Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия
Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн
Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд.
Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи меҳнатӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, спортӣ ва ғ. Аломатҳои асосии хоси коллектив: ягонагии мақсад, ташкили фаъолияти муайяне, ки ба манфиати фард ва ҷамъият равона карда шудааст.
Дар ғун кардани таҷрибаҳои зиндагӣ инсон, хусусан кӯдакон, ба фаъолият, рафтор ва муносибатҳои калонсолон эҳтиёҷи зиёд доранд, зеро онон дар сарроҳи таҷрибаҳои зиндагианд. Ба онҳо пеш аз ҳама, рафтору муносибатҳои солими иттиҳодҳои калонсолон (муаллимон, мактабиён, меҳнатӣ ва ғ.) шоистаи пайравӣ мегарданд. Алалхусус бидуни робита ва пайравӣ инкишофи инсон ғайриимкон аст.
Иттиҳоди тифоқу хайрхоҳи тарбиявии мактаб узвҳои худро зимни афкори умум ва муҳити солим баҳри донишандӯзӣ, рафтору иқдоми шоиста, комёбиҳои меҳнатӣ устувору нерӯманд мегардонад. Фард дар робита бо иттиҳод таҷриба ва имкониятҳои инкишофи ҳамаҷониба мегирад ва бузургу тавоно мегардад. Абдулқодири Бедил барҳақ гуфтаанд:
Васли ин сон гули муроди ҳама,
Боиси фарқу иттиҳоди ҳама.
Ба хусус шароити зиндагӣ, кору фаъолияти инсоният аз давраи ибтидоӣ зарурати муттаҳидшавии одамонро тақозо карда омадааст, чунки иттиҳод боиси нерӯмандӣ, шикастнопазирӣ ва бурдбориҳо буд ва ҳаст.
Нисбати коллективи тарбиявии мактабиён педагогҳои барҷастаи давраи шeравии собиқ Н. К. Крупская, А. С. Макаренко, В. А. Сухомлинский ва чанде дигарон зарурати онро ба назар гирифта, барои ҳаллу фасли мақсадҳои ба миён гузоштаи сохти ҷамъиятӣ ва баҳри ташаккул додани фаъолияти иттиҳод саҳми фаъол гузошта, ба он маъно, хусусият ва сифатҳои нав ба нав доданд. Номбурдагон, пеш аз ҳама барои дар рӯҳияи коллективистӣ тарбия намудани насли наврас таҳти тадқиқ ва таҷрибаҳои амалии худ ба натиҷаҳои беназир ноил гаштанд. Аз ин лиҳоз А. С. Макаренко, маҳз дар коллектив озодӣ ва қадру қимати шахсият таъмин мегардад, гуфта махсусан қайд кардааст.
Дар коллектив рушду камолоти фард бештар аз ҳисоби таҷрибаҳои муфид, афкори солими дигарон рух медиҳад. Натиҷа ва барӯмандие, ки иттиҳод медиҳад, парокандагӣ дода наметавонад.
Дар иттиҳод фард ба муносибатҳои корӣ, талаботи умум, фаъолияти ҳалли муштараки вазифаҳои муҳими фардӣ ва иҷтимоӣ, муқаррароти марбут, қоида ва тартибот риоякуниро ёд мегирад ва билохира ӯ аз маҳдудияти шахсӣ раҳо меёбад.
Муносибатҳои байниҳамӣ ҳеҷ гоҳ эътибори шахсиро истисно намекунад, баръакс, онро боз ҳам устувор мегардонад, ба шарте, ки дилбастагии шахсӣ боло гирад ва ба он бояд кӯшид, ки дар байни талабагон муносибатҳои дӯстона барқарор бошад. Аломатҳои муҳими коллектив ин муназзамӣ, устуворӣ, муносибат, фаъолият ва масъулияти байни хонандагон мебошад. Пас, таҳти коллективи тарбиявӣ чиро фаҳмидан мумкин аст?
Ба гуфти Н. К. Крупская, коллективи бачагона «гурӯҳест, ки бо таассуроти умум, ба нафъи умум, ба кори умум, ақидаҳои умум ва дӯстӣ муттаҳид шудааст»[1]. ин таассурот, завқу шавқ ва корҳои умумиро ба мақсадҳои ҷамъиятӣ, ба ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ мепайвандад. А. С. Макаренко моҳияти коллективи бачагонаро боз ҳам муфассалтар муайян карда, гуфта буд, ки коллектив – ин организми зиндаи иҷтимоӣ, барои он организм, ки вай орган дорад, дар он ваколат, масъулият, муносибати қисмҳо ва ба ҳампайвастагӣ дорад, агар инҳо намебуд коллектив ҳам нест, ба ҷои он фақат зумра ё издиҳом ҳаст[2].
Дар педагогика ҳар гурӯҳро коллектив номидан мумкин нест, чунончи, гурӯҳи (дастаи) ғоратгаронро барои он коллектив гуфтан мумкин нест, ки амалиёти онҳо бархилофи шахсу ҷомеа равона карда шудааст, на ба манфиати умум. Аз ин рӯ коллективи тарбиягирандагон (толибилмон) бо аломатҳои зерини худ фарқ мекунанд:
- Моҳиятан мақсади умумӣ ва иҷтимоӣ доштан. Мақсади коллектив ҳатман ба мақсади умум ва ҷамъиятӣ мувофиқат мекунад, ки онро ҷомеа ва давлат дастгирӣ менамояд ва ба ғояҳои ҳокимият созгор аст.
- Фаъолияти якҷояи умумӣ баҳри зуд комёбшавии мақсад ва ташкили фаъолияти дастаҷамъӣ. Ҳар узви коллектив вазифадор аст, ки дар кори ташкили ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад. Фаъоляити умумӣ ва натиҷаҳои он масъулияти шахсӣ баланд аст.
- Масъулияти муносибати солими ҳамдигарфаҳмӣ байни якдигарӣ. Байни аъзоёни коллектив нафақат мақсади ягона, ҳамчунин фаъолияти муштарак баҳри масъалаҳои ҳалталаб арзи вуҷуд дорад.
- Интихоби умумии органи роҳбарикунанда. Дар коллектив муносибати демократӣ барқарор карда мешавад. Органи (ташкилоти) идоракунии коллектив бо роҳи интихоби ошкорои овоздиҳии аксарият ташаккул дода мешавад.
Ба ғайр аз аломатҳои номбурда коллектив боз бо дигар хусусиятҳои худ фарқ мекунад: муҳити солими дохиликоллективӣ, муттаҳидӣ, ҳимоякунӣ, дахлдорӣ ба коллектив низ вуxуд дорад. Дар коллективи хуб ташкилшуда ба ҳамдигар ёрирасонӣ, хайрхоҳӣ, беғаразӣ, танқиди солим ва худтанқидкунӣ, мусобиқа зоҳир меёбад. Бидуни инҳо коллектив қимати худро гум мекунад.
Дар анxом аз гуфтаҳои боло чунин таърифот бармеояд: Коллективи тарбиявӣ ҳамин хел иттиҳоди тарбиягирандагонест, ки ҳаёт ва фаъолияташон бо мақсад ва вазифаҳои ҷамъиятӣ мутобиқат намуда, органҳои худидоракуниаш хуб кор мекунад, дар он муносибатҳои байни шахсият бо муташаккилии баланд, бо вобастагии масъулият, саъю кӯшиши ноилшавӣ ба комёбиҳои умум ва ғановати маънавӣ ифода мегардад.
Марҳалаҳои инкишофи коллектив
Коллективи тарбиявии бачагона фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиниҳои бардавом дар се марҳалаи зайл ба миён меояд.
М а р ҳ а л а и а в в а л. дар ин марҳала барои инкишофи ибтидоии коллектив ба матлаби муттаҳидгардонии дастпарварон талаботи педагогӣ нақши тарбиявии муҳим мебозад. Талаботи педагогӣ аз ҷониби тарбиятгарон, муаллимон ва маъмурияти мактаб гузошта мешавад, ки ҳамаи он барқароркунии тартибу интизоми дохилимактабиро талаб мекунад. Сипас мақсади марбуте, ки дурнамои (перспективаи) ҳаётии гурӯҳро ифода мекунад, баррасӣ мегардад. Дурнамо наздик, миёна ва дур мешавад. Барои ин марҳала аввало пешниҳоди дурнамои наздик ва миёна ба талаб мувофиқ аст. Тавассути ин дурнамоҳо муаллим шавқу рағбат, ташаббус эҷодкории ҳар якеро таҳти мушоҳида қарор медиҳад.
Албатта, талаботи педагогӣ бояд ба қобилияти иҷрокунандагон мувофиқат кунад ва аз тарафи онҳо дастгирӣ ёбад. [ангоми иҷрои талаботҳо фаъолон муаяйн карда мешаванд.
М а р ҳ а л а и д у в в у м. Дар ин марҳала нақши муҳимро фаъолони гурӯҳ мебозанд. Чунки тавассути онҳо иттиҳоди тарбиявӣ рӯ ба ташаккул меёбад. Акнун фаъолон ба аъзоёни худ нисбати риоя намудани муқаррарот ва меъёрҳои рафтор талабҳо мегузоранд, яъне ба худидоракунӣ моил мегарданд. Фаъолон ҳамчун ташкилотчиёни ҳамаи паҳлӯҳои фаъолият баромад мекунанд, ки ин аз масъулиятшиносии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар ин марҳала фаъолияти амалии тамоми аъзоён афзоиш меёбад ва пай дар пай мураккаб шудан мегирад. Алалхусус гурӯҳе, ки дар марҳалаи аввал супоришҳоро аз муаллим мегирифт, акнун супоришҳоро аз фаъолон мегирад, мустақилона амал карда, нақшаҳо тартиб медиҳад ва корҳои гуногуни тарбиявиро ӯҳда мекунад.
М а р ҳ а л а и с а в в у м. Дар ин марҳала коллективи тарбиявии бачагона комилан ташаккул меёбад ва ба корҳои таълимию тарбиявии муаллим мададрасон мегардад. Коллектив дорои корҳои амалӣ гашта, ба худидоракунӣ ва тарбияи муфиди аъзоёни худ қодир мешавад. Дар ин марҳала вазифаҳои асосии муаллим аз дуруст раҳнамоӣ кардан иборат аст. Талаботи педагогие, ки аввалҳо аз берун дода мешуд, кунун бо салоҳият ва қобилияти худи коллектив аз дохили он гузошта мешавад. Дар ин давр иттиҳод сифати худмуйяанкуниро мегирад – мақсадҳои хусусӣ ва умумиро мустақилона кор карда мебарояд.
Сохтори колективи мактабиён ва методҳои ташкилии он
Дар адабиёти психологию педагогии муосир ду маънои коллектив зикр карда мешавад. Дар якӯмаш: таҳти коллектив ташкилоти гурӯҳҳои гуногун (дар корхонаҳо, бригада, мактаб, гурӯҳи муҳассилин ва ғ.) фаҳмида мешавад; дар дуюмаш: иттиҳод сатҳи баланди инкишофи гурӯҳро ифода мекунад. Ин ҷо гап дар бораи хусусияти сифатҳои коллективе меравад, ки мақсаддорӣ, муттаҳидӣ, ягонагии маънавӣ ва ғайра дорад.
Шароити мактаб муттаҳидии талабагон дар коллектив ба мақсаддорӣ ва пайдарпаӣ, мувофиқи вазифаҳои тарбия баргузор мегардад. Омӯхтани имкониятҳои тарбиявии иттиҳоди талабагон, шахсияти ҳар як тарбиягиранда, ҳамкории онҳо, ки ба мунтазам ғановати маънавии ҳамдигар ва тамоми коллектив асос меёбад, ба тарбиятгар ҳамчун падидаҳои педагогӣ имконяити ба чандирию зуд ҳаракаткунии он тарзи муносибаткуниашро муайян мекунад. Қобилияти ҳаётии раванди дохилии коллектив мунтазам инкишофёбанда аст.
Коллективи мактаби муосир аз ду коллективи бо ҳам алоқаманд – педагогӣ ва талабагон иборат аст. Дар мактаб ҳамаи талабагон ба як марказ муттаҳид мешаванд ва коллективи ягонаи умумимактабиро ташкил мекунанд. Таркиби коллективҳои тарбиявии мактаб аз иттиҳодҳои ибтидоӣ (синфӣ) иборат аст. Иттиҳодҳои ибтидоӣ хонандагонро мунтазам ба корҳои якҷояи таълимӣ, тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфӣ муттаҳид мегардонанд.
Дар доираи мактаб барои ҳаллу фасли ин ё он кор ба муддатҳои муайян коллективҳои муваққатӣ низ ташкил карда мешавад, ки ба ин иштирокчиёни маҳфилҳои гуногун, шӯрои клуби дӯстии байналмилалӣ, бригадаи кирмакпарварӣ ва ғайраҳоро дохил кардан мумкин аст.
Дар сохти коллективи тарбиявӣ органҳои худидоракунии талабагон – кумитаи талабгагони мактаб, созмонҳои «ахтарон», «ворисони Сомониён» ва «Сомониён», сардорони синф ва фаъолон нақши муҳим мебозанд.
Алалхусус, коллективи тарбиявии мактабиён на бо роҳи гуфтушунид ва сӯҳбат ташкил карда мешавад, балки он мувофиқи методҳои марбут созмон меёбад. Коллективи мактабиён дар ду замина таъсис дода мешавад: аввало, ҳамаи талабагонро ба фаъолияти умумӣ бояд ҷалб кард ва дуввум, алабатта, ташкил кардан ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба фаъолияти пешниҳодшуда, то ки дӯстӣ ва коршоямии аъзоён баланд гардад. Аз ин ду хулосаи муҳим бармеояд:
а) ин ҷо ба сифати воситаи муҳими иттиҳоди тарбиявӣ фаъолияти таълимӣ, корҳои гуногуни беруназсинфӣ, меҳнат ва корҳои оммавӣ – мадании талабагон дохил мегардад;
б) дар ҷараёни ташкили фаъолиятҳои муайян барои таъсис додани коллективи тарбиявӣ бояд аз методикаи махсус истифода бурд. Асоси ин методика аз инҳо иборат аст. Моҳирона изҳор кардани талабот ба талабагон; тарбияи фаъолон; ташкили дурнамо дар фаъолияти таълимӣ, меҳнатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ; инкишофи анъанаҳои мусбати ҳаёти коллектив мебошад. Ин қоидаҳои методикиро алоҳида – алоҳида дида мебароем.
Моҳирона изҳор кардани талабот ба талабагон ҳамчун омили барпокунӣ ва тарбияи коллектив. Талабагони синфи якум узви коллективи умуммактабӣ ҳисоб мешаванд, вале ҳоло онҳо дар синф органи худидоракунӣ надоранд. Нисбати синфҳои дуюм сеюм ва чаҳорум ҳам ҳаминро бояд гуфт. Онҳо талабот ва супоришҳоро аз берун – аз муаллимон мегиранд, яъне идоракунии онҳо бар дӯши муаллимон аст. Дар ин синфҳо, чуноне ки дар боло зикр ёфт, фаъолияти талабагон мувофиқи методикаи марҳалаи аввали инкишофи коллектив пардохта мешавад. Оиди масъалаи моҳирона зоҳир намудани методика, пеш аз ҳама, нисбати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ бояд аз дақӣқ муайян кардани меъёр ва қоидаҳои рафтор оғоз гирад, ба толибилмон бидуни фишороварӣ фаҳмондан лозим аст, ки дар синф ва мактаб ҳар фард чӣ хел бояд рафтор кунад, чӣ гуна вазифаҳоро иҷро намояд, дар муомила одоб нигоҳ дорад. Чунин сӯҳбатҳо дар синфи якум бештар мавриди шиносоӣ бо қоидаҳои тартиботи дохилимактабӣ гузаронида мешаванд. Таъсири психологии чунин сӯҳбатҳои аввалин дар хотири онҳо нақш мебандад. Хайрхоҳона изҳор намудани талабот бидуни сарпечӣ иҷро кардани амалиётро таъмин мекунад ва муҳити солим ба миён меорад.
Дар методи изҳор намудани талабот ёддиҳӣ нисбат ба риоя кардани қоида ва меъёрҳои муқаррарнамудаи мактаб, ҳосил намудани маҳорат, малака ва одатҳои рафтори шоиста аҳамияти калон дорад. Қисми муҳими ин метод ташкили машқ барои рафтори дуруст ба шумор меравад. Хусусан машқи амалии дар парта дуруст нишастан барои ҳама лозим аст. Методи ёддиҳӣ бо методи машқ робита дорад – ёддиҳӣ набошад, дурустфаҳмӣ ва машқ ҳам намешавад, талабот ҳам оқилона сурат намегирад.
Риоя намудани меъёр ҳам дар изҳор намудани талабот нисбати толибилмон аҳамияти муҳим дорад. Талабот бояд дар доираи қобилияти талаба бошад, аз ҳад зиёд талабгузорӣ ҳам натӣҷаи дилхоҳ намедиҳад, баъди анҷоми яке дигараш пешниҳод гардад.
Дар мавриди изҳори талабот авзою кайфияти фард, коллектив ба инобат гирифта мешавад.
Тарбияи фаъолон. Фаъолон – поягузори коллективи тарбивии синф ва мактаб мебошад. Ба ҳайати фаъолон онҳое дохил мешаванд, ки супоришҳои ҷамъиятӣ ва шахсиро виҷдонан иҷро мекунанд ва дар яке аз органҳои худидоракунӣ: кумитаи талабагон, созмонҳои мактабӣ, ҳайати таҳририяи рӯзномаи деворӣ ширкат меварзанд, ҳамчунин сардори синфанд. Ба ҳайати фаъолон боз талабагоне дохил мешаванд, ки дар байни ҳамсолон обрӯю нуфуз дошта бошанд. Маъмурияти мактаб ва роҳбарони синф ҳамеша бояд вазифаҳои фаъолонро фаҳмонда истанд. Ин корро онҳо метавонанд ба шакли сӯҳбат, семинари инструктивии коллектив ва ё инфиродӣ баргузор намоянд.
Яке аз шаклҳои хуби инструктивӣ ва ёрии амалӣ ин бо фаъолон ташкили мубодилаи таҷрибаҳои корӣ мебошад. Баъзан дар қисме аз мактабҳо бо фаъолон ҷамъомадҳои мухтасар гузаронида, ҷиҳатҳои кори муфид қайд карда мешавад ва ба фаъолон баҳри истифодабарии онҳо маслиҳатҳо медиҳанд. Ҷиҳати дигари кор бо фаъолон назорат аз болои иҷрои супоришҳои додашуда мебошад. Назорат дар шакли ҳисоботдиҳии фаъолон дар ҷамъомадҳо ва сӯҳбатҳои фардӣ низ бурда мешавад, ки ин тарзи корбарӣ масъулият ва фаъоляити кории онҳоро баланд мебардорад.
Маҳз зимни чунин корҳо мунтазам ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳо фаъолон тартиботу интизоми амалиро дар мактаб дастгирӣ намуда, интишордиҳандаи фикрҳои солими ҷамъиятӣ мегарданд, инкишофи коллективро ба зинаи баланд мебардоранд.
Ташкили дурнамо дар фаъолияти коллектив. Коллективи тарбиявӣ қонунан ҳамеша дар ҳаракат аст. ин ҳаракат асосан аз дурнамо (перспектива) он ба вуxуд меояд. Ҳар коллектив бояд дурнамои худро дошта бошад, то ки талабагон баҳри мақсади ягона мунтазам амал намоянд. Дурнамо ва мақсад дар методикаи тарбияи коллектив аз нигоҳи назарияи афзоиш инъикоси ҳақиқат аст. Тибқи ин назария ҳар кас нақшаи ояндаи худро мекашад, барои ба бурдбориҳо ноил шудан кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро ӯро талаботи зиндагӣ, орзуву умеди ояндаи дурахшон такони рӯҳӣ мебахшад.
Дурнамо наздик, миёна ва дур мешавад. Дар ибтидои ташкилёбии коллектив дурнамои наздик, сипас ба сатҳи инкишоф, дурнамои миёна ва дур пешбарӣ мегардад. Дар шароити мактаб дурнамо, пеш аз ҳама, дар фаъоляити таълимии хонандагон дида мешавад. Ҳамин ки дурнамои наздик – дар дарсҳо ба ғайриҳозирӣ роҳ надодан таъмин карда шуд, ба дурнамои миёна – бо баҳои «5» ва «4» хондан ва сониян ба дурнамои дур – синф ва ё мактабро бо муваффақият анҷом додан пешбарӣ мегардад. Ҳар вазифае, ки ба талабагон пешниҳод мегардад ва он бо ҳавасу рӯҳафзоӣ ҳаллу фасли худро меёбад, он дурнамои писанддида ва шавқовар пиндошта мешавад.
Барои ҳалли бисёр маъалаҳо, чунончи, тозаву озода нигоҳ доштани китобу дафтарҳо, хушмуомилагӣ бо ҳамсолон, хониши берун аз синф, фаъолият дар корҳои муфиди ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо дурнамои мусобиқа нақши фаъол мебозад. Мусобиқаҳо байниҳамдигарӣ, байнисинфӣ, байнимактабӣ шуда метавонанд. Дурнамои мусобиқа худфаъолиятии аъзоёни иттиҳодро инкишоф дода, дар рӯҳияи демократӣ, романтикӣ ва навоварӣ тарбия мекунад.
Ташаккули афкори солими иҷтимоӣ дар коллектив.
Тарбияи ситоиш ва ё таҳсини фард аз бисёр ҷиҳат ба таъсирбахшии афкори умум, яъне тааммулу андешаҳои солими иҷтимоии коллективи тарбиявии ӯ вобаста аст. Чунки ҳодиса ва воқеаҳои гуногуни ҳаётӣ маҳз таҳти афкори солим ҳаллу фасли дурусти худро ёфта метавонад. Аз ин лиҳоз дар ҷараёни тарбияи коллектив ташаккул додани афкори солими ҷамъиятӣ бағоят зурур аст. Афкори солим дар иттиҳод тавассути ҷаҳду ҷидол ва фаҳмондани педагог ба миён меояд. Агар яке аз узви иттиҳод ба пирони барҷомондаи яккадаст аз ёрирасонӣ саркашӣ кунад ва ин камбудии ӯ аз тарафи умум фаҳмонда, маҳкум карда намешавад, ин аломати ҳоло дар коллектив вуҷуд надоштани афкори солимро ифода мекунад. Ташаккули афкори солими иҷтимоӣ чӣ тавр имконпазир мегардад? Ин масъала маҳз тавассути дуруст бароҳмонии фаъолияти амалии аъзоёни коллектив, ҳангоми таълим, корҳои оммавӣ – иҷтимоӣ, маданию меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногун, аз қабили фаҳмондан, сӯҳбат, маҷлисҳои судманд, ҳалли худро меёбад. Зимни ин корҳо дар иттиҳод андешаҳои солим: инсонпарастӣ, шуурона ва виҷдонан рафторкунӣ, бидуни парастиши хешовандиву маҳалчигӣ, ғамхорона ва холисона муносибаткунӣ ташаккул меёбад.
Барои дар коллектив тарбия намудани афкори солим нақши таъсири мувозӣ баробар, мувовӣ (перспектива) низ калон аст. Тамоми тарбиягирандагон мефаҳманд, ки дар муассисаи кӯдакон онҳоро меомӯзанд ва тарбия мекунанд, аммо онҳо гирифтори таънаю сарзанишҳои педагогӣ монданро дӯст намедоранд. Биноан дар мавридҳои муайян аз принсипи таъсири мувозӣ истифода бурдан лозим меояд. Таъсири мувозӣ тақозо мекунад, ки дар байни бурду бохтҳо бо кӯдакон мураббӣ набояд мустақим, балки ғайримутақим баромад кунад. Яъне таъсири тарбиявии мувозӣ ба он маъност, ки мураббӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун узви ҳамон коллектив, вале баъди аз ҷониби умум ҳимояту дастгирӣ ёфтани муваффақият ва камбудиҳо чун мураббӣ баромад мекунад. Масалан, муаллими синфи чорум пеш аз он ки талабаро барои ба кӯдакистон гулдонҳои чӯбин сохта супориданаш дар ҳузури синф таърифу тавсиф кунад, гуфт: «Мо бояд кӯдакони аз худ хурдсолро ҳам ҳурмат кунем, барояшон ҳар гуна чизҳо сохта супорем, шод гардонем…Аз синфи мо Каримҷон барои кӯдакистон се гулдони чӯбин сохта тақдим кард, ки шодиву хурсандии кӯдакону мураббиён ҳадду канор надошт…» чунин таъсиррасонии мувозӣ, ки ба гуфтаи мардумӣ «Духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту шунав» шабоҳат дорад, ба дигарон ҳам дарси ибрат мегардад. Дар байни камбудиҳо низ ҳамин тавр рафтор бояд кард.
Инкишофи аъанаҳои мусбат дар ҳаёти коллектив.
Дар ташкилу тарбияи коллективи мактабиён аъанаҳо аҳамияти калон доранд. Анъана – расму қоидаҳои иҷтимоӣ ва мадании меросӣ, ки аз насл ба насл дода шудаанд. Онҳо шавқмандии мактабиёнро таъмин намуда, ононро ба рӯҳбаландӣ ва ваҳдат меорад. «Ҳеҷ чиз коллективро чун анъанаҳо пайванд карда наметавонад, — мегӯяд А. С. Макаренко – мактабҳои беҳтарине, ки ман мушоҳида кардаам…
ин мактабҳоеанд, ки анъанаҳо ҷамъ кардаанд»[3].
Ҳар мактаб, ҳар коллективи муттаҳид новобаста аз ибтидоӣ аст ё муваққатӣ анъанаҳои худро доранд. Дар мактаб чунин идҳои анъанавӣ вуҷуд доранд: занги аввалин ва охирин, иди «Алифбо», иди паррандаҳо, иди ҳосилот, анъанаи «Ҳафтаи поси хотир» ва ғайра. Дар мактаб вохӯрӣ бо хатмкардагони собиқ яке аз анъаноти беҳтарин гаштааст.
Дар айни замон анъанаи сарпарастӣ (шефӣ) дар иттиҳодҳои талабагон хеле инкишоф ёфтааст. коллектив ҳои синфҳои болоӣ синфҳои поёнӣ ва синфҳои ибтидоӣ Кӯдакистонҳоро ба сарпарастӣ мегиранд. Коллективҳои умумимактабӣ бо завод, фабрикаҳо, колхоз ва совхозҳо таҳти сарпарастии тарафайн ёриву ёварии амалӣ мерасонанд, ки чунин алоқамандӣ коллективи мактабро бо коллективҳои меҳнатии калонсолон мепайвандад.
Ҳар қадаре, ки дар мактаб анъанҳоии миллии кишвар зиёд бошанд, дар коллективҳои мактабӣ таъсири мусбати тарбиявӣ ҳамон қадар афзоиш меёбад.
Пайвастагии муаллим бо шахсият ва коллективи кӯдакон
Дар робита ва ташкили коллективи тарбиявии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Бо амалиёту андешакории ӯ инкишофи фаъолон дар синф, интихоби корҳои шавқангез, моҳирона тақсимот кардани супоришҳо, ҳаллу фасли ихтилофот, муносибатҳои ӯҳдабароӣ, барқароркунии дӯстиву рафоқатии мустаҳкам ва ёрии ҳамдигарии талабагон ба вай таллуқ дорад. Вай бояд бештар эътиборро ба муносибати ташкилдиҳии корҳои коллективҳои ҳафтсолаҳо равона кунад. Ин нафақат барои он ки кӯдакон бори аввал бо ҳам во мехӯранду ҳоло таҷрибаи кофии муносибати коллективӣ надоранд, инчунин он ба он вобаста аст, ки махсусан дар ҳамин синну сол ба онҳо муносибаткунӣ бо одамон, бо коллектив бо шиддат ташаккул меёбад. Барои ҳамин ҳам ҳанӯз дар синфи якум асосҳои коллективизмро гузоштан ва ғамхорона тайёркунии расиши муносибати ҳақиқатан одамгарии онҳо барои солҳои минбаъда замина мегузорад.
Дар ин синну сол ба ҳисси ихтиёрии кӯдакон фишороварӣ, ҳукмравоӣ (авторитарӣ) қатъиян манъ аст, беҳтараш, бо ҳар васила мустақилият ва ташаббускории онҳоро инкишоф бояд дод. Ба вуҷуд овардани иттиҳоди кӯдакон, корҳои ташкилӣ, нисбати шахсияти онон эҳтироми чуқур, самимият ва такаллуф, инчунин донистани хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии кӯдакон, риоя кардани одоби муоширатро талаб мекунад.
Бо дастпарварон ҳамчун рафиқ ва шаҳрванд муносибат кардан, ҳуқуқ ва шахсияташонро ҳимоя намудани омӯзгор хеле писанд меояд. Ба тарбиятгар дар коллектив худро чӣ тавр тасаввур кардани кӯдакро донистан зарурияти муҳим дорад. Зеро иддаи талабагони аълохон дар коллектив худро нодуруст тасаввур мекунанд – ҳавобаланд ва худбин мешаванд ва билохира сари вақт ин нуқсон пешгирӣ карда шавад. Ба кӯдаки миёна ва суст азхудкунанда баъзан ҳаёти якхела ҳукм меронад, ки дар равобит бо дигарон душворӣ мекашад ва мавқеи шавқмандии худро берун аз иттиҳоди мактаб ҷустуҷӯъ мекунад. Дар ин гуна мавридҳо педагогикаи ҳамкорӣ бо талабгузории холисона устун меояд, ки таҳти он олами ботини кӯдак дарк карда мешавад, масъалаҳои рағбатонии шахсӣ ва умумӣ ҳалли худро меёбанд.
Муаллим мунтазам бо роҳи машқу тамрин бояд техникаи педагогии истифодабарии методҳои таъсирбахши тарбия аз тариқи ташкилдиҳии коллективро азхуд кунад. Вай бояд дар бунёди маҳорати самтгирӣ, инкишофи ҳодисаҳои ҳаётии кӯдакон, муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо таҳлил карда тавонистани вазъиятҳои ба миён омада ва ихтилофот хулосаҳои дуруст баровардан, худидоракунӣ ва назорат кардани эҳсосоти худ ба бурдбориҳо талқин карда тавонистани иттиҳод қодир бошад.
Муаллим устоди аввалинест дар ҷодаи тарбияи шоистаи насли навраси кишвар. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар баёни васфи устод барҳақ овардааст: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод «Устоди дуруст» коре кунад, бе бунёд бошад…
Ҳар киро устод набувад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест»[4].
Рукни ҳар коллективро шахсият – фардҳо ташкил медиҳанд. Ҳар қадаре, ки фард фаъол, маънан бой, дар кирдору рафтор шоистаи ибрат бошад, коллективи тарбиявии кӯдакон ҳам ҳамон қадар қобилияти гироӣ ва тарбиявӣ пайдо мекунад. Бинобар ин коллектив, пеш аз ҳама, ба тарбияи дурусти ҳар аъзои худ ва ҳар фард баҳри якдиливу нуфузи коллектив кӯшиш ба харҷ медиҳад. Мавқеи фаъолияти шахсият дар иттиҳод ба дараҷаи баланди худогоҳӣ, инкишофи худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ бояд мутобиқат кунад.