӯи асосӣ ва марказист. Мутафаккир масъалаҳои тарбияи ахлоқиро мувофиқи ақидаҳои инсонпарварии худ ҳал кард. Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқиро Саъдӣ дар насли наврас тарбия намудани ҳисси инсондӯстӣ, ғамхорӣ кардан дар ҳаққи инсон ва ҳурмат намудани шаъну шарафи фард иборат донистааст.

           Яке аз муҳимтарин вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ, ба ақидаи Саъдӣ, дар насли наврас тарбия намудани ҳисси хоксорӣ мебошад. Саъдӣ роҳ надодан ба худтаърифкунӣ, қабул кардани маслиҳат ва танқиди дӯстон, худдоӣ кардан айбҷӯию ғайбати дигарон ва нигоҳ доштани иззати нафсро сифатҳои асосии одами хоксор мешуморид. Ба ақидаи ӯ одами хоксор ва донишманд  ҳеҷ гоҳ ба бузургию фазилати худ ишора намекунад, чунки сифатҳои беҳтарини инсонӣ худ аз худ аз рафтору гуфтори одам зоҳир мегардад ва ҳеҷ гоҳ ба таърифу тавсиф эҳтиёҷ надорад.

            Хулоса, Саъдӣ мехост тавассути осори панду насиҳатомези худ насли наврасро дар рӯҳияи хушахлоқӣ, хушрафторӣ, хушгуфторӣ, адабу муомилаи нек, рафтору гуфтори шоиста, хоксорӣ, фурӯтанӣ, дӯстию рафоқат ва дигар идеалҳои ахлоқӣ тарбия намудааст.

          Тарбияи меҳнатӣ ва омӯхтани касбу ҳунар дар афкори педагогии Саъдӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Ӯ тарбияи меҳнатиро барои ба ҳаёт тайёр кардани насли наврас зарур шуморид. Ӯ борҳо таъкид кардааст, одаме ки ба меҳнат одат накардааст ва ягон ҳунар наомӯхтааст, дар зиндагӣ ба мушкилотҳо дучор мешавад.

4.Саъдии Шерозӣ дар осораш ду намуди муаллимро нишон додаст. Гурӯҳи якум бисёр бадфеъл, бадқаҳр, бераҳм ва мардумозор аст, ки ҳатто бачагони бегуноҳро барои шӯхии бачагона ҳам бераҳмона ҷазо ва азоб медиҳад, гурӯҳи дуюм накӯкор, хушахлоқ буда касеро озор намедиҳад, вале бисёр камталаб буда, бачагонро ба хониши ҷиддӣ, ба саъю кӯшиш, бо риоя намудани интизом маҷбур карда наметавонад. Бинобар ин бачагон ӯро писанд намекунанд ва аз таълими ӯ баҳра намегиранд. Ба ҳурду гурӯҳи муаллимон ҳам Саъдӣ муносибати манфӣ дорад. Ӯ махсусан гурӯҳи дуюмро сахт маззамат кардааст:

     Устоди муаллим чу бувад безор,

     Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.

            Гурӯҳи якумро, ки бадфеълу бераҳм буда кӯдаконро ҷазо медиҳад. Саъдӣ афзалтар шуморида, аз номи шахси ҷаҳондида чунин гуфтааст:

        «Ҷаври устод беҳ аз меҳри падар».

              Албатта Саъдӣ ҳамчун инсони инсонпарвар ба бачагон шаттаву шаллоқи муаллимро раво намеднист. Вале дар зери таъсири замон барои босавоб ва боодоб шудани бачагон ӯ ҷазои ҷисмониро рад намекард, ки ин маҳдудияти ақидаҳои ӯ буд.

                              Адабиётҳо:

1. Х. Афзалов, Б. Раҳимов. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. Душанбе маориф 1994.

2. «Бустон» ва «Гулистон».

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.