Омилҳои асосии инкишофи шахсият

Тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои зиндагӣ собит мекунанд, ки омилҳои инкишоф ва ташаккулёбии шахсият – аломатҳои биологӣ (ирсият), муҳит (табиӣ ва иҷтимоӣ) ва тарбия (бо омӯзиш) на фақат байни ҳамдигар алоқамандӣ доранд, ҳамчунин ҳар яке ба дараҷаи таъсирбахшии худ низ моликанд.

Инсон роҳҳои мураккабу тӯлониро тай намуда рушду камол меёбад. Инкишофи шахсият, чунонки қайд намудем, ин ҷараёни дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ буда, он бо ду намуд зоҳир мегардад – тағйироти анатомӣ – физиологӣ, яъне инкишофи ҷисмонӣ: қад, мушакҳо, вазн, сохти бадан, гардиши хун ва ғ. Ба тағйироти рӯҳӣ – психологӣ: инкишофи тафаккур, ҳофиза, диққат, захираи луғавӣ – нутқ ва ғ. мансубанд. Дар ин ҳарду намуди инкишоф ва ташаккулёбии шахсият омилҳои номбурда нақши муайяне мебозанд.

Ирсият (наслият). Хусусият ва аломатҳои ҷисми зинда, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл гузариш мекунанд, ирсият ном дорад. Ирсият хусусиятҳои гинетикии дар инсон вуҷуддоштаро инъикос намуда, аз волидйн ба кӯдакон гузаштани хусусият ва аломатҳоро ифода мекунад. Ген (аз «ген» – и юнонӣ гирифта шуда, маънояш – таваллудёбӣ) – омили таъмини ирсият. Илми муосир исбот кардааст, ки организм ба худ хоси рамзи коди генӣ гирифта, он хислати нигоҳдорӣ ва ба насл гузарониро дорад. Гинетика барномаи инкишофи ирсияти инсонро рамзкушоӣ кард. Далелҳое ба даст оварда шуданд, ки бисёр ҷойҳои нофаҳми педагогика ба таври нав фаҳмиданро талаб мекунад.

Барномаи инкишофи ирсияти инсон ба худ қисми муқарраркунӣ ва дигаргуншавии умумиро мегирад, ки одамро одам мегардонад. Қисми муқарракунии барнома пеш аз ҳама насли одамизод, ҳамчунин аломатҳои насли инсониро чун намояндаи насл, аз он ҷумла аломатҳои нутқ, рост роҳгардӣ, фаъолияти меҳнатӣ, тафаккурро таъмин мекунад. Аз волидайн аломатҳои зоҳирӣ: хусусиятҳои андом, қаду баст, ранги пӯст, мӯй, чашм; аз хусусиятҳои ботинӣ: системаи асаб, гурӯҳи хун ва ғ. мегузарад. Аз волидайн боз касалиҳо (маҷзубият, касалии хун, диабети қанд, майзадагӣ, нашъамандӣ) низ сироят мекунад.

Ҳар одами солимақл бо муғҷаҳои муайяни қобилият (баъзеҳо бо аломатҳои истеъдод) тавлид меёбад, ки шукуфонидани он муғҷаҳо аз шароити зиндагӣ, муҳит, талабот ва саъю кӯшиши худи шахс вобаста аст. Шароиту имконияти мусоид бошаду худи шахс кӯшиш накунад, он муғҷаи қобилият ва истеъдод нашукуфта мемонад.

Аммо ақлу шуури инсон ба сатҳи аҳли волидайн – ирсият вобастагӣ надошта, маҳз ба барномаи инкишофи ҷомеа ва тарбия тааллуқ дорад.

Дар бобати муайян кардани аломатҳои баланд – истеъдод байни вакилони гуногуни ситемаи педагогӣ мухолифате вуҷуд надорад. Баъзеҳо махсусан бо аломатҳои баланд – истеъдод ба олам меоянд. Барқарор карда шудааст, ки кӯдакони дорои истеъдоди муайян ба натиҷаҳои хеле баланд ноил мегарданд ва ба соҳаи интихоб кардаи фаъолияташон бо суръати тез пеш мераванд. Ононе, ки ниҳоят чунин аломати баланд доранд, дар оини хеле бармаҳал қобилияташонро зоҳир менамоянд. Истеъдоди махсус дар фаъолияти мусиқӣ, бадеӣ, риёзиёт, физика, кимиё, варзиш ва ғ. зоҳир мегардад ва рушду нумӯи онҳо дастгирӣ ва ҳамкории педагогиро мепарварад.

