Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз барилова як омили ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахсият» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам – шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо меросӣ шуда меояд: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон шавад»; «Одами бекор – дарахти бебор»; «Хоби субҳ ризқ мебурад»; «Аз ту ҳаракат аз ман баракат»; «Аз зиндаи бекор мурда беҳтар аст»; «Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек» ва ғ.

Хулласи калом, натиҷаҳои инкишоф ва фаъолияти сермаҳсул алоқаи мустақими байни натиҷаҳо ҳисоб меёбад. Ин ҳоло як қонунияти умумии инкишоф, ки онро чунин маънидод кардан мумкин аст: одам дар соҳаи муайян ҳар қадар зиёд кор кунад, ҳамон қардар сатҳи инкишофаш зиёд аст. Бояд дарк кард, ки ҳудуди амалиёти ин қонуният беканор, вале он бо омили «тобоварӣ» –  қобилият, син, шиддат ва ташкилкунандаи худ фаъолият ва дигарҳо муайян карда мешавад.

Дар раванди фаъолият инкишофи ҳамаҷониба ва мақсади шахсияти одам, муносибати вай пиромуни атрофиён ташаккул меёбад. Барои он ки фаъолият шахсеро мувофиқи лоиҳашуда ташаккул диҳад, онро бояд ташкил кард ва оқилона равона бинмуд. Дар ҳамин дида мешавад мураккабии амалии тарбия. Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо он ба инкишоф имконият дода наметавонад; тарбиягирандагон аз чизи ниҳоят зарурӣ – фаъолона иштироккунӣ ба корҳои ҷамъиятӣ, меҳнатӣ, фаъолияти фаҳмидагирӣ маҳруманд.

Намудхои асосии фаъолияти кӯдакон ва наврасон – бозӣ, омӯзиш, меҳнат. Аз нигоҳи самт ва фаъолияти дарк кардан, оммавӣ, спортӣ, бадеӣ, техникӣ, косибӣ, ибратпарастӣ (баҳри ҳузуру ҳаловат) ҷудо мешаванд. Намуди асосии фаъолият – омӯзиш.

Фаъолият метавонад фаъол ва ғайрафаъол бошад. Ҳатто кӯдаки аз ҳама хурд метавонад фаъол бошад. Вай ба калонсолон, ҳамсолон хоҳиши муносибаткунӣ, бо одамон ва ашёро талаб мекунад. Минбаъд ба таъсири муҳит ва тарбия метавонад фаъолияти худро афзун ё суст гардонад. Дар баъзе мавридҳо кӯдак дар иддаи корҳо бо дили нохоҳам иштирок мекунад, ки ин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Инкишофи хуб маҳз фаъолонагӣ ва шахсиятро таъмин мекунад. Чунин фаъолият амалиёти дилхоҳона оварда, манбаи нерӯмандӣ ва рӯҳафзои мегардад.

Фаъолияти омӯзиш ба мактабиёт имконияти тез ва бомуваффақият аз худ кардани таҷрибаи ҷамъиятӣ, инкишоф додани қобилияти робитакунӣ, ташаккули муносибати дуруст кардан бо атрофиёнро таъмин мегардонад. Фаъолияти фаҳмидагирӣ инкишофи зеҳнии кӯдакро баланд мебардорад. Барои вай на фақат талаботи дуруст ҳал кардани супориши фаҳмидагирӣ, ҳамчунин зурурати дар амал анҷом додани дониши ҳосилкарда пайдо мешавад. Фаъолияти меҳнатӣ зуд ва бобарор ташаккул додани олами рӯҳӣ ва маънавии шахситро таъмин мегардонад.

Ҳамаи зоҳиргардии фаъолият як манбаи умумӣ дорад – талабот. Талаботи гуногуни инсоният барои қаноатмандӣ фаъолияти гуногунро ба миён меоварад. Ба одами инкишофёфтаистода нишон додани самтҳои фаъолияти муфид ва пай дар пай суст кардани амали қалбакии  нодаркор вазифаи басо мураккаб аст. Мураккабӣ дар он ки талабот ва ҳавасмандгардонӣ ба фаъолият дар инкишофёбии синну соли гуногун хеле дигаргуншавандаанд.

Фаъолгардии инсон дар шароитҳои гуногуни зарурӣ инкишоф додани қобилияти фитрӣ яке аз бурдбориҳои ӯст. Фаъолгардии шахсият пеш аз ҳама ба дарк намудани зарурат ва моҳияти ҳаётии масъала вобаста аст. Дар чунин ҳолат фаъолгардӣ на фақат замина, ҳамчунин натиҷаи инкишоф мегардад. Тарбия ҳамон вақт ба мақсад ноил мегардад, ки агар ба вай ташаббускорӣ, эҷодкории шахсият, ки ба худи ӯ ва одамон хурсандиовар гардад. Оқилона ташкил намудани фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои педагогӣ зоҳиргардии фаъолияти талабагонро таъмин мекунад.

Ташхиси инкишоф

Дар таҷрибаи педагогии муосир талабот нисбати ташхиси фавран муайянкунии сатҳи пешрафту инкишофи талабагон бештар ҳис карда мешавад. Ин ба муфидона идоракунии раванди ташаккулёбии шахсият, ки барои муйян кардани умқи дониш, суръат ва хусусиятҳои хоси тағйирёбӣ ба миён омадааст. Дар ин хусус ҳанӯз К. Д. Ушинский ишора дода буд: «Агар педагогика хоҳад, ки одамро ҳамаҷониба тарбия кунад, он бояд пеш аз ҳама ӯро ҳам аз ҳар ҷиҳат донад». Аз ин рӯ ташхис дар раванди таълиму тарбия хеле зарурат пайдо кардааст.

«Ташхис» истилоҳи арабӣ буда, маъноҳои муайян кардани фарқияти байни чизҳо; дар илми тиб муайян кардани дард ва бемориро ифода мекунад. Ин ҷо гуфтаи зайли Ҷалолиддини Румиро оиди алоқадории касбҳо ба хотир овардан ҷоиз аст:

«Ақл қувват гирад аз ақли дигар,

Пешагар комил шавад аз пешагар».

Ташхис – воситаи умумии афзалияти ахборотгирӣ нисбати раванди омӯзиш. Дар соҳаи илми тиб ташхис сари вақт ва дақиқ муайянкунии хусусиятҳои саршавии маризиҳоро муайян мекунад ва сипас ба муолиҷа мепардозад. Ташхиси нодуруст на фақат кӯшиши духтуронро беқадр мекунад, ҳамчунин умеди табобатёбии касалро ҳам барбод медиҳад. Ҳамаи ин гуфтаҳо дар соҳаи беҳбудии ҷисмоният ва саломатии рӯҳӣ низ тааллуқдор аст. Барои ҳамин ташхисонӣ дар соҳаи инкишоф ниҳоят муҳим мебошад ва он дараҷаи баланди касбӣ ва масъулиятро талаб мекунад.

Дар умури таълиму тарбияи мактабиён ҳам ташхис аввало зуд сабабҳои рӯйдиҳии нуқсон, ғалат ва камбудиҳоро ифшо намуда, баъд ба ислоҳи онҳо шурӯъ карда мешавад.

Роҷеъ ба инкишофи ҷисмонии инсон ташхисонӣ нисбатан осон аст. Барои ин дар тамоми ҷаҳон аз тестҳои махсус (меъёрҳо), ки дараҷаи сифати инкишофи умумӣ ва махсусро муйян мекунанд, истифода мебаранд. Ба онҳо вобаста одам ба супориши додашуда дар амал чӣ тавр ӯҳда мекунад, хулосаи дақиқ мебароранд. Маълумотҳои гирифташуда ба имкониятҳои синну сол мувофиқонида мешавад. Ба ин тести (санҷиши) инкишофи ҷисмонии ба ҳамагон маълуми комплекси ГТО, ки вазифаҳои мушаххас ва меъёри нишондодҳои ҳар гурӯҳи синнусолиро фаро мегирад, мисол шуда метавонад.

Бояд гуфт, ки инкишофи маънавӣ ва иҷтимоиро ташхисонидан хеле мушкил аст. Ба ин матлаб истифода бурдани методика ҳоло мураккаб ва бомашаққат, на ҳама вақт хулосаҳоро бехато таъмин мекунад. Барои баланд бардоштани ташхиси боэътимод комплекси муоинаи ҳолати саломатӣ, ҷамъ ва муқоисаи антропометрӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ кардани маълумотҳо лозим аст, ки клиника ва лабораторияи махсуси таҷҳизонидашуда ва ҳайати таёркардашударо талаб мекунад. Дар таҷрибаи педагогии ҳақиқӣ ва муаллимони мактаб сифатҳои алоҳидаи ташхисии шахсиятро меомӯзанд, вале таҳти натиҷаи ин хел тадқиқотҳо ба қисматҳои инкишофи умумӣ баҳо додан мумкин нест.

Аз худ кардани методикаи оддии ташхиси  паҳлуҳои алоҳидаи инкишофи мактабиён тайёрии қисми муҳими касби педагогӣ мебошад. Майлу рағбати асосӣ барои муаллимон ва тарбиятгарони мактаб ташхиси фаъолияти ақлии талабагон, мотивонии рафтор, дараҷаи кӯшиш, таъсирбахшӣ, инкишофи рафтори ҷамъиятӣ ва чанде дигар сифатҳои муҳим пешниҳод карда мешавад. Методи бештар маъмулгашта омӯхтани ҷудокунии сифатҳо – тесткунонӣ мебошад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *