Қонунияти умумии инкишоф

1.Раванди инкишофи шахсият.

 

Раванди инкишоф – ин дигаргунии миқдорӣ ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти биологӣ ва ҳамчун иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ (сохти ҷисм), биокимиёӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рӯҳӣ ва ақлонӣ хос аст.

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад. Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ӯ бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робитакунӣ бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар системаи иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият бо андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ, аз як тараф ва андозаи бо алоқадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузоштан, аз тарафи дигар, муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад, хусусиятҳои ботини табиат гузошта ва шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо диҳад.

Инкишофи одам – ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рӯҳии одам айёми кӯдакӣ ва ҷавонӣ бошиддат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағйироти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Хусусияти ин ҷараён бо роҳи диалектикии аз тағйироти миқдорӣ ба дигаргунии сифати ҷисмонӣ, психологӣ ва маънавӣ гузаштани шахсият мебошад.

Намояндагони ҷараёнҳои гуногуни файласуфӣ ин тарзи инкишофро гуногун маънидод мекунанд, аз бисёр ҷиҳат ин раванд ҳалли пурраи худро пайдо накардааст.

Инкишофи одам раванди табиӣ, идоранашаванда, худбахудрӯйдиҳӣ; инкишоф новобаста аз шароити зиндагӣ ва фақат аз «иқтидори модарзодиаш» муайян карда шудааст; инкишофи одам ба кисмати ӯ вобастагӣ дорад, ки ҳеҷ кӣ ва ҳеҷ чӣ ӯро тағйир дода наметавонад, – ин фикри қисми ками намояндагии фалсафаи идеалистист.Фалсафаи диалектикии материалистӣ маънидод мекунад, ки инкишоф ҳамчун хосияти материя дар ҳаракат ва худҳаракаткунӣ мебошад. Дар инкишоф кӯҳнаҳо нест мешаванд ва навҳо ба вуҷуд меоянд. Одам аз ҳайвон дар ҳаёт бо қобилияти ақлаш (шуурнокӣ) фарқ мекунад, одам ба воситаҳои меҳнат мавҷудияти худро бунёд мегардонад.

Қувваи ҳаракаткунандаи инкишоф ин муборизаи мухолифатҳо мебошад. Мухолифатҳо (зидият) ба «муҳаррики абадӣ» шабоҳат доранд, онҳо мунтазам барои азнавтағйидиҳӣ ва навкунии нерӯи тамомнашаванда мадад дода меистанд. Мухолифатҳо ин ба ҳамдигар бархӯрда, дар ибтидо низои муқобилиятӣ нишон медиҳанд. Ба одам кофтану фикр кардани онҳо шарт нест, онҳо дар ҳар қадам ҳамчун оқибати талаботи дигаргуншавии диалектикӣ баҳри тавлид намудани инкишоф пайдо мешаванд. Ҳа, худи одам ҳам пур аз мухолифатҳо мебошад.

Мухолифатҳо дар ҳаракати инкишофи оммаи одамон бисёр ва ба инкишофи баъзе одамон хосанд. Хусусияти универсалӣ доранд, мухолифатҳо байни пайдошавӣ бо таъсири омилҳои объективии талаботи одам, аз маводи оддӣ сар карда то ба охири баландтарини рӯҳӣ ва имкониятҳои қаноатмандгардонии онҳо давом мекунанд. Мухолифиятҳои пайдошудаи вайронкунии баробарвазнӣ байни ҷисму муҳит, ки ба дигаргунии рафтор меоранд, ба мутобиқшавии организм ҳам ҳаминтавр хусусият доранд. Мухолифатҳои ботинӣ дар заминаи «норизоӣ бо худ» пайдо мешаванд ва ба ангезонидани инфиродии одам, вале зоҳирӣ – бо қувваи ҳавасмандгардонӣ аз берун бо муносибати одам бо дигарон, ҷомеа, табиат ба миён меояд. Яке аз мухолифатҳои асосии ботинӣ ба шохаҳо ҷудошавии байни пайдошавии талаботи нав ва имконнопазирии – қонеъгардонии онҳо мебошад. Масалан, дар байни саъю кӯшиши талабагони синфҳои боло ҳангоми иштирок кардан дар рафти корҳои оммавӣ ва истеҳсолӣ, ки инкишофи рӯҳӣ, зеҳнӣ ва камолоти иҷтимоии онҳо баробар аст, чунин изҳоротро мешунавем: «мехоҳам» – «метавонам», «медонам» – «намедонам», «мумкин» – «мумкин не», «ҳаст» – «нест» – ин ҷуфтҳои типикӣ ҳаҷми ифодаи мухолифатҳои доимӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешаванд. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ӯ алоқаманд нест. Алалхусус, мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он – нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кӯдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегӯянд.

Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият, ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус ва мизоҷ, фаъолияти эъҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст.

Барои он ки нисбати инсон ҳамчун мавҷудияти иҷтимоӣ маълумот диҳем, бояд оиди мафҳуми «фард» ҳам таваққуф бинмоем. Истилоҳи «фард» аслан арабӣ буда, маънои якка, танҳо, як касро ифода мекунад. Он ҳамчун мафҳум вакили алоҳидаи насли одамиро мефаҳмонад. Яъне ҳар фарди солимфикр шахсият шуда метавонад – фард моҳиятан муродифи шахсият аст.

Азбаски шахсият дар тӯли зиндагӣ инкишофу ташаккул меёбад, аз нигоҳи педагогӣ моҳият мафҳумҳои «инкишоф» ва «ташаккул» – и шахсиятро ифшо додан зарур аст.

Инкишоф пеш аз ҳама раванди дигаргунии миқдории хусусият ва сифатии шахсиятро нишон медиҳад. Инсон таваллуд ёфта, калон мешавад, узвҳо ва системаи организм вусъат меёбад, ба вай нутқ ва сипас захираи луғавӣ пайдо мешавад. Вай хусусиятҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва маҳорати ахлоқӣ, малакаҳои меҳнатӣ пайдо мекунад. Дар инкишофи одам ҳамчун шахсият асосан ҳодисаҳои рӯйдиҳанда ин дигаргунии миқдирӣ мебошад. Чунончи, такомулоти фаъолияти нутқ қобилияти фаҳмидагирии одамро баланд мебардорад, доираи эҳсосотро ғанӣ мегардонад. Дар ҷараёни фаҳмидагирӣ тафаккури абстрактӣ рушд меёбад, хотираи мантиқӣ, ҷаҳонбинӣ ҳамчун системаи назарияҳо ва эътиқод нисбати зиндагӣ боло меравад. Ангезиши шаклҳои ахлоқии инсон бештар ҷойи худро ба амалиёти дигаргуниҳо мегузорад, қобилияти мустақили худидоракунии шахс афзун мегардад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо хусусияти раванди инкишофи одамро ҳамчун шахсият ифода мекунад. Бино бар ин дар таҳти фаҳмиши инкишоф равандҳои бо ҳам робитадори дигаргунии миқдорӣ ва сифатие, ки дар расиши анатомию физиологӣ, дар такомулоти системаи асаб ва рӯҳиёти одам рӯй медиҳад, ҳамчунин фаъолияти идрок ва эъҷодкорӣ, ғанӣ гардидани ҷиҳатҳои ҷаҳонбинӣ, ахлоқӣ, ақидаҳои оммавию сиёсӣ ва эътиқодии вай фаҳмида мешавад.

Ташаккул бошад натиҷаи инкишофро ифода намуда, ташаккулёбӣ, маҷмӯи хусусият ва сифатҳои устуворона ҳосилкардаи шахсиятро мефаҳмонад. Бар илова ташаккул ин ба шахсият додани ягон шакл ва ё навъи устувору комили муайян, чунончи, асосҳои фан, ахлоқи шоиста аз ҷониби ягон шахс ё коллективро низ ифода мекунад. Ба хусус барои педагогика ва улуми дигар, ки нисбати инкишофи шахсият баҳс мекунанд, ба назар гирифтани сарчашма ва омилҳои асосии инкишоф ва ташаккули шахсият масъалаҳои умда мебошанд. Нисбати ин масъалаҳо файласуфон, психологҳо, педагогон ақидаҳои мухталиф изҳор намудаанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.