Раванди умумии педагогӣ

Раванди педагогӣ ҳамчун система

 

Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» – ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» – ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад ва вазифаҳои ба миён гузошташудаи дархости ҷомеа равона карда мешавад. Ба таври дигар гӯем, раванди умумии педагогӣ – ин ҷараёнест, ки шахсиятро бо таҷрибаҳои иҷтимоии сифатан нав майл додан. Дар адабиёти педагогии солҳои пешин мафҳуми «раванди таълиму тарбия» истифода бурда мешуд. Тадқиқотҳои олимони намоёни ин соҳа нишон доданд, ки ин мафҳум маҳдуд ва нопурра, ҳамаи мараккаботи равандро ифода намекунанд, хусусан, пеш аз ҳама, хусусияти асосии он – яклухтӣ ва умумиятро. Таъмини ягонагии омӯзиш, тарбия ва инкишоф дар асоси яклухтӣ ва умумият моҳияти маънои асосии раванди педагогиро дода метавонад. Дар дигар истилоҳоти «раванди таълиму тарбия» ва «раванди педагогӣ» ва дигар мафҳумҳои ба онҳо алоқадор ба ҳамин шабоҳат доранд.

Ҳоло раванди умумии педагогиро ҳамчун система дида мебароем (нақ. 2). Аввалин чизе, ки ба назар мерасад дар он мавҷудияти зиёди зерсистем, ҷорӣ шудани онҳо пайи ҳамдигар ва якҷоягии байни ҳамдигар бо дигар намудҳои бо ҳам робитадорвозеҳ мегардад. Системаи раванди педагогӣ ба ягон зерсистемаи худ дохил намешавад. Раванди педагогӣ – ин асоси якҷокунии тамоми системаҳо. Ба вай рехтаи раванди ташаккул, инкишоф, тарбия ва омӯзиш бо тамоми шароит, ҷараёнҳои шакл ва методҳои онҳо якҷояанд.

Назарияи педагогӣ хеле иқдоми пешаравӣ гузошт, раванди педагогиро ҳамчун системаи динамикӣ (серамал) донист. Дар зимни он дақиқ ҷудо кардани қисматҳои таркибӣ, ҳамин хел пешниҳодҳои таҳлилкунии бисёр алоқадорӣ ва муносибатҳои байни қисматҳо, ки дар амал асоси идоракунии раванди педагогӣ мебошанд, имкониятҳо фароҳам овард.

Раванди педагогӣ ҳамчун системаи нобаробар ҷараёнёбӣ дорад. Ба сифати ҷоришавии системаи раванди педагогӣ комилан системаи маориф, мактаб, синф, машғулиятҳои таълимӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Ҳар кадом аз ин системаҳо дар шароити муайяни зоҳирӣ амал мекунанд: ҷуғрофияи табиӣ, ҷамъиятшиносӣ, истеҳсолкунӣ, маданӣ ва дигарҳо. Барои ҳар кадом система шароити ба худ хос ҳам ҳаст. Масалан, ба шароити дохилимактабӣ моддию техникӣ, санитарию гигиенӣ, ахлоқию психологӣ, эстетикӣ ва дигар шароитҳо мансубанд.

Сохт – ин ҷобаҷошавии унсури система аст. Сохти системаҳо мувофиқи меъёр аз унсур (қисматҳо) ва алоқамандии байни онҳо иборатанд. Қайд карда шуда буд, ки фаҳмидани робитадорӣ аз ҳама муҳим, зеро маҳз донистани чӣ бо чӣ ва чӣ тавр алоқаманданд дар раванди педагогӣ, беҳтар ташкилкунии масъала, идоракунӣ ва сифати раванди мазкур мумкин аст. Робитадории системаи педагогӣ ба робитадории байни қисматҳо ва дигар системаҳои динамикӣ монанд нест. Ба мақсад мувофиқ фаъолияткунии педагог дар ягонагии органикӣ бо қисматҳои муҳими воситаҳои меҳнатӣ баромад мекунад.

Объект ин субъект ҳам ҳаст. Натиҷаи раванд дар вобастагии якҷояамалкунии педагог, истифодабарии технология ҳамроҳи талаба вобаста аст.

 

 

Чакидаҳои раванд
                                                                         Раванди педагогӣ

Раванди ташаккулёбӣ

Системаи                                                       Раванди инкишоф

шароити   Систе-                                          Раванди тарбия

ҷориша-    маи шакл ва                               Раванди омӯзиш

вии ра-      методҳои амали-                       Ҳамкории муаллимон ва

Ванд           гардонии раванд                       талабагон

 

Нақ. 2

 

Объект ин субъект ҳам ҳаст. Натиxаи раванд дар вобастагии якxояамалкунии педагог, истифодабарии технология ҳамроҳи талаба вобаста аст.

Барои таҳлил кардани раванди педагогӣ ҳамчун система, бояд меъёри таҳлилро барқарор кард. Ба сифати чунин меъёр метавонад ҳар нишондоди сангзеркунии раванд, шароити ҷоришавии он ё бузургии натиҷаи ноилшуда баромад кунад. Муҳимаш он, ки вай ба мақсади омӯхтани система ҷавоб дода тавонад. Таҳлил кардани системаи раванди педагогӣ бо тамоми назария имконияти меъёр хеле мушкил ва ба ин ҳеҷ ягон зарурат ҳам нест. Тадқиқотчиён фақат ҳамин хел омӯзишро интихоб мекунанд, ки алоқамандии муҳим ва дарки он чизе, ки то ҳол номаълум бошад.

Донишҷӯ ба кадом мақсад кӯшиш мекунад, аввало бо раванди педагогӣ шинос мешавад? Албатта, пеш аз ҳама, вай сохти умумии система, алоқаи асосии байни он қисматҳоро бо ҳам меомӯзад. Барои мувофиқи мақсади нишондода тақсим карда шуда бошанд. Барои ҷудо карданим системаҳо ва сохти онҳо меъёрҳои ҳамшафатӣ дар илм номаълум истифода бурда мешавад. Вале нисбати системаи ҷоришавии раванд ба сифате, ки мактаб баромад мекунад, фаромӯш набояд кард.

Қисматҳои  системаҳое, ки дар онҳо раванди педагогӣ ҷараён дорад – педагогҳо, тарбиягирандагон, шароити тарбия низ ба эътибор гирифта мешавад. Худи раванди педагогӣ бо мақсад, вазифаҳо, мазмун, методҳо, шаклҳои ҳамкории педагогон ва тарбиягирандагон, ноилгардии натиҷаҳо тавсиф меёбад.

Раванди қисми мақсаддорӣ  дар худ ҳамаи мақсадҳои гуногун ва вазифаҳои фаъолияти педагогиро мегирад: аз мақсади асосӣ – рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият – то вазифаҳои мушаххаси ташаккули сифатҳои алоҳида ё аносири онҳо. Пурмазмунии қисм фикрро инъикос мекунад, ҳамчун мақсади умумӣ, инчунин ба ҳар кадом вазифаи аниқ гузошта мешавад, вале фаъолиятнокӣ – якҷояамалкунии педагогҳо ва тарбиягарандагон, ҳамкории онҳо, ташкил ва идоракунӣ ба раванд, бидуни инҳо ва натиҷаҳои охирини дилхоҳ ноил гаштан ғайриимкон аст. Ин қисм дар адабиёт ташкилӣ ё ташкили идоракунӣ номида мешавад. Ниҳоят, қисми натиҷабахшии раванд таъсирбахшии ҷараён, дигаргунии ноилшавӣ мувофиқи мақсади гузошташударо инъикос мекунад (нақ.3).

Чандин системаи педагогӣ барои таҳлил алоқаи байни қисматҳо ҷудо карда шудааст. Хусусан дар байни онҳо ахборотдиҳӣ, фаъолияти ташкилкунӣ, алоқакунӣ, ки дар раванди ҳамкории педагогӣ зоҳир мешавад, аҳамияти калон дорад. Муҳимтаринаш идоракунӣ ва худидоракунӣ (мунтазамӣ ва худмунтазамӣ) мебошад. Дар аксар мавридҳо ба инбоат гирифтани робитаи муфидонаи сабабияти тафтиш аҳамияти муҳим дорад. Масалан, таҳлили сасаб нокифоягии таъсирбахшии раванди педагогиро иҷозат медиҳад, ки дигаргуниҳои оянда ба лоиҳа гирифта шавад, то ки аз такроран содиршавии хатоҳо худдорӣ бинмоянд. Ба ҳисобгирии алоқаи гинетикӣ низ нафъ дорад, яъне зоҳир намудани тамоюли таърихӣ, анъанаҳо дар омӯзиш ва тарбия, ки афзалияти пешравиро таъмин мекунанд, барои банақшагирӣ ва бавуҷудоварии равандҳои педагогии нав имконият медиҳанд.

Дар даҳсолаҳои охир оиди инкишофи назарияи педагогӣ ба ҷудо кардани алоқаи вазифаҳои байни объекти системаҳои педагогӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд, барои онҳо истифода бурдани таҳлил ва воситаҳои тасвир ривоҷ ёфт. Барои бештари камбудиҳои ҷойдошта тавассути истифода бурдани воситаҳои тасвир дар тадқиқотҳои нави педагогии муосир, хусусан имконияти математика, техникаи омор – ҳисобмошинҳо, нақши муҳим бозида истодаанд.

Раванди педагогӣ ин ҷараёнест, ки меҳнатӣ, он ҳамчун дигар раванди меҳнатӣ баҳри комёбии мақсадҳои умумӣ иҷро карда мешаванд. Хусусияти раванди педагогӣ дар он аст, ки меҳнати тарбиятгарон ва тарбиягирандагон якҷоя бо фаъолияти ҳамдигарӣ ҷорӣ мегардад.

Ҳамчун дигар равандҳои меҳнатӣ дар педагогика ҳам объекти, восита, маводҳои меҳнатӣ ҷудо карда мешаванд. Объекти фаъолияти педагогӣ – рушддиҳии шахсият, коллективи талабагон. Объекти меҳнати педагогӣ ба ғайр аз душвор буданаш, системанокӣ худтанзимкунӣ, худинкишофидиҳӣ, тағйирёбандагӣ, такрорнашавандагӣ дорад.

Мавзӯи меҳнати  педагогӣ – ташаккул додани одаме, ки аз педагог ба сатҳи инкишофи бармаҳали худ расида, вале ҳоло барои одами калон зарурати дониш, маҳорат, малака, таҷриба ҳосил накардааш, фарқ мекунад. Хусусияти объекти фаъолияти педагогӣ аз он иборат аст, ки он на рост мутаносиб вобаста аз таъсиррасонии педагогӣ ба вай инкишоф меёбад, балки мутобиқи қонуни хусусиятҳои рӯҳии ба худ хос – фаҳмидагирӣ, дарк кардан, тафаккур, ирода ва хулқ таъмин мегардад.

 

 

 

Воситаҳои (олоти) меҳнат – ин он чизҳоест, ки одам бо он (асбобҳои меҳнатӣ) шуғли дилхоҳ мекунад. Дар раванди педагогӣ олоти меҳнатӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ба он на фақат дониши педагог, таҷрибаи вай, таъсиррасонии шахсӣ ба тарбияёбанда, инчунин намудҳои фаъолияте, ки мактабхонро ҷалб мекунад, роҳи ҳамкорӣ бо онҳо, ба методикаи таъсиррасонии педагогӣ тааллуқ дорад. Ин ҳама васоили рӯҳии меҳнат аст.

Нисбати маҳсули меҳнати педагогӣ дар қисматҳои пештара гуфта шуд. Он чизи «истеҳсолкунӣ» бо маънои томаш – ин тарбия, ба ҳаёт тайёр кардани одами ҷамъиятӣ аст. Дар раванди аниқи «қисмҳои» ҷараёни педагогӣ ташаккул додани ҷузъҳои алоҳидаи сифати шахсият мувофиқи мақсадгузории умумӣ ҳал карда мешавад.

Раванди педагогӣ, ҳамчун дигар ҷараёнҳои меҳнатӣ бо дараҷаи ташкилнамоӣ, идоракунӣ, маҳсулнокӣ, технологӣ, сарфакорӣ, барои ҷудокунии роҳкушоӣ асосонидани меъёрҳои арзёбии сифатӣ ва миқдории пешрафт нигаронида шудааст. Хусусияти беҳтарини раванди педагогӣ ин  – вақт мебошад. Он баромади меъёри универсалӣ дорад, имконият медиҳад, ки боэътимод дар бораи чӣ қадар тез ва босифат ҷараён ёфтани раванди мазкур ҳакамӣ намояд.

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.