Маълумот дар бораи Акселератсия

 

Ҳаракати    шартан    ва   маълуми    тақсимоти    давраҳоро    қайд кардаистода, ба ҳодисаи нав – акселератсия, ки дар байни баъзе гурӯҳҳои синнусолӣ нисбати пешравӣ аз ҳудуди худ баромадааст, маълумот медиҳем.

Акселератсия (аз истилоҳи лотинии «акселератио» гирифта шуда, маънои «суръатёбӣ» – ро дорад). Ин суръатёбӣ инкишофи ҷисмонӣ ва ҷисман психологии айёми кӯдакӣ ва навҷавониро ифода мекунад. Биологҳо акселератсияҳоро ба расиши ҷисмонии организм, психологҳо ба инкишофи кор, педагогҳо – ба инкишофи маънавӣ ва сотсиализатсияи шахсият вобаста мешуморанд. Педагогҳо акселератсияро на он қадар ба ассотсиализатсиякунии тезшавии суръати инкишофи ҷисмонӣ, ҳамон қадар ба ҷараёни расиши физиологии организм ва сотсиализатсияи шахсият мувофиқ медонанд. Шарҳи педагогии акселератся дар нақшаи 1 пешниҳод карда мешавад. То пайдоиши акселератсия дар солҳои 50 – 60 – уми асри гузашта инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон ва навҷавонон баробар буд. Дар нақша ин бо хати каҷи 1, ки анъанаи мӯтадилии умумӣ – ҷисмонӣ ва иҷтимоии пухта расиданро ифода мекунад. Дар натиҷаи акселератсия, ки солҳои 70 – ум аз ҷиҳати физиологӣ пухтарасии организм (хати каҷи 2) суръати инкишофи ақлӣ, психологӣ, иҷтимоӣ тез мешавад (хати каҷи 3). Ба вуҷуд омадани рушди номувофиқ: бадан нисбат аз вазифаҳои пухтарасии психологӣ тез месабзад, ки ин ба сифатҳои зеҳнӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ асос мегардад. Дар сездаҳ – понздаҳсолагӣ духтарон, дар чордаҳ – шонздаҳсолагӣ писарон ба балоғат мерасанд. Ин ба онҳое, ки дар минтақаҳои миёна зиндагӣ мекунанд, рӯй медиҳад. Инкишофи физиологии онон асосан ба охир расида, қариб ба калонсолон баробар мегардад, дар бораи инкишофи рӯҳӣ чизе гуфта намешавад. Организми рушдёфта ҳамаи қонеъгардониҳои «калонсолон» – ро талаб мекунад, вале талаботи таносул, инкишофи иҷтимоӣ қафо мемонад. Оқибат шиддатнокии психологӣ пайдо мешавад, навҷавон роҳҳои аз он халосиро меҷӯяд ва он чизеро, интихоб мекунад, ки ақли пойдор нагаштааш луқма медиҳад. Дар ин ҳолат акселератсия нақши мухолифатӣ мебозад, ба худи навҷавон, волидайн, муаллимон, мураббиён душвориҳо меорад.

 

2

     1

3

              

 

 

 

5                10             15       Син

 

Нақ.1

 

Дар бораи суръати акселератсия маълумотҳои муқоисавии зайлро меорем. Дар се даҳсолаи охир дарозии қад дар навҷавонон ба ҳисоби миёна 13 – 15 сантиметр, вазн 10 – 12 килограмм нисбат аз ҳамсолони солҳои 50 – ум афзоиш ёфтааст.[1]

Чанде аз сабаҳои рӯйдиҳии акселератсия инҳо мебошанд: суръати тези ҳаёти умумӣ, беҳтаргардии шароити моддӣ, афзоиши сифати ғизо ва хизматрасонии тиббӣ, беҳтаршавии ғамхорӣ ба кӯдакон дар синни бармаҳал, решакан кардани бисёри касалиҳои кӯдакон. Боз дигар сабабҳо низ нишон дода мешаванд – олудашавии радиоактивҳо байни сокинон, ки дар нисбати аввал қадро инкишоф медиҳад, вале бо мурури замон, чунонки таҷриба бо наботот ва ҳайвонот нишон медиҳад, ба сустшавии генофонд меорад; камшавии миқдори оксиген дар атмосфера пайдо карда, боиси васеъшавии сандуқи дил мегардад.

Шояд акселератсия бо тамоми таъсироти комплексии омилҳои зиёд мувофиқат дошта бошад.

Аз мобайни солҳои 80 – ум акселератсия дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, суръати инкишофи физиологӣ як қадар паст гашт.

[1] ниг.Подласый И.П. Педагогика. М., 2000 (к.1) с.105

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.