Мавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он

 

Ҳар фан мавзӯи тадқиқотии худро дорад. Дар педагогика бо анъанаи пештара мавзӯи тадқиқоти педагогикаро тарбия, яъне чӣ тавр ба меҳнат омода кардани насли наврас дар назар дошта мешуд. Аммо инкишофи назарии педагогика чунин муайянкунии мазӯи тадқиқоти фанни мазкурро маҳдуд ва сатҳӣ мешуморад. Сустии муайянкунии мавзӯи тадқиқотии педагогика дар он аст, ки чизи асосӣ – дар кадом асоси педагогика назария ва методикаи тарбияро кор карда мебарояд, муайян намекунад. Мавзӯи тадқиқоти педагогика аз он робитаҳои қонуние, ки байни инкишофи шахсият ва тарбия вуҷуд доранд ва дар ҳамин асос масъалаҳои назарӣ ва фаъолияти тарбиявӣ кор карда мешаванд, иборат аст, гуфтан дуруст аст. Равшантар карда гӯем, мавзӯи педагогика тадқиқоти моҳияти инкишоф ва ташаккули шахсияти инсон ва дар ҳамин асос муайянкардани назария ва методикаи тарбия ҳамчун раванди муташаккилонаи махсуси педагогӣ мебошад.

Чунин саҳеҳи нисбати мавзӯи педагогика барои тадқиқотбаранда ҳам, барои муаллим ҳам оиди ҳамаҷониба сарфаҳмравии раванди инкишофи шахсият, инчунин робитаи тарбия мушаххас муайян мегардад.

Ҳамин тавр, мавзӯи педагогика на фаъолияти маълумот, таълим, тарбия, балки равонакунии таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ташаккулдиҳии шахсият ҳангоми таълим, маълумот ва тарбия мебошад.

Дар инкишофи шахсият беҳтар ба ҳолати рӯҳии шахс эътибор дода мешавад. Зеро ташаккули олами ботинии шахс ба рафтору муносибати вай вобаста аст. Агар таъсирбахшии тарбия чунончи, омӯзиши хониш ба шахсият таъсири мусбӣ расонад, ба вай завқу шавқ бедор мекунад, пеш меравад. Ва, агар баръаксу ин таъсирбахшии тарбия таъсири манфӣ расонад, вай ба ин эътибор намедиҳад, бинобар ин роҳи таъсиррасониро бояд ба харҷ дод. Коркарди ин ғояро инкишофи назарияи педагогика ва методикаи тарбия пеш меронад.

Мавриди коркарди назария ва методикаи тарбия педагогика амиқии механизм, инкишофи шахсият, раванди махсус ташкилкардашудаи тарбияро, ки аз зарурияту талаботи ҷомеа ба миён меояд, бояд омӯзад.

Ин имконияти баҳисобгирии масъалаҳои умдаи назарӣ ва тадқиқотиеро медиҳад, ки фанни педагогика бо онҳо сарукор дорад. Ба ин масъалаҳои зайл шомил мешаванд:

  1. Омӯхтани моҳият ва қонуниятҳои инкишоф ва ташаккули шахсият дар шароитҳои махсус ва ташкилкардашудаи тарбия;
  2. Муайян кардани мақсади табия;
  3. Кор кардани мазмуни тарбия;
  4. Тадқиқи методҳои тарбия.

 

        5.Соҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар.

 

Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яке соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика улуми зерин дохил мешавад:

  1. Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи мактабиёни мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
  2. Педагогикаи синну сол, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педагогикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
  3. Педагогикаи махсус, ки чунин соҳаҳо дорад: тифлопедагогика – масъалаҳои тарбияи кӯдакони нобино ва органи босиравиашон сустро, сурдопедагогика – онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд, олигофренопедагогика – кӯдакони модарзоди заифақл, логопедия – кӯдакони дар нутқ нуқсдор – лакнатзабон (тутулаҳо) – ро меомӯзонад.
  4. Методикаҳои омӯзиш, ки хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончи, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегирад.
  5. Таърихи педагогика – инкишофи ғоя, афкор ва амалиёти фаъолияти тарбиявии марҳалаҳои гуногун ва уламое, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҳиссаи фаъол гузоштаанд, дар бар мегирад.
  6. Педагогикаи оила – ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кӯдакони оилаҳои пешқадамро омӯхта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад.

Инчунин дар солҳои охир бо шиддат соҳаҳои дигари улуми педагогӣ, аз қабили педагогикаи халқӣ, педагогикаи касбӣ, педагогикаи мактаби олӣ, педагогикаи ғарбӣ ва ғайраҳо инкишоф ёфта истодаанд.

Илми педагогика дар равобати илмҳои дигар инкишофу такомулот ёфта меояд. Педагогика аслан бо фалсафа, сотсиология, эстетика, этика, психология, анатомия – физиологияи одам, ҳифзиссиҳа (гигиена), этнография, математика, педиатрия (муолиҷаи касалиҳои бачагона), адабиёти бачагона ва ғайраҳо алоқадор аст. Ин алоқамандиҳо барои чуқур омӯхтани моҳиятҳои тарбия ва коркарди асосҳои назарияи педагогика ёрӣ мерасонанд. Масалан, фалсафа дар коркарди назарияи илмии педагогика нисбати муайян кардани мавқеи аввалини тадқиқоти ҳодисаҳои педагогӣ барои олимон роли методологӣ мебозад. Сотсиология, этика, эстетика ҳам нисбати педагогика аз бисёр ҷиҳат вазифаи методологиро адо мекунад. ғояҳои илмҳои дигар низ бевосита барои коркарди масъалаҳои асосии мушаххаси педагогӣ хизмат мекунанд. Чунончи, ғояҳои психологӣ мавриди коркарди қонуниятҳои ташкили фаъолияти дарккунии хонандагон дар раванди таълим васеъ истифола бурда мешаванд. ғояҳои анатомӣ ва физиологӣ оиди фаъолияти рефлексҳои шартӣ, инкишофи қисмӣ баҳри ифшо намудани асосҳои илмии он дигаргуниҳое, ки тавассути таъсироти ботинии шахс зоҳир мегардад ва ба ташаккули маҳорату малакаҳо ва одат вобастаанд, кӯмак мерасонанд.

Ҳамин тавр, ғояҳои илмҳои дигар, ки мансуб ба одамият доранд, ба педагогика имконият медиҳанд, ки қонунияти тарбияро амиқ ва аз ҳар ҷихат тадқиқ бинмоянд. Нисбати ин масъала К. Д. Ушинский дар пешгуфтори ҷилди аввалини «Антропологияи педагогӣ» чунин оварда буд: «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия кардан ҳоҳад, он бояд пеш аз ҳама ӯро низ аз ҳар ҷиҳат донад»[1]. Бо ин вай барои амиқ омӯхтан ба педагогика зарурати донистани ҳамаи маълумотҳои илми антропологиро (ташаккул ва инкишофи биологии инсонро) тавсия додааст.

Ҳамчунин педагогика ҳам ба инкишофи илмҳои номбурда таъсири худро мерасонад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.