Пайдо кардани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

 

Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло бинем канӣ чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ гузошта метавонад.

Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор карда, ҳар яке аз онҳо бо кори муайяни худ банд буданд ва фақат ба тайёр кардани қисми кори ин ё он маҳсулот шуғл меварзиданд. Коргар имконияти мустақилона ягон коркуниро надошт, дар як амалиёт инкишоф меёфт ва дигар майл, қобилият ва хусусиятҳои рӯҳиаш фурӯ нишонда мешуд. Чунин фаъолияти корӣ ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият имконият намедод, яктарафа буд. Дар ин вазъият соҳибкасб ба ин ё он ҳунар умрбод баста мешуд. Ин хусусият бештар ба истеҳсолоти капиталистӣ, ки минбаъда инкишоф меёфт, хос буд, бошиддат инкишофёбии истеҳсолот ба ҷудошавии меҳнати ақлӣ ва ҷисмонӣ оварда буд. Табиист, ки дар чунин ҳолат кори узвҳо ва системаҳои алоҳидаи инсон инкишоф меёбад ва дигар ҷиҳатҳои ҷисмонию рӯҳӣ хомӯш мешавад. Алалхусус, хусусиятҳои истеҳсолоти калони мошинӣ ба тақсими меҳнату ихтисосҳои дохили ҷомеа сабаб мегарданд. Ин гуна маҳдудияти ихтисосиро чӣ гуна бартараф кардан мумкин аст?

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, ҳанӯз аввалин маротиба сусиёлистони хаёлӣ Томас Мор ва Томмазо Кампанелла, сипас Сен-Симон ва Шарль Фурье дар Франция, инчунин Роберт Оуэн дар Англия ғояи пайваста бурдани таълим бо меҳнати истеҳсолӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро пеш ронда буданд, дар фабрикаи Лью-Ленарки худ вай боғча, мактаби ибтидоӣ барои кӯдакон ва мактаби шабона барои коргарон таъсис намуд.

Маълум аст, ки базиси техникии саноати калон мунтазам такомулот меёбад ва бо мурури замон дигар мешавад. Технологияи кӯҳна бо технологияи нав иваз мегардад. Дар ҳамин қатор қисман касбҳо барҳам хӯрда, наваш пайдо мешавад ва ба тайёрии кадрҳои коргарӣ, муҳандисию техникӣ талабот меафзояд. Чӣ қадаре,ки техника мураккаб шавад ва такомулот ёбад, ҳамон қадар дараҷаи маълумоти умумӣ ва муносибати техникии он бояд баланд бошад ва алалхусус коргарон бояд барои ивазкунии касб дар шароити нави технологияи кор омода бошанд.

Ҳамин тавр, талаботи воқеии истеҳсолоти мошинӣ ва манфиатҳои шахсӣ зарурати инкишофи ҳамаҷонибаи ӯро ҳанӯз дар шароити сохти ҷамъияти буржуазӣ шарт мешуморанд. Ин бидуни хостан ва ё нахостани мақомоти табақаҳои болонишин амалӣ мегардад, зеро болоравии илму техника инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро новобаста аз сохти ҷамъиятӣ тақозо мекунад.

 

  1. Ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ҳамчун мақсади асосии тарбия ва қисмҳои таркибии он

 

Дар шароити ҳозира дар миқёси умумиҷаҳонӣ болоравии илму техника ва истеҳсолоти мошинӣ тайёрӣ ва инкишофи боз ҳам баланди аъзоёни ҷамъиятро талаб мекунад. Бинобар ин дар ҷомеа ҳамаҷониба ташаккул додани шахсиятро, ки дар айни замон бевосита мақсади (идеали) тарбия қарор ёфтааст, тақозо дорад. Чунон ки дидем, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият қаблан аз фаъолияти меҳнатӣ ва истеҳсолот канда буд. Ҳоло мазмуни мақсади умдаи мактаби таҳсилоти умумӣ оиди инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият инҳоро ифода мекунад: тарбияи ақлӣ, меҳнатӣ ва таълими политехникӣ, тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ, илова бар ин ҳаматарафа ошкор кардани имконияти эҷодии шахсият, ташаккул додани муносибати инсонпарастӣ, таъмин кардани шароити гуногун барои нашъунамои фардияти кӯдак бо назардошти ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну сол ва u. дар бар мегирад.

Ин қисматҳо дар якҷоягӣ ва алоқамандии ҳамдигарӣ заминаи фаъолияти меҳнатӣ асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ва ҳамчун мақсади умдаи тарбияи мактаби ҷумҳурии мо баҳри минбаъда ривоҷ додани технологияи нав ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолот мебошад.

Пурмазмун азнавсозии ҷомеа ва мактаб нисбати мақсади тарбия ихтилофи зиёдеро оид ба муайян кардани вазифаҳои мушаххаси тарбия ба миён овард. Ин мухолифатҳо на фақат бартараф карда шуданд, балки боз ҳам тунду тез шудаанд. Бинобар ин ба мо лозим аст, ки вазифаҳои анъанавии мактаби давраи шeравӣ ва ҳозираро дида бароем.

Қисматҳои таркибии анъанавии тарбия аз инҳо иборатанд: ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ.

Тарбияи ақлӣ  омӯзандаро ба системаи донишҳои асосҳои фан мусаллаҳ мегардонад. Дар раванди омӯзиш ва натиҷаҳои азхудкунии донишҳои илмӣ асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ гузошта мешавад. Ҷаҳонбинӣ ин системаи ақидаҳои шахс ба табиат, ҷамъият, меҳнат, дарки онҳо. ҷаҳонбинӣ – ин аслиҳаи тавоно нисбати эҷодкорӣ ва дигаргун кардани фаъолияти шахс. Тибқи ҷаҳонбинии илмӣ шахс ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро чуқур фаҳмида мегирад, ташаккули маҳорати шуурона фаҳмондани падидаҳо ва муайян кардани муносибати худро ба онҳо мепайвандад: амалиёти ҳаётии хешро шуурона равона мекунад. Барои он ки асосҳои фан бо завқу шавқ ва шуурона ҳазм карда шавад, муаллим ҳангоми баррасӣ намудани маводҳои таълимӣ бамавқеъ аз панду ҳикматҳои таъсирбахши олимон, мутафаккирон, адибони классики адабиёти форс – тоҷик ва муосир истифода мебарад. Чунончи, «Соате талаб кардани илм беҳтар аз намозгузории як шаб аст ва рӯзе толиби илм кардан беҳ аз се моҳ рӯзадорӣ аст» (Ҳадис). Дар навишт «сухан кӯтоҳ буваду маъно дароз ва сухан дубора навишта нашаваду аз алфози гарон парҳез кунад, то сутуда бувад»[1] гуфтааст Муҳаммад Ғазолӣ.

Шуурона аз худ кардани системаи донишҳо ба инкишофи мантиқии тафаккур, хотира, диққат, тасаввурот, қобилияти ақлӣ, инкишофи майл ва истеъдод таъсир мерасонад. Вазифаҳои тарбияи ақлӣ аз  инҳо ибратанд тариқи зайланд:

  • азхудкунии ҳаҷми донишҳои муайяни илмӣ;
  • ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ;
  • инкишофи нерӯи ақлӣ, қобилият ва истеъдод;
  • инкишофи рағбати идрок;
  • ташаккули фаъолияти фаҳмидагирӣ;
  • инкишофи талаботи мунтазам пурракунии дониши худ, баланд бардоштани дараҷаи тайёрии маълумоти ибтидоӣ, умумӣ ва касбӣ.

Тарбияи ақлии насли наврас – вазифаи муҳими мактаби муосир аст. Мазмуни он бештар ба ҷамъулҷамъи донишҳо, маҳорат ва малакаҳо равона карда мешавад.

Тарбияи ҷисмонӣ – қисми таркиби ва ҷудонашавандаи қариб ҳамаи системаҳои тарбия. «Ҷомеаи муосир, ки дар асоси он истеҳсолоти инкишофёфта арзи вуҷуд дорад, наслҳои ҷавони ҷисман варзидаро тақозо мекунанд, то ки дар истеҳсолот ва мудофиаи кишвар мустаҳкам бошанд. Тарбияи ҷисмонӣ ҳам, дар навбати худ, ба тарбияи ақлӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ робита дорад.      Вазифаҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб аз инҳо иборат аст:

  • мустаҳкам кардани саломатӣ ва инкишофи дурусти ҷисм;
  • баланд бардоштани қобилияти коршоямии ақлӣ ва ҷисмонӣ;
  • инкишоф додан ва такомулоти сифатҳои ҳаракати табиӣ;
  • омӯхтани навъҳои нави ҳаракат;
  • инкишоф додани бартарии ҳаракати қувва, чолокӣ, тобоварӣ ва ғайра;
  • ташаккули малакаҳои ҳифзиссиҳа (гигиена);
  • тарбияи хислатҳои ахлоқӣ (далерӣ, устуворӣ, ҷуръатмандӣ, интизомнокӣ, масъулиятнокӣ, коллективӣ);
  • ташаккули талаботи мунтазам шуғлварзӣ ба варзиш ва спорт;
  • инкишофи саъю кӯшиш баҳри саломатӣ, рӯҳафзоӣ нисбати худ ва атрофиён, баррасӣ намудани шодиву сурур.

Тарбияи систематикии ҷисмонӣ аз синни томактабӣ оғоз меёбад, варзиш – фанни ҳатмист дар мактаб аст. Илова ба дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ инчунин шаклҳои гуногуни чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ низ гузаронида мешавад. Тарбияи ҷисмонӣ бо дигар қисмҳои таркибӣ тарбия алоқаи узвӣ дорад ва бо онҳо якҷоя вазифаи инкишофи мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсиятро ҳал мекунад.

Тарбияи меҳнат ва таълими политехникӣ. Асосҳои тарбияи меҳнат – принсипи муҳимест, ки асрҳои аср санҷидашудаи ташаккули инкишофи ҳамаҷониба ва мутаносиби шахсият аст.

Тарбияи меҳнат он паҳлӯҳои раванди тарбияеро дар бар мегирад, ки он ҷо амалиёти меҳнатӣ ташаккул меёбад, муносибати истеҳсолӣ гузошта шудааст, олати меҳнатӣ омӯхта мешавад ва тарзи истифодабарии онҳоро ёд мегиранд. Меҳнат дар ҷараёни тарбия ҳамчун омили асосии инкишофи шахсият мебошад. Тарбияи меҳнати бо тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва xисмонӣ робита дорад.

Ҳоло дар синфҳои ибтидоии ҷумҳурии мо фанни «Санъати миллӣ ва меҳнат» тадрис мегардад, ки нисбати он дар мавзӯи алоҳида муфассалтар таваққуф мекунем.

Дар таълими политехникӣ барои шиносоӣ бо принсипҳои асосии ҳамаи истеҳсолот, аз худ кардани донишҳои раванди истеҳсолоти муосир ва муносибат ба онҳо пардохта мешавад. Вазифаи асосии он ташаккули рағбат ба фаъолияти истеҳсолӣ  инкишофи қобилияти техникадонӣ, тафаккури нави иқтисодӣ, ихтироъкорӣ, асосҳои соҳибкорӣ (корчалонӣ). Дуруст ба роҳ мондани таълими политехникӣ, меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, ҷавобгарӣ, оқилона интихоб намудани касбро инкишоф медиҳад, дари ҳунарҳоро ба рӯяшон боз мекунад.

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ!

(Низомии Ганҷавӣ)

Меҳнати истеҳсолӣ дорои чунин хусусиятҳост: а) натиҷаҳои мавод, б) ташкилкунӣ, в) ба системаи меҳнатӣ ҷалб кардани муносибати тамоми ҷомеа, г) бо мукофотҳои моддӣ ҳавасмандгардонӣ аст.

Тарбияи ахлоқи  маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои таърихан ғуншудаи рафтори одам, ки муносибити ӯро ба ҷамъият, меҳнат,одамон муайян мекунад,фаҳмида мешавад. Ахлоқ-ин одоби ботин, одоби нонамоён, на барои дигарон-барои худи инсон мебошад. Аз ҳама муҳимаш ташаккули амиқи ахлоқи инсонӣ додан аст, зеро А. Ҷомӣ фармудаанд:

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Тарбияи ахлоқ чунин масъалаҳоро ҳал мекунад: ташаккули сифатҳои ахлоқӣ фаҳмиши маънои ахлоқ, мулоҳиза, ҳис ва эътиқод, малака ва одати рафтори маданӣ, меъёри рафтор дар xойҳои ҷамъиятӣ ва uайраро дар бар мегирад.

Мафҳуми ахлоқ ва мулоҳиза моҳияти падидаҳои ахлоқро инъикос мекунанд ва ба фаҳмида гирифтани чӣ нағзу чӣ бад, чӣ одилонаю чӣ ғайриодилона имконият медиҳад. Маънои ахлоқ ва мулоҳиза ба эътиқод мегузаранд ва дар рафтору амали шахс намоён мегарданд. Кирдори ахлоқ ва амал – муайянкунандаи дараҷаи инкишофи шахсият. Ҳиссиёти ахлоқӣ – ин пайбарии муносибати худ ба рӯйдодҳои одоб аст. Онҳо ба талаботи ахлоқи ҷамъиятӣ мувофиқат кардан ва ё накардани рафтори одамро муайян мекунанд. Ҳиссиёт барои бартараф кардани мушкилот ва шахсро меангезонад ва барои аз худ кардани олам ҳавасманд мегарданад.

Дар тарбияи ахлоқи насли наврас на фақат асосҳои нормаҳои ахлоқи бобақои арзишҳои умуминсонӣ дошта, ки аз тарафи одамон дар ҷараёни инкишофи таърихи ҷомеа ғундошта, инчунин принсип ва нормаҳои нав, ки дар замони инкишофи ҷомеаи ҳозира ба миён омадаанд, дар бар мегирад. Бартарии ахлоқи ҳамида аз инҳо иборатанд: шарафмандӣ, одилонагӣ, ӯҳдадорӣ, покдилӣ, бомасъулиятӣ, бовиҷдонӣ, инсонпарварӣ, беғаразӣ, ростқавлӣ, вафодорӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва ғайра. Аз ин лиҳоз барои тақвият додани ахлоқи ҳамида омӯхтани панду ҳикматҳо ва осори ниёгон ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти калон доранд.

Дар байни хислатҳои ахлоқ – байналмиллалӣ, эҳтироми кишвар, органҳои давлатӣ. Конститутсия, муносибати софдилона ба меҳнат, ватанпарастӣ, интизомнокӣ, шарафи шаҳрвандӣ, талабгузорӣ ба худ, майлу рағбат ба рӯйдодҳои кишвар, фаъолияти иҷтимоӣ, раҳму шафқат, ки зодаи ҷомеаи муосир мебошанд, ба маънои нав қисмат ва эътибор пайдо кардаанд.

Тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) – қисмати ташаккули ҳамаҷониба ва инкишофи мутаносиби шахсият, ки система, инкишофи идеалҳои эстетикӣ, талабот ва завқу ҳаваси тарбиягирандагонро ҷамъбаст мекунад. Вазифаҳои тарбияи эстетикиро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: ҳосил намудани донишҳои назариявӣ ва ташаккул додани маҳорати амалӣ. Ба гурӯҳи аввали вазифаҳо масъалаи шинос кардани талабагон бо паҳлӯҳои муҳими эстетикӣ, ба гурӯҳи дуюм – фаъолона иштирок намудан ба амалиёти эстетикӣ мансубият дорад. Вазифаҳои шиносокунӣ:

  • ташаккул додани донишҳои эстеикии талабагон;
  • тарбияи маданияти эстетикӣ;
  • азхудкунии мероси гузаштаи эстетикӣ ва маданият;
  • ташаккули муносибати эстетикӣ ба воқеият;
  • инкишофи завқи эстетикӣ;
  • шиносоӣ бо нафосати зиндагӣ, табиат, меҳнат;
  • инкишофи талабот ба тарзи зиндагӣ ва фаъолияткунӣ мувофиқи қонуни зебоӣ;
  • ташаккули идеали эстетикӣ;
  • ташаккули саъю кӯшиш ба зебоии ҳамаҷониба: дар фикр, кор, рафтору гуфтор ва намуди зоҳирӣ.

Вазифаҳои фаъолияти амалии эстетикӣ: фаъолона иштирок кардани ҳар кас ба зебоофарӣ – дар амалиёти рассомӣ, мусиқӣ, хореографӣ, иштирок дар иттиҳодияҳои эҷодӣ, студияҳо ва ғайра.

Мактаб дар ҷодаи инсонпарастӣ ҳамон вақт пеш меравад, ки силсилаи фанҳои ба эстетика тааллуқдорро дуруст ба роҳ монад.

Тазаккур бояд дод, ки дар рушду камолдоти ҳамаҷонибаи шахсият ҳамаи пайвастагии намудҳои зикр кардаи тарбия ҳатман дар   мадди назар дошта шавад, ки асоси онро тарбияи ақлӣ ташкил медиҳад. Вале инкишофи ҳамаҷонибаи мактабиён на ба он маъност, ки ҳамаро бо як меъёру андоза ташаккул медода бошад. Ин ғайриимкон аст, зеро иддаи одамон бо баробари хусусиятҳои умумиинсонӣ боз қобилияти ба худ хоси фавқулодда ва генеалӣ ҳам доранд. Ҳамаро дар мактаб олим, шоир, табиби ҳозиқ, рассоми варзида, мутриб, ҳофизи хушовоз, муҳандиси мумтоз ва ғайра тайёр кардан мумкин нест. Мактаб он ғунчаҳои ҳоло нашкуфтаи қобилияти фавқулоддаи модарзодиро дастгирӣ намуда, тарбия ва такон медиҳад, то ки дар оянда бо саъю кӯшиши шахсӣ нашъу намо ёбанд.

Инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ба он маъност, ки фард на фақат бо як фаъолият (чунончи, дониш, меҳнат, ҳунар) маҳдуд бошад, балки асоси корҳои дар зиндагӣ зарурро донад ва адо карда тавонад. Барои ҳамин ҳам таълиму тарбия бояд аз ҳаёт ва давру замон канда набошад, балки алоқаманд сурат гирад. Ёдрас мешавем, ки аз гуфтаҳои боло «шахси ҳамаҷониба инкишофёфта касбу корашро универсалӣ иваз карда меистодааст – дия» – гуфта хулоса баровардан мумкин нест. Шахс дар як касб солҳои сол кор карда таҷрибаҳои зиёди муфид фароҳам меорад, дигарон ба вай пайравӣ мекунанд, вале ғайри он касби асосиаш аз дигар касбу ҳунарҳо огоҳ аст ва дар мавридҳои зарурӣ онҳоро анҷом дода метавонад.

Аммо ин тавр ҳам мешавад: шахс дар як касб фаъолият бинмуда ба мардум кам манфиат мерасонад ва ба вай маслиҳат медиҳанд, ки касбашро ба касби дигар, чунончи, бо ҳифизӣ, рассомӣ, навозандагӣ ва ғайра иваз кунад ва зуд шӯҳрат меёбад. Дар он сурат вай метавонад касбашро иваз кунад ва қобилияти модарзодии фавқулоддаи худро болу пар бахшад.

Дар шароити кунунии ҷумҳурии мо ташаккули иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият дар заминаи демократӣ бояд сурат гирад. Аз ин лиҳоз омӯзгор бояду шояд дар бораи мақсад ва вазифаҳои тарбияии шаҳрвандӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси баланди ватандeстӣ саҳми фаъод гузорад, то шогирдонаш хусусиятҳои ҳисси дунявии ин сохти ҷамъиятиро дар худ комилан инъикос карда тавонанд.

Қувваҳои истеҳсолоти мавҷуда ва зарурати бунёди қувваҳои нави истеҳсолоти минбаъдаи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷикон феълан дар назди мактаби ҷумҳурӣ мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳамаҷониба инкишофёфта мегузорад, то ки онон дар қувваҳои истеҳсолоти навбунёд барои бо осонӣ табдил додани ихтисос имконияти мусоид пайдо карда тавонанд ва баҳри дар ояндаи наздик баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фаъолият кунанд. Барои ин, пеш аз ҳама, вазифаҳои умдатарини мактаб ба саломативу нерӯмандӣ, инкишофи қобилияти меҳнатӣ, ғановати маънавӣ, ахлоқӣ, дӯстии халқҳо, яхдилию ваҳдат ва дигар хислатҳои наҷиби инсонӣ ғамхорона рӯ овардан аст.

[1] Муњаммад Ѓазолї. Насињат – ул – мулук. Душанбе, 1993. с. 95.

test

Добавить комментарий