Яклухтии раванди педагогӣ

 

Раванди педагогӣ – алоқамандии дохили маҷмӯи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати ташаккулдиҳии одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механикӣ, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ – тавсифи асосии раванди педагогӣ, таъкидкунандаи тобеияти ҳамаи ягонагии равандҳои таркибии он ба як мақсад аст. Чунин бувад диалектикаи мураккаби муносибати дохилии раванди педагогӣ: 1) дар ягонагӣ ва мустақилият будани равандҳои бавуҷудоварии он; 2) дар яклухтӣ ва баробар тобеъшавии он системаҳои воридшудаи мустақил; 3) дар мавҷудияти умумӣ ҳам нигоҳдории хусусиятҳои ба худ хоси қисматҳо.

Хусусиятҳои яклухтшудаи раванди педагогӣ кадомҳоянд? Онҳо мавриди ҷудошавӣ бо вазифаҳои бартаридоштаи худ зоҳир мегарданд. Раванди бартаридоштаи омӯзиш – тадрис, тарбия – парвариш, инкишоф – рушд. Вале ҳар кадоми ин раванди номбаршуда дар раванди яклухт вазифаҳои ҳамроҳикунандагиро иҷро мекунанд: тарбия на фақат бо тарбиякунӣ, ҳамчунин бо инкишофдиҳӣ, ва вазифаи маълумотдиҳӣ бо омӯзиш, ҳамчунин омӯзиш бо тарбия ва инкишоф вобаста иҷро карда мешавад. Диалектикаи бо ҳам алоқамандӣ ба мақсад, вазифаҳо, мазмун, шакл ва методҳои иҷрокунии ташкили якҷоякунии равандҳо нақш мегузорад, ҳангоми таҳлил хусусиятҳои бартарии онҳо низ ҷудо карда мешавад. Масалан, дар мазмуни  омӯзиш бартарӣ доштани ташаккулёбии маълумоти илмӣ, азхудкунии мафҳумот, қонунҳо, принсипҳо, назария, пай дар пай таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ба тарбияёбии шахсият низ тааллуқ дорад. Дар мазмуни тарбия афзалияти ташаккулёбии эътиқод, норм, қоида, идеалҳо арзишҳои муайянкунӣ, гузориши мақсад, мотивҳо ва ғ., вале дар ҳамин вақт тасаввурот, дониш, маҳорат низ ташаккул меёбад. ҳамин тавр, ҳарду раванд ба мақсади асосӣ ташаккули шахсият, вале ҳар кадоме аз онҳо ба матлаби ноилгардии ин мақсад тибқи воситаҳои махсус мебаранд.

Хусусиятҳои равандҳо дар вақти интихоби шакл ва методҳои ноилгардии мақсад равшан мегардад. Агар дар омӯзиш бо ҷиддият батанзимории шакли дарси синфӣ, дар тарбия бошад, бештар шаклҳои озоди корҳои бартаридошта – фоиданоки ҷамъиятӣ, спортӣ, фаъолияти бадеӣ, ташкили гуногуни алоқа, меҳнати ҳадди ақалро истифода мебаранд. Методҳо дар асоси худ дар ягонагии ноилшавӣ ба мақсад фарқ доранд: агар омӯзиш бештар воситаҳои таъсиррасони зеҳниро, дар тарбия ҳам онҳоро инкор накарда, бо майлу рағбат ба таъсирбахшии рӯҳӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин методҳои назорат ва худназоратӣ дар умури таълиму тарбия хусусияти умумӣ доранд.

Алахусус тамоми равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ хусусиятҳои яклухтии раванди педагогиро ифода мекунанд.

 

Қонунияти раванди педагогӣ

 

Дар қонуният, ёдовар мешавем, ки алоқамандии объективӣ, зарурат, воқеият, такрорёбӣ инъикос меёбад. Ҳатто бидуни тадқиқоти махсус гуфтан мумкин, ки бо ҳамин мураккабӣ, системаи калон ва динамикиаш раванди педагогӣ алоқамандии гуногуни зиёд ва вобастагӣ зоҳир мекунад. Монанди ин системаҳо дар даҳҳо қонунияти дигар тасвир карда намешавад.

Маълум, ки барои омӯхтани алоқаи намуди муайян система ҷудо карда мешавад, ки дар онҳо ин алоқамандӣ бештар равшан мегардад. Тадқиқоти ҳамаи алоқаҳо барпо намудани системаҳои зиёдро талаб мекунад. Тасаввуроти умумӣ дар бораи алоқаҳои муҳими раванди педагогӣ система медиҳад. Раванд дар сатҳи қисмати калон ва алоқаи байни онҳо таҳлил карда мешавад.

Дар байни қонунияти раванди педагогӣ инҳоро нишон додан мумкин аст:

  1. Қонунияти динамикии раванди педагогӣ. Бузургии ҳамаи дигаргуниҳои минбаъда аз бузургии дигаргуниҳои давраҳои пештара вобаста аст. Ин ба он маъно, ки раванди педагогӣ ҳамчун инкишофёбии ҳамкории байни педагог ва тарбиягирандагон таҳти мавҷудияти хислати тадриҷан ҳар қадар болоравии ноилшавӣ байни ҳамон қадар вазнбардории натиҷаи охирин аст. Натиҷаи амали қонун дар ҳар қадам ба талаба барои комёбиҳои баланд имкон медиҳад.
  2. Қонунияти инкишофи шахсият дар раванди педагогӣ. Суръат ва сатҳи ноилшавии инкишофи шахсият аз инҳо иборат аст: а) ирсият; б) муҳити тарбиявӣ ва таълимӣ; в) дохилгардӣ ба фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ; г) истифода будани воситаҳо ва тарзи таъсирбахши педагогӣ.
  3. Қонунияти идоракунии раванди таълимӣ – тарбиявӣ. Муфидона таъсирбахшии педагогӣ вобаста аз: а) сермаҳсулии алоқаи бозгашт байни талаба ва педагог; б) бузургӣ, хулқ ва бо асоб будани таъсири ислоҳкунӣ ба тарбиягиранда.
  4. Қонунияти ҳавасмандгардонӣ. Маҳсулнокии раванди педагогӣ аз инҳо вобаста: а) амали ботинии мотивҳои фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ; б) сермаҳсулӣ, хулқ ва ҳавасмандии зоҳирии бамаврид.
  5. Қонунияти ягонагии ҳисси мантиқӣ ва амалӣ дар раванди педагогӣ. Самаранокии раванди таълимию тарбиявӣ вобаста аз: а) сермаҳсулӣ ва сифат аз ҳисси фаҳмидагирӣ; б) мантиқан дарк кардани фаҳмидагирӣ; в) мантиқан истифодабарии чизи даркшуда.
  6. Қонунияти ягонагии фаъолияти зоҳирӣ (педагогӣ) ва ботинии (фаҳмидагирӣ). Афзалияти раванди педагогӣ вобаста аз: а)сифати фаъолияти педагогӣ; б) сифати фаъолияти шахсӣ дар таълиму тарбияи хонанда.
  7. Қонунияти аз раванди педагогӣ вобаста. Ҷараён ва натиҷаи раванди таълимӣ – тарбиявӣ вобаста аз: а) талаботи ҷомеа ва шахсият; б) имконият (моддӣ – техникӣ, иқтисодӣ ва ғ.), ҷомеа; в) шароити ҷоригардии раванд (маънавӣ – рӯҳӣ, санитарӣ – гигиенӣ, эстетикӣ ва дигарҳо).

Барои амиқ омӯхтани алоқамандии амалкунандаи раванди педагогӣ тадқиқот давом дорад.

 

 

Марҳалаҳои раванди педагогӣ

 

Раванди педагогӣ хусусияти силсилавӣ дорад. Дар инкишофи тамоми раванди педагогӣ пайдо кардани марҳалаҳои бо ҳам монандро пайдо кардан мумкин аст. Марҳала  ин на қисми таркибӣ, балки пайдарҳамии инкишофи раванд аст. Марҳалаҳои асосӣ инҳоро номидан мумкин аст: тайёрӣ, асосӣ, хотимавӣ.

Дар марҳалаи тайёрии раванди педагогӣ шароити қулай барпо карда мешавад, то ки барои ҷорӣ кардани раванд ба матлаби муайян ва мувофиқи суръати нишондодашуда майл карда шавад. Дар марҳалаи мазкур вазифаҳои муҳими зайл ҳал карда мешаванд: мақсаднокӣ, шароитҳои ташхисӣ, пешгӯӣ кардани комёбиҳо, тарҳрезӣ ва банақшагирии инкишофи раванд.

Моҳияти мақсаднокӣ (боасос гузориши мақсад) аз он иборат аст, ки дар назди системаи маориф, ба вазифаҳои аниқ, дар соҳаҳои дастраси раванди педагогӣ таҳти шароити мушаххаси мавҷуда гузошташудаи мақсади умумии педагогӣ тағйир дода мешавад. Мақсаддорӣ ҳамеша ба системаи аниқи иҷрошавии раванди педагогӣ пайвастагӣ дорад – ба мактаб, синф, дарс ва ғ. Дар марҳалаи мазкур иҷро кардани раванди педагогӣ байни талаботи мақсади умумии педагогӣ ва имкониятҳои аниқи ҳайати талабагони муассисаи таълимӣ ва ғ. ихтилофот зоҳир мегардад, роҳҳои ҳалли ин ихтилофот дар раванди тарҳсозӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дуруст гузоштани мақсад, муайян кардани вазифаҳои раванд бидуни ташхис имконнопазир аст. Ташхиси педагогӣ – ин тадқиқи расму қоидаҳо, ки ба муайянкунии шароит ва мавқеъ равона карда мешавад, барои оне ки раванди педагогӣ маҷрои дуруст гирад. Мақсади асосии он натиҷаҳои пешбинишуда ёрӣ мерасонанд ё монеъ мешаванд, тасаввуроти возеҳ гирифтан аст. Дар раванди ташхис ҳамаи ахборотҳои зарурӣ нисбати имконяитҳои воқеии педагогҳо ва талабагон, сатҳи тайёрии пештараи онҳо, шароити ҷоришавии раванд ва чанде дигарҳо маълумотҳои муҳим ҷамъ оварда мешавад. қайд кардан муҳим аст, ки вазифаҳои муайяншудаи аввалин бо натиҷаҳои ташхис ислоҳ карда мешаванд: шароити мушаххас онҳоро зуд – зуд дида баромадан, ба дараҷаи мувофиқи имконияти имконпазирӣ оварданро мекунад.

Ба ташхиси раванд ва натиҷаҳои раванди педагогии пешгӯикунӣ пайравӣ дорад. Моҳияти пешгӯикунӣ аз он иборат ки барои пешакӣ, то шурӯи раванд ба имконияти натиҷабарорӣ дар шароити мавҷуда тахмин карда шаванд. Ба истифода бурдани пешгӯии илмӣ мо метавонем дар бораи он чизе, ки ҳоло нест, пешакӣ параметри раванди назариявиро тахмин намоем. Пешгӯикунӣ  бо роҳҳои мураккаб иҷро карда мешавад, ки байни иҷрои раванд натиҷаи дилхоҳ ё баръакс медиҳад. Бо мисолҳои аниқи ташхисонӣ ва пешгӯикунии раванди педагогиро дар зайл шинос мекунем.

Марҳалаи тайёрӣ бо истеҳсолкунии натиҷаҳои ташхисонӣ ва пешгӯикунӣ, тарҳрезии ташкили раванд, ки баъди пурра коркарди банақшагирӣ хотима меёбад. Нақша, худаш ҳамчун раванд, ҳамеша бо системаи муайян вобаста аст. Дар таҷрибаи педагогӣ нақшаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд – роҳбарӣ  ба раванди таълимӣ – тарбиявӣ дар мактаб, корҳои тарбиявии алоҳида, дарс ва ғ. Нақшаҳои раванди педагогӣ мӯхлати муайян доранд. Ҳамин тавр, нақша – ин ҳуҷҷати ҷамъбастӣ, ки ҳар супориш ба кӣ, кай ва чӣ кор кардан дақиқ муайян карда мешавад.

Марҳалаҳои асосӣ – иҷро кардани раванди педагогӣ дар ин марҳала нисбати системае, ки дар худ унсурҳои муҳими ҷудогонаи бо ҳам алоқамандро мегирад, дида мебароем: гузориш ва баёнкунии мақсад ва вазифаҳои ояндаи фаъолият; ҳамкории педагогон ва талабагон; истифода бурдани методҳои пешбинишуда, воситаҳо ва шаклҳои раванди педагогӣ; барпо намудани шароити мусоид; иҷро кардани ҳавасмандгардонии гуногун нисбати фаъолияти мактабиён; таъмини алоқамандии раванди педагогӣ бо дигар равандҳо. Самарабахшии ин раванд аз мақсаддории гуногуни бо ҳам алоқадории байни унсурҳо, байни ҳамдигар мухолифат накардани онҳо вобаста аст. Масалан, дар рафти ҳамкории педагогӣ назорати фаврии педагогӣ ташкил карда мешавад, ки ин нақши ҳавасмандониро мебозад. Вале агар хусусият, ҳаҷм, мақсади он ба мақсади умумӣ, бо хусусияти раванд итоат накунад, он гоҳ бисёри дигар вазъиятҳои аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад, бахусус назорат аз ҳавасмандонӣ ба монеъшавӣ (боздорӣ) табдил меёбад.

Дар ин марҳала нақши ба вуҷудоварии раванди педагогӣ алоқаи бозгашт мебозад, ки ин асоси ҳалли фаврии идоракунии раванд, инкишоф ва мустаҳкамкунии он ба ҳар педагог зарур аст. Маҳз ба он такя намудан роҳи оқилонаи идоракунӣ ва худидоракунии фаъолият мебошад. Ба ин муносибат боз ёдовар мешавем, ки системаи раванди педагогӣ – бо дараҷаи муайян системаи худтанзимдиҳӣ аст, зеро он машғулиятҳоро одамон бо хоҳиши шахсӣ ва озодона интихоб мекунанд.

Алоқаи фаврии бозгашт дар рафти раванди педагогӣ сари вақт барои иҷрои ислоҳкунӣ мувофиқат карда, ба ҳамкории педагогӣ зарурӣ медиҳад.

Дар марҳалаи хотимавӣ силсилаи раванди педагогӣ бо ҷамъбасткунии таҳлил натиҷаҳои комёбшуда ба поён мерасад. Таҳлили натиҷаҳо барои он лозим ва заруранд, ки дар оянда хатоҳо такрор намеёбад, зеро дар ҳар марҳала хатогиҳо бо сабабҳои муайян содир шуда меистанд. Бинобар ин таҳлили чуқури педагог ва худтаҳлилкунӣ – ин роҳи дуруст ва баланди маҳорати педагогиро ташкил медиҳад.

Дар таҳлили натиҷаҳои муфиди дастрасшуда муҳимаш фаҳмидани сабабҳои аввалини хатогиҳоро муайян кардан, дар куҷо, чӣ тавр, кай ва барои чӣ рӯй додани онҳоро аниқ донистан аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари хатоҳо аз сабаби ба раванди ташреҳ ва пешгӯикуниро ба назар нагирифтани педагог сар мезанад. Чунин раванди таваккалӣ ба талабагон ба ғайр аз ноумедӣ, бой додани вақт, суст кардани рағбат чизи дигаре дода наметавонад.

add

Один комментарий

  1. Сохибахон

    Ассалому алайкум бисёр хуб ва қулай шудаст, ки маълумотҳо доир ба ин фанни мазкур дарёфт карда метавонӣ. Ташаккури зиёд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.