Мавзӯъ ва вазифаҳои педагогика

             Педагогика – илм дар бораи тарбия

Педагогика номи худро аз калимаи юнонии «пайдагогос» («пайда» – атфол, кӯдак ва «гогос» – роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» – ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кӯдакон савод, оббурӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гӯштингирӣ ва ғайраҳоро меомӯзониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.

Бо мурури замон калимаи «пайдагогос» ба маънои васеи умумибашарӣ баҳри ифода кардани санъати тарбия, омӯзиш ва майл додани инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии насли наврас истифодаи «педагогика – роҳнамои ҳаётии атфол» – ро гирифтааст. Онҳоеро, ки ба кори тарбия ва омӯзиш шуғл меварзанд, низ педагог меномидагӣ шуданд.

Лиҳозо зимни маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолии ҷомеа, бо талаботи ногузири зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи илм дар дохили илми фалсафа арзи вуҷуд кард. Сипас педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд. Билохира педагогика ҳамчун фанни махсуси тарбия ва омӯзиши кӯдакон ном гирифт.

Ин гуна фаҳмиши педагогика то нимаи асри XX арзи вуҷуд кард. Фақат дар даҳсолаҳои охир дар рушди ихтисоси педагогӣ нафақат кӯдакон, ҳамчунин калонсолон низ мӯҳтоҷ дониста шуданд. Зеро дар шароити кунунӣ шароите нест, ки нисбати тарбияи солими одамон бетараф бошанд. Омӯзгор волидайнро баҳри тарбияи дурусти фарзандон, духтур маризро аз рӯ ба ифоқаоварӣ, агроном деҳқонро сӯи анбори зерхез – замин, қумандон сарбозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дифои марзи он ҳидоят мекунад. ҳамаи ин тарзи тарбиякуниро мепарварад. Тарбияи шахсият – ҷавҳари инсонӣ, беҳбудии ҷомеа.

Аз ин лиҳоз фанни педагогика ба чунин таърифот молик шуд: педагогика илмест барои тарбияи инсон.

Чунин маънидод барои он мантиқан мусоидат мекунад, ки тарбияи инсон аз рӯзи ба дунё омадани вай то дами вопасин идома меёбад.

Мафҳуми «тарбия» инҷо ба маънои васеъ истифода бурда мешавад, он ба худ омӯзиш, маълумот, инкишофро ҳам фаро мегирад. Вусъатёбии худи мафҳуми «тарбия» бо номдоди таърихи илмиаш мухолиф аст. Барои ҳамин ҳам дар қомусҳои ҷаҳонӣ бештар истилоҳоти нав – «андрогогика» (аз юн. «андрос» – мард ва «аго» – бурдан) ва «антропогогика» (аз юн. «антропос» – одам ва «аго» – бурдан) қабул карда мешавад.

Дар ҳар давру замон педагогҳо роҳи беҳтарини ёрирасонӣ ба одамро нисбати истифодабарии имконияти ба онҳо додаи табиат, ташаккул додани сифатҳои навро ҷустуҷӯ намуданд, ҳазорсолаҳо бо шикастхӯриҳо донишҳои заруриро пай дар пай ғун карданд, санҷида шуданд ва системаи педагогӣ рад мекард, то он чизе, ки ҳаётан устувору муфидаш боқӣ бимонад. Ҳамин тавр, дониши илмии тарбия, ки барои одам зарур аст, инкишоф меёфт.

    Ба андешаи Д. И. Менделеев ҳар назарияи илмӣ ду мақсади асосии охирин дорад – пешбинӣ ва манфиат.

Аз ин қоидаи умумӣ педагогика ҳам истисно нест. Вазифаи он – фаҳмидани қонунҳои тарбия, таълим, маълумоти одамон ва дар ҳамин асос нишон додани роҳи дурусти таҷрибаи педагогӣ ва тарзи ноилгардӣ ба мақсади гузошташудаи назария педагогҳоро мусаллаҳ мегардонад – амалкоронро бо донишҳои касбӣ нисбати хусусиятҳои раванди тарбияи одамони гурӯҳи синну соли гуногун, маълумоти иҷтимоӣ, маҳорати пешгӯӣ кардан, тарҳрезӣ намудан ва дар амал татбиқ кардани раванди таълиму тарбия дар шароитҳои гуногун, арзёбӣ намудани таъсирбахшии онҳо мадад мерасонад. Технологияи нави омӯзиш, маълумот ва тарбия, ҳамчунин таъсирбахшии методикаҳо дар лабораторияи педагогӣ тавлид мешаванд.

         Ҳангоми муайян кардани тарбия ва илми он педагогика аз мавқеи дар ҷомеаи мушаххас ишғол карданаш назар кунем, он дар марҳалаҳои инкишофи муайяни таърихӣ сатҳи воқеии комёбиҳои ҷомеаро инъикос мекунад. Ба абадӣ будани проблемаи педагогӣ нигоҳ накарда, мавзӯи он аниқ аст: ин фаъолияти тарбиявӣ, ки тавассути муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Педагогика ҳамчун илми амалӣ ҳисоб меёбад, ки он саъю кӯшиши худро барои ҳалли самарабахши масъалаҳои ба миён омадаи мусбати ҷомеа нисбати тарбия, таълим, маълумот равон мекунад.

Манбаи инкишофи илми педагогика инҳо мебошанд: таҷрибаи амалии бисёрасраи тарбия, алоқамандӣ бо тарзи ҳаёт, анъанаҳо, урфу одатҳои одамон, педагогикаи халқӣ; фалсафа, ҷамъиятшиносӣ, асарҳои таълифёфтаи педагогӣ ва психологӣ; таҷрибаи ҷории тарбияи оламиён ва ватанӣ; маълумотҳои махсуси муташаккилона ташкилкардаи тадқиқотҳои педагогӣ; таҷрибаҳои педагогҳои навовар, ки ғояҳои оригиналӣ ва системаи тарбияи дар шароити ҳозира тез дигаргуншавиро пешниҳод мекунад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *