Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ.

Ба давраҳо тақсимшавии синну сол.

 

 

Он чизе, ки инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ меномем, ба синну соли одам зич алоқаманд аст. Инро одамон аз қадимулайём медонистанд. Ин ҳақиқатест, ки баҳсу исботкунии махсусро талаб намекунад, зеро бо рушди синну сол хирадмандӣ, ғуншавии таҷриба, афзунёбии дониш вусъат меёбад. Ҳар синну соли муайян сатҳи инкишофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии худро дорад. Албатта, инкишофи одами аниқ метавонад ба ин ё он тарафи дигар майл кунад, ин маҳз ба мутобиқи одилонагии умум ва кулл рух медиҳад.

Барои дуруст идоракунии раванди инкишоф педагогҳо ҳанӯз аз замонҳои пешин ба таснифоти давраҳои ҳаёти одам кӯшиш ба харҷ додааанд, то ки дониш ба тааллуқдорон воқифу баррасӣ гардад. Аз ҷониби педагогҳо, равоншиносон, духтурон ва адибон то алҳол даҳҳо коркарди давраҳои инкишофи одам ба мо омада расидааст ва боз тадқиқот давом дорад, вале ҳоло ҳам ин система ба як қарори асосӣ ва ҳалли дақиқии худро наёфтааст. Ба ин нигоҳ накарда, ба он таҳлили давраҳои инкишофи мавҷуда, ки аксари педагогҳо ва равоншиносон эътироф мекунанд, таваққуф мекунем.

Педагог ва психологҳо ба давраҳо тақсимкунии синну солро ба хусусиятҳои ҳар даври зиндагии одам пайваста асосонок кардаанд. Хусусиятҳои синнусолӣ  гуфта он ҷиҳатҳои муҳими одамро меноманд, ки дар марҳалаҳои инкишоф сифатҳои анатомӣ – физиологӣ ва психологии хоса пайдо мекунанд. Моҳияти хусусиятҳои синнусолӣ ба таври аёнӣ дар инкишофи ҷисмонии одам намудор мегардад. Комолёбӣ, зиёдшавии вазн, пайдошавии дандонҳои ширӣ, баъд ивазшавии онҳо; пухта расидани болиғшавӣ ва дигар ҷараёнҳои биологӣ дар марҳалаҳои муайяни синну сол мукаммал мегарданд. Азбаски инкишофи биологӣ ва рӯҳии одам бо ҳам алоқаи мустаҳкам доранд, дар марҳалаи муайяни синну сол дар соҳаи психология ҳам дигаргунӣ рӯй медиҳад. Агарчи дигаргунӣ на ҳамчун биологӣ, расиши иҷтимоӣ ҷиддӣ набошад ҳам, пайдоиши динамикаи иникшофи маънавии шахсият рӯй медиҳад. Ин барои табиатан ба гурӯҳи пайдарҳамии марҳалаҳои инкишофи одам ва тартиб додани хусусиятҳои синну сол асос мегузорад.

Инкишофи пурраи марҳалаҳои синнусолӣ тамоми ҳаёти инсониятро фаро мегирад. Барои педагогикаи мактаб бештар диққатҷалбкунанда инкишфи синни мактабии инсон мебошад.

Дар илми муосир давраҳои синни кӯдакон ба тариқи зайл қабул шудааст:

 

Психологӣ Педагогӣ
Давраи пеш аз таваллуд (ҷанинӣ)

1.     Дараи навзодӣ (то 6 – моҳа).

2.     Давраи ширмакӣ (то 1 сола).

3.     Давраи гаваккашӣ (1- 3 сола).

4.     Синни томактабӣ (3 – 6 сола).

5.     Синни мактабӣ (6 – 7 – 11 сола).

6.     Давраи навҷавонӣ (11 – 15 сола).

7.     Давраи ҷавонӣ (15 – 18 сола).

1.     Тифлӣ (1 сола).

2.     Синни пешазтомактабӣ (аз 1 то 3 сола).

3.     Синни томактабӣ (аз 1 то 6 сола).

Синни хурди томактабӣ (аз 3 то 4 сола).

Синни миёнаи томактабӣ (аз 4 то 5 сола).

Синни калони томактабӣ (аз 5 то 6 сола)

4. Синни хурди мактабӣ (6 – 7 – 10 сола).

5. Синни миёнаи мактабӣ (10 – 15 сола).

6. Синни калони мактабӣ (15 – 18 сола).

 

Чуноне ки мебинем, аз як ҷиҳат, асоси синнусолии педагогиро давраи инкишофи ҷисмонӣ ва психологӣ ташкил мекунад ва  аз дигар ҷиҳат шароите, ки тарбия ҷараён меёбад.

Агар давраҳои пухтарасии биологии организм, системаи асаби он ва узвҳо, ҳамчунин пайваста ба онҳо инкишфи нерӯи фаҳмидагирӣ воҷеҳ бошанд, он гоҳ оқилона ташкилкардаи тарбия бояд ба хусуиятҳои синнусолӣ мувофиқат кунад, онҳоро ба асос гирад. Аҳамият надодан ё инкор кардани давраҳои табиии инкишоф ҳатман ба хатогиҳои тасдиқшудаи имконияти азхудкунии ҳар таҷрибаи иҷтимоӣ, ҳаргуна дониш, малакаҳои амалӣ ва маҳорат дар синни гуногун, дар интихоб ва истифодабарии методикаи мувофиқ мебарад.

Имконияти одам ба муносибати суръати тези инкишофи иҷтимоӣ, сарчашмаҳои интишори дастраси ахбороти васеи гуногун хеле афзоиш меёбад, вале ҳанӯз дур аз беканорӣ. Синну сол дасти гирои инкишоф ва амри хоҳиши худро дорад. қонунияти дар ин соҳа амалкунанда ҳадди имконияти инкишофро медиҳад.

Я.А.Коменский дар кори таълим ва тарбия аввалин талабкунандаи қатъии хусусиятҳои синнусолии кӯдакон буд. Вай принсипи табиятворонагиро асосонид ва пешниҳод кард, ки мувофиқи омӯзиш ва тарбия бояд ба марҳалаҳои инкишофи син мувофиқат кунад. Зеро дар табиат ҳама чиз дар вақти худаш рӯй медиҳад, ҳамчун дар тарбия ҳам ҳама пайи ҳам – дар вақташ ва пай дар пай бояд бошад. Одамро табиатан ҳамон вақт ба сифатҳои неки ахлоқи одат кунонидан мумкин аст, ки вай комилан ҳақиқати ҳолро аз худ карда, барои фаҳмидани он ақлаш пухта расида бошад. «Ҳамаи чизи ба азхудкунӣ тааллуқдор мувофиқи зинаҳои синну сол тавре тақсим шавад, ки барои омӯхтан пешниҳод шудааст, фақат чизи дастраси даркшаванда дар ҳар син бояд буд»[1].

Алалхусус, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну сол яке аз принсипҳои умдаи педагогӣ ба шумор меравад. Ба он такя намуда, муаллимон тамоми фаъолияти худро созгорона равона мекунанд.

test

Добавить комментарий