Масъалахои таълиму тарбия дар Авесто

                                       Нақша:

1. Китобат шудани Авесто.

2. Авестои замони Сосониён аз замони Ҳахоманишиҳо бо фарқияташ.

3. Масъалаи таълиму тарбия дар Авесто.

             Дар замони Сосониён Маздоясно дини расмии мамлакат ва миллати мо буд. Вожаи Маздоясно авестоӣ буда, маздо ба маънои Худованди доно ва ягона аст ва ясно ситоишро ифода мекунад. Дини зардуштиро ойини Маздаясно мегуфтанд. Дини ориёиҳо Маздоясно буд ва онро ба ҳеҷ дини дигар иваз накарда буданд. Барои ҳимоя аз динҳои дигари (насронӣ, буддоия) бегона ойини Маздаясно дар Тоҷикзамин – Эронзамини Ғарбӣ дини расмии давлатӣ эълон карда шуд.

          Китоби Авесто дар замони Ҳахоманишиҳо дар 12 ҳазор пӯсти гов бо ҳуруфи тилло навишта шуда буд ва дар давраи истилои Искандари Макдунӣ сузонида шуд. Бори дуюм дар замони Ашкониён кӯшиши ҷамъ овардану китобат намудани он карда шуд, аммо ин корро ба охир оварда натавонистанд ва дар замони Ардашери I ва Шопури I гирдоварӣ ва китобати Авесто ба охир мерасад.

         Авестои замони Ҳахоманишиҳо да 22 наск – китоб ва 1200 боб иборат буд ва дар замони Сосониён танҳо 347 боби онро барқарор карда тавонистанд. Дигар бахшҳои гумшударо гирд оварда натавонистанд, аммо дар замони истилои араб Авестои замони Сосониён низ сузонида мешавад ва имрӯз дар дасти мо ҳамагӣ 73000 вожаи он асту халос, ки аз 5 дафтар – китоб: Готҳо – Ясно, Виспарад, Яштҳо, Хурд Авесто ва Вандидод иборатанд. Аз инҳо танҳо китоби Вандидод пурра боқӣ мондааст. Дигар китобҳо махсусан Яштҳо комил нестанд. Яштҳо достонҳо дар бораи Худои бузург Аҳура Маздо, фариштагон – эзидҳо, подшоҳон, унсурҳои поку муқаддаси гузаштагони мо ориёиҳо мебошанд, ки бо ҳозораи  IV – II – и пеш аз милод нисбат доранд.

           Халқи тоҷику форс ба гурӯҳи халқҳои қадимаи дунё дохил буда таърихи кӯҳан доранд. Дар бораи аз сарчашмаҳои муқаддаси дини Зардушт «Авесто» шаҳодат медиҳад. Аввалин мафҳумҳои педагогӣ аз ҷумла тарбия, ахлоқ, одоб, дониш, касбу ҳунар дар Авесто хеле хуб дарҷ гардидааст. Дар Авесто ба тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон аз ҳама бештар эътибор додаанд. Асоси дини зардуштиро ростию росткорӣ, некию дастгирии мазлумону камбизоатон ташкил медиҳад. Дини зардуштӣ роҳу равиши ахлоқии инсонро дар зиндагӣ аз рӯи принсипи инсондӯстӣ чунин муайян кардааст:

1. Аз рӯи андешаи нек – нуқтаи асосии ин некӣ кардан аст.

2. Аз барои гуфтори нек – санҷидаю дониста гуфтан.

3. Аз барои кирдори нек – рафтори нек, инсондӯстӣ.

4. Аз рӯи фармонбардорӣ ҳастам.

            Дини зардушти одамонро бо фаъолиятнокӣ, ҷасурию далерӣ, меҳнатдӯстӣ, ки меъёрҳои мусбии ахлоқианд, даъват намуда, танбалию сустиро, бадию зиштиро аз манбаъҳои Аҳриман шуморидааст. Одам бояд худро аз ин хислатҳои Аҳриманӣ (худои бадӣ – торикӣ) ба канор гирад. Хусусияти ахлоқӣ дар таълимоти зардушти бо риояи тартибу интизом даъват намудани одамон аст. Нафароне, ки интизоми ҷамъиятро вайрон мекунанд чун дуруғӯён ва ҷодугарон аз сипоҳи Аҳриман мешуморвнд. Зардуштиён пойдории аҳду паймонро аз меҳр медонистанд, онҳо тавонгарӣ, хуррамӣ, беҳрӯзӣ, некномӣ, пирӯзӣ дониш ва устуворӣ меписандиданд. Асоси маданияти оини Авестоӣ аз мафҳумҳои ахлоқии муҳаббат, некӣ, одамон, интизом иборат буд ва барои ҳар яки онҳо дар Авесто савобҳои фаровон ваъда дода шуда буд.     

           Авесто тахминан дар асрҳои VIII – VII пеш аз милод навишта шудааст. Авесто на танҳо китобт муқаддаси дини зардушти аст, балки яке аз асарҳои мукамалӣ философӣ, ахлоқӣ, педагогӣ ва психологӣ ба ҳисоб меравад. Мазмуни Авесто пеш аз ҳама тарбияву ташаккулёбии шахсияти инсонро инъикос менамояд. Дар Авесто дар бораи вуҷуддории мактаб ва таълиму тарбия дар байни қавмҳои тоҷикону форсҳо далелҳои зиёде оварда шудааст. Дар байни зардуштиён муаллим, устод обрӯю эътибори зиёд дошт. Махсусан дар байни шогирдон (дар ҷойи нишасти муаллим ҳуқуқи нишастани ягон кас надошт). Моҳияти асосии таълимоти Авесто ин ҳаёти инсонро некӣ ва мубориза зиддӣ бадӣ ташкил медиҳад.

           Дар китоби Авесто ба тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб низ диққати калон дода шудааст. Вобаста ба он ки одамони замони Авестоӣ ба зироаткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ бештар машғул буданд, вазифадор карда шуда буданд, ки калонсолон ин касбҳоро ба наврасону ҷавонон меомӯзониданд. Дар Авесто ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ низ диққати ҷиддӣ дода шудааст. Ба наврасону ҷавонон аспсаворӣ, гуштингирӣ, ҷавгонбозӣ, шамшерзанӣ, гурзпартоӣ омӯзонида мешавад. Мақсади тарбияи ҷиддии ҷавонон эътибор додан, яъне дар шароити хунукӣ, гармӣ ва гуруснагӣ нигоҳ доштани онҳо бояд тоқатовар бошанд – аз ониборат буд, ки ҷавонони далер, боқувват, чолок, қаҳрамон ба камол расонида шаванд. Онҳо чунин мисраъҳои шеъриро такрор мекарданд:

   Сахт номи манн,

   Сахттар номи манн.

   Тунд номи манн,

   Тундтар номи манн.

        Авесто ба хати диндабира, ки дорои 44 ҳарф мебошад, навишта шуда, комилтарин алифбои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Асоси таълимоти Авестоиро ростию росткорӣ, ростқавлӣ мебошад, ки ин асоси таълимоти пайғамбари ориёиҳоро ташкил медиҳад. Қиблаи зардушт оташ аст, аммо ин оташи оддӣ нестӣ вай оташи улвӣ аст. Оташ рамзи покӣ, ҳаёт, рушноию гармии илоҳӣ дар рӯи замин аст: …

   Мапиндор к – оташпарастон буданд,

  Парастандаи поки яздон буданд. (Фирдавсӣ).

       Олимони диншиноси ҷаҳон таълимоти ойини Авестоӣ баҳои баланд додаанд, зеро вай таълимот дар бораи ободии ҷаҳон ва зиндагонии инсонҳо мебошад. Авесто маҷмӯаи маълумотҳои динӣ, фалсафӣ, ҷуғрофӣ, одоби шеърӣ ва таърихист. Маънои калимаи Авесто, Абастоғ, Абасто, Авасто, Апаста, Афасто, Бустоқ, Исто, Васто, Сто ва ғайра ба назар мерасад.

          Дар Авесто тарзи ҳаёти қадимаи эронинажод, донишҳои андӯхтаи онон дар соҳаҳои гуногуни илм, фалсафа, ҳуқуқ, тиб, ҷуғрофия, математика, нуҷум, ситорашиносӣ, таърих, забону адабиёт ва ғайра инъикос ёфтааст.

          Авесто дар ду нусха, бо оби тилло навишта шуд, як дар хазинаи шоҳӣ дигараш дар маъбад нигоҳ дошта мешуд. Асрҳои VIII – X давраи бедори халқҳои ориёножод буд. Асрҳои         XVI – XVIII барои халқи тоҷик давраи пастравии фарҳанг ва иқтисодиёт буд. Ҷангҳои хонҳои муғулнажод бо якдигар мамлакатро рӯз то рӯз хароб ва илму фарҳангро ба нестӣ мебурданд.

           Омӯзиши Авесто аз тарафи Европоиён (олимони фаронсавӣ Дюперон соли 1759 омӯзиш сар кард) ва Эрониён Авесторо ба хати арабӣ ва забони тоҷикӣ – форсӣ тарҷума карданд (Эрониён – Пури Довуд, Меҳрдоди Меҳрин, Ҳошими Розӣ, Муҳаммад Муин, М. Навободӣ, К. Ҷомоснӣ, Ф. Ҷунайдӣ, Ҷ. Дӯстхоҳ, А. Ҷаъфарӣ).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.