Инкишофи педагогика ва мафҳумҳои асосии он.

 

Чунон ки дар боло зикр кардем, тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то кунун хеле ривоҷу равнақ ёфта омадааст. Дар асоси маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия – илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили илми фалсафа вуҷуд дошт. Сониян педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд, ки дар ин бобат хидмати педагоги чех Ян Амос Коменский (1592 – 1670) басо калон аст.

Илми педагогика чун дигар илмҳо мафҳумҳои асосии худро дорад: инкишоф, маълумот, таълим, тарбия. Нисбати ин мафҳумот ин ҷо мо ба тариқи зайл маълумоти назарӣ медиҳем, зеро онҳо дар қисматҳои дигари китоби мазкур ба таври муфассал ифшо ёфтаанд.

Инкишофи шахсият мувофиқи консепсияи диалектика аз раванди дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ иборат буда, аз давраи тавлиди фард то нафаси охирини шахс тибқи қонунияти анатомӣ – физиологӣ ва рӯҳӣ (психилогӣ) сурат мегирад. Инкишоф аз амалиёти паст ва баланд, аз оддӣ ба мураккаб, аз номукаммал ба мукаммалӣ ноилшавии ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс аст.

Инак, инкишофи инсон – ин раванди ташаккулёбии он фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.

Инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва умумии шахсиятро бояд фарқ кард. Дар таҳти инкишофи рӯҳӣ (психологӣ) рушди зеҳнӣ, ирода, эҳсос, инчунин талабот, қобилият ва феълу атвори шахсият фаҳмида мешавад. Икишофи ҷисмонӣ рушди организм: мушакҳо, қаду қомат, гардиши хун, мутаҳаррикии банду буғумҳо ва ғайраро ифода мекунад. Инкишофи умумӣ рушди муштараки рӯҳиву ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва дигар ҷиҳатҳои шахсиятро фаро мегирад. Шахсият ин натиҷаи қонунии таъсиррасонии мутақобили омилҳои зиёд. Қисме аз ин омилҳо новобоста ба ирода ва шуури шахс каму беш таъсир мекунад. Ба ин табиати биологии шахс, дараҷаи қонунии болоравии истеҳсолот, муносибати иҷтимоӣ, ҳодисаҳои психологияи иҷтимоӣ (талқинёбӣ, тақлидкунӣ ва амсоли инҳо), шаклҳои робитаи байниҳамдитарӣ, шароити микромуҳит дохил мешаванд.

Омилҳои дигаре, ки ба ирода ва шуури одамон кам ва ё беш вобастагӣ доранд, ин идеология, фаъолияти созмонҳо, давлат, муассисаҳои ҷамъятӣ мебошад. Ниҳоят гурӯҳи саввуми омилҳо – ин инкишофи муташаккилона. Дар инкишофи муташаккилона донишу ҳунарҳое дар як муддати кӯтоҳ ёд дода мешаванд, ки дар такомулоти онҳо гузаштагон давру замонҳои тӯлонӣ ба харҷ додаанд. Чунончи, хонандагон дар мактаб қоидаҳои грамматикии забонро дар як муддати муайян (7 – 9 сол) меомӯзанд. Ҳол он ки барои мукаммалу такомулоти он мутахассисон асрҳои аср сарф кардаанд. Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ ташаккули шахсиятро таъмин мекунад.

Маълумот – раванд ва натиҷаи азхудкунии системаи донишҳои илмӣ, маҳорату малакаҳои маърифатӣ ва дар асоси онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва дигар сифатҳои шахсият, инкишофи қудрату қобилияти эъҷодии хонандагон.

Дараҷаи маълумот таҳти қобилияти худомӯзии мунтазам ва сермаҳсули ин ё он соҳаи фаъолияти иҷтимоии шахс намоён мегардад. Малумот тавассути фаъолиятҳои зерин ҳосил мешавад: худомӯзӣ, таҳсил дар курсҳо, лекторияҳо, ахбори оммавӣ, дар истеҳсолот ва ғайра. Аммо роҳи дуруст ва боэътимодноки маълумотгирӣ ин таълими мунтазами муташаккилонааст. Дараҷаи маълумотноки гуногун мешавад: ибтидоӣ, миёна, олӣ. Маълумотнокӣ ба ину он қисмати дониш, мавзӯъ ва ё ягон масъала низ мансубият дошта метавонад: маълумот дар бораи ҷумла, маълумот оиди обу ҳаво, малумот дар бораи ашхос ва ғайра.

Таълим ин раванди мақсаддорӣ якҷояамалкунии муаллим ва хонандагон, ки дар он маълумотгирии шахс таъмин мегардад. Фаъолият ва ҳамкории муаллиму хонандагон барои бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ гардондан ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо, инкишоф додани қобилияти дарккунӣ ва эҷодии хонандагон равона карда мешавад.

Тарбия (парвариш) ба манои махсуси педагогӣ – ин раванд ва натиҷаи мақсаддорӣ таъсиррасонӣ ба инкишоф, муносибат, хислат, сифат, ақида, эътиқод, тарзи рафтори шахсият дар ҷомеа.

Хусусияти хоси тарбия нисбати дигар омилҳои инкишофи шахсият дар он аст, ки тарбиятдиҳанда шуурона мақсади муайян мегузорад ва барои ноил шудан ба он саъю кӯшиш намуда, воситаҳои амалӣ гардонидани мақсадро пайдо мекунад.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.