Мазмуни раванди тарбия

 

Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия – рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият ноил шаванд.

Дар солҳои охир нисбати мазмуни раванди тарбия ақидаҳо тез ва қатъиян дигар шуданд. Ягонагӣ талаботи педагоги имрeз кам ба чашм мерасад: ҷомеаи мо, бо ҳамроҳии он мактаб ҳам нисбати дарёфтани ҳақиқати объективӣ давраи душворро аз сар мегузаронад. Самти гуманистикунонӣ ва демократикугоии мактабро гирем, бояд ба сифати нави тарбия гузашта шавад. Дар асоси ғояҳои муосири тарбия чунин ғояҳои муҳим низ ҳастанд:

  1. Реализм (ҳақиқатнигорӣ) – мақсади тарбия аст. Мақсади ҳақиқии имрӯз – рушди ҳамаҷонибаи одам, такя ба қобилият ва истеъдоди он карда мешавад. Воситаҳои бамақсадрасии он ин азхудкунии асоси бунёди маданият аз тарафи одам мебошад. Аз ин ҷо мафҳуми марказии мазмуни тарбия – «асоси маданияти» шахсият аст. Ин маданият худ муайянкунии зиндагӣ: маданияти иқтисодӣ ва маданияти меҳнати; сиёсӣ, демократӣ ва ҳуқуқӣ; ахлоқӣ ва экологӣ, бадеӣ ва ҷисмонӣ; маданияти муносибати оилавӣ ва uайраро дар бар мегирад.
  2. Фаъолияти якҷояи кӯдакон ва калонсолон. Ҷустуҷӯи ибратомӯзи ахлоқи ҳамроҳи кӯдакон, намунаи беҳтарини рӯҳии маданият, маданияти фаъолият, дар он коркарди асосҳои арзиши махсус дошта, норма ва қонунҳои ҳаёт мазмуни кори тарбиявиро ташкил мекунанд, ки мавқеи таъмини фаъолонагии шахсияти мактабиён дар раванди тарбия мебошад.
  3. Худмуайянкунӣ. Тарбияи иникшофёфтаистода ният дорад, ки ягонагии ташаккули шахсиятро бо боварии ҷиддӣ аз нуқтаи назари демократӣ ва мавқеи ҳаётӣ ҳал намояд. Унсури муҳими мазмуни тарбия – маданияти худмуайянкунии ҳаёти инсонист. Худмуайянкунии ҳаётӣ – маънои васеъ дорад, назар фақат ба касбӣ ва ҳатто шаҳрвандӣ. Маданияти худмуайянкунии ҳаёт одамро ба субъекти махсус тавсиф медиҳад. Хусусан дар хушоҳангӣ одам бояд бо худ ахлоқи шаҳрвандӣ, касбӣ ва маънавӣ дошта бошад.
  4. Майли шахси дар тарбия. Дар маркази тамоми кори тарбияи мактаб бояд на барномаҳо, на чорабиниҳо, на шакл ва методҳо балки, худи кӯдак, наврас, ҷавон истад ин мақсади асосии ташвиши педагогии мост. Бояд майли фардӣ ва шавқу ҳавас, хусусиятҳои гуногун ҳисси шаъни шахсии ононро инкишоф дод. Ҳаракати рағбат аз наздик бо тарбиягирандагон ба инкишофи волои талаботи рӯҳӣ бояд қоидаҳои тарбия гардад.
  5. Ихтиёрӣ будан. Бидуни ихтиёри иродавии тарбиягирандагон таҷассуми моҳиятнокии ғояи тарбия шуда наметавонад: на ғояи инишкоф (рафъкунӣ, болобардории худ), на ғояи ҳамкорӣ. Раванди тарбия, агар он ҳамчун маҷбурӣ ташкил карда шуда бошад, кӯдаку муаллимро ба заволи маънавӣ мебарад. Кӯдаконро ба «тарбиякунӣ» маҷбур кардан мумкин нест. Хоҳиши озодонаи тарбиягирандаро ҳамон вақт пайдо кардан мумкин аст, ки ӯро ба завқ биёранд.
  6. Майли коллективистӣ доштан. Оиди мазмуни кори тарбиявӣ бартараф кардани муносибатҳои носолими коллектив, рушд додани интизомнокӣ, баланд бардоштани нерӯи рӯҳӣ, ахлоқӣ меистад.

Нигаронида шудани мактабҳо ба ҳаёт – гарави нав кардани мазмун ва воситаҳои тарбия, ки ба ин ниятҳо роҳ мекушояд:

  • аз баробаршавии шахсият то ба инишкофи ҳамаҷонибаи он;
  • аз ёд кардани догмаҳо то ба фаҳмидагирӣ ва азнавсозии олам;
  • аз авторитарӣ будан ва дилхунукӣ то ба гуманистӣ ва ҳақкорӣ.

Саволе ба миён меояд: амалан ташкилкунии мазмуни тарбия барои иҷрокунии ин ғояҳо чӣ тавр мешавад? Ба тарбиягиранда хабар додан: одам бояд тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ғайра гирад. Дар вай ҳатман чунин саволҳо пайдо мешаванд – ин барои чӣ лозим аст, ин чӣ медиҳад? Дар системаи тарбияи хориҷӣ ин масъалаи амалӣ махсусан дар ҷои аввал меистад ва ҳамчун омили тавоно хизмат мекунад.

Тарбияи хуб ташкилкардашуда бояд одамро дар се нақши асоси зиндагӣ омода гардонад – шаҳрвандӣ, коргарӣ, оиладорӣ. Ҳоло сифатҳои аниқи шахсият ва ӯҳдадороиҳои одамиятии инҳоро муайян мекунем.

Шаҳрвандӣ.

Адои ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ – ҳисси вазифадорӣ дар назди диёр, ҷомеа, волидайн.

Ҳисси ифтихори миллат ва ватандӯстӣ.

Эҳтиром ба Конститутсияи давлатӣ, органҳои ҳукумати давлатӣ,Президенти кишвар, рамзҳои давлатӣ (нишон, парчам, суруди миллӣ).

Масъулиятнокӣ нисбати тақдири кишвар.

Интизоми ҷамъиятӣ ва маданӣ дар хобгоҳ ва xойҳои xамъиятӣ.

Муносибати эҳтиёткорӣ ба боигарии миллии кишвар, забон, маданият, анъанаҳо ва арзишҳои миллию умумибашарӣ.

Фаъолияти ҷамъиятӣ.

Риоя намудани принсипҳои демократӣ.

Муносибати ғамхорӣ ба табиат.

Эҳтироми ҳуқуқ ва озодии дигар одамон.

Мавқеи ҳаёти фаъолона.

Масъули маҷмӯи ақидаҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ.

Бо виҷдон, ростқавл, ҳассос, бошафқат.

Масъулият дар кор ва рафтори худ.

Интернатсионализм, эҳтироми халқҳои дигар кишвар ва ғ.

Коргар

Боинтизом ва бомасъулият.

Коршоямӣ ва муташаккилӣ.

Дониши умумӣ, махсус ва иқтисодӣ.

Дониши сиёсӣ.

Муносибати эҷодкорона ба меҳнат.

Суботкор, саъю кӯшиш бо тезӣ ва хушсифат иҷрокунии кори супоридашуда.

Ифтихори касб, эҳтиром ба ҳунар.

Шуурнокӣ, боодобӣ, вазифашиносӣ.

Таҷрибаи фаъолияти корӣ.

Маданияти пуртаъсири истеҳсолӣ.

Муносибати эстетикӣ ба меҳнат, ҳаёт, фаъолият.

Коллективизм, маҳорати ҳамроҳкоркунӣ.

Ташаббускорӣ, мустақилӣ.

Омода будан ба бисёр ва самаранок меҳнаткунӣ баҳри манфиати кишвар, ҷомеа.

Кордонӣ, боғайратӣ.

Масъулият баҳри натиҷаҳои меҳнатӣ.

Эҳтиром ба одамони меҳнатӣ, устои истеҳсолот ва ғ.

Оиладорӣ

Меҳнатдӯстдорӣ, масъулиятнокӣ.

Боодобӣ, хушмуомилагӣ, алоқаи маданӣ.

Худдорӣ карда тавонистан дар ҷамоат.

Покизагӣ. Покизакорӣ малакаи ҳифзиссиҳа.

Саломатӣ, хислати фаъолонагӣ ба тарзи ҳаёт.

Ташкил ва гузаронидани фароғат.

Маълумоти ҳаматарафа.

Донистани нормаҳои ҳуқуқ, қонунҳо.

Донистани психологияи амалӣ, этика.

Маҳорати тарбиякунии кӯдакон.

Омодагӣ ба ақди никоҳ ва иҷро кардани ӯҳдадории оилавӣ.

Эҳтироми волидайни худ, одамони кӯҳансол ва дигар сифатҳо.

Чуноне ки мебинем, дар  ҷудокунии сифатҳои доира бисёр такрорёбӣ дида мешавад. Ин аз он ягонагии ҳамаи сифатҳои тарбия ва муносибати комплексӣ дошатни онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Тавсиякунӣ нисбати ташкилкунии мазмуни раванди тарбия дар мактаби миёнаи маълумоти умумӣ дар китоби ёрирасони роҳбарони синф «Мазмуни тахминии тарбияи мактабиён» оварда шудааст. Албатта, барномаи корҳои тарбиявӣ мазмуни тарбияро нафақат дар ҳамаи мактабҳо, ҳатто дар синфҳои мувозеҳ ҳам ба тартиб оварда наметавонад. Аз ин лиҳоз ба мавзӯъҳои тахминӣ такя карда мешавад, ҳар тарбиягар бояд ба узвҳои муайяни мазмун эҷодккорона рафтор кунад, бо назардошти мақсад, шароити аниқ ва сатҳи бомаърифатии мактабиён чорабиниҳои тарбиявиро амалӣ гардонад.

Ташхиси тарбия

 

Чунон ки мо медонем, тарбия раванди бомухолифат ва дарозмуддат аст. Дар он душвориҳои ҷиддӣ рӯй дода меистад, баъзан канда мешавад. Натиҷаҳои тарбия гоҳо хусусияти дуродурро мегирад, ки ба ҳисобгирии онҳо душворӣ меорад. Тарбия пеш аз ба мактабоӣ сарчашма гирифта, дар равандди фаъолияти меҳнатӣ ҳам идома меёбад. Дар синну соли муайян тарбия ба худтарбиякунӣ мепайвандад. Инчунин ислоҳи рафторҳои ношоями радшуда тавассути азнавтарбиякунӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Пурра ё қисман ба мақсадрасии раванди тарбияро чӣ тавр бояд донист? Табиист, ки барои ин он тарбияи қаблан гирифтаро бо натиҷаҳои тарбияи нав гирифтаи воқеӣ муқоиса кардан лозим аст. Бидуни донистани натиҷаҳои ноилшуда, ҳамчун андармиён ва охирин на банақшагирӣ, на идоракунии раванд мумикн нест. Дар таҳти натиҷаҳои раванди тарбия дараҷаи ноилгардии тарбияи шахсият ё коллектив қайд карда мешавад. Он метавонад ба нақшаи гирифташуда мувофиқат ва ё аз он фарқ кунад. Ба зоҳир намудани дараҷаи муайян ташхис ёрӣ мерасонад. Ба мо ҳоло маълум, ки ин тартиб барои муайян кардани вазъиият, зоҳир намудани сатҳи ҳақиқии тарбия хуб равона карда шудааст. Маълумотҳои омӯзиши ташхиси бо натиҷаҳои аввалини шахс муқоиса карда мешавад, фарқияти байни аввалину охирин самарабахшии раванди тарбияро муайян мегардонад.

Тарбияёбии шахсият чӣ тавр муайян карда мешавад? Ин басо мураккаб ва дар педагогикаи муосир проблемаи пурра ҳалли худро наёфта дониста мешавад. Илм фақат барои коркарди боэътимоди «андозагирӣ» бо натиҷабахшии тарбия наздик мешавад. Имрӯзҳо нисбати сатҳи тарбияёбӣ фақат тасаввуроти тахминӣ карда, ба иҷрои мураккабу душвори он бо таҳлил тартиби ташхис натиҷагирӣ кардан мумкин аст.

Меъёри тарбияёбӣ – ин меъёри коркарди назариявии дараҷаи ташаккулёбии сифати гуноугни шахсият ва коллектив аст. Онҳо одатан дар намуди ҷадвали сиёсӣ танзим дода мешаванд. Агар дараҷаи зоҳиршавии сифат ба миқдори баҳои шартӣ дода шавад, он гоҳ ба ҷо овардан мумкин аст. Муайянкунии сатҳи тарбияёбандагӣ бо роҳи санҷиши (тест) рафтори амалии (назарӣ) тарбияёбӣ дар вазъияти муайян бурда мешавад, то ки сифати иҷро шудан ё нашудани талабот возеҳ гардад.

Дар меъёрҳои ҳозираи тарбия як қатор тавсифҳои муайянкунандаи дараҷаи дониш нисбати ину он нишондиҳанда истифода бурда мешавад. Меъёри тарбияёбиро шартан бо «сахт» ва «мулоим» ҷудо кардан мумкин аст. Меъёри «сахт» дар педагогика нисбатан кам истифода бурда мешавад; ба он нишондодҳои муҳими эҳсоиявӣ вобаста карда шудааст, дар комплекси сатҳи умумии тарбияёбии ҷавонон инҳо нишон дода мешаванд: миқдори ҳуқуқвайронкунандагон ва анъанаи тағйирёбии онҳо; миқдори одамони ҷавони тамомкардаи мӯҳлати ҷазо барои содир кардани ҷиноят; миқдори талоқкунӣ, миқдори кӯдакони бепарастор; паҳншавии майзадагӣ, тамокукашӣ, нашъамандӣ ва дигар нишондодҳои ношоям.

Барои тавсифи тарбияи мактабӣ меъёри сабук «мулоим» истифода бурда мешавад, ки он ба тарбиядиҳандагон оиди раванди тарбия натиҷаҳои тасаввуроти умумӣ ҳосил кардан ёрӣ мерасонад, вале ба чуқур ва дилпурона ташхискунии сифати пӯшида имконият намедиҳад. Ба камбудиҳо ин меъёр на ҳамчун комплексӣ, балки фақат барои сифатҳои алоҳидаи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ғ. истифода мешавад. Шахсият, ки дар ин бобат борҳо қайд карда шуд –  маълумоти яклухт ва дар комплекс ҳамаи сифат ва хислатҳои ӯро омӯхтан зарур аст. Аммо коркарди меъёре, ки ҳамаи сифатҳои шахсият ва коллективро дар ягонагӣ биомӯзад, ҳоло ба касе муяссар нашудааст, ин проблемаи муҳим ба авлоди ояндаи тадқиқотчиён гузошта мешавад.

Меъёрҳои бисёри тарбияёбиро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: пурмазмун ва мувофиқ. Аввалинаш ба нишондиҳандаи ҷудокунии омӯзиш мувофиқ меояд, вале дуюминаш бо имконияти каму беши дақиқ ба қайкунии сифати сермаҳсули ташхиси тарбия вобастааст.

Боз меъёри умумӣ  ҳам ҳаст барои ташхиси натиҷаҳои охирини ноилшудаи сатҳи тарбияёбандагии шахсият ё коллектив – ба меъёри умумӣ ва ҷузъӣ  барои таҳлили натиҷаҳои мобайнӣ, ки вобаста ба коркарди хусусиятҳои сифатҳои алоҳида мебошад. Аввалинаш талаботро мутобиқи тасвияи мақсад ифода мекунад, дуюмаш – вазифаҳои мушаххаси раванди тарбияро муайян мекунад. Бо майл, тарз, тамоюл (мавқеи истифода) меъёрҳои тарбияёбандагӣ шартан ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) ба зоҳиршавии натиҷаҳои шакли зоҳирии вобастаи тарбия ва 2) ба зоҳиршавии аз чашми тарбиягар ниҳон – бо мотивҳо, нақшаҳо, тамоюл дахл дорадмуайян мекунадќ меояд, вале дуй.

Қайд кардани натиҷаҳои ташхис ба шакли гуногун бурда мешавад. Баъзе педагогҳо аз ҷадвали рақамии шашбаллӣ истифода мебаранд. Дар он се баҳои мусбат (+1, +2, +3), ки сатҳи ахлоқан тарбияёфта (тайёр) ифода меёбад ва се баҳои манфӣ (-1, -2, -3) – сатҳи ахлоқии тарбиянаёфта (беназорат).

Баҳои босифат бо миқдори эквивалентҳо (ҳаммаъноҳо) ба таври зайл қайд карда мешавад:

+  1    (тайёрӣ ба зоҳиршавии мусбат);

+   2   (кӯшиш ба амалиёти мусбат);

+  3 (устувор, фаъол барои баҷооварии амалиёти мусбат);

  • 1 (тайёрӣ ба зоҳиршавии инкорӣ);
  • 2 (кӯшиш ба амалиёти инкорӣ);
  • 3 (рафтори зидди ҷамъиятӣ).

Бояд дар назар дошт, ки дар асоси баҳои тарбияёбӣ бояд майли ахлоқи умумии шахсият гузошта шавад, вале на сифатҳои алоҳида. Охиринро бо алоқадории мотивҳои рафтор бояд дид, зеро ки кирдор ё амалиёт на аз алоқамандии мотивҳо гирифта шудааст. Маълум, ки баъзан ҳатто кирдори одамдӯстӣ, гӯё дар бораи тарбияёбии одам гувоҳӣ медода бошад, вале мутаассифона ин тавр шуда наметавонад.

Мотивҳои муносибати мактабӣ бо омӯзиш гуногун шуда метавонад. Ҳатто талабаи хубхон ҳам аз мотивҳои беҳтарин дурӣ мекунад. Мувофиқи тадқиқотҳои дар наздикӣ бурдашуда, бисёриҳо «барои баҳо» (33%) мехонанд; 22% аз боиси ба фан шавқманд будан; 12% ба хотири шавқмандии раванди фаъолият; 16% – бо мотивҳои худтакмилдиҳӣ; 17% – бо ҳисси масъулият. Муаллимон ва роҳбарони синф бояд ба тарбияи мусбати мотивҳои иҷтимоӣ эътибор диҳанд[1].

test

Добавить комментарий