Муҳит. Инсон маҳз дар ҷараёни иҷтимоӣ, яъне равобити ҳамкорӣ бо дигар одамон шахсият мегардад. Бидуни ҷамъияти иҷтимоӣ дорои инкишофи маънавӣ, ҷамъиятӣ, психологӣ шудан мумкин нест. Одамро ҷомеа одам мегардонад.

Ҳаёти воқеъ ки дар шароити он одам инкишоф меёбад, муҳит ном дорад. Ба ташаккулёбии шахсият шароити гуногуни берунӣ, аз он ҷумла муҳити географӣ, иҷтимоӣ, мактабӣ, оилавӣ таъсир мекунад.

Муҳити географӣ, муҳити табиӣ, маҷмӯи шароитҳои табиӣ, ки ғайри дахолати инсон, барои ҳаёти тамоми мавҷудот, аз он ҷумла инсон, мусоидат мекунад. Муҳити табиии сайёраи мо – замин баҳри ҳаёт ба сар бурдани ҳамаи ҷонзот хос аст. Он инсониятро бо меҳнати бунёдкоронааш мехӯронад, меошомонад, мепӯшонад ва рушд медиҳад; беҳаво, беоб, беғизо зиндагӣ вуҷуд надорад. Аммо муҳити табиӣ ҳам дар баъзе мавридҳо ва дар иддаи қитъаҳо ба инкишофи инсоният монеъ мешавад, чунончи, зилзила, хушксолӣ, обхезӣ, селу жолаборӣ ва ғ. Аммо муҳити табиӣ дар инкишофи рӯҳии шахсият омили ҳалкунанда шуда наметавонад, зеро дар байни тамоми ҷонзот танҳо инсон қобилияти ақлонӣ инкишофёбӣ дорад, ки инро муҳити иҷтимоии солим ва омили тарбия ӯҳда карда метавонад.

Таърихи инсоният аз 32 ҳодиса нисбати дар муҳити ҳайвон – гург, хирс, паланг, меш калоншавии фарзанди инсон гувоҳӣ медиҳад. Яке аз онҳоро қайд кардан маврид омад.

Моҳи октябри соли 1920 дар деҳаи Гадамурии Ҳиндустон духтур Реверенд Синг мефаҳмад, ки дар тӯдаи гургҳои бешазор «махлуқҳои одамшакл» ҳаст, фавран бо чанд нафар, ба торикӣ нигоҳ накарда, ба бешазор меравад. Ба ғайр аз модагург дигар гургҳо мегурезанд. Модагургро парронда бо ду гургбача ду фарзанди одамиро пайдо мекунанд, ки ҳарду духтарча буда, яке аз онҳо қариб 8 – сола, дигаре 3 – сола буданд. Ба хурдӣ Амола, ба калонӣ Камола ном мегузоранд. Ҳарду фақат шабона чорпо мегаштанд, медавиданд, рӯзона ҳамдигарро оғӯшкунон мехуфтанд. Духтари майдаҳакӣ баъди як сол мурд, калонӣ боз нӯҳ сол умр дид. Дар давоми ин солҳо духтур Синг тадқиқот бурд. Камола баъди ду сол ба по рост гузошта шуд. Баъди шаш сол рост мегаштагӣ, вале чорпо медавидагӣ мешавад. Хонданаш бо душворӣ мегузашт. Дар чор сол шаш калима, дар ҳафт сол 45 калима ва то охири умраш сад калима ёд гирифт. Акнун аз равшанӣ ва одамон намеҳаросид, хӯрокро бо даст, обро бо истакон мехӯрдагӣ шуд. Хуллас, ақли духтари ҳабдаҳсола чени кӯдаки чор сола гашт. Чунки айёми «гавҳарғундории» кӯдакии ӯ дар муҳити ҳайвон гузашта аст. Агар ҳаёти Камола мисли дигар кӯдакон дар муҳити иҷтимоӣ мегузашт, дар 2 – 5 солагӣ қариб нисфи умри боқимонда ақлу заковат, рафтору муносибат, захираи суханғундорӣ ва ғ. – ро мегирифт.

Вақте ки гап дар бораи таъсири инкишофи муҳит меравад, пеш аз ҳама меҳнати иҷтимоӣ ва оила дар назар дошта мешавад. Дар фаҳмиши муҳити иҷтимоӣсохти оммавӣ, муносибатҳои системаи истеҳсолот, шароити моддии зиндагӣ, хусусиятҳои ҷараёни истеҳсолот ва раванди иҷтимоӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Муҳити наздик – ин оила, хешовандон, дӯстон.

Ба инкишофи инсон хусусан айёми кӯдакӣ муҳити оила таъсири калон мерасонад. Дар хонадон одатан инкишоф ва ташккулёбии аввалин ҳаёти инсон ҳалли худро меёбад. Кӯдак одатан инъикоси дақиқи оиларо мегирад, ки дар он рушду камолот меёбад. Оила аз бисёр ҷиҳат шавқмандӣ ва талабот, ақида ва ояндаи кӯдакро муайян мекунад. Оила – узви кӯчаки ҷомеа.

Инсон аз муҳити иҷтимоӣ  таҳти робита бо дигарон таҷрибаҳои зиндагӣ, тарзи муомила, ҳарфзанӣ, тафаккуру ақидаронӣ ва амсоли инҳоро ёд мегирад. Дар инкишофи инсон воситаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, оила, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, воситаҳои интишори ахбори омма ва ғайраҳо нақши муҳим мебозанд.

Аммо муҳити иҷтимоӣ ҳам тавассути гурӯҳҳои носолим метавонад таъсири манфӣ низ расонад, чунончи, қиморбозӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, бесаводӣ ва ғ.

    Вале бояд дар хотир дошт, ки ҳамаро дар як қолаб донишманди мумтоз тарбия кардан мумкин нест. ҳар кас бо ҳиссаи муайян кардаи ирсият ва муҳити худ инкишоф меёбад.

    Тарбия. Тарбия таъсири ирсияту муҳитро саҳеҳу тасҳеҳ мегардонад. Бо баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ мунтазам нақши тарбия меафзояд. Дар шароити кунунӣ бидуни таълиму тарбияи бардавом ва махсус дар зинадгӣ судманд иштирок намудани инсон мушкил аст. Махсусан тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад мекунад, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, рушди қобилият ва аломатҳои модароварии ӯ болу пар мекушояд.

Ҳамин тавр, дар инкишоф ва ташккулёбии шахсият ва аломатҳои инфиродӣ бо таъсири омилҳои ирсият, муҳит ва хусусан тарбия рушд меёбад.

Таълим ва тарбия бо мурури замон мамониятҳои муҳити табиӣ, таъсири манфии гурӯҳҳои носолими иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар тарбияи фарзандон саҳву хатоҳои оилавиро низ рафъ ва ислоҳ мекунад.

Иқтидори таълиму тарбия басони ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муқаддам дар шигифт мондааст. Орзуву умедҳои деринаи гӯё афсонавӣ ҳоло ҷомаи амал пӯшидаанд – «гилеми парвозкунанда» (тайёра), «хонаҳои бидави пур аз одам» (автобус), «оинаи ҷаҳонно» (телевизор), «чароғҳои бедуд» (электрик), «қуттичаи гӯё» (радио), «хабардиҳакҳои роҳи дур» (телефонҳо); аз ҷузъиёти тағйирёфтаи муҳити табиӣ – бо мадади техникаи пуриқтидор синаи кӯҳҳо шикофта, обёрӣ намудани заминҳои асрҳо ташнаталаб хобида (Мирзочӯл, Ёвон, Данғара), пешгӯӣ кардани обу ҳаво, аз қаъри об пайдо кардани барқ ва ғайраву ғайраҳо. Тасаввур кунед, агар ҳазрати Ибни Сино ва Рӯдакӣ ҳозир лаҳзае зинда мешуданд, тараққиёти замони имрӯзаро дида, «ё навзанбиллоҳ!» – гӯён аз ин мӯъҷизаофарии инсон гиребони ҳайрат мефушурданд.

Итминон дорем, он рӯз анқариб аст, ки тавассути илму техника нисбати тағйироти ҷузъи ҳодисаи табиат – зилзила ҳам огоҳӣ медиҳанд, ки дар фалон минтақа, дар соату дақиқаи аниқ фалон балл заминларза рӯй медиҳад.

Ҳамин тавр, таҳти таълим ва тарбия дар бисёр масъалаҳои ҳалталаб муваффақ шудан мумкин аст. Аммо чунон ки табиатро комилан дигар кардан ғайриимкон аст, бо тарбия ҳам, агарчи одамонро аз зинаи паст то баландтарин саҳми гуногун гузорад ҳам, ҳамаро пурра дар як сатҳ тағйир додан мумкин нест. ҳар шахс қисмати худро дорад.

Тарбия ба мақсади гузоштаи инсон итоат мекунад. Мақсаднок ва системанок таъсирбахшии тарбиятгарон қаблан ба ҳосил кардани иртиботи рефлектори шартӣ, ки бо ягон роҳи дигар пайдо намешавад, меоварад. Тарбия – ин пур кардани камбудиҳои барномаи инкишофи инсон. Яке аз вазифаҳои басо муҳими он дуруст ташкил кардани раванди тарбия – муайян кардани майл ва қобилияти фитрӣ, инкишоф додани одам мувофиқи хусусиятҳои инфиродӣ, қобилият ва имконияташ.

Тадқиқотҳои махсус нишондоданд, ки тарбия метавонад фақат ба аломатҳои гузошташудаи табиат такя намуда, сифатҳои муайяни инкишофро таъмин кунад. Тарбияи бачаи маймун дар шароити якхела бо кӯдак нишон дод, ки бачаи маймун бо хӯрду хӯроку нигоҳубин нигоҳ накарда, ягон сифати психикии одамро пайдо накард (тадқиқоти Н. И. Ладигини – Котс).

Таъсиррасонӣ ба инкишофи одам, худи тарбия аз инкишоф вобаста, он мунтазам ба сатҳи ноилшудаи инкишоф такя мекунад. Дар ҳамин дида мешавад мураккбии диалектикии муносибатҳои тарафайни инкишоф ва тарбия ҳамчун мақсад ва восита. Муфидонагии тарбия ба дараҷаи омодагии одам бо аз худ кардани таъсири тарбия вобаста ба таъсири ирсият ва муҳит муайян карда мешавад. Одамон ба тарбия як хел дода намешаванд, диапазони «гапдароӣ» хеле васеъ – аз пурра қабулнакунии талаботи тарбия то комилан ба итоатмандии идоравии тарбиятгарон. Мавҷудияти «муқовимати тарбия» ҳамчун мухолифияти қувваи зоҳирӣ, ки аз тарбиятгарон сар мезанад, натиҷаи охиринро муайян мекунад. Барои ҳамин нақши муайянкунии дақиқро вазъият ва муносибати тарафайни одамон ба раванди тарбия мебозад.

Таъсири қувваи тарбиявӣ аз чанд шароит ва вазъиятҳо вобаста аст. Педагог ва психолог Л. С. Виготский (1896 – 1934) қонуниятеро асосонид, ки мувофиқи мақсад ва методҳои тарбия бояд на фақат сатҳи тарбия, ки кӯдак ҳосил намудааст, ҳамчунин «минтақаҳои инкишофи наздикашро» ҳам дар бар кардааст. Вай ду сатҳи инкишофи ақлиро ҷудо мекунад: 1) «сатҳи инкишофи хеле муҳим»; 2) «минтақаи инкишофи наздик». Дар сатҳи аввал кӯдак супоришҳоро мустақилона иҷро мекунад. Дар дуюмаш – вай ҳалли онҳоро ӯҳда карда наметавонад, барои ҳамин масъалаҳоро бо ёрии калонсолон ҳал мекунад. Фақат он тарбия хуб дониста мешавад, ки пешпеши инкишоф меравад. Вазифаи тарбия аз он иборат аст, ки бояд «минтақаи инкишофи наздик» барпо кард, то ки минбаъд ба «минтақаи инкишофи хеле муҳим» гузашта шавад. Шахсиятро тарбия ташаккул медиҳад, ки аз қафои худ инкишофро мебарад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.