Фанни Педагогика

Талабот ба муаллим

 

Касби пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, заро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин хотир нигоштааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Оре, ҳамин омӯзгор буд, ки чун зиё дар замири наслҳои наврас шӯълаи илму маърифат густариш дода, рӯзгорро мунаввар карда меояд. Чунин талабот ба шахсияти муаллим амру талаботи ногузири замон буд, ҳаст ва мемонад. Аммо барои ба ин касб мушарраф шудан, пеш аз ҳама, қобилияти педагогӣ бояд дошт. Дар ҳамин лаҳза саволе ба миён меояд – оё қобилияти махсуси педагогӣ вуҷуд дорад? Донишмандони маъруфи касби мазкур ҷавоби қонеъ медиҳанд.

Масъалаи қобилияти педагогӣ дар пояи бошиддат коркунии ашхоси майлдошта вобаста аст. Қобилияти педагогӣ – сифати шахсият, зуҳуроти якҷоякоркунӣ бо атфол, дӯст доштани кӯдакон, ҳаловатбарӣ аз вохӯрӣ бо онҳова uайра дар худ таxxассум мекунад. Гоҳо қобилияти педагогӣ дар доираи танг, иҷрои амалиёти аниқ зоҳир меёбад – хубгуфторӣ, хубсароӣ, расмкашӣ, ташкил кардани чорабинӣ бо кӯдакон ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.

Алалхусус қобилияти педагогӣ чунин гурӯҳҳои асосӣ дорад:

  1. Ташкилотдичигӣ. Маҳорати муаллим нисбати ташкилкунии корҳои талабагон, бурдани машғулиятҳо бо онон, тақсим кардани вазифаҳо, ба нақша гирифтани корҳо, ҷамъабасткунии корҳои иҷрошуда ва ғ.
  2. Дидактикӣ. Аниқ интихоб намудан ва тайёр кардани маводи таълимӣ, тартиб додани аёният, таҷҳизонӣ, дастрас, фаҳмо, маънидорона, боварибахш ва пай дар пай баён кардани маводи таълимӣ, ҳавасмандгардонии инкишофи фаҳмидагирӣ ва талаботи маънавӣ – рӯҳӣ, баландбардории даркнамоӣ ва ғ.
  3. Идрок кардан. Маҳорати фаҳмидагирии олами рӯҳии дастпарварон, холисона баҳисобгирии ҳолати хурӯшонӣ ва зоҳир намудани хусусиятҳои равонии онҳо мебошад.
  4. Робитакунӣ. Қобилияти алоқа ва муносибат карда тавонистани муаллим бо талабагон, волидони онҳо, ҳамкасбон, роҳбарони муассисаи таълимӣ.
  5. Талқиндиҳӣ. Қобилияти ба кайфияту иродаи талабагон таъсиррасонӣ.
  6. Тадқиқотӣ. Қобилияти зоҳиргардонии донистагирӣ ва холисона баҳодиҳӣ ба вазъият ва ҷараёнҳои педагогӣ.
  7. Илмӣ – тадқиқотӣ. Барои дар соҳаи интихобшуда азхудкунии донишҳои илмӣ бурда тавонистан.

Ҳамаи қобилиятҳо дар таҷрибаи фаъолияти педагогӣ якхела заруранд? Маълум мешавад, ки тадқиқоти илмӣ солҳои охир нақши қобилияти «барандагӣ» ва «ёрирасон» — ро гирифт. Ба барандагӣ натиҷаҳои сершумори саволҳои педагогҳо ба хотири тезбинӣ (мушоҳидакорӣ), дидактикӣ, ташкилотчигӣ, боғайратӣ мансубанд, дигарҳоро метавон ба ёрирасонии иловагӣ шомил кард.

Албатта, дар ҳолати идеалӣ ба фаъолияти педагогӣ одамоне бояд шуғл варзанд, ки ба он майлу рағбат, истеъдод ва қобилияти хоса дошта бошанд, вале ҳоло касби педагогӣ оммавӣ шудааст. Ҳазорҳо муаллимони боистеъдодро аз куҷо бояд гирифт? Бинобар ин гузориши масъаларо нарму сабуктар кардан лозим меояд. Бисёри мутахассисон ба он хулоса омадаанд, ки дар ҳолати ғайриқобилияти возеҳдоштаи педагогӣ бо роҳи инишкофи сифатҳои муҳими касбҳои дигар – меҳнатдӯстӣ, виҷдонан ва ҷиддӣ муносибаткунӣ ба вазифаҳои худ, мунтазам дар болои худ коркунанда ҷуброн кардан мумкин аст.

Ба қобилияти педагогӣ (истеъдод, рағбат, осори қобилият) мо бояд замина гузорем, то ки мактаб бемуаллим намонад ва азхудкунии касби педагогӣ идома ёбад, вале на ҳаргиз барои ноӯҳдабароёни ин касби олимақом бояд xой набошад. Чунки соҳиби ин касб бо торҳои ақлу заковат ва рӯҳи нозуки инсон сарукор дорад. Мо чӣ қадар номзодҳо дорем дар андар сафи муаллимон, бисёрии онҳо нишонаҳои аҷоиби қобилияти педагогӣ ҳосил кардаанд ва барои комилан соҳибкасб шудан, барои фатҳи қуллаҳои баланди маҳорати педагогӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Ҳаққо, омӯзгор – меҳнаткаши бузург аст.

Барои ҳамин ҳам мо сифатҳои муҳими касби педагогиро дар фазилотҳои зерин мебинем: меҳнатдӯстӣ, коршоямӣ, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, тавоногарӣ, мақсадгузорӣ, интихобгари роҳи ноилгардӣ ба он, муташаккилӣ, суботкорӣ, мунтазам баландбардории сатҳи касби худ, доимо кӯшишкунандаи сифати баланди меҳнати худ ва ғ.

Ба замми ин сифатҳо омӯзгорро ҳангоми раванди таълиму тарбия бо хислатҳои наҷиби зайлаш мешиносанд ва кадр мекунанд: одамигарӣ, меҳрубонӣ, покдилӣ, бошарафӣ, масъул, ҳақкор, холисонагӣ, олиҳимматӣ, эҳтиром ба одамон, ахлоқи ҳамида, пешбинӣ, толиби робитакунӣ, эътибордиҳандаи ҳаёти дастпарварон, хайрхоҳ, танқидгари худ, муносибати дӯстона, таҳаммулкунанда, қурбдон, ватандӯст, диндорӣ, принсипнокӣ, мушфиқ, маданиятнокии таъсирбахш ва монанди инҳо.

Барои муаллим талаботи ҳатмии гуманизм, яъне муносибати хайрхоҳона бо одамон, шогирдон. Гуманизми муаллим нисбати талаба – эҳтироми шахсияти вай, ёрирасонӣ, ҳамкорӣ, рӯҳафзоӣ, ғамхорӣ роҷеъ ба рафтору корҳои таълимиашро дар бар мегирад.

Муаллим ин шахсияти ҳамеша фаъол ва эҷодкор аст. Фақат муаллим метавонад дастпарварони худро рӯҳбаланд намуда, дар қалби онҳо ба ин ё он корро ангезиш диҳад. Роҳбарии педагогӣ мураккаб аст, ҳамчун синф, коллективи талабагон тарбиятгарро водор мекунад, ки ихтироъкор, зираку ҳассос, суботкор, ҳамеша тайёр будан ба ҳалли вазъияти гуногуни мустақилона бошад. Омӯзгор – намунаи тақлидкунӣ. Сифати муаллими варзида тамкинӣ ва худидоракунии раванди таълиму тарбияи насли наврас мебошад.

Сифати хеле баланди касбии муаллим ин адолатхоҳии e нисбати мактабиён аст. Адолаткории омӯзгор бештар дар баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат ва рафтори шогирдонаш зоҳир мегардад, аз рӯи ба ҳисобгирии вай холисонагиашро пай мебаранд. Рӯйбинӣ, муқоиса карда баҳо гузоштан қадру қимати омӯзгорро паст мекунад.

Ба замми ин сифатҳо тарбиятгар бояд серталаб бошад. Серталабии устод – эҳтироми ниҳони вай нисбати шогирд, зеро вай оқилона инкишофёбии шогирдро дар замираш мепарварад.

Билохира, педагог бояд дар назар дошта бошад, ки хасташавии шогирдонро ҳазлу шӯхӣ ва зарофатгӯии ба мавриди муаллим аз байн мебарад. Барои ин вай бояд воситаҳои хурӯшонии зиёд дошта бошад ва онҳоро дар мавридаш истифода барад.

Ҳамин тавр, маҷмӯи талаботҳои фавқулзикри муаллим зимни одоби муоширати педагогӣ бояду шояд сурат гирад (дар бораи одоби педагогӣ дар дигар қисмати китоби мазкур маълумот медиҳем).

 

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *