Акидахои педагогии Абуабдуллохи Рудаки (858 – 941)

                                                  Нақша:

1. Зодгоҳ ва айёми ҷавонӣ.

2. Рӯдакӣ асосгузори адабиёти тоҷику форс.

3. Ташаккули шахсият дар пандҳои Рӯдакӣ.

4. Эҷодиёти А. Рӯдакӣ.

5. Илму дониш дар эҷодиёти А. Рӯдакӣ.

             Абӯабдулло Ҷаъфар Муҳаммади Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаст. Ӯ таҳсили илми худро дар мадрасаҳои шаҳри Самарқанд гирифтааст. Маҳз меҳнатдӯстӣ ба ӯ имконият доданд, ки илму адаби замони худро аз бар намояд ва ба эҷодиёти хеш машҳури ҷаҳон гардид.

          Маҳз бо сурудҳои дилпазиру оламгири худ, ӯ ҳамчун шоири бузург, устоди илму адаб, носеҳи хирадманд, асосгузори шеъру адаби форсу тоҷик ба таърихи фарҳанги форсизабонони дунё дохил шудааст.

         Аз даврае, ки асосгузори назми классики тоҷик Рӯдакӣ зиндагӣ ва эҷод мекард, асрҳои бисёре беш аз ҳазор сол гузаштааст. Дар зарфи ин асрҳо номи Рӯдакӣ доимо ифтихори маданияти тоҷик боқӣ мемонд. Баъзеҳо Рӯдакиро дар асоси соддагии назмаш маломат мекарданд. Масалан, Давлатшоҳи Самарқандӣ муаллифи «Тазкират – уш – Шуаро» (соли 1486 тартиб додаст) барои соддагии назми шеъри Рӯдакӣ ӯро маломат мекунад.

            Нависандаи барҷастаи асри XII шоир ва воқеанавис Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар баҳси чандинасра шарик шуда ва дар ҳимояи Рӯдакӣ камар баста мегӯяд:

     «Эй, он ки таън кардӣ шеъри Рӯдакӣ,

     Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.

     К – он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

     Соҳибқирони шоири устод Рӯдакист.

            Шоири бузург А. Ҷомӣ (1414- 1492) пас аз 500 соли марги Рӯдакӣ дар яке аз асарҳои худ чӣ бар зидди муосири худ Давлатшоҳ ва чи бар зидди шоирони қасидасарои дарбори бархоста нишон медиҳад, ки бузургии Рӯдакӣ на дар «мадҳи Сомониён», балки дар «назмҳои ҳамчу дураш», яъне дар истеъдод ва санъати ҳақиқии шоир мебошад….

             Ҳамин тариқа аз рӯзҳои авали пайдо шудани Ҳокимияти халқи тоҷик сардафтари адабиёти тоҷик – Рӯдакӣ бо ифтихормандӣ ёдоварӣ карда мешуд. Ашъори Рӯдакӣ меҳру муҳаббат дигар халқҳоро низ (Шарқи миёнаро) ифода мекунад: олими Эронӣ Саиди Нафиси китоби барҷаста дар бораи Рӯдакӣ, олими афғон Жубл, олими ҳиндӣ Шиблии Нӯъмонӣ, асарҳои тадқиқотии асосгузори адабиёти советии тоҷик            С. Айнӣ гувоҳи ин фикрҳост.

             Халқи тоҷик ҳақ дорад бо ифтихормандиии бузург устод Рӯдакиро асосгузори назми классики тоҷик номад… Муҳаммад Авфӣ муаллифи «Лубоб- ул Албоб» (с. 1221) қадимтарин тазкираи то замони расида менависад. Рӯдакӣ аз сини 8 солагиаш ба шергӯи сар кардааст. «Ӯро офаридгор овози хубу савте дилкаш дода буд ва бо овози дилкаш ба мутриби низ даст задаст. Борбатро  хеле хуб менавохт.   

              Рӯдакӣ дар ташаккули шахсият ва муҳитро амали асосӣ мешуморид. Тарбияи инсон ба ақидаи ӯ бояд ҳаматарафа бошад. Инсон пеш аз он ки ба камол расад бояд тарбияи ҷимонӣ, ахлоқӣ ва фикрӣ гирад:

     Чаҳор чиз маар – озодаро зи ғам бихрад,

    Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.

          Хирад ва донишро яке аз сарчашмаҳои асосии инкишофи ақли инсон мешуморад. Дар сурудҳои чорабиниҳои ин марди бузург масъалаҳои тарбияи насли наврас, ахлоқу одоб, омӯхтани илму ҳунар, донишомӯзӣ ва ғайра мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҷаҳонбинии шоир характери динӣ дошта, вале аз идеяҳои диалектикӣ ва пешқадам низ бархӯрдор аст. Ӯ дунё ва ҳаётро падидаи тағирёбанда ва аз як зина ба зинаи дигар гузаранда тасвир намудааст. Зиндагӣ дар назари шоир якнавохт нест. Ӯ дар кӯҳаншуданҳо, навшавии ҷой, вайрониҳоро гирифтани ободониҳо ва баръакс бо харобиҳо мубаддал гардидани ободиҳо ва тазоди табиат ҳаракати доимии ҳаёт ва мавҷудотро мебинад.

              Аз баски шодӣ ва хурсандии ҷаҳон низ пойдор нестанд, инсон бояд ки фурсатро ғанимат шуморид, аз лаҳзаҳои гуворо дуруст барҳам гирад, тинати пок, ахлоқи нек, корҳои хуб, тараҳум ба дармондагон, меҳр варзидан ба мардум, хизмат ба халқ ва хуш гузаронидани умр зиндагии худашро пурмазмун гардонад. Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рӯдакӣ мазмунҳои умумишиносӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шафқат, рафоқату дӯстӣ ва кӯшишу кор ҷои асосиро мегиранд. Шоир бо ин роҳ дар тарбия намудани инсони комил ва парвандаи ахлоқи хуб то имрӯз ҳисса мегузорад.

             Ӯ ақли донишро ба тарзи шоирона чашми дил меномад ва панд медиҳад:

    Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон, 

    Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

   Бад- ин ошкора бубин ошкор,

   Ниҳонетро бар ниҳони гумор.

            Азбаски Рӯдакӣ дар ташаккули шахсияти баркамол зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон барои пешрафт ва ҳалли мушкилиҳо мешуморад, даъват менамояд, ки ҳар як шахс онро омӯзад. Шоир таъкид мекунад:

    Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

    Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

           Вале таҷрибаи рӯзгорро фақат аз рӯи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Фарҳанг дараҷаи олии пайвастагии ақл, дониш, маърифат, одоб ва маданият мебошад. Шоири инсондӯст ташаккули шахсиятро чун муаллими ахлоқ тарафдори он аст, Ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоқи нек, ҳунар ва дараҷаи илму дониш номбардори падару модар, аҷдод, миллат ва халқу Ватани худ бошад. Фарзандон на бояд ба аслу насаби худ мағрур шаванд, зеро аз донишу хирад ва орӯи падарон ба фарзандони ноқобилу нолоиқ нафъе нест:

    Эй дареғо, Ки хирадмандро,

    Бошад фарзанду хирадманд не.

    В – арчи адаб дораду дониш падар,

    Ҳосили мерос ба фарзанд не.

           Дар панду ҳикматҳои Рӯдакӣ масъалаҳои ташвиқи далерию мардӣ, меҳр варзидан ба инсонҳо, муҳаббат ба кишоварзу ҳунарманд, кӯшишу кор, некӣ, саховат, дӯстию рафоқат, шафқату мурувват нисбат ба дармондагон ва амсоли онҳо ҷои муҳимро мегирад. Аммо шоир қаноат, сабр, бурдборӣ, тавозӯъ, фурутани ва хоксориро бар маҳдуд гардонидани нафс худориро аз бадию зишти тарғиб менамояд:

     Гар ба сари нафси худ амири мардӣ,

     Бар куру кар ҳар нуқта нагирӣ мардӣ.

     Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

     Гар дасти фитодаро бигирӣ мардӣ.

          Ба ақидаи Рӯдакӣ барои инкишофи шахсияти инсон бар замми омӯхтани дониш ва ба кор бурдани таҷрибаи рӯзгор тани сиҳат, феълу атвори нағз, номи нек ва хирад низ зарур аст.

      Чаҳор чиз маар озодаро зи ғам бихарад,

      Тани дурусту хуи неку номи неку хирад.

      Ҳар он Ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзи кард,

      Сазад, Ки шод зияд ҷовидону ғам нахарад.

           Пандҳои Рӯдакӣ бисёр гиро пуртаъсиранд. Чунки онҳо баробари ҳикматомез будан бо суханҳои обдор, санъати баланд, афкори фалсафӣ ва ташбеҳҳои равшан эҷод гардидаанд….

            Эҷодиёти Рӯдакӣ аз 8 солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Ӯ аз зумраи шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъами «Калила ва Димна» – ро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт боқист. Баъди ин «Синбоднома» – ро менависад. Соли 933 қасидаи «Модари май» – ро дар чанд рӯз мегӯяд, Ки дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Боз 5 маснавии дигар доштааст. Аз ин рӯ Муҳаммад Авфӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне 100 – чил мегӯяд. Шоири асри 11 Рашиди Самарқандӣ сезда раҳ сад ҳазор байт будани шеъри Рӯдакиро хабар медиҳад:

    Гар сари ёбад ба олам кас ба накушоирӣ,

    Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сари.

   Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ раҳ сад ҳазор,

   Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишморӣ.

        Шоири асри XI Асадии Тусӣ, Ки бо Рӯдакӣ қарибулаҳад аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, як саду ҳаштод ҳазор байт гуфтани Рӯдакиро таъкид мекунад, ки ин хабар беш аз ҳама ба ҳақиқат наздик аст:

    Шоир чу гузин Рӯдакӣ он к – аш бувад абёт,

    Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.

        Ин осори беандоза бузурги устод Рӯдакӣ акнун дар ҳудуди ҳазор байт боқи мондаасту бас. Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ қудрати офаридгори устодро намоиш медиҳад….

        Дар мероси адабии то ба мо боқимондаи Рӯдакӣ пеш аз ҳама фикрҳои чуқури фалсафии шоир дар бораи моҳият ва инкишофи олам, ҳаёт ва марг, одам ва мавқеи ӯ дар ҷамъият ва ғайра мушоҳида карда мешавад.

       Хирад ва донишро яке аз сарчашмаҳои асосии инкишофи ақли инсон мешуморад. Илму донишро аз ҳамаи ганҷҳои дунё афзалтар шуморида, инсонро ба донишомӯзи, доништалаби ташвиқ намудааст:

    Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

    То тавонӣ, рӯ бар ин ганҷ неҳ!

Одами донишмандро шоир ба баҳри беканор ташбеҳ кардааст:

    Тана – т яку ҷон якеву чандин дониш,

    Эй аҷабе, мардумӣ ту ё дарёӣ?!

         Хирад ва дониш ба ақидаи мутафккир ду ҷиҳати ба ҳамдигар пайваст мебошанд, ки барои беҳтар намудани ҳаёти инсон ва дар фараҷу пешбиниҳои зиндагӣ мунаввар намудани роҳи он хизмат мекунад. Илму донишро рӯшноии дил, чароғи ақлу хирад донистааст. Ба қавли Рӯдакӣ одами аз давраи пайдоишаш ба илму маърифат эҳтиёҷ доштанд ва ҳеҷ фард аз илмомӯзӣ пушаймон нашудааст ва намешавад. Инсон мекӯшад дар ҳар куҷо бо ҳар забоне, набошад илмомӯзӣ кунад:

     Дониш андар дил чароғи равшан аст,

     В – аз ҳама бад бар Тани ту ҷавашан аст,

           Ба ақидаи шоир хирад чашми дил, чашми ботинии инсон аст, Ки ба воситаи он олами воқеӣ идрок, олами ба чашм ноаён маълум ва ошкор мегардад. Ба ақидаи Рӯдакӣ инсон ҳама чизи заруриро маҳз аз ҳаёт меомӯзад….

      Ҳар кӣ н – омӯхт аз гузашти рӯзгор,

      Низ н – омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Рӯдакӣ донишро чароғи равшани раҳнамо барои инсонҳо гушзод намудааст:

    То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

    Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

    Мардумони бихрад андар ҳар замон,

    Роҳи донишро ба ҳар гунна забон.

    Гирд карданду гиромӣ доштанд,

    То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

    Дониш андар дил чароғи равшан аст,

    В – аз ҳама бад бар Тани ту ҷавшан аст.

           Абуалӣ ибни Сино (980- 1037) мазмуни ду байти охирини шеъри мазкури Рӯдакиро давом дода, дар яке аз шеърҳои бо забони арабӣ навиштааш чунин гуфтааст:

      Ҷон мисоли шиша асту монанди чароғ,

      Қимати инсонро равшан ҳисобидан равост.

                                                                          (тарҷумаи Ҷ. Суҳайлӣ).

 Дере нагузашта Носири Хусрав тасвири офаридаи Рӯдакиро эҷодкорона ба кор бурдааст:

      Тан ба ҷон зиндагист, ҷон зинда ба илм,

      Дониш андар кони ҷанат ҷавҳар аст.

Шоир ба танқиди сахти ҳолат қаноат накарда ба ба эҳтиром даъват мекунад:

      Ин иғдасарӣ ба чӣ кор ояд эй фато,

      Дар боби дониш ин Сухан беҳуда магӯй.

           Таърифу тавсифи илм, тарғиботи илмомӯзӣ мубориза бар зидди душманони дониш – ҳамаи ин шоирро ба муқобили душмани асосии илм – исломи расмӣ, ки фикрҳои пешқадами замонро буғи мекард нахезонда намонданд. Рӯҳониёни мутавсиб ба пешрафти илму дониш кашфи ниҳонии олами мавҷуда имконият намедоданд. Ихтирпокорону навоварон таъқиб карда мешуданд….

              Илму дониш дар ҳама давру замон пешоҳанги ҷамъият аст. Замоне мерасад, ки тавассути илму дониш ҳаёти инсон боз ҳам ранги дигар мегирад. Ба ақидаи Рӯдакӣ номи бузург ва пуршарафи инсонӣ нисбат ба он касест, ки ҳеҷ гоҳ бадхоҳӣ мардум набошад ва дар роҳи зиндагии худ некӣ ва накӯкориро пешаи худ намояд:

    Чӣ хуш гуфт он мард бо он ҳадеш,

    Макун бад ба касс, агар нахоҳӣ ба хеш.

 Шоири инсонпарвар дар осори худ дӯстию бародарӣ, ҳамкорию ҳамнафасиро дар байни одамон талқин намудааст.

         Хулоса, сардафтари адабиёти тоҷику форсу тоҷик Рӯдакии панҷрӯдӣ бо гуфтаҳои худ дар боби тарбия насли наврасро ба омӯхтани илму дониш, ҳаёт, накӯкорӣ, инсонпарварӣ, халқдӯстӣ, сулҳҷӯй, мардонагӣ, поквиҷдонӣ, адолат, саховатмандӣ ва дигар сифатҳои хуби инсонӣ даъват намудааст. Гарчанде аз гуфтаҳои ин бузургвор дар боби тарбия асрҳо гузашта бошад ҳам, вале афкори ӯ дар ин фасл то ҳоло қимати тарбиявию ахлоқии худро гум накардааст.

                                         АДАБИЁТҲО.

1. Таърихи педагогика. Х. Афзалов, Б. Раҳимов.

2. Соҳибқирони шоирӣ – устод Рӯдакӣ. Сталинобод- 1957 (муаллиф: М. Занд).

3. Панд омӯз, то некрӯз гардӣ. Кӯлоб – 1995. М. Набиев.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.