Маҳорати педагогӣ

 

Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фаҳмиши маҳорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад.

Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест, фақат фарқият ба кадом самт тобиш хӯрдани маҳорат ҳамчун метод ба воситаи шахсият амалӣ мегардад, дида мешавад.

Барои аз худ кардани санъати педагогӣ бояд бисёр чизҳоро донист ва тавонист. Бояд қонунҳо ва принсипҳои тарбия, таркиби онҳоро низ донист. Бояд бо такомулоти муфидонаи технологияи раванди таълиму тарбия, дуруст интихоб намудани онҳо барои ҳар вазъияти мушаххас, ташхис намудан, пешгӯӣ кардан ва тарҳбандии раванд таҳти дараҷа ва сифати супоридашуда истифода бурдани онҳоро тавонист. Барои аз худ кардани санъати педагогӣ бояд бисёр чизҳоро донист ва тавонист. Бояд қонунҳо ва принсипҳои тарбия, таркиби онҳоро низ донист. Бояд бо такомулоти муфидонаи технологияи раванди таълиму тарбия, дуруст интихоб намудани онҳо барои ҳар вазъияти мушаххас, ташхис намудан, пешгӯӣ кардан ва тарҳбандии раванд таҳти дараҷа ва сифати супоридашуда истифода бурдани онҳоро тавонист.

Дар кори педагогии мо ҳамаашро маҳорат ҳал мекунад. – менависад профессор Ю. П. Азаров. – Аммо роҳи маҳорат одатан барои муаллимон бо душворӣ ва дуру дароз мешавад[1].

Андешае вуҷуд дорад: маҳорати ҳақиқии муаллим фақат дар одами боистеъдод, ки майли муайяни ирсиятдошта шуда метавонад. Бояд муаллим тавлид ёфт. Дигар исбот ҳам ҳаст: касби оммавӣ хусусан имтиёзи атошуда наметавонад. Қариб ҳамаи одамонро (ғайри баъзеҳо) худи табиат ба сифати тарбиятгар тақсим кардааст. Вазифа бояд маҳорати педагогиро омӯзанд.

«Оё мо метавонем ба тақсимоти истеъдоди тасодуфӣ гузорем? Дар мо чӣ қадар ин хел тарбиятгарони боистеъдод ҳаст? – пурсида буд А. С. Макаренко. – ва барои чӣ кӯдак дар дасти педагоги беистеъдод азоб кашад? Ва оё мо метавонем тарбияро аз ҳисоби истеъдод созем? Не. Фақат дар бораи маҳорат, яъне дар бораи дониши ҳақиқии раванди тарбия, дар хусуси тавонистани тарбия бояд гап зад. Ман дар таҷриба ба боварие омадам, ки масъалаи маҳоратро, тавоногӣ, бо ихтисоси асосёфта ҳал мекунад»[2].

Аспектҳои гуногуни психологии меҳнати муаллимро таҳқиқ намуда Н. В. Кузмин тасдиқ мекунад, ки муаллимони боистеъдоди ҳозира на зиёда аз 12% оммаи асосӣ – ин устодони моҳир, ки тавоногари хуб донандаи усулҳои омӯзиш ва тарбия мебошанд ва бо шарофати ин таъсирбахшии кор муваффақ мегарданд.

Маҳорати педагогии муаллим, пеш аз ҳама, тавонистани ташкилии раванди омӯзишро ифода мекунад, ки дар ҳар гуна шароит, ҳатто дар вазъияти ноқулай ҳам ба сатҳи тарбия, инкишоф ва дониши талабгон комёб шуда метавонад. Муаллими қақиқӣ ҳама вақт ба ҳар саволи ғайридоимӣ ҷавоб ёфта метавонад. Вай метавонад бо хонандагон бедушворӣ наздик шавад, фикрро равшан гардонад, ба қобилиятҳо такон оварад, ба шарте, ки маҳорати (санъати) педагогӣ дошта бошад.

Маҳорати педагогӣ – ин хусусияти шахсиятест, ки маҷмӯи худташкилдиҳии фаъолияти касбиро ба дараҷаи баланд таъмин мекунад.

Қисматҳои таркибии маҳорати педагогӣ инҳоянд: самти инсонпарварӣ, дониши касбӣ, кобилияти педагогӣ, техникаи педагогӣ. Ҳар кадоми ин қисматҳо дар навбати худ боз шохаҳои худро доранд (ниг. нақ. 10).

Самти инсонпарварӣ  аз меҳри бепоён доштани муаллим ба кӯдакон ва касби омӯзгорӣ сарчашма меёбад. Муаллим бояд шогирдони худро ҳамаҷониба омӯзад, то ки вай мувофиқи хусусиятҳои фардиашон дуруст муомила карда тавонад. Вақте ки байни тарафайн муносибати гуманистии занҷирӣ барқарор шуд, ба мақсадҳои олӣ (идеалҳо) гузаштан, майлу рағбати онҳоро ангезонидан лозим меояд, зеро мақсадгузорӣ рангинӣ, завқу шавқи зиндагии инсон аст. Бемақсадӣ ва рӯҳафтодагӣ коҳилӣ меорад.

Хуб донистани дониши касбӣ  тақозо мекунад, ки муаллим фанни тадрисии худро бо методикааш чуқур донад, илова бар ин, илмҳои ба касбаш вобаста – педагогика, психология, ҳамчун донишҳои мансубро азхуд намояд. Муаллим мумкин аст фанни худро дӯст дорад, донад, аммо дониши худро ба талабагон баррасӣ карда наметавонад. Биноан муаллими xавон ҳатман маҳорати роҳи донишгузориро аз муаллимони пешқадами кордон омӯзад, ин санъати муҳимро ба каф орад.

Дар қисмати қобилияти педагогии  муаллими мумтоз чунин хусусиятҳои муҳим раводид шудаанд: робитаи некхоҳӣ, инсонпарварӣ нисбати одамон; қобилияти ҳушёрӣ, фаҳмида тавонистани мусоҳибон, ҳусни таваҷҷӯҳи касбӣ, фаҳму фаросати педагогӣ; серҳаракатӣ – инкишофи қобилияти ба иродаи шахсият таъсиррасонӣ ва мантиқан боваркунонӣ; эҳсоси устувор дар ҳар шароит худдорӣ, таҳаммул карда тавонистан, бидуни густохӣ; пешбинии некхоҳона – натиҷаҳои муҳими фаъолияти минбаъда қобилияти эҷодкорӣ доштан бидуни нусхабардорӣ ҳар кори омӯхташударо дар шароиту имкониятҳои худ мутобиқ гардонида тавонистан аст.

Талаботҳои техникаи педагогӣ – маҷмӯи усулҳоро дар бар мегирад. Воситаи он – нутқ ва муносибати шифоҳӣ. Технакаи педагогӣ аз ду қисмат таркиб ёфта аст: а) идора кардани ҷисми худ, бидуни ҳаракатҳои ғайримақбул, дар курсӣ тамкин нишастан, пойҳо на чилику рӯи зону, балки аз ҳамдигар 10 – 12 см ҷудо ва яке камтаре майл ба пеш бошанд. Имову ишораҳои ба мавриди ғайрилафзӣ, ки нутқи муаллимро дақиқу мушаххас мегардонанд, лозиманд. Чунончи, муаллим мегӯяд: ман чанг наменавозам, на ёр. Дар ҳамин ҷо ишораи ангуштони дастҳову лаб аз «най ор» (на набиёр) гувоҳӣ медиҳанд, ё ба гуфтаи муаллим – ман об наменӯшам, маёр, бо ишораи даст рамзи қадаҳ дода мешавад, ки «май ор» – ро ифода мекунад, на набиёрро. Бахусус, ҳамаи ишоратҳои ғайри лафзии қисм дар илм пантомимика номида мешавад. Пантомимика (аз юн. рantomimios – айнан такрори ҳамаи тақлид), санъатест, ки ба воситаи имову ишорат тасвири рамзии намудҳо офарида мешавад, нутқи нотиқро равшану пурра мегардонанд; б) техника нутқи омӯзгор – тарзи талаффуз, нафаскашӣ, суръати нутқ ва таъсиррасонии он ба шахс ва коллектив. Нутқи муаллим бояд ихчаму дақиқ ва мувофиқи сатҳи дониши талабагон дастрасу фаҳмо бошад. Ҷалолиддини Румӣ фармудааст:

Чунки бо кӯдак сару корат фитод,

Ҳам забони кӯдакон бояд кушод.

Ба ин гуфтаи омӯзгории бузургвор гуфтаи зайлро илова кунем мешудагист:

Ҳар саволе, ки биёранд бармиён,

Бо забони фаҳмашон бинмо баён.

Нутқи муаллим ҳам ба хусусиятҳои аҳли синф бо суръати миёна ва тез бояд бошад, на як зайл оҳанг гирад, балки бо интонатсия – гоҳ паст, гоҳ баланд, гоҳ хурӯшон бошад. Пуртаъсирӣ – хурӯшонии нутқ эҳсосоти сомеонро такон меоварад, мисли аз забони қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик овардаи устод С. Айни:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок…

Нутқи хурӯшон ба шахс ва коллектив чун оҳанрабои ба худ кашанда таъсир мекунад.

Моҳияти маҳорати педагогӣ – ба худ хос худаш маданияти шахсӣ, дониш ва доираи назарӣ муаллим, ҳаматарафа тайёрии назариявии вай бо азхудкунии усулҳои замонавии таълим ва тарбия, техникаи педагогӣ ва таҷрибаи пешқадамро худ таxассум  мекунад.

Алалхусус, маҳорати педагогии муаллим аз чанд ҷиҳат ба санъати навозандагӣ ва актёрии саҳна монандӣ дорад. Агар мутриб торҳои асбобро дуруст кор фармуда натавонад, оҳанги навозандагиаш гӯшхарош мебарояд. Қисматҳои маҳорати педагогӣ ва методу усулҳои марбути фаъолияти муаллимӣ ба сони пардаҳои асбоби мусиқӣ дуруст интихоб карда нашаванд, кори ӯ барор намегирад, таъсири муфид намебахшад, чуноне ки мегӯянд «Ҷони нодон дар азоб». Педагог ҳамеша як нақшро мебозад ин ба тарбиягирандагон таъсири мусбат расонидан аст.

Омӯзгоре, ки ҳини раванди таълиму тарбияи дастпарварон ахлоқ ва одоби педагогиро сарфи назар мекунад, аз қалби онон ҷо гирифта наметавонад, ба робита бо талабагону волидони онҳо, ҳамчунин педагогикаи ҳамкориро аз даст медиҳад. Этика (илми ахлоқ) ва одоби муоширати педагогӣ узвҳои муҳими маҳорати педагогӣ ба шумор мераванд, ки мо нисбати онҳо мухтасар таваққуф меорем. Зеро нисбати онҳо дар курси «Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ» муфассалтар маълумот дода шудааст.

Э т и к а и   п е д а г о г ӣ – илми ахлоқу одоби муаллим аст. Муаллими замон дар ҳар гуна вазъият, дар ҳама ҷо бояду шояд ба он риоя кунад, то ки шогирдон аз ӯ наҳаросанд, ҳамчун дӯсти мунису ғамхорашон бидонанд. Дар чунин муносибат бо ҳар восила омӯзгор метавонад аз олами ботини шогирдон огоҳӣ пайдо кунад, қобилияту майли ниҳони ононро дарёбад. Оре, муаллими мумтоз чун ғаввоси заршинос ба қаъри дили шогирдон ғӯта зада, аз ботини ниҳони онҳо марвориду дурдонаҳои истеъдод ба соҳили мурод меоварад ва бо камоли фазилату хайрхоҳӣ он қобилиятҳоро болу пар мебахшад.

О д о б и   м у о ш и р а т и   п е д а г о г ӣ – риояи муаллим оиди меъёри қоидаҳои муносибат нисбати талабагон ва волидони онҳо ва интихоби роҳи дурусти муомилот бо онон дар ҳар гуна маврид дар назар дорад.

Одоби муаллим ба принсипҳои ахлоқи умумиинсонӣ асос ёфтааст. Олами ниҳони хонандагонро дарк карда, таъсири мусбат расонидан ҷиҳати муҳими одоби муошират аст.

Бархе муаллимон ҳангоми мусоҳиб шудан бо шогирдон ва волидайн гапро аз шикояту нуқсонҳо оғоз мекунанд, ки ин бархилофи одоби педагогист, зеро ин тавр муносибат шикаст меорад. Одоби педагогӣ тақозо мекунад, ки зимни муомила бояд қабл аз нуқсони шахс сифати мусбати ӯро дар навбати аввал гузошт, сипас хеле эҳтиёткорона аз камбудиҳо андеша ронда, роҳи ислоҳи онро ба волидон тавсия намояд.

 

[1] Азаров Ю. П. Мастерство воспитателя. – М., 1971. – с.164.

[2] Макаренко А. С. Пед. соч.: В8т. – Т.4, – М., 1985. – с. 236.

test

Добавить комментарий