Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои xамиятии одамон.

 

Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда ё ба тасвиб расидаро гӯянд. Ҳуқуқ муносибатҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим меорад ва хусусияти синфӣ дорад.

Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ асоси ҳуқуқи шахсиятро дар ҷомеа муайян мекунад. Ҳуқуқи демократӣ шакли олии таърихии ҳуқуқ ба шумор меравад. Принсипҳои асосии он барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам, баробарии ҳамаи шаҳрвандон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои демократӣ, инсонпарастӣ ва адолат мебошад.

Ташаккули тарбияи ҳуқуқ ва рафтори ҳуқуқнигории насли наврас – қисми муҳими тарбияи шаҳрвандӣ аст. Инҷо гап дар бораи ташаккули ҳуқуқи давлати демократӣ меравад. Дар мактаб ба тарбияи эҳтироми қонун, маданият, демократизм, фаъолияти волои шаҳрвандӣ ва масъулиятҳискунӣ эътибори хоса дода мешавад.

Қонунгузорӣ – яке аз роҳҳои муҳими дар ҳаёт татбиқкунии сиёсати давлатӣ мебошад. Ҷорӣ кардани нормаҳои ҳуқуқ таҳти таҷрибаи амалии муносибатҳои иҷтимоӣ барои инкишофи оқилона, шаҳрванди бошуур, обрӯю андешаи иҷтимоӣ ва қувваи қонуни иҷборӣ бо ёрии органҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқ ноил мегардад.

Ҳуқуқро дар ҳаёти ҷомеа ҳамаи табақаҳо иҷро мекунанд. Манбаи асосии ҳуқуқ Конститутсияи (Сарқонуни) давлатӣ мебошад. Дар асоси Конститутсия қонунгузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ кор карда мешавад, амал мекунад: меҳнатӣ, шаҳрвандӣ, оиди моликияти хусусӣ, оиди ташаббус, оиди ширкат (кооператсия), оид ба муҳофизати атроф, маъмурӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ғайра. Бо ҳамин танзими вазифаҳои ҳуқуқӣ пайдо мешавад, ки мо нисбати онҳо таваққуф мекунем.

Вазифаи тарбиявӣ аз идеали рафтори одам дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ аз иҷрои нормаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии шуурона ва фаъолонагӣ сар мезанад. Дар ҳамин замина ҳамкории илмҳои педагогӣ ва юридикӣ асос меёбад: педагогика аз тарбияи нормаҳои ахлоқ ба ҳуқуқ ҳаракат мекунад, ҳуқуқшиносӣ бошад, аз ҳуқуқ ба ахлоқ. Ин ҳар ду илм вазифаи ягона – ташаккули маданияти ахлоқию ҳуқуқии одамро ҳал мекунад.

Вазифаҳои муҳофизати – посбонии ҳуқуқ муҳофизати риояи қонун, ҳуқуқи шаҳрвандро аз вайронкунӣ ва содир кардани ҷиноят нигоҳ медорад. Ин аз тарафи органҳои ҳифзи ҳуқуқ: суд (додгоҳ), додситон, ваколат, ҳакамӣ, нотариат ба ҷо оварда мешавад. Барои педагогика марказ вазифаи ҳуқуқӣ тарбиявӣ ҳисоб меёбад, ки он тавассути якҷояамалкунии танзим ва ҳимоя ба вуҷуд меояд.

Системаи тарбияи ҳуқуқ дар фаҳмиши илмӣ бо сохти ҳуқуқи шууронагӣ муайян мегардад. Унсури аввалини он саводнокии ҳуқуқ ин: шиносоии умумӣ бо асосҳои ҳуқуқдодҳои давлат, намудҳои ҳуқуқ ва меъёр, муносибати одамони батартибоваранда дар асоси қонун мебошад. Вале дониши ибтидоии нормаҳои юридикӣ на ҳама вақт дар асоси ҳалли амалӣ ва ҳавасмандии рафтори дуруст мегардад. Наврасон ва ҷавонон на ҳамеша ба қоидаҳои ба онон маълуми нормаҳо риоя мекунанд, балки иддае аз онҳо дониста ва пинҳонӣ ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Онгоҳ шуурнокии ҳуқуқӣ, саводнокии ибтидоӣ ба нерӯи амалкунанда мегардад, якҷояамалкунии шуури шаҳрвандӣ ба хонанда нисбати фаҳмидагирии моҳият ва аҳамияти иҷтимоӣ доштани нормаҳои ҳуқуқ баҳри ҳимояи манфиати ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандии он мададрасон мегардад. Шуурнокии ахлоқӣ барои амиқ аз худ кардани нормаҳои ҳуқуқӣ, муносибати ахлоқӣ кардан ба он мувофиқат мекунад. Он ба талабагон имконяите фароҳам меорад, ки ҳудуди рафтори маънавие, ки берун аз он ғайриахлоқӣ ва зидди ҳуқуқӣ содир мешавад, бубинанд ва дарк кунанд. Чунончи, дурӯғ, найранг, фиреб додани рафиқ ва коллектив дар мактаб, ришвахӯрӣ, дуздӣ, қаллобӣ ва ғайра. Ҳурмат накардани рафиқ, муаллим ва волидайн ва вайронкунии ҳуқуқ ба поймолкеунии шаъну шарафи шахсият мебарад. Бесарусомонӣ, муносибати фориғболӣ нисбати меҳнат, вайронкунии интизоми меҳнат ва қонунҳо дар бораи меҳнатро тавлид мекунад. Мастигарӣ ба ҷиноят ва ҳуқуқшикании ахлоқи умуминсонӣ мебарад. Ҷомеа ахлоқи баланди шууронаро мепарварад. Хисрави Деҳлавӣ барҳақ фармуда:

Ту адаби нафси бадандеш кун,

Беадабонро ба адаб хеш кун!

Ҷузъиёти муҳими шууронагии ҳуқуқ ҳисси ахлоқию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад. Ҳисси ахлоқию ҳуқуқӣ эҳтироми чуқур ба қонун ҳамчун зуҳуроти иродаи халқҳост. Он бевосита ба ҳисси ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Дар ҳуқуқшиносӣ ҳисси ватанпарварӣ, виҷдонан рафторкунии шахс нақш мегирад ва ботинан назоратчии ҳуқуқнигор мегардад. Ҳисси тарсу ваҳм ба одаме хос аст, ки виҷдон коҳандааст, қонуншиканӣ кардааст, худро ба ҷазо лоиқ намудааст.

Ҳамчунин ҷузъиёти сохти шууронагии ҳуқуқ ҳуқуқи тафаккуркунӣ ҳам мебошад. Он ба донишҳои ҳуқуқӣ асос меёбад ва баён карда мешавад, кирдору рафори одамонро аз нуқтаи назари нормаҳои ҳуқуқ ифода мекунад. Донишҳои ҳуқуқӣ, ҳис ва тафаккур дар якҷояамалкунӣ дар кӯдак имкони инкишофи талабот ба рафтори ҳуқуқнигорӣ ва ирода, ки баҳри фаъолона риоякунии нормаҳои ҳуқуқ, мубориза алайҳи вайронкунандагони он равона карда мешавад. Ташаккули шууронаи ҳуқуқ мақсади ба хонандагон тарбияи ҳуқуқӣ, маданяти ҳуқуқӣ додан аст, ки он ба худ инҳоро мегирад: донистани нормаҳои ҳуқуқ ба манфиати ташкилот, шаҳрванд, шахсии худ; талаботи шаҳрвандӣ дар адои ҳуқуқи манфиатӣ ва мубориза алайҳи вайронкуниҳои ҳуқуқро тақозо дорад..

Ҷузъиёти возеҳи системаи тарбияи ҳуқуқи хонандагон мақсади тарбияи ҳуқуқии насли наврас мебошад. Он бояд хонандагонро бо ҳуқуқҳои муносибати иҷтимоии мураккаб шинос кунад, бо ёрии ҳуқуқ як қатор проблемаҳои тарбиявиро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр ёфтаанд дарк намоянд. Аввало дар онҳо ташаккул додани ҳисси шаҳрванди ҳуқуқшиносӣ давлатӣ бояд. Хонанда тадриҷан узвияти соддаи саводнокии юридикиро бояд азхуд кунад, ҳуқуқҳоро фаҳмад, вазифадорӣ ва масъулияти ҳуқуқнигаҳдориро ҳис кунад. Дар шуури ӯ маданияти ахлоқӣ – ҳуқуқии рӯҳӣ ҷараён ёбад. Нормаҳои ахлоқӣ фаҳмиши нормаҳои ҳуқуқиро сабук мегардонад. Ниҳоят, тарбияи ҳуқуқ баҳри ҳавасмандгардонии фаъолияти иҷтимоии хонанда, саъю кӯшиши ӯ барои муборизаи фаъол бо ҳодисаҳои нохуши ҳуқуқвайронкунӣ саҳм мегузорад.

Дарк кардани мақсади тарбияи ҳуқуқ барои тафаккури педагогӣ дар масъалаи мавқеи он дар раванди яклухти тарбия, дарки алоқамандии он бо дигар намудҳои фаъолияти кӯдакон ёрӣ мерасонад. Фаҳмиши муносибатҳои ҳуқуқӣ ба хонандагон дар чунин намудҳои фаъолият – худидоракунии умумимактабӣ, меҳнатӣ истеҳсолӣ, мусобиқаҳои варзишӣ дастрас мегардад.

 

Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди педагогӣ

 

Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ зимни назардошти синну сол сурат мегирад. Асосҳои ахлоқи тарбияи ҳуқуқ ҳангоми кӯдакии бармаҳал дар муносибати ахлоқии оила тибқи ҳавасмандонӣ ва боздории рафтори ахлоқӣ гузошта мешавад. Кӯдак ҳуқуқ ва вазифадории худро ҳамчун узви оила дарк мекунад: хоҳишмандӣ ва зарурат, имконпазир ва номатлуб, имконият ва манъ. Вай ҳамаи инро бо шири модар меҷаббад ва баъд бо шуури муайяни одаткардаи худ, бо талабот ва вазифадорӣ ба мактаб меояд.

Хонандагони хурдсол ва наврасон бештар «маълумоти ҳуқуқӣ» – и худро дар рафти корҳои ташкилкардаи ахлоқӣ – ҳуқуқӣ идома медаҳанд. Онҳо тавассути раванди таълим дар бораи давлат, рамзҳои он, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрванд тасаввуроти умумӣ мегиранд. Дар тарбияи ҳисси маънавӣ – ҳуқуқии онҳо мусиқӣ, санъати тасвирӣ, ёд гирифтани суруди миллӣ, тасвири ҳаёти иҷтимоӣ дар суръатҳои нақши муҳим мебозад. Хонандагони ин синну сол дар муносибатҳои шаҳрвандӣ иштирок намуда, гоҳо дар ғафлат монда, талаботи нормаҳои ҳуқуқро вайрон мекунанд. [анӯз аз синни хурдӣ, наврасӣ ба онон пешгирии вайронкунии қонуни ахлоқӣ – ҳуқуқӣ зарурат дорад, фаҳмондани вазъият, вақте ки рафтори онҳо дар мавриди ҳуқуқвайронкунӣ, бахилӣ, эркагӣ, беинтизомӣ, бекорхӯҷагӣ дида мешавад, фавран бояд ислоҳ кард, вагарна онҳо метавонанд ба дигарон, ҳатто ҷомеа зарар расонанд. Ин ниҳоят муҳим аст, зеро ҳанӯз хонанда ҳисси ҷавобгарии юридикӣ надорад, таҷрибаҳои ҳуқуқдонӣ дар ӯ бидуни ҷазо ғун мешаванд.

Дар синни ҷавонӣ хонандагон муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро бо ёрии фанҳои таълимӣ амиқтар дарк мекардагӣ мешаванд. Онҳо ҷамъяитшиносӣ, этика ва психологияи ҳаёти оиладориро аз фанни «Одоби оиладорӣ», ки дар бобати ҳуқуқҳои оиладорӣ маълумот медиҳад, меомӯзанд. Тарбияи ҳуқуқи хонандагони синни калони мактабӣ бо он фарқ мекунад, ки онон ба муносибати ҳуқуқи шаҳрвандии воқеӣ бевосита иштирок мекунанд. Онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», бо Низомномаи мактаб шинос мешаванд. Онон амалан ҳуқуқ ва вазифадории худро тавассути системаи худидоракунӣ, ташкил ва музди кори меҳнати истеҳсолӣ, ташкили фароғат, муносибати байниҳамдигариро азхуд мекунанд. Хонандагони ин синну сол бо ҳаёти коллективҳои меҳнатӣ, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои онон муаррифӣ мешаванд. Онҳо дар бораи фаъолияти амалии Шӯрои депутатҳои халқ, суд, милитсия шинос шуда, ба калонсолон нисбати маъракаи интихобот ёрӣ мерасонанд. Баъзе калонсолони мактабӣ, ки қонуншиканӣ намуда, таҷрибаи муносибати ҳуқуқии байниҳамдигариро инкор мекунанд, барои кирдорҳои ношоямашон ҷазоҳои гуногуни ислоҳшавӣ мегиранд. Ба мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии онҳо чораҳо меандешанд: ташкил намудани отряди дӯстони милитсия, ки ҳудуди муайянро потрулӣ мекунанд, хондани асарҳои ғаразонаи муфаттишӣ ва ғайраҳо. Дигар ин ки дар мо асарҳои пурмоҷарои баландғоя, ки диққати ҷавононро ба романтикаи дарки пурсиш мекашанд, бисёранд. Ба ғайр аз ин, асарҳои бадеии ҳақиқатан муфаттишии ҳамеша ба худ андешаҳои чуқури ҷамъиятидошта, кам нестанд. Аз онҳо нисбати ҳалли тарбияи марбут истифода бурдан низ аҳамияти хоса дорад.

Бояд гуфт, ки дар инкишофи ахлоқи шуурона ҳиссиёти ахлоқӣ замина мегузорад, инчунин дар ташаккули шууронагии ҳуқуқ азхудкунии мафҳумоти ҳуқуқ нақши бузург мебозад. Дар натиҷа хонандагони синфҳои боло тибқи чорабиниҳои номбурда нисбтаи ҳуқуқҳои гуногун донишҳои зарурӣ ҳосил мекунанд.

Қисме аз кӯдакон, ки бо волидайни майзада ва нашъаманд зиндагӣ мекунанд бо нуқс таваллуд меёбанд: аз ҷиҳати инкишоф камбудии генетикӣ доранд. Онҳо, ҳамчун қоида, ба таъсири манфӣ бо осонӣ дода мешаванд, ҷиноятҳо содир мекунанд. Баъзеи онҳо, бо айби волидайн, аз ҷиҳати маъюбӣ ба хонаи бачагон, интернатҳои махсус ва колонияҳои ислоҳкунӣ меафтанд. Дар мактаб ин қабил кӯдакон бад намехонанд, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, дар мавзӯъҳои ватндӯстӣ иншо менависанд, бо нутқ баромад мекунанд бо атрофиён нармона муомила менамоянд. Аммо гӯё ба манфиати худ тамоку мекашанд, машрубот менӯшанд, анвои нашъа ва моддаҳои заҳролуд қабул намуда, сипас ба бадгуфторию дилозорӣ мепардозанд, дар рафтор масъулият ҳис намекунанд. Ба онҳо муҳити одаткардаи рафтори ғайриахлоқӣ ба миён меояд, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ даст мезананд. Дар шуури ин қабил кӯдакон меъёри талабот бо меъёри меҳнат дар омӯзиш, ҳастӣ ва истеҳсолот фаъолият намудан канда мешавад.

Асосан дар байни мактабиён сабабҳои ҷой доштани ҳуқувайронкуниҳо чандин мухолифат дорад. Агарчи онҳо, аз як тараф, талаботи ахлоқ ва ҳуқуқҳоро азхуд карда, онҳоро бечуну чаро иҷро кунанд ҳам, аз тарафи дигар, тибқи воситаи ахбори умум ва алоқа нисбати дағалона вайрон кардни нормаҳои ахлоқ ва ҳуқуқи одамон далелҳои зиёд фаҳмида дар шубҳа мемонанд. Ин ҳолат нисбати ба қонун ва нормаҳои ҳақиқии ҳуқуқи давлатӣ ба шуури онҳо харҷумараҷи нобоварӣ меорад.

Ноустуворӣ, мухталифии фаҳмиши ҳуқуқ ва рафтори наврасон ва ҷавонон сабаби ба корҳои ноҷӯя майл кардани онҳо мегардад. Наврас метавонад аз тарси гурӯҳи носолим, барои хоинӣ накардан, гуноҳи азим содир кунад. Бинобар ин бо онҳо системанок бурдани корҳои пешгирикунӣ ниҳоят зарур аст. Бояд бештар муҳити солими ахлоқи коллективҳо ҳамчун асоси намунаи ибрат ба онҳо баррасӣ карда шавад. Яке аз нишондодҳои муҳими пешгирикунии ҷиноятҳо дар алоқа будани хонандагон бо хонаи кӯдакони милитсия мебошад.

 

Ҳуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо

 

Натиҷаҳои мусбат додани тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ аз чуқур фаҳмонидани ҳуқуқҳои адолатхоҳонаи давлати соҳибистиқлол иборат аст, ки онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 27 декабри 1993 баъди муҳокимаи умумхалқӣ зикр ёфтаанд:

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави он, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию махсусиятҳои касбу кор, ҷои истиқомат, эътиқод, масҳаб ва муносибат ба дин хуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, экстернат ва ғайра) ҳуқуқ доранд.
  3. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқи таҳсил давлат хароҷоти таълими шаҳрвандонеро, ки ба ёрӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, дар муддати таҳсил қисман ё пурра ба зиммаи хеш мегирад, иқдомати хайрияро нисбати онҳо дастгирӣ менамояд.
  4. Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро даргирӣ мекунад, ба онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад, барояшон идрорҳои махсус муқаррар менамояд, онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
  5. Шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои талимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву мувофиқатномаҳои байнидавлатӣ ва хориҷиёни муқими ҷумҳурӣ бошанд, дар асоси муқаррароти умумӣ таҳсил менамоянд.
  6. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд[1].

Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон интихоби озодонаи забони таълимиро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сарҷамъи шаҳрвандонӣ миллатҳои дигар ба забони модариашон гирифтани маълумоти миёнаи умумиро таъмин менамояд.

Хонандагон ва тарбиягирандагон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуқуқҳо доранд:

а) касб, шакл ва мӯҳлати таҳсил, барномаҳои инфиродии машғулияти беруназсинфиро интихоб кунанд;

б) аз базаҳои таълиму истеҳсолӣ, илмӣ фарҳангию варзишӣ, маишӣ, беҳдоштӣ ба таври ройгон ва ё имтиёзнок истифода намоянд;

в) барои гирифтани маълумот дар тамоми соҳаҳои дониш роҳ дода шаванд;

г) дар иттиҳодияҳои худфаъолиятӣ, дар фаъолияти татқиқоти илмӣ, татқиқотию конструкторӣ ва дигар намудҳои фаъолияти илмӣ, дар конференсияҳо, олимпиадҳо ва озмунҳо иштирок намоянд, барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ба дигар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба хориҷа рохҳат гиранд;

д) таъсилро дар муассисаҳои таълиму тарбия бо сабабҳои асоснок қатъ гардонанд, таъсилро мувофиқи касбу ихтисоси гирифтаашон идома диҳанд;

е) аз амали маъмурият, коркунони педагогӣ ва дигар коркунон, ки ҳуқуқ ё шаъну шараф, қадру қиматашонро паст мезананд, худро ҳимоя кунанд;

ж) бо идрор, мададпулӣ, хобгоҳу интернатҳо, ёрии тиббӣ ва солимгардонӣ дар муассисаҳои таълиму тарбия, имтиёзҳо ё хӯроки бепулу рафтуо дар нақлиёт ва дигар намудҳои ёрии моддӣ мутобиқи муқаррар кардаи давлат таъмин бошанд[2].

Хонандагон ва тарбиягирандагон ҳуқуқ ва имтиёзҳои давлатро ба инобат гирифта, донишҳоро бояду шояд чуқур аз худ намоянд, малакаи амалӣ, маҳорати касбӣ, баланд бардоштани сатҳи умумифарҳангиро таъмин кунанд. Ба қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, меъёрҳои одобу ахлоқ ва этикаи хобгоҳҳои умумӣ риоя намоянд.

 

Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн

 

Насли наврас тавассути роҳпаймоии аҳли оила дорои маълумоту касбу кори муайян мегарданд. Бинобар ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» нисбати ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, чунин ҳуқуқҳо дода шудаанд:

а) барои кӯдакони нобилиғашон муассисаҳои таълиму тарбиявиро интихоб кунанд;

б) дар кори мақомоти худидораи ҷамъиятии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд;

в) дар мақомоти давлатии идоракунӣ ва ҷамъиятии худидора оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи бачагон муроҷиат намоянд;

г) манфиатҳои қонунии фарзандони худро дар мақомоти давлатӣ ва додъоҳии дахлдор ҳимоя кунанд.

Ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, вазифадоранд, ки:

а) барои   сиҳатии  ҷисмонӣ  ва  равонии  бачаҳо  пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

б) ҳуқуқ ва қадру қимати бачагонро ҳимоя намоянд;

в) фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси нақукорӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар ҳалқҳо тарбия намоянд;

г) ба бачаҳо барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муҳайё созанд, ки дар сатҳи талаботи давлатӣ маълумот гиранд;

д) фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд.

Волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки садди роҳи маълумотгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд[3].

test

Добавить комментарий