Вазифаҳои муаллим

 

Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда, ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гӯем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем:

Ба мақоми рушди рӯҳии одамизод,

Муаллимро муҳандиси аввал бибар ёд.

Азбаски ихтисоси педагогӣ аз қадимулайём – давраи олотсозии ҷамъияти ибтидоӣ арзи вуҷуд дорад, истилоҳи он ҳам дар забони мо муродифҳои гуногун гирифтааст: ирмагон, дабир, устод, мулло, мударрис, омӯзгор,муаллим,педагог, мураббӣ ва ғ.

Муаллимони падарватани мо мувофиқи қонунҳои педагогӣ амал намуда, нисбати сифати касбӣ ва вазифаҳои волояш худро дар назди халқу ватан масъул ҳис мекунанд. Яке аз вазифаҳои умдаи онон «…дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ…шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорат, малакаи касбӣ тайёр намудан, то ки онҳо бо ғояҳои сулҳдӯстӣ, инсонпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи инсонпарварӣ, ҳуқуқ ва қонунҳо фаро гирифта шудаанд»[1] мебошад.

Ҳамаи ин зимни педагогикаи ҳамкорӣ ва инсонпарварона муносибаткуниҳо ба каф меоянд. Зеро педагогикаи ҳамкорӣ нурафканеро мемонад, ки бо мунисию ғамхорӣ (на тенбеҳу фишоровариҳои рӯҳӣ) олами ниҳони ботини шогирдон: дарду ниёз, шодиву сурур, бурду бохтаҳояшонро фаҳмида мегирӣ, бо майлу дархосташон ба касбу ҳунаре меангезонӣ,нуқтаи ноаёни истеъдодашонро меҳрубонона такон медиҳӣ.

Омӯзгор нисбат ба тарбияи солими насли наврас шахси масъул ва дар назди ҷамъият ҷавобгар аст. Вале барои он ки тарбияи солими навниҳолон шикаст наёбад, худи муаллим бояд солимфикр, бомеҳр ҷӯянда ва мушкилкушои пешаи худ бошад, асрорҳои ниҳони касбашро аз халқ ва бузургон биомӯзад. Зеро халқ эҷодкори нодир, омӯзгори моҳир, ислоҳкори қодир аст. Аз халқу орифон ҷудоӣ – ин бераҳнамоӣ аст. Агар ба ин манбаъҳои ғанӣ оқилона рӯ оварда шавад, калиди қуфли ҳар мушкилоту муаммо ба каф меояд. Оре, «Зери ранҷ бувад ганҷҳои пинҳонӣ», – мегӯяд мақоли мардумӣ.

Дар хотир бояд дошт, ки натиҷаи кори муаллим имрӯз чӣ хел бошад – фардо ҷомеаи мо ҳамон хел мешавад. Аз ин лиҳоз як донишманди мумтоз – даҳҳо одамони ҳамроз ва як муаллими варзида – садҳо шогирдони санҷидаро ба камол мерасонад, ки дар оянда барои  Ватан-модар хизмати шоиста мекунанд.

Нагуфта намонад, ки солҳои охир сатҳи зиндагии мардуми тоҷик, аз он ҷумла муаллимон, бағоят коҳид – чунон паст рафт, ки мислаш дар садсолаи гузашта дида нашудааст. Чунин ҳолати сангин баъди соли 1990 – ум, хусусан баъди ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ – ҷанги нанговари бародаркушӣ ба вуқӯъ пайваст. Зиндагии мардуми мо ва табақаи муаллимон нисбат аз дигар халқҳои бародарӣ мислаш дида нашуда паст рафт. Бисёри корхонаҳои истеҳсолкунанда аз фаъолият монда, сатҳи иқтисодии кишвар таназзул ёфт, гуруснагию ғарибӣ ба дари бисёриҳо ҳалқаи мусибат зад. Аз боиси каммаошӣ бисёриҳо тарки касб карданд, муаллимон ва талабагони бебизоат бо мактаб хайру хуш бинмуданд. Шароити пасти иқтисодӣ онҳоро аз илму маърифат пас кашид.

Аммо умеди ояндаи сарсабзии миллат дар замири муаллимони қавиирода пойдор монд. Эшон дар ҷодаи худ ҳар қадар азоби рӯҳӣ бинанд ҳам, таълиму тарбияи мактабиёнро идома дода меоянд.

Дар ин солҳо сатҳи зиндагии муаллимони собиқ xумҳуриҳои шуравӣ, аз xумла украинӣ, белорусӣ, қазоқистонӣ, русиягӣ ва дигарҳо низ хеле коҳид. Мувофиқи маълумотҳои тадқиқоти сотсиологии соли 1997 фақат 1%  ҷавобдодагон таъмини ҳаётии орома доштан ва боз 6%  хаёти маишии худро хуб шуморидаанд, 13%  зиндагиашонро як навъ ҳисоб кардаанд, вале бисёриҳо, бештар аз 60%  муаллимон худро ба ҳисоби камбағалон, табақаи аҳолии бепаноҳ ҳисобидаанд[2].

Инак, вазифаҳои педагогӣ – майл додани дониш ва маҳорати педагогӣ аст. Албатта,майл додани асоси педагогӣ – ин татбиқу пурқувват кардани таълим, маълумот, тарбия, инкишофу ташаккул додани хонандагон мебошад. Дар ҳар кадоми инҳо муаллим корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Вазифаи асосии дар фаъолияти омузгор ин идора кардани равандҳои таълим, тарбия, инкишоф ва  ташаккулдиҳии насли наврас аст.

Вазифаи педагогӣ на омӯхтан, балки равона кардани омӯзиш, на тарбия кардан, балки роҳбарӣ кардан ба ҷараёнҳои тарбия мебошад. Ҳар қадаре, ки муаллим ин вазифаҳои худро амиқ дарк кунад, ҳамон қадар бо талабагони худ имконияти мустақилӣ, ташаббускорӣ, озодӣ дода метавонад.

Барои он ки муаллим ба таври гуногун фаъолият дорад, тадқиқотчиён чандин намунаи фаъолиятро пешбарӣ кардаанд. Яке аз онҳоро баррасӣ менамоем, ки асосан ба вазифаи умдаи идоракунии педагогии муаллим тааллуқ дорад. Барои аниқ кардани вазифаи идоракунӣ истилоҳи «лоиҳаи педагогӣ» – ро истифода мебарем, ки таҳти ифодаи он корҳои гуногуни фикркарда ва анҷомёбии онҳо фаҳмида мешавад: дарс, соати тарбиявӣ, омӯхтани мавзӯъ ва қисми он, ташкили викторина, олимпиадаҳо, идҳои мактабӣ ва ғ. ҳамаи ин корҳоро педагог бояд идора кунад ва ҳар қадаре, ки онҳоро муаллим оқилона ташкил кунад, ҳамон қадар камбудӣ кам ва сифати кор беҳтар мегардад.

Вазифаи аввалини педагог, ки ҳанӯз мавриди фикркунии лоиҳа пайдо мешавад ин мақсаднокӣ аст. Мақсад, чунон ки маълум аст, калидосои омили фаъолияти педагогӣ, он ғояи пешакӣ фаҳмидан ва равона кардани ҳаракати меҳнати умумии муаллиму талабагон ба натиҷаҳои умумӣ майл медиҳад. Моҳияти ифодакунии раванд боз аз он иборат аст, ки мутобиқаткунонии амалиёт бо роҳи мақсад – натиҷа, маҷмӯи корҳои зиёди ногузир пайваста ба қувваи ҳаракату рафтори иштирокчиёни системаи педагогӣ мувофиқ бошад. Идоракунии равнади омӯзиш, пеш аз ҳама, ба дониши талабагон ва инкишофи онҳо вобастагӣ дорад. Ин бо роҳи ташхисонӣ амалӣ гардонда хоҳад шуд. Бидуни дониши хусусиятҳои инкишофи ҷисмонӣ ва психологии талабагон,  сатҳи  тарбияи  ақлӣ  ва  ахлоқӣ, шароити тарбиявии синф ва оила ва ғ. ба матлаби дилхоҳ ноил шудан мумкин нест. Ана барои ҳамин ҳам педагог бояд методи таҳлили пешгӯӣ кардани вазъияти педагогиро комилан омӯзад. Ин методҳо, чуноне ки дидем, дар бисёр мавридҳо методҳои тадқиқоти илмиро такрор мекунанд.

Методи пешгӯикунӣ ба маҳорати пешбинӣ кардани натиҷаи кори муаллим дар шароити аниқ ва дар натиҷа муайян кардани санъати фаъолияти худ, баҳодиҳӣ ба имконияти ҳосил кардани маҳсули миқдор ва сифати иҷрои супоришҳоро ифода мекунад (ниг. нақшаи 6). Педагоге, ки ба оянда нигоҳ карда наметавонад, ба чӣ кӯшиш намудани худро намедонад, мисли роҳгузари таваккалчӣ фақат тасодуфан ба мақсад расида метавонад.

Ташхис карда ва бо созгории хуби пешгӯӣ такя намуда, педагоги моҳир ба таҳия намудани лоиҳаи фаъолияти таълимию тарбиявӣ мепардозад. Дар лоиҳа вазифаи муаллим аз тартиб додани сохти фаъолияти оянда, интихоби усул ва воситаҳо, ки дар он шароит ва барқароркунии ба мақсад ноилшавӣ имконият медиҳанд, тақсими қисмҳои ба мақсад ноилшавӣ, ташкил додани ҳар кадоми онҳо бо вазифаи ба худ хосашон, муайян кардани навъ ва шаклҳои натиҷабаҳодиҳӣ ва ғ. иборат аст.

Ташхис, пешгӯӣ, лоиҳа барои коркарди лоиҳаи нақшаи фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ, ки тартиб додани он бо қисми хотимаёбии раванди педагогӣ анҷом меёбад, асосӣ мебошад. Муаллими кордон бидуни нақшаи ҳамаҷониба фикр карда ба синф воридшавиро раво намебинад. Илова бар ин вай на як, балки чандин вариант нақша тартиб медиҳад ва барои он эҳтиёҷ мекунад, ки ҳамаи омилҳои мавҷударо фаро гирад, то ки ҳангоми тағйироти вазъият комилан омода бошад, ба ҳамаи ташхисот, пешгӯӣ ва лоиҳасозии раванд дар намонад.

Ташхисот, пешгӯӣ, лоиҳасозӣ ва банақшагирӣ ин ҳама вазифаҳои педагогианд, ки муаллим дар марҳалаи тайёрии ҳар кадом лоиҳаи (силсилаи) таълиму тарбия иҷро мекунад.азорат ва ислоҳкориро иҷро мекунад. Фаъолияти ташкилкунии муаллим асосан бо ҷалбкунии талабагон ба корҳои пешбинишуда, ба онҳо ҳамкорӣ бинмудан баҳри ноилгардӣ ба мақсад. ҳамкорӣ, ки дар ин бобат гуфта шуда буд, ҳалли мӯътадили вазифаҳои ташкилиро дар шароити ҳозира осон мегардонад. Моҳияти вазифаи ахборотдиҳӣ фаҳмо аст. Муаллим – манбаи асосии ахборот барои талабгон. Вай ҳамадон аст нисбати фанни худ, педагогика, методика ва психология. Вазифаҳои назорат, баҳодиҳӣ ва ислоҳ баъзан дар ягонагӣ бурда мешаванд, барои педагог зарурати ҳамаи сабабҳо мегардад. Муаллим ҳамаашро возеҳ мефаҳмад, бидуни ҳадаҳаю шитобкорӣ кор мебарад.

Дар охир ҳангоми анҷомёбии ҳар лоиҳаи педагогӣ муаллим вазифаи аналитикиро таҳлилиро иҷро мекунад, мазмуни асосии таҳлил баъди анҷомёбии кор пардохта мешавад: комёбиҳо чӣ тавр аст, барои чӣ он натиҷаи пешбинишуда паст, камбудиҳо кадомҳо, минбаъд барои содир нашудани онҳо чӣ бояд кард ва ғ.

Гуногунии вазифаҳо, ки муаллим иҷро мекунад, ба меҳнати вай қисмҳои бисёр ихтисосҳо – аз актёр, режиссёр, менеҷер то аналитик (таҳлилкунанда), тадқиқотгар ва салектсионер илова карда мешаванд.

Ба ғайр аз вазифаҳои бевоситаи ихтисоси педагогии худ муаллим вазифаҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ оилавиро низ дорад.

test

Добавить комментарий