Тарбияии эстетики хонандагон
1 Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ ( зебоипарастӣ) дар мактаб.
Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо истилоҳи «эстетика» зич алоқаманд аст. Онро бори аввал ҳамчун истилоҳи илмӣ дар қарни XVII файласуфи немис Александр Готлиб Баумгартин (1714 – 1762) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Эстетика аз истилоҳи юнонии aisthetikos гирифта шуда, манояш ҳис кардан, дарк кардани зебоиро дорад. Аммо худи таълимоти эстетикӣ хеле қадимӣ буда, онро ҳанӯз дар Афина ва Спарта васеъ истифода бурдаанд. Эстетика бо санъат, ифодаҳои бадеӣ ва эҳсосоти шахс, бо қобилияти дарки нафосат, лаззат бурдану дар ҳаёт афзун гардонидани онҳо вобастагӣ дорад.
Тарбияи эстетикӣ – зебоишиносӣ шахсро маънан бой мегардонад, дар вай хоҳиши эҷодкорӣ, лутфу марҳамат, шавқмандии зебогардонии муҳити табииро бедор мекунад.
Ҳисси эстетикӣ ба ҳаловатбарии шахс вобаста аст ва ҳаловат дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Дидани манзараҳои латифу дилкаш, фаҳмида тавонистан ва бунёд кардани онҳо ҳаёти маънавии инсонро ғанӣ ва шавқовар мегардонад, ба вай рӯҳафзоӣ ва нерӯи тоза мебахшад.
Тарбияи эстетикӣ маънои васеъ дорад, он тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад, фақат онро дарк карда тавонситан лозим аст. Моҳияти тарбияи эстетикӣ дар талабагон ташаккул додани қобилияти дарккунии зебоии арзанда ва дуруст фаҳмидани он дар санъат, ҳаёт, омӯзиши мафҳумот, рағбат ва идеалҳои эстетикӣ баҳри инкишофи аломатҳои эҷодӣ ва истеъдод нисбат ба соҳаҳои санъат мебошад.
Ба одами даврони мо натанҳо санъат, инчунин дигар паҳлӯҳои эстетикии ҳақиқат: меҳнат, муносибатҳои иҷтимоӣ, муҳити атроф, маишат, табиат ва рафтори одамон низ таъсир мекунад. Тавассути воқеияти зебоӣ ва санъат вай дар шуури худ идеалҳои ҷамъиятиро дарк ва мустаҳкам намуда, дар муносибат бо дигарон бо лутфу латофат мегардад.
Ин қабил ҳодисаҳои эстетикӣ, ки муайянкунандаи муносибати шахсият мебошанд, омили муҳими ҳақиқии фаъолияти иҷтимоӣ мегарданд. Дар ҳаёти инсон нафосат ҳамеша боиси иқтидори тавоно аст. Аз давраи кӯдакии бармаҳал он ба зебоӣ майл дорад. Мактаббачагон бо он калонсолону ҳамсолон кӯшиши алоқабандӣ доранд, ки онон хусусиятҳои арзандаи эстетикӣ дошта бошанд. Дар ин алоқамандӣ асосан муҳимаш онҳоро аз саргармии идеали бардурӯғу қалбакӣ огоҳ кардан аст, то ки ба зебоии зоҳирӣ дода нашуда, моҳияти зебоии соф ҳақиқиро сарфаҳм раванд, ҳис карда тавонанд.
Барои он ки кӯдакон бо донишҳои эстетикӣ мусаллаҳ гарданд, пеш аз ҳама, фаъолияти меҳнатӣ моҳияти калон дорад. Фаъолияти меҳнатии худи кӯдакон бояд босамару босифат бошад ва ба дараҷаи зарурии зебоӣ баланд бардошта шавад. Дар ҳамин қатор эҷодкории онҳо низ ошкор мегардад. Фаъолияти меҳнатӣ ба кӯдак ҳассосӣ, ҳавасмандии рӯҳӣ, ҷиҳатҳои ахлоқию эстетикиашро бедор мекунад.
Тарбияи эстетикӣ мустақим ва ғайримустақим ба ҳалли проблемаҳои иқтисодиёт вобаста аст. Ин ба талаботу таъминоти баланди рӯҳӣ ва моддии одамон, истеҳсоли ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Ҳар қадаре, ки иқтидори шуурнокӣ, маданияти умумӣ ва эстетикии одамон боло равад, талабот ба худ, ба ғановати маънавӣ, сифати маводи истеъмолкунанда, ба шакл ва тарзи истеҳсоли маводи ниёзи мардум ҳамон қадар афзоиш меёбад. Ин раванди объективӣ моҳияти эстетикии маводи истеъмолиро дар шароити кунунии иқтисоди бозоргонӣ сифатан беҳтар мегардонад.
Манбаъи бойтарини таассуротҳои эстетикии кӯдак санъат аст. Санъат ҳамчун шакли образноки инъикос ва азнавсозии олам, ҳодисаи фавқулодда мураккаб ва бисёрмаъно мебошад. Тибқи он ба мактабиён аз ҷиҳати ахлоқӣ ва эстетикӣ таъсири махлут расонда мешавад.
Асарҳои санъати тасвирӣ ин барои фаҳмидани ҳаёти инсоният ва табиат ёрӣ расонида, идроки биноиву тахайюлоти махсусро инкишоф медиҳад. Тавассути расму муҷассамаҳо бинанда бо ёрии тасаввуроти худ силсилаи лаҳзаҳои ҷудогонаи воқеияти тасвирёфта, воқеа, хусусият, образҳо ва ҳаракатҳои онро дар лавҳи хаёлот ҷилвагар – зинда мекунад.
Мусиқӣ воқеиятро зимни оҳангу нағомат, зеру бам ва ҷӯршавии овозҳо инъикос мекунад. «Мусиқӣ рӯҳи хуни миллат аст, набзи ҳастист, — оварда шудааст дар тавзеҳоти барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ. – Билкули одаму олам алоқаманди ин ҳунари ноб аст».
Адабиёти бадеӣ – санъати сухан дар инкишофи олами рӯҳии мактабиён нақши муҳим мебозад. Забон муҳимтарин воситаи муомилоти одамон буда, тарафҳои гуногуни ҳастиро дар бар мегирад. Бинобар ин дар адабиёт имкониятҳои ба таври бадеӣ инъикос намудани воқеаҳои зиндагӣ махсусан зиёданд. Аз ин рӯ, адабиёт муҳимтарин воситаи такмили қобилияти фикрии талаба мебошад.
Муштаракии намудҳои санъат – театр, кино, телевизион, эстрада ва сирк ба таври васеъ оммавӣ шудаанд. Онҳо дар худ унсурҳои адабиёт, рассомӣ, мусиқӣ, аксҳои бадеӣ, рақс ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Хусусияти театр пайваста бо хониши ифоданок, зебу зинатҳои ороишӣ ва ҳамоҳангии мусиқӣ дар саҳна ифода намудани воқеа ва ҳодисаҳо мебошад. Тамошобин бо таъсири маҷмӯи ин ҳаракатҳо ба мазмун ва мундариҷаи асари саҳнавӣ сарфаҳм меравад ва завқи эстетикӣ мегирад. Дар театр байни актёру тамошобин робитаи бевоситаи эҷодӣ пайдо шуда, барои ба ҳаяҷон омадани тарафайн шароити мусоид ба вуҷуд меояд.
Санъати кино ва телевизион оммавитарин намуд буда, дар онҳо ҳамаи намудҳои санъат дида мешавад ва комёбии навтарини пешрафти илмӣ – техникӣ ба шумор мераванд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки ягон намуди дигари санъат ба дараҷаи телевизиону кино дорои аудиторияи васеъи бачагона намебошанд. Фаъолиятҳои таълимӣ, меҳнатӣ, ҷамъиятӣ, спортӣ, бозӣ ва бадеии мактаббачагон ҳамчун муҳимтарин манбаъи таҷрибаҳои эстетикии онҳо хизмат мекунанд. Корҳои ҷамъиятӣ ба онҳо имконияти манфиати умум якҷоя коркуниро медиҳанд. Машғулиятҳои варзишӣ, спортӣ боиси камолоти ҷисмонии мактабиён мегарданд. Дар бозиҳо иштирок кардани кӯдакон имконият медиҳад, ки бо вазъият нигоҳ карда, тез ва дақиқ ҳаракат карданро омӯзанд. Бозӣ нерӯи эҷодии қӯдаконро афзун гардонда, ба онон таассуроти чуқури эстетикӣ мебахшад. Дар раванди фаъоляитҳои бадеии адабӣ, мусиқӣ, асарҳои саҳнавӣ, ки бевосита ба эҷоди образҳо алоқадор мебошанд, бачаҳо мафҳуми зебоиро чуқур дарк мекунанд, ба шавқ меоянд.
Тарбияи эстетикӣ дар мазмуни худ пайваста ба ташаккули ахлоқӣ нисбати донистани ҷамъият ва табиат ҳам аҳамияти зиёд дорад. Гуногунии машғулиятҳои эҷодии кӯдакон ба инкишофи фикр ва тасаввурот, ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ, сифатҳои ахлоқӣ: мақсаддорӣ, ирода, мардонагӣ, субботкорӣ, муташаккилӣ, интизомнокӣ мувофиқат мекунад.
Вазифаи тарбияи эстетикӣ натанҳо аз инкишоф додани ҳолатҳои бадеӣ – эҳсосии кӯдакон, инчунин аз такмил додани нерӯи маънавӣ, фикрӣ, ҷисмонӣ – тамоми паҳлӯҳои санъат иборат аст.
Вазифаҳои тарбиявии ҳисси зебоӣ дар мактаб аз инҳо иборат аст:
- аввало, ба кӯдак ёрӣ расонидан, то ки зебогии санъат, табиат ва муносибатҳои ҷамъиятиро фаҳманд ва азхуд карда тавонанд;
- дуввум, дар симои маънавию ҷисмонии кӯдакон нишонаҳои зебоӣ такмил дода шавад;
- саввум, қобилиятҳои бадеиву эҷодӣ, кӯшиши баҳаёт, пиромуни атроф зебоӣ зам кардан, то ки ҳаёт ва зиндагӣ боз ҳам ҳаловатбахш гардад.
Азбаски дар воқеияти ҳаррӯзаи худ кӯдакон ба ғайр аз чизҳои хуб бо чизҳои бад низ дучор меоянд, як вазифаи дигари хеле зарури тарбияи эстетикӣ ба миён меояд, ин аз он иборат – онҳоро тавре тарбия кардан лозим аст, ки бо рафторҳои зишти ғайриэстетикӣ муносибати оштинопазирӣ зоҳир намоянд.
Нақши тасаввуроти эстетикӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол.
Тасаввур – ин образи азнавҳосилкардаи чизе ё ҳодисае, ки қаблан дар қишри маuзи сар қабул шудааст, инчунин образи самарабахши хаёлот, шакли олии эҳсосот мебошад, ки ба таври дониши намоишию образӣ инъикос меёбад. Манбаъ ва сарчашмаи тасаввур ҳақиқати воқеӣ аст. Тасаввур ба шакли хотира ва хаёлот намоён мегардад. Тасаввур зинаи муштараки эҳсосот ва тафаккур буда, он аслан биноӣ, шунавоӣ ва мутаҳаррик мешавад.
Тасаввури эстетики кeдакони сини хурди мактабӣ ҳамчун кeдакони сини томактабӣ ба тарбияи ахлоқӣ зич вобаста аст. Дар шуури кeдак некӣ, хубӣ, дар аксари мавридҳо бо фаҳмиши бисёр наuз мувофиқ меояд. Муносибати эстетикӣ мактабиёни хурдсол дар санъати тасвирӣ вам еҳнат бевосита ба фаъолияти шахсии онҳо вобастагӣ дорад. онҳо, вақте, ки вазифаро худашон ҳал мекунанд, сурати ягон чизро мекашанд ва ё месозанд ва ҳамин тавр дар як маврид ҳам қаноатмандии ахлоқӣ мегиранду ҳам эстетикӣ.
Қаноатмандӣ аз меҳнати бобарор, завқи ахлоқию эстетики кeдак мебошад. Барои он ки муносибати эстетики дастпарварон ба таълими меҳнат инкишоф дода шавад, ҳатман фаъолияти мустақилонаи фаъоли онҳоро бояд ташкил карда, барои бомуваффақият иxро кардани кори онҳо, ки ҳаловати ахлоқию эстетикӣ мебаранд, ёрмандӣ расонд.
Ба талабагон ёд додан лозим аст, ки онҳо на фақат дар матну порчаҳои бадеӣ, инчунин дар санъати тасвирӣ вам еҳнат, мусиқӣ, каломи бадеӣ, табиат пиромуни зиндагӣ нафосату зебоиро дарк кунанд. Қисмати муҳими тарбияи эстетикӣ ин аз худ кардани донишҳои ба санъат мансуб ва маҳорати баён карда тавонистани фикри худ нисбати инъикоси бадеии воқеият, ҳамчунин тақвият додани тасаввуроти эстетики онҳо мебошад. Дар шогирдон ташаккул додани тасаввурот ва фаҳмиши шакл ва жанрҳои санъат ва хусусиятҳои дар онҳо инъикоси бадеии воқеият, ҳосил кунондани маҳорати таҳлили мазмуни асарҳои санъат ниҳоят муҳим аст.
Тасаввуроти эстетикӣ ва мулоҳизаи оддитарин дар синфҳои ибтидоӣ ба миён меояд, вале ин намудҳои психологӣ асосан бо наврасону навxавонон бештар сурат мегирад, зеро онҳо акнун зиёдтар қобилияти дарки ҳисси зебо ва зиштро дар худ пайдо кардаанд.
Тавассути воситаҳои бадеӣ-адабиёт, мусиқӣ, санъати тасвирӣ хусусан манзараҳои тасвирии рассомон барои табъи болида ва uани гардонидани тасаввуроти эстетики талабагони синфҳои ибтидоӣ ниҳоят аҳамияти калон дорад. Масалан, Алӣ Бобоxон дар шеъри худ «Себаки хубонӣ» тасаввуроти хонандаро ба воқеияти зебои фасли тирамоҳ, зебоии себи хубонӣ бeӣ хуш ва таъми ширини он xалб кардааст:
Эй себакӣ хубонӣ
Мисли моҳи тобонӣ.
Сурху сафед рeякат,
Аxаб форам бeякат.
Таъмат чун қанду асал,
Давои дарди касал.
Азизи аз бароям,
Ёдгорӣ аз бобоям.
Пeшида нест, ки кeдакон ҳанeз аз сини томактабӣ ба забоиҳои муҳити зист бениҳоят завқу шавқ зоҳИр мекунанд. Аз ин рe онҳо дар синфҳои ибтидоӣ дарсҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ вам еҳнат, тарбияи xисмониро бесаброна мунтазир мешаванд. Аммо дар таxриба муаллимони синфҳои ибтидоиеро дидеа, ки аз нодонӣ ва надоштани қобилияти мусиқинавозӣ, расмкашӣ ва тарбияи xисмони ба xои ин дарсҳо забони модарӣ, риёзӣ ва uайра мегузаранд. Ин ноумедсозӣ, завқшиканӣ ва беэътиноӣ нисбат ба кeдакон асту бас.
Дар синну соли хурди мактаби тасаввуроти биноӣ, шунавоӣ ва тақлидкунии кeдакон хеле пурзeр мешавад. Муаллимӣ синфи 2 мактаби рақами 7 шаҳри Қурuонтеппа ба талабагон дар дарси санъати тасвирӣ вам еҳнат аз хоти рва тасаввуротҳои худ кашидани расми ягон суроберо (моҳӣ, себ, парасту, пиёла…) вазифа супорида буд. Дар дарси навбатӣ дид, ки духтарчае дар албоми худ расми одами болдор ва дар xои дигар сурати бадҳайбати одами шохдор кашида омадааст, ки ин ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Духтарак ба саволҳои муаллим xавоб дода гуфт, ки одамӣ қанатдору шохдор мешавад, манн суратҳои онҳоро дар китоб дидаам ва аз афсонаҳои момоям ҳам шунидаам. Маълум шуд, ки духтарча аз тасаввуроти биноӣ ва шунавоии худ чунин расмҳои мураккабро кашидааст.
Алалхусус тасаввур ва хаёлот манбаи орзуҳои ширин, шeълаи қобилияти эxодӣ, ихтирооту навовариҳост. [амин тасаввурот ва хаёлот буд, ки инсоният ба кашфиётҳо даст зад, орзуҳои xаҳонамо кард, оҳанро ба парвоз гузошт…
Тарбияи эстетикӣ дар xараёни таълим.
Раванди педагогӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кeдаконро фаро мегирад ва барои он ки ҳамаи сифатҳои тарбивии онҳо дуруст сурат гирад, бо таъсири ягонаи системаи таълимӣ-тарбиявӣ, ки танҳо дар образҳои асарҳои санъат, инчунин дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти шахсии кeдакон зебоӣ бояд зуҳУр ёбад. Онҳоро дар таълим, меҳнат, ҳаёти ҳамарeзаи пай дар пай ба дидан, ҳис кардан ва зебо гардондан бояд омeхт.
Дар тарбия ва инкишофи эстетики кeдакон нақши дарсҳои забони модраӣ, мусиқию суруд, санъати миллӣ вам еҳнат баuоят калон аст.
Ногуфта намонад, ки ҳоло ба xои Фанҳои ба таври сунъӣ ва ҳамдигар xудоӣ пештара: «Алифбо», «Хониш», «Грамматика ва имло», «Инкишофи нутК», «Хониши берун аз синф» ваuайра як фанни муштараки бо ҳам алоқаманд «Забони модарӣ» ҳамгиро карда шудааст. Чунин ҳамгиросозӣ талабагонро аз сарборӣ Раҳо намуда, тамоми қисматҳои таркибии болоро комилан дарбар мегирад ва ҳамгиро омeзонида мешавад.[1]
Дар дарсҳои забони модарӣ кeдакон на фақат зебоӣ ва қувваи латофатию xозибадории ифодаёбии забон, ҳамчунин бо ёрии калимаҳо эxодкуниро низ меомeзонад. Мактаббачагони хурдсол дар инкишоф додани нутқ бо кeмаки муаллим ба рамсҳо нигоҳ карда, ҳикояҳо тартиб медиҳанд, образҳои нав эxод мекунанд. Кeдакон бо ёрии калимаҳо роҳҳои эxодкуниро ёд мегиранд. Онҳо образнок нақлкунӣ, хондан, образҳои асарҳои бадеиро дар тасаввуроти фаҳмишӣ худ эxод намуда, нозукиҳои рфтори одамонро таҳлил менамоянд. Ба қувваи эxодии кeдакон бовар карда, дараxаи тарбияи эстетики онҳоро ба таври мустақилдона бояд баланд бардошт.
Дар мусиқӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи эстетикӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар дили кeдакон эҳсосоти гуногун, аз оддитарин фараҳмандӣ то ба ҳаловати чуқури ахлоқии масъулияти беҳад инсонпарварӣ вам уҳаббати бепоён ватандeстиро бедор мекунанд. Мусиқӣ ба ташакулдиҳии идеалҳо мадад мерасонад ва ба рафтори кeдакон таъсир мекунад. Мусиқӣ ва суруд дар тарбияи маънавии кeдакон бевосита аҳамияти калон дошта, онҳо дар якxоягӣ ба муттаҳидшавии онҳо саҳми муайян мегузоранд. Аз ин рe, дар тавзеҳоти барномаи фанни мусиқии синфҳои ибтидоӣ омадааст: «[адафи асосии дарсҳои мусиқӣ ақлу хиради баланд, ахлоқи ҳамида, виxдони пок, инсони uамхору накукор, ватандeсту сулҳxe, далеру бебок, xавнмарду шикебо».[2]
Барномаи мусиқӣ инкишофи мусиқидонӣ дарку фаҳми мусиқӣ ва асосии ҳамаи дигар (сурудхонӣ, рақсидан, маърифати мусиқӣ пайдо кардан ва u.) ташкил медиҳад. Ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ лозим аст, ки ба дарсҳои мусиқӣ иштирок карда, дар ҳамкорӣ бо муаллими мусиқӣ дар корҳоиберуназсинфи роxеъ ба моҳияти мусиқӣ дар ҳаёти одамон, созхсиқии халқӣ, суннатҳои бобоӣ ва маросимҳои анъанавии ниёгон, парвариши завқу ҳавас, рушду нумeъи дарки зебоӣ ва салиқаи бадеӣ ва uайра бояд сeҳбату чорабиниҳо ташкил кунанд.
Дарсҳои санъати миллӣ ва меҳнат ҳам дар тарбия ва ташаккули эстетики талабагон аҳамияти калон доранд. Ин фанни муштарак, чун забони модарӣ қисматҳои тасвирӣ ва таълими меҳнатро, ки бо ҳам алоқамандӣ доранд,ҳамгиро карда шудаанд. Дар рафти таълими ин фан шогирдон дар ҳиссаи аввал аз як тараф расм мекашанд ва дар ҳиссаи дигар, дар заминаи ашёи кашидаашон аз пластилин онро месозанд ва ё баръакс. Агар ҳаxми кор зиёд бошад, муаллим метавонад як дарси пурраро ё ба меҳнат ва ё ба расмкашӣ бахшад.
Дар санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, наққошӣ, санъати меъморӣ вам еҳнат зебоии ҳаёт, табиат ва xомеа ифода меёбад. Асарҳои санъати тасвирӣ одамонро ба нафосат рафтори қадркунии меҳнату санъати воло ҳидоят мекунад. Қобилияти нозукфаҳмии зебоӣ дар санъати тасвирӣ вам еҳнат дар кeдакони алоҳида зимни фаъолияти шахсии рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва наққошон ба вуқуъ мепайвандад. Муаллими синфҳои ибтидоӣ ба дарсҳои санъати тасвирӣ вам еҳнат эътибори xиддӣ дода, шогирдонро ҳамеша ба расмкашӣ ва наққошӣ рeҳбаланд карда меистад.
Дар дарси таълими меҳнат талабагон аз рeи расмҳои кашидаи худ, чунончи пиёла, чойник, бозичаҳо шакли онҳоро аз пластилин месозанд ва бо рангу бор зиннат медиҳанд. Таълими меҳнат дар тарбияи эстетикӣ ҳамто надорад, чунки тамоми зебоиҳои зиндагӣ тавассути меҳнавт офарида шудааст.
[амин тавр, дарсҳои забони модарию адабиёт, мусиқӣ, санъати тасвирӣ заминаи аваллини шиносоӣ нисбати мафҳумҳои эстетикӣ ва ахлоқӣ мебошанд. Вале ин чунин маъно надорад, ки фақат ҳамин фанҳои ба тарбияи эстетикӣ муносибият доранду бас. Ин тавр пиндоштани хатои маҳз аст. Тарбияи эстетикӣ ҳамаи xабҳаҳои ҳаётро фаро мегирад, ба таълими ҳамаи фанҳо ва тамоми корҳои берунаазсинфӣ тааллуқ дорад. фан ва дарсе нест, ки бевосита ва бавосита зебоии муҳити зист ва хулқи накeи одамонро васфу тараннум накунад. Дар «Ахлоқӣ Муҳсинӣ»-и [усайн Воизи Кошифӣ омада: «Мурод аз хулқ хуш хeист ва uараз аз рафқ нармиву дилxe ва яке аз созгорӣ бошад, ба мулотифат (нармӣ) ва яке корсозӣ ба мадоро ва мулоимат ва аммо хулқ некутарин неъмате ва зеботарин хислатест…
Ман надидам дар xаҳони xустуxe,
[еx аҳлият беҳ аз хулқи накe…»[3].
Аз синни бармаҳали кeдакӣ ёд додани дарки зебоишиносӣ ва рафтори накe ниҳоят зарур аст. Ба ин мақсад дар коллективҳои мактабиён корҳои гуногун бурда мешавад. Барои дар хонандагон тақвият додани рафтори шоиста бахусус завқи эстетикӣ, муаллимон бояд аз панду ҳикматҳои ниёгон, маводҳои рeзнома, радио, тлевизион васеъ истифода баранд. Дар ҳузури коллектив ба муаллимон лозим аст, ки некукори ва рафторҳои муносиби кeдаконро мунтазам қадр карда, онҳоро дар кeдакони сини хурди мактабӣ кам нестанд: интизомнокӣ, меҳнатдeстӣ, сарфакорӣ нисбати моликияти давлатӣ, ватандeстӣ, далерӣ, инсондeстӣ, ҳисси коллективизм, uамхорӣ ба одамони яккадаст ва амсоли инҳо.
[амаи ҳаловатбариҳои эстетикӣ дар дарс, раванди фаъолияти меҳнатӣ ва хушнудиҳои ҳаёти ҳамарeза, алалхусус дида тавонистан, дарк кардан, қадр намудани зебоии муҳити атроф қобилияти зебошиносии кeдаконро инкишоф медиҳад. Хусусан таассуротҳои гуворои ҳаёт қобилияти чуқуртар дарккунии забони санъатро дар мактабиёни хурдсол инкишоф дода, дар онҳо ташаккули пешакии таxрибаи ҳаёти воқеии эстетикиро таъмин мегардонад.
Тарбияи эстетикӣ дар корҳои берун аз синф.
Дар системаи корҳои беруназсинфии мактаби ибтидоӣ ба шаклҳои гуногуни тарбияи эстетикӣ эътибори калон дода мешавад. Мактабиёни хурдсол ба фаъолияти эxоди бадеӣ саъю кeшиши зиёд доранд. Муаллимони пешқадам ин майли онҳоро ба инобат гирифта, ба мақсади тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва ақлии кeдакон дар корҳои берун аз синф шаклҳои мувофиқро ба нақша мегиранд.
Нисбати тарбияи дарки зебоишиносии толибилмони хурдсол васеъ истифода бурдани азёдкунии порчаҳои назмӣ ва насрӣ нақши намоиш додани манзараҳои дар суравтҳо тасвирёфтаи табиат ва бевосита додани онҳо шавқи зиёд мебахшанд. Ба кeдакон бахусус нишон додани зебоии манзараҳои табиат: кeҳсорону чашмасорон, пахтазору uаллазорҳои беканор, шeхобҳои кeҳии ҳаётбахш, хониши мурuони озодбол, боuу марuзорҳои сабзу хуррами диёр барояшон хеле гуворо ҳаловатбахш аст.
Ин талаботи кeдакон тибқӣ ташкил кардани экскурсия ба табиат, музейҳо, осорхонаҳои таърихӣ, боuи ҳайвонот, маҳфилҳо (ҳаваскорони санои нафиса, табиатшиносони xавон, техникони xавон) амалӣ гардонда мешавад. Талабагон ҳангоми экскурсии бо ашё ва ҳодисаҳои воқеӣ аз наздик шинос мешаванд. Фаслҳои табиати солро мушоҳида ва муқоиса мекунанд, гиёҳҳои шифобахш меuундоранд, гербария месозанд, аз нигораҳои xамъовардаашон намоишгоҳҳо ташкил менамоянд. Дар ҳамин радиф бо онҳо ҳисси ватандeстӣ, муҳофизати табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва афзунгардонии неъмат ва сарватҳои табиат низ тарбия дода мешавад. [амаи ин чӣ дар тарбияи фикрию ахлоқӣ ва чӣ дар тарбияи муштараки эстетикӣ саҳми зиёд мегузорад.
Талабагон дар маҳфилҳои ҳаваскорони мактаб шеърҳо аз ёд кардан, аз порчаҳои бадеӣ, саҳначаҳо ва нақшҳо офаридан, дар ҳузури мактабиён ва волидаён дар рeзҳои ид ва xамъомадҳои анъанавӣ баромадҳо карданро дeст медоранд. Дар маҳфилҳои табиатшиносон дар маркази табиатшиносони xавон бо кишти анвои зироат, ҳайвоноту паррандаон шинос мешаванд, дар маҳфилҳои маркази техникони xавон ба сохтани асбобҳои миллӣ бевосита иштирок мекунанд, навозандагӣ ва сарояндагиро ёд мегиранд.
Xои муҳимро дар ҳаёти мактабиёни хурдсол хониши берун аз синф ва конференсияи хонандагон ташкил медиҳад. Талабагон дар қатори машuулиятҳои таълимӣ аз хониши асарҳои берун аз синф сабақи аввалини шуурона таҳлилкунӣ мегиранд. Онҳо ба масъалҳои асосии асари бадеӣ чуқур шинос шуда ба ошкор кардани образҳои он эътибор медиҳАнд ва ба конференсия омодагӣ мегиранд. Ин шакли кор ба таври пурра аз синфи сеюм истифода бурда мешавад. Конференсияи хонандагон, ки аз xониби китобдори китобхона ва муаллим баргузор мегардад, нишон медиҳад, ки хонандагони хурдсол ба муҳокимаи асарҳои бадеӣ иштиёқи зиёд доранд. Муҳокимаи китобҳо ба онҳо муқоиса кардани фаъолияти худ бо образҳои гуногуни бадеиро имкон медиҳанд.
Дар зебоиписандии кeдакон дидану таҳлил кардани кинофилмҳои бадеӣ мавқеи ниҳоят калон дорад. Аз ин хотир дар назди мактабҳо ташкил кардани киноклубҳо, кинолекторияҳо, кино-тетрҳо дар назар дошта шудааст. Муаллимон бояд зуд-зуд коллективона намоиши кинофилмҳоро барои дастпарварони худ ташкил кунанд. Филмҳои дидаи айёми кeдакӣ ба онҳо на танҳо дар хотирашон дуру дароз нақш мебандад. Пеш аз тамошои филм муаллим талабагонро ба кадом масъалоҳо эътибор доданашонро огоҳ мекунад ва баъди дидани он ҳатман муҳокима мекунанд. Сухани муқадиммавиро, одатан муаллим оuоз намуда, сипас ба муҳокимаи озод мепардозанд.
Барои баланд бардоштани доираи назари зебошиносии талабагон тамошои санъати меъморӣ, кандакорӣ, нақшу нигорҳои санъати волои миллӣ, ки дар қасру биноҳо, xойхонаю меҳмонхонаҳо, биною театрҳо, пайкараю муxасаммаҳо, шаҳрҳо зебу зинат медиҳанд, аҳамияти калони эстетикӣ доранд. Талабагон аз толори намоишгоҳи рассомони ватанӣ олам-олам ҳаловат мебардоранд ва ба ваxд меоянд